Эъломиякунонӣ ва Анбори гумрукӣ
Мол ва воситаҳои нақлиёте, ки аз сарҳад гузаронида мешаванд ва ё реҷаигумрукиашон тағйир меёбанд, инчунин дигар мол ва воситаҳои нақлиёте, ки санадҳоиқонунгузории ҶТ муайян кардаанд, бояд ба мақомотигумрук эъломия карда шаванд.
Эъломиякунонӣ аз пешниҳод намудани эъломия ба мақомоти гумрук иборатмебошад.
Эъломияи гумрукӣ (лот. declaratio – изҳорот, эълон) ҳуҷҷате мебошад, ки мувофиқиталаботҳои қонунгузории миллӣ ба расмият дароварда шудааст ва иттилооти зарурӣдоир ба моли сарҳадро убуркунанда, аз он ҷумла, молҳои содир ва воридкунанда,бағоҷи мусофирӣ, бори дастӣ, арзишҳо ва асъорро дар бар мегирад.
Эъломияи гумрукӣ асос барои тавассути сарҳади давлатӣ иҷозат доданиворидот, содирот ва транзит ба ҳисоб меравад.
Эъломиякунонӣ бо роҳи дар шакли муқарраркардашуда (хаттӣ, шифоҳӣ, бо роҳиинтиқоли электронии маълумотҳо ва ғ.) изҳорот кардани иттилооти аниқ дар бораимол ва воситаҳои нақлиёт, дар бораи реҷаи гумрукии онҳо ва дигар маълумотҳое,ки барои ҳадафҳои гумрукӣ заруранд, анҷом дода мешавад.
Воситаҳои нақлиёте, ки молҳоро интиқол медиҳанд, якҷоя бо молҳо эъломиякарда мешаванд.
Нақлиёти ҳавоӣ дар фурӯдгоҳи вуруд ба ҳудуди гумрукӣ ё фурӯдгоҳи сафар азҳудуди гумрукӣ эъломия карда мешаванд. Воситаҳои нақлиёти холӣ ва воситахои нақлиёте,ки мусофиронро мекашанд, ҳангоми убур намудани сарҳади гумрукии ҶТ эъломия карда мешаванд.
Мӯҳлати пешниҳод намудани эъломияҳо наметавонанд зиёда аз 15 рӯз аз рӯзи пешниҳоднамудани мол ва воситаҳои нақлиёт ба мақомоти гумрук тӯл кашанд.
Ҳангоми аз сарҳади гумрукӣ гузаронидани молҳо бо мақсадҳои ғайритиҷоратӣдар бори дастӣ ва бағоҷи ҳамроҳ аз тарафи шахсон эъломияи гумрукӣ якҷоя бопешниҳоди молҳо дода мешавад.
Воситаҳои нақлиёти холӣ ва воситаҳои нақлиёте, ки мусофиронро мекашонанд,на дертар аз се соати баъди убур кардани сарҳади гумрукӣ эъломия кардамешаванд. Воситаҳои нақлиёти аз ҳудуди гумрукӣ бароянда бошанд, на дертар аз сесоат пеш аз гузаштани сарҳади гумрукӣ эъломия карда мешаванд.
Мӯҳлатҳои нишондодашуда метавонанд бо тартиб ва шартҳои аз тарафи Кодексигумруки ҶТ муайянкунандадароз карда шаванд.
Эъломиякунанда метавонад шахси интиқолкунандаи мол ва воситаҳоинақлиёт ё брокери гумрукӣ бошанд.
Ҳангоми эъломия кардани молу воситаҳои нақлиёт, эъломиякунанда вазифадораст:
- эъломиякунониимол ва воситаҳои нақлиётро мувофиқи тартиби муқарраркардаи Кодекси гумрукӣгузаронад;
- боталаби мақомоти гумрук молу воситаҳои эъломияшавандаро пешниҳод намояд;
- бамақомоти гумрук пешниҳод намудани ҳуҷҷат ва маълумотҳои иловагие, ки барои ҳадафҳоигумрукӣ заруранд.
- Пардохтанипардохтҳои гумрукӣ;
- Бамақомотҳои гумрукӣ кӯмак расонидан дар гузаронидани барасмиятдарории гумрукӣ,аз он ҷумла бо роҳи амалӣ намудани амалиётҳои боркашонӣ ва дигар амалиётҳо;
То пешниҳод намудани эъломияигумрукӣ эъломиякунанда ҳуқуқ дорад таҳти назорати гумрукӣ мол ва воситаҳои нақлиётромуоина ва андоза кунад, бо иҷозати мақомоти гумрук намуна ва нусхаи молҳорогирад.
Барои намуна ва нусхаҳои молҳо эъломияи ҷудогона дода намешавад, башарте, ки онҳо дар эъломияи гумрукӣ, ки барои молҳо дода мешаванд, ворид кардашаванд.
Пешниҳод намудани эъломияи гумрукӣ бояд бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳое, ки борои ҳадафҳоигумрукӣ заруранд, якҷоя амалӣ карда шавад. Мақомоти гумрук ҳуқуқ дорад бо мақсадитафтиш намудани иттилооте, ки дар эъломияи гумрукӣ, ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардашудаоварда шудаанд, ва дигар ҳадафҳои гумрукӣ маълумотҳои иловагиро талаб намояд.
Мақомоти гумрук ҳуқуқ дорад мӯҳлатҳо барои пешниҳод намудани ҳуҷҷат вамаълумотҳои намерасидагиро муқаррар намояд.
Тағйир, илова ё гирифтан танҳо амалӣ карда мешавад, то:
- оғозисанҷиши эъломияи гумрукӣ;
- оғозимуоинаи мол ва воситаҳои нақлиёт;
- маълумнамудани шубҳаовар будани маълумотҳои нишондодашуда.
Тағйир ё илова ба эъломияи гумрукӣ наметавонаддоираи амали онро маҳдуд ва ё васеъ кунад.
Анбори гумрукӣ бинои пӯшида ё майдони кушоде мебошад, ки бароинигоҳдории молҳо, бағоҷ ва дигар ашёҳо то иҷозат додани онҳо ба дохили мамлакатва ё берун аз он, яъне то пардохт намудани пардохтҳои гумрукӣ ва андозҳое, ки вобастаба ворид ё содир намудани ин ашёҳо ситонида мешаванд, ё ба гумрук пешниҳоднамудани ҳуҷҷатҳое, ки барои иҷозати онҳо тавассути сарҳади гумрукӣ заруранд,пешбинӣ карда шудаанд.
Анбори гумрукӣ – ин реҷаи гумрукие мебошад, ки мувофиқи он молҳоиворидшуда таҳти назорати гумрукӣ, бе ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо (ААИва акизҳо) ва бе истифодаи чораҳои сиёсати иқтисодӣ (литсензиякунонӣ,квотакунонӣ) нисбати онҳо дар давраи нигоҳдорӣ нигоҳ дошта мешаванд, молҳое, кибарои баровардан таҳти реҷаи гумрукии содирот пешбинӣ карда шудаанд, таҳтиназорати гумрукӣ бо пешниҳод намудани имтиёзҳое, ки бо қонунгузории гумрукӣ пешбинӣкарда шудаанд, нигоҳ дошта мешаванд.
Анборҳои гуирукӣ ду навъ мешаванд: кушода, ки барои истифодаи ҳар шахс дастрасандва пӯщида, ки барои нигоҳ доштани молҳои танҳо гурӯҳи муайяни шахсон пешбинӣшудаанд.
Анборҳои гумрукӣ метавонанд аз ҷониби корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳова дигар шахсони ҳуқуқӣ, иттиҳоди шахсон бо номи худ, аммо мақоми шахси ҳуқуқиронадошта, соҳибкорони инфиродии хусусӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ташкил кардашаванд.
Анборҳои гумрукии шакли кушод метавонанд аз ҷониби раёсатҳои минтақавиигумрукӣ бо пешниҳоди гумруке, ки дар минтақаи фаъолияташ бинои барои анборигумрукӣ пешбинишуда қарор дорад, таъсис дода шавад. Ташкилва истифодаи ин анборҳо мувофиқи Қоидаҳои ташкили анборҳои гумрукӣ аз тарафи мақомотигумруки ҶТ ва истифодаи чунин анборҳо амалӣ карда мешавад.
Нигоҳдории молҳое, ки ба анбори гумрукии аз ҷониби мақоми гумрукташкилшуда ҷойгир карда мешаванд, мувофиқи қонунгузории шаҳрвандӣ ва шартномаинигоҳдорӣ байни гумрук ва шахсе, ки молҳоро ба чунин анбор ҷойгир мекунад,гузаронида мешавад.
Шартнома барои нигоҳдорӣ дар шакли шаҳодатномаи анбор ба расмиятдароварда шуда, аз лаҳзаи ба нигоҳдорӣ супоридани молҳо басташуда ҳисоб кардамешавад.
Нусхаи якуми шаҳодатномаи анбор дар анбори гумрукӣ нигоҳ дошта мешавад ваҳамчун асос барои аз анбор додани молҳо хизмат мекунад, нусхаи дуюм ба шахседода мешавад, ки молҳоро барои нигоҳдорӣ ба анбори гумрукӣ ҷойгир намудааст ванусхаи сеюм бошад, барои ҳисобҳои молиявӣ истифода карда мешавад.
Варақаҳои шаҳодатномаи анбор ҳуҷҷатҳои ҳисоботи молиявии аниқ ба ҳисобмераванд.
Аз номи мақоми гумрук ба шаҳодатномаи анбор мудири анбор (муовини ӯ),муовини сармуҳосиби гумрук ва шахсони мансабдоре, ки вазифаҳои аз ҷиҳати моддӣ ҷавобгарродар анбори гумрукӣ ишғол мекунанд, имзо карда шуда, бо мӯҳри гумрук тасдиқкарда мешавад.
Ҳангоми ҷойгир намудани молҳо ба анбори гумрукӣ, мақоми гумрук боназардошти фикри шахсе, ки молҳоро ба анбори гумрукӣ ҷойгир мекунад, онҳоровобаста аз нархи озоди бозорӣ ба онҳо нарх мемонад. Арзиши гузошташуда дар шаҳодатномаианбор нишон дода мешавад.
Мақоми гумрук – соҳиби анбор барои гумм шудан, кам шудан ё вайроншудани молҳое, ки дар анбори гумрукӣ нигоҳ дошта мешаванд, дар ҳолате, ки онҳобо айби мақоми гумрук ба амал омада бошанд, ҷавобгар аст:
- барои гумм шудан – дар ҳаҷми арзише, ки дар шаҳодатномаи анбор нишон додашудааст;
- барои кам будан – ба андозаиарзиши молҳои намерасидагӣ;
- барои вайрон шудан – дар ҳаҷми маблағе, ки арзиши молҳо паст шудаанд.
Молҳое, ки метавонанд ба дигар молҳо зарар расонанд ё шароитҳои махсусинигоҳдориро талаб мекунанд, бояд дар иншоотҳои махсуси мутобиқкардашуда нигоҳдошта шаванд.
Молҳо дар анбори гумрукӣ метавонанд дар тӯли се сол нигоҳ дошта шаванд.
Мӯҳлати нишондодашуда метавонад аз тарафи мақоми гумрук барои шахсони алоҳидамаҳдуд карда шавад. Мӯҳлати маҳдудкардашудаи нигоҳдории молҳо – на кам аз яксол.
Молҳое, ки барои баровардан таҳти реҷаи гумрукии содирот ва пешниҳоднамудани имтиёзҳо (озод кардан аз боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ё баргардонида доданимаблағҳои пардохтшуда), пешбинӣ шудаанд, дар анбори гумрукӣ метавонанд на зиёдааз се моҳ нигоҳ дошта шаванд.
Мӯҳлати мушаххаси нигоҳдории молҳо дар доираи муайяншуда, аз тарафишахсе, ки молҳоро ба анбори гумрукӣ ҷойгир мекунад, якҷоя бо мақоми гумрук муайян карда мешавад.
Ҳангоми поён ёфтани мӯҳлати нигоҳдорӣ, ки аз тарафи шахси молҳоро баанбори гумрукӣ ҷойгирнамуда, якҷоя бо мақоми гумрук муайян карда шудаанд, молҳобояд бо риояи қонунгузории гумрукӣ аз анбори гумрукӣ бароварда шаванд. Мӯҳлатинишондодашуда метавонад дароз карда шавад. Дар ин вақт шаҳодатномаи нави анбортартиб дода мешавад.
Ҳангоми анҷомёфтани мӯҳлати охирини нигоҳдорӣ, молҳо бояд ба дигар реҷаи гумрукӣ гузаронидашаванд ва аз анбори гумрукӣ бароварда шаванд.
Додани молҳо азанбор дар ҳолате ба амал бароварда мешавад, ки аз тарафи шахси молҳоро баанбори гумрукӣ ҷойгирнамуда талаботҳои қонунгузории гумрукӣ, аз он ҷумлапардохти пардохтҳои гумрукӣ мувофиқи реҷаи гумрукии баёншуда риоя карда шаванд.
Додани молҳо боимзои шахсе, ки молҳоро гирифтааст, имзоҳои мудири анбор (муовини ӯ), муовинисармуҳосиби гумрук, инчунин имзо ва мӯҳри шахсии рақамии шахси мансабдоре, кивазифаи дорои ҷавобгарии моддӣ дар анбори гумрукиро ишғол мекунад ва молҳорододаст, дар шаҳодатномаи гумрук тасдиқ карда мешавад.
Ҳудуди анбори гумрукӣ минтақаи назорати гумрукӣ ба ҳисоб меравад. Бароиташкили анбори гумрукӣ ба субъекти хоҷагидор доштани иҷозатнома зарур аст. Иҷозатномабарои як ё якчанд иншооти махсус ҷиҳозонидаи ҷудокардашуда, майдонҳои кушод ёдигар ҷойҳо, ки барои нигоҳдории молҳо мувофиқи реҷаи анбори гумрукӣ пешбинӣшудаанд, дар ҳолате, ки ҳамаи онҳо дар минтақаи фаъолияти як гумрук қарор доштабошанд, ба шахсе, ки иншоотҳои мазкур аз они ӯ мебошанд, дода мешавад.
Барои гирифтани иҷозатнома соҳибмулки иншоот ариза пешниҳод менамояд, кидар он шакли анбори гумрукӣ, суроғаи ҳуқуқии он, дигар маълумотҳое, ки барои қабулиқарор оиди додани иҷозатнома таъсир мерасонанд, нишон дода мешаванд, пардохтбарои додани иҷозатномаро пардохт мекунад, инчунин кафолати бонкро оид басупоридани пардохтҳои гусрукӣ пешниҳод мекунад.
Барои таҷҳизонидани анбори гумрукӣ чунин талаботҳо пешниҳод кардамешаванд:
Ҷойгиршавии анбори гумрукӣ бояд ба имконияти ба анбор ворид кардан вабаровардани молро бе назорати гумрукӣ роҳ надиҳад ва амнияти молҳоеро, ки даранбор қарор доранд, таъмин кунад.
Ҳудуди анбор бояд девор карда шуда бошад. Дар ҳолате, ки танҳо як қисмибино ё иншоот анбори гумрукӣ ба ҳисоб мераванд, таҷҳизонидани роҳҳо ба онҳо вамайдонҳои борфарорӣ бояд ба дастрасии шахсони бегона ба молҳое, ки таҳтиназорати гумрукӣ қарор доранд, роҳ надиҳад.
Гумрук ҳуқуқ дорад талаботҳои мушаххасро доир ба ҷиҳозонидани анборигумрукӣ, пешниҳод кунад, аз он ҷумла талабот оиди таъмин намудани воситаҳои маҳкамкунандаидутарафа, ки яке аз онҳо дар ихтиёри гумрук бошанд.
Соҳиби анбор бояд ҷиҳозонидани моддӣ-техникии анборро, ки барои фаъолиятион кифоя аст, таъмин намояд, аз он ҷумла:
воситаҳои нақлиёти боркунандаю борфароранда;
таҷҳизотҳои анбор;
техникаи ташкилӣ;
мебел.
Барои кормандони гумрук барои амалӣ намудани назорати гумрукӣ вабарасмиятдарории гумрукӣ, бояд биноҳои таҷҳизонида, воситаҳои алоқа ва воситаҳоинақлиёт бе подош ҷудо карда шаванд.
Пурра кардани ҷиҳозонидан, ба тартиб нигоҳ доштан, посбонӣ намудани анборва таъмин намудани реҷаи гузаронидан аз тарафи соҳиби анбори гумрукӣ ва аз ҳисобиӯ амалӣ карда мешавад.
- роҳнадодан ба гирифтани молҳое, ки таҳти назорати гумрукӣ нигоҳдорӣ кардамешаванд, бе назорати гумрукӣ;
- душворнагардонидани амалинамоии назорати гумрукӣ;
- риоякардани шартҳои иҷозатнома барои таъсиси анбори гумрукӣ ва иҷро кардани талаботҳоимақомоти гумрукӣ, аз он ҷумла дастрасии шахсони мансабдори ин мақомот ба молҳое,ки дар анбор нигоҳ дошта мешаванд;
- бурданиҳисобдорӣ (аз он ҷумла автоматикунонидашуда – бо талаби алоҳидаи мақоми гумрук)ва ба мақомоти гумрук пешниҳод намудани ҳисобот оиди молҳои нигоҳдорӣ шаванда;
- дар ҳолатиаз кор нигоҳ доштан ё боз хондани иҷозатнома таъмин намудани амнияти молҳо ва иҷрокардани тартиби барҳамдиҳии анбори гумрукӣ.
Соҳиби анбор барои иҷро кардани ӯҳдадориҳои худ мувофиқи қонунгузорииамалкунанда ҷавобгар аст.
Анбори гумрукӣ танҳо барои нигоҳдории молҳои таҳти назорати гумрукӣ қарордоштаметавонад истифода бурда шавад. Поммолҳоиба анбори гумрукӣ ҷойгиркардашуда, ки бояд сертификатсия карда шаванд, дардавраи нигоҳдорӣ пешниҳод намудани сертификат талаб карда намешавад.