Речахои гумруки
Ҷойивазкунии мол ва воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукӣ мувофиқиреҷаҳои гумрукии онҳо гузаронида мешавад.
Шаклҳои зерини реҷаҳои гумрукӣ вуҷуд доранд:
- роҳдиҳӣбарои муомилоти озод;
- реимпорт;
- транзит;
- анборигумрукӣ;
- мағозаисавдои бебоҷ;
- коркарддар ҳудуди гумрукӣ;
- коркардтаҳти назорати гумрукӣ;
- воридот(содирот) – и муваққатӣ;
- минтақаигумрукии озод;
- анбориозод;
- коркарддар берун аз ҳудуди гумрукӣ;
- содирот;
- реэкспорт;
- нобудкунӣ;
- дасткашӣба фоидаи давлат.
Роҳ додани молҳо барои муомилоти озод – ин реҷаи гумрукие, мебошад, ки мувофиқи он молҳое,ки ба ҳудуди гумрукии ҶТ ворид карда мешаванд, бе ӯҳдадории баргашта баровардани онҳо аз ин ҳудуддар он доимӣ мемонанд. Он пешбинӣ мекунад: пардохт кардани боҷҳои гумрукӣ,андозҳо ва дигар пардохтҳои гумрукӣ; риоя кардани чораҳои сиёсати иқтисодӣ вадигар маҳдудиятҳо.
Реимпорти молҳо – реҷаи гумрукие мебошад, ки мувофиқи он молҳое, ки аз ҳудуди гумрукии ҶТ мувофиқи реҷаи гумрукии содирот баровардашудаанд, дар мӯҳлати муайянкардашуда бе ситонидани боҷҳои гумрукӣ, андозҳо,инчунин бе истифодабарии чораҳои сиёсати иқтисодӣ (квотакунонӣ, литсензиякунонӣва ғ.) нисбати онҳо баргашта ворид карда мешаванд.
Транзити молҳо – реҷаи гумрукие, ки мувофиқи он молҳо таҳтиназорати гумрукӣ байни ду мақоми гумруки ҶТ, аз он ҷумла тавассути ҳудудимамлакати хориҷӣ, бе ситонидани боҷҳои гумрукӣ, андозҳо, инчунин беистифодабарии чораҳои сиёсати иқтисодӣ ба онҳо, интиқол дода мешаванд.
Анбори гумрукӣ – реҷаи гумрукие мебошад, ки мувофиқи он молҳоиворидшуда таҳти назорати гумрукӣ нигоҳ дошта мешавад, бе ситонидани боҷҳоигумрукӣ, андозҳо ва бе истифодаи чораҳои сиёсати иқтисодӣ нисбати молҳо дар вақтинигоҳдории онҳо. Молҳои барои содир намудан таҳти реҷаи гумрукии содирот қарордоштабошанд, бо пешниҳод кардани имтиёзҳое, ки Кодекси гумрукии ҶТ пешбинӣнамудааст, таҳти назорати гумрукӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Мағозаи савдои бебоҷ – реҷаи гумрукие мебошад, ки мувофиқи он молҳо дар ҳудудигумрукии ҶТ (дар фурӯдгоҳҳо, бандарҳо, ки барои алоқаи байналхалқӣ кушодамебошанд ва дигар ҷойҳое, ки мақомоти гумрук муайян мекунад) бе ситонидани боҷҳоигумрукӣ, андозҳо ва бе истифодаи чораҳои сиёсати иқтисодӣ нисбати онҳо фурӯхтамешаванд.
Дар реҷаигумрукии мағозаи савдои бебоҷ тамоми молҳо метавонанд ба фурӯш баровардашаванд, ба истиснои молҳое, ки ба ҶТ овардан, аз ҶТ баровардан ва дар ҳудуди ҶТфурӯхтани онҳо манъ карда шудааст, инчунин дигар молҳое, ки рӯйхаташонроКумитаи гумруки назди Ҳукумати ҶТ муайян мекунад. <strong/>
Молҳое, ки таҳти реҷаи гумрукии мағозаи савдои бебоҷ қарор доранд,бевосита дар мағозаҳои махсус (мағозаи савдои бебоҷ) ба фурӯш баровардамешаванд.
Коркарди молҳо дар ҳудуди гумрукӣ – реҷаи гумрукие мебошад, ки мувофиқи он молҳоихориҷӣ бо тартиби муайяннамуда барои коркард дар ҳудуди гумрукии ҶТ, бе истифода бурдани чораҳои сиёсати иқтисодӣнисбати онҳо истифода карда мешаванд ва бо шарти таҳти реҷаи гумрукии содирот ба хориҷа баровардани молҳоикоркардшуда боҷҳои гумрукӣ ва андозҳои воридотӣ баргардонида дода мешаванд.
Амалиётҳои коркард дар бар мегиранд:
- тайёрнамудани мол, аз он ҷумла корҳои васлкунӣ ва ҷобаҷокунӣ ба молҳои дигар;
- коркардва такмил додани молҳо; таъмир намудани молҳо, аз он ҷумла барқарор кардан ваба тартиб даровардани онҳо; истифода бурдани баъзе молҳое, ки ба истеҳсоли маҳсулотикоркард кӯмак мерасонанд ё онро осон мекунанд, ҳатто агар ин молҳо дар ҷараёникоркард пурра ё қисман истеъмол карда шаванд.
Содирот (воридот) – и муваққатии молҳо – реҷаи гумрукие мебошад, ки мувофиқи онистифода бурдани молҳо дар ҳудуди гумрукии ҶТ ё берун аз он бо пурра ва ё қисманозод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва бе истифода бурдани чораҳоисиёсати иқтисодӣ нисбати молҳо иҷозат дода мешавад.
Молҳое, ки муваққатанн ворид ва ё содир карда мешаванд, бояд бе ягон тағйирот,ба ғайр аз тағйиротҳое, ки дар натиҷаи истеҳлоки табиӣ ё ҳангоми шароитҳои муқаррарииинтиқол ва нигоҳдорӣ ба миён меоянд, баргардонида шаванд.
Минтақаи озоди гумрукӣ ва анбори озод – реҷаҳои гумрукие мебошанд, ки мувофиқи онҳомолҳои хориҷӣ дар сарҳади гумрукӣ ё иншоотҳо бе ситонидани боҷҳои гумрукӣ,андозҳо, инчунин бе истифодаи чораҳои сиёсати иқтисодӣ нисбати молҳои мазкур ҷойгирва истифода карда мешаванд, молҳои ватанӣ бошанд, бо шартҳое, ки таҳти реҷаигумрукии содирот, бо тартиби муайянкардаи Кодекси гумрук, истифода бурдамешаванд, ҷойгир ва истифода бурда мешаванд.
Анбори гумрукӣ ба сифати бино ё дигар маконе, ки реҷаи гумрукии анбориозод амал мекунад, метавонанд ҳангоми мавҷуд будани иҷозатномаи Кумитаи гумрукиҶТ эътироф карда шаванд.
Коркарди молҳо берун аз ҳудуди гумрукӣ – реҷаи гумрукие мебошад, ки молҳо бе истифодаичораҳои сиёсати иқтисодӣ нисбати онҳо бароварда ва дар берун аз ҳудуди гумрукӣ бомақсади коркард ва ба муомилоти озод баровардани маҳсулоти коркард дар ҳудудигумрукӣ истифода карда мешаванд, бо пурра ва ё қисман озод кардан аз боҷҳоигумрукӣ ва андозҳо, инчунин бе истифодабарии чораҳои сиёсати иқтисодӣ нисбатионҳо.
Содироти молҳо – реҷаи гумрукие мебошад, ки мувофиқи он молҳо аз ҳудудигумрукӣ бе ӯҳдадории баргашта ворид кардани онҳо ба ин ҳудуд
бароварда мешаванд.
Содироти молҳо ҳангоми пардохт намудани боҷ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ,риоя кардани чораҳои сиёсати иқтисодӣ ва иҷро кардани дигар талаботҳое, ки Кодексигумрукӣ ва дигар санадҳои қонунгузорӣ оид ба фаъолияти гумрукӣ пешбинӣ,намудаанд, амалӣ карда мешавад.
Реэкспорти молҳо – реҷаи гумрукие мебошад, ки молҳои хориҷӣ аз ҳудудигумрукии ҶТ бе ситонидан ва ё баргардонидани андоз ва боҷҳои гумрукии воридотӣва бе истифодаи чораҳои сиёсати иқтисодӣ мувофиқи Кодекси гумрукӣ ва дигарсанадҳои қонунгузории ҶТ оид ба фаъолияти гумрукӣ бароварда мешаванд.
Ҳангоми баровардани молҳое, ки реэкспорт карда мешаванд, боҷҳои гумрукииворидотӣ ва андозҳо дар ҳолате баргардонида мешаванд, ки агар:
- молҳоиреэкспортшаванда дар ҳолати аввалае қарор доранд, ки ворид карда шуда буданд,ба ғайр аз тағйиротҳои табиӣ ва тағйиротҳое, ки дар натиҷаи шароитҳои муқаррарииинтиқол ва нигоҳдорӣ ба миён омадаанд;
- реэкспорткардани молҳо дар муддати ду соли баъди воридот амалӣ мешавад;
- молҳоиреэкспортшаванда бо мақсади гирифтани фоида истифода нашудаанд.
Ҳангоми содир намудани молҳоиреэкспортшаванда боҷҳои гумрукии содиротӣ ва андозҳо ситонида намешаванд, чораҳоисиёсати иқтисодии ҳангоми содирот амалкунанда бошанд, истифода бурданамешаванд.
Нобудкуниимолҳо – реҷаи гумрукие мебошад, ки мувофиқи он молҳои хориҷӣ таҳтиназорати гумрукӣ, бе ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо, инчунин беистифодабарии чораҳои сиёсати иқтисодӣ нисбати ин молҳо, нобуд карда мешаванд ё ба ҳолати ғайри қобилиистифода расонида мешаванд.
Дасткашидан аз мол ба фоидаи давлат – реҷаи гумрукие мебошад, ки мувофиқион шахс, бе пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо, инчунин бе истифодаи чораҳоисиёсати иқтисодӣ аз мол даст мекашад. Ба даст кашидан аз мол ба фоидаи давлатбо иҷозати мақомоти гумрук, бо тартиби муайянкардаи Кумитаи гумруки ҶТ роҳ додамешавад.