Танзими гумрукӣ-тарифии фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ

Танзими гумрукӣ – тарифии фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ бо истифодаитарифҳои воридотӣ ва содиротӣ, ки ба низоми умумии пардохтҳои гумрукӣ дохилмешаванд, алоқаманд аст.

Кодекси гумрукӣ шаклҳои зерини пардохтҳои гумрукиро муайян намудааст: боҷигумрукӣ (тарифи гумрукӣ); андоз аз арзиши иловашуда (ААИ); аксиз; боҷ бароидодан ё аз нав барқарор кардани аттестати тахассусӣ оиди барасмиятдарориигумрукӣ; боҷ барои додан ё барқарор кардани иҷозатномаҳо аз тарафи мақомотигумрук; боҷҳои гумрукӣ барои нигоҳ доштани молҳо; боҷҳои гумрукӣ барои ҳамроҳиигумрукии молҳо; пардохт барои иттилоот ва машварат; пардохт барои қабули қарорипешакӣ; пардохт барои иштирок дар музоядаҳои гумрукӣ; боҷҳо барои додани иҷозатномаҳоаз тарафи мақомоти гумрукӣ ва барқарор кардани амали иҷозатномаҳо.

Дар ин низоми пардохтҳо мавқеи муҳимро боҷи гумрукӣ ишғол мекунад.

Боҷи гумрукӣ – ин пардохти ҳатмӣ мебошад, ки аз тарафи мақомотигумрук ҳангоми ворид кардани мол ба ҳудуди гумрукии давлат ё ҳангоми содирнамудан аз ҳудуди гумрук ситонида мешавад, ҳамзамон тамоми амволи манқул мол ҳисобидамешавад, аз он ҷумла энергияи гармӣ, барқӣ ва дигар шаклҳои энергия.

Боҷҳоигумрукӣ бисёр вақт ба сифати тарифи гумрукӣ истифода бурда мешаванд. Дар айнизамон истилоҳи «тарифи гумрукӣ» ба сифати ҳуҷҷате истифода карда мешавад, ки рӯйхатибанизомдаровардаи миқдори боҷҳои гумрукиро дар бар мегирад.

Тарифи гумрукӣ шарти ҷудонашавандаи ҳаракати мол тавассути сарҳади гумрукӣмаҳсуб меёбад.

Тарифҳои гумрукиро тамоми мамдакатҳои ҷаҳон доранд. Тарифҳои муосир дарасоси Низоми ҳамоҳангсохтаи тавсиф ва рамзмонии молҳо ба шакл даровардашудааст, ки истифодаи тарифҳо дар забонҳои гуногун ва таносуб кардани боҷҳо бамолҳои якхеларо осон мегардонад.

Боҷҳо дартарифи гумрукӣ бо сатҳи рушди иқтисодии мамлакат, дараҷаи коркарди молҳо вадигар омилҳо муайян карда мешаванд. Чӣ қадаре, ки сатҳи рушди иқтисодӣ паст бошад,ҳамон қадар меъёри боҷҳо баланд мегардад, зеро бо ёрии онҳо соҳаҳои камрушдкарда аз рақобати тези хориҷӣ ҳимоя карда мешаванд.

Масалан, дар Австрия боҷхо назар ба Швейсария се маротиба баландтаранд.Боҷҳои махсусан баланд (50% ва боло) дар мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ гузоштамешаванд.

Бо болоравии дараҷаи коркарди молҳо меъёри боҷҳо баланд мешаванд. Боҷҳоинисбатан баланд ба маҳсулоти тайёри меҳнатталаб гузошта мешаванд, зеро рақобатишадиди хориҷӣ дар бозори ин молҳо метавонад ба баста шудани корхонаҳое овардарасонад, ки шумораи зиёди коргар доранд. Ин дар навбати худ ба зиёд гаштанисафи бекорон сабаб мешавад.

Боҷҳо қариб дар тамоми мамлакатҳо ба баланд, миёна, паст тақсим мешаванд,инчунин воридоти бебоҷ низ мавҷуд аст. Як қатор мамлакатҳо, аз он ҷумламамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо, нисбати мамлакатҳои ИДМ реҷаи гумрукӣ-тарифииимтиёзнокро истифода мебаранд, яъне преференсия пешниҳод мекунанд.

Преференсия – имтиёзҳои махсус (беҳтар), ки аз тарафи якмамлакат ба дигар мамлакат ба тартиби якҷониба ё дутарафа, бе паҳнщавӣ бамамлакати сеюм, дода мешаванд. Онҳо аксар вақт дар шакли тахфиф аз боҷи гумрукӣистифода бурда мешаванд.

Тарифи гумрукӣ аз маҷмӯи ставкаҳои боҷҳои гумрукӣ (тарифигумрукӣ) иборат аст, ки нисбати молҳои аз сарҳади гумрукӣ гузаронанда истифодабурда шуда, мувофиқи Феҳристи молии фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ (ФМ ФИБ) банизом дароварда шудаанд.

ФМ ФИБ вобаста аз низоми таснифотимолҳо, ки дар таҷрибаи байналхалқӣ қабул карда шудааст, аз тарафи Ҳукумати ҶТмуайян карда мешавад.

Хадафҳои истифодаи тарифи гумрукӣ дар ҶТ ба ҳисобчунинанд:

  • такмилисохтори молии воридоти молҳо ба ҶТ, яъне тамоми амволи манқул, аз он ҷумла энергияи гармӣ,барқӣ ва дигар энергия;
  • нигоҳдоштани таносуби лозимии содирот ва воридот намудани молҳо, даромад ва хароҷотҳоиасъорӣ;
  • шароитфароҳам овардан барои тағйиротҳои пешравӣ дар сохтори истеҳсолот ва истеъмолотимолҳо;
  • ҳимояи иқтисодиёт аз таъсири манфии рақобатихориҷӣ;
  • Фароҳамовардани шароит барои ҳамгироии самараноки ҶТ ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ.

Ставкаҳои боҷҳои гумрукӣ ягона буда, новобаста аз шахсоне, ки молҳоро азсарҳади гумрукии ҶТ мегузаронанд, намуди додугирифтҳо ва дигар омилҳо тағйирнамеёбанд.

Шаклҳои зерини ставкаҳои боҷҳо истифода бурдамешаванд:

адвалорӣ;

махсус;

омехта.

Ставкаҳои адвалорӣ (лот. ad valorem – аз рӯи арзиш) бо фоиз аз арзиши гумрукии молҳоиандозбандишаванда ҳисоб карда мешаванд.

Ставкаҳои махсус бо андозаи муайянкардашуда барои воҳиди молҳоиандозбандишаванда ҳисоб карда мешаванд.

Ставкаҳои омехта – ин ставкаҳое мебошанд, ки дар худ ставкаҳоиадвалорӣ ва махсусро якҷоя кардаанд.

Барои танзими фаврии содирот ва воридоти молҳо метавонанд боҷҳои мавсимӣ ҷорӣкарда шаванд. Ҳамзамон, ставкаҳои боҷҳои гумрукӣ, к ибо тарифи гумрукӣ пешбинӣшудаанд, истифода бурда намешаванд. Мӯҳлати амали боҷҳои мавсимӣ наметавонадзиёда аз 6 моҳ дар як солро дар бар гирад.

Бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ, ба молҳои воридшаванда, ба тавримуваққатӣ метавонанд шаклҳои махсуси боҷҳо истифода бурда шаванд:

махсус;

зиддидемпингӣ;

ҷубронӣ.

  1. Боҷҳои махсус истифода бурда мешаванд:

а) ба сифати чораи ҳимоявӣ, агармолҳо ба ҳудуди гумрукӣ дар ҳаҷм ва бо шартҳое ворид карда шаванд, ки ба истеҳсолкунандагоничунин молҳо ё молҳои бевосита рақобаткунанда дар дохили мамлакат зарар расонандё хавфи расонидани зарар ба миён ояд.

б) чун чораи ҷавобӣ ба табъиз ва дигар амалҳо аз ҷонибидигар мамлакатҳо ё иттиҳоди онҳо, ки манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро маҳдудмекунанд.

  • Боҷҳои зиддидемпингӣ дар ҳолатиба ҳудуди гумрукӣ ворид намудани мол бо нархе, ки нисбат ба арзиши муқаррарии онҳо дар мамлакати воридотдар лаҳзаи ин воридот, пастанд, агар чунин воридот ба истеҳсолкунандагониватании чунин молҳо зарар расонад ё хавфи расонидани зарар ба миён ояд, инчунинба ташкил ё мукаммал гардонидани истеҳсоли чунин молҳо дар мамлакат монеагардад, истифода бурда мешаванд.
    • Боҷҳои ҷубронӣ дар ҳолати бамамлакат ворид намудани молҳое истифода карда мешаванд, ки дар вақти истеҳсол ёсодироташон мустақиман ва ё ба таври ғайримустақим субсидияҳо истифода кардашудаанд, агар чунин воридот ба истеҳсолкунандагони ватании чунин мол зараррасонад ё хавфи расонидани зарар ба миён ояд, инчунин ба ташкил ва васеъгардонидани истеҳсоли чунин мол монеа ба миён орад.

Ставкаҳои шаклҳои махсуси боҷ, ки дар боло оварда шуданд, аз тарафиҲукумати ҶТ барои ҳар як ҳолат алоҳидамуайян карда мешаванд ва андозаи онҳо бояд ба бузургии нархи демпингипасткардашуда, субсидия ё зарари муайяншуда баробар бошад.

Чӣ тавре, ки қайд карда шуд, ставкаҳои адвалорӣ бо фоиз аз арзишигумрукии молҳо ҳисоб карда мешаванд.

Арзиши гумрукии мол бо чунин мақсадҳо истифода бурда мешавад:

  • бамол мондани боҷ;
  • оморигумрукӣ ва иқтисодии берунмарзӣ;
  • истифодабурдани дигар чораҳои танзими давлатии муносибатҳои иқтисодӣ, вобаста ба арзишимолҳо, аз он ҷумла амалӣ намудани назорати асъории додугирифтҳои савдоиберунмарзӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои бонкҳо аз рӯи онҳо.

Арзиши гумрукии молҳоисодиротшаванда аз нархи муомилот, яъне нархе, ки амалан пардохт шудааст ё ҳангомифурӯхтани мол ба содирот бояд пардохт карда шавад, таркиб меёбад.

Ба арзиши гумрукӣ инчунинхароҷотҳои зерине дохил карда мешаванд, ки аз ҷониби харидор анҷом додамешаванд, вале ба нархи амалан пардохтшуда ё пардохтшавандаи додугирифт дохилкарда нашудаанд:

  • мукофотпулиикомиссионӣ ва брокерӣ;
  • арзишиконтейнерҳо ва ё дигар зарфи бисёргардиша, агар мувофиқи феҳристи молиифаъолияти иқтисодии берунмарзӣ он бо молҳои содиршаванда чун як оҳиди ягона ҳисобкарда шавад;
  • арзишиборҷома, аз он ҷумла арзиши маводҳои борҷомакунӣ ва корҳо оиди борҷомакунонӣ;
  • қисмидахлдори арзиши молҳои содиршаванда, ки аз ҷониби фурӯшанда ба харидор ройгон ёбо нархи пасткардашуда барои истеҳсол ё фурӯш ба содирот пешниҳод кардамешаванд, молл ва зихматҳои зерин:

ашёи хом, маводҳо,қисмҳо, нимфабрикатҳо ва дигар маснуоти маҷмӯӣ, ки қисмҳои асосии молҳоисодиршаванда ба ҳисоб меравад;

  • асбобҳо,мӯҳрҳо, шаклҳо ва чунин ашёҳои дигар, ки ҳангоми истеҳсоли молҳои содиршавандаистифода бурда шудаанд;
  • маводҳоиёрирасоне, ки ҳангоми истеҳсоли молҳои содиршаванда сарф карда шудаанд;
  • коркардаҳоимуҳандисӣ, корҳои таҷрибавӣ-конструкторӣ; ороиш, ороиши бадеӣ, ангораҳо ва нақшаҳо;
  • пардохтҳоилитсензионӣ ва дигар пардохтҳо барои истифодаи объектҳои моликияти зеҳнӣ, кихаридор мустақиман ё ғайримустақим бояд ба сифати шарти хариди молҳои содиркунандаанҷом диҳад;
  • бахаридор мустақиман ё ғайримустақим омадани қисми даромад аз бозфурӯшҳои оянда,додан ё истифода кардани молҳо аз тарафи харидор баъди баровардан аз ҳудудигумрукӣ;
  • андозҳое(ба истиснои пардохтҳои гумрукӣ, ки ҳангоми пешниҳоди арзиши гумрукӣ супоридамешаванд), ки дар ҳудуди гумрукӣ ситонида мешаванд.

Ҳангоми мавҷуд набудани амалиёти хариду фурӯш нисбати молҳои содиршавандаё дар ҳолати ғайриимкон будани истифодаи нархи амалиёти хариду фурӯш ҳамчунасос барои муайян намудани арзиши гумрукӣ, ин арзиш ба воситаи аз тарафиэъломиякунанда пешниҳод намудани маълумотҳои баҳисобгирии муҳосибии фурӯшанда –содиркунанда, ки тамоми хароҷотҳои ӯро барои истеҳсол ва фурӯши моли содироткунанда инъикос мекунад вафоидае, ки содироткунанда ҳангоми баровардани молҳои монанд аз ҳудуди гумрукӣба даст меорад, ё дар асоси маълумотҳои муҳосибӣ дар бораи ба дафтари мудохиладаровардан ва аз ҳисоби тавозун баровардани молҳои содиротшаванда муайян кардамешавад.

Дар ҳолати ғайриимкон будани истифодаи маълумотҳои аз ҷонибиэъломиякунанда пешниҳодкардашуда арзиши гумрукии молҳои содиротшаванда дарасоси маълумотҳо дар бораи нархҳо ба молҳои монанд ё якхела ё вобаста азнархгузории арзиш (арзиши аслӣ) – и молҳои содиротшавандаи монанд ё якхела боназардошти хароҷотҳои дар боло нишондодашуда муайян карда мешавад.

Дар ҷараёни амалӣ намудани чораҳои тарифӣ ва ғайритарифии танзими ҳаракатимолҳо тавассути сарҳади гумрукии ҶТ мамлакати тавлиди мол муайян карда мешавад.Он мамлакате шуморида мешавад, ки дар он мол пурра истеҳсол карда шудааст ё бакоркарди зарурӣ мувофиқи меъёрҳои муайянкардашуда фаро гирифта шудааст.

Ҳамзамон, ҳангоми зарурати ҷудо намудани онҳо бо мақсади муайян намуданипайдоиши мол, таҳти мамлакати тавлиди мол гурӯҳи мамлакатҳо, иттиҳоди гумрукиимамлакатҳо, минтақа ё қисми мамлакат фаҳмида мешавад.

Молҳои пурра дар мамлакати мазкур истеҳсолшуда ба шумор мераванд:

  • канданиҳоифоиданоке, ки дар ҳудуди он ё ҳудудҳои обии он ё дар тунукобаи баҳрииконтиненталӣ ва дар обҳои баҳрии он истихроҷ карда шудаанд, агар он ҳуқуқҳоиистисноӣ барои коркарди ин қаърҳоро дошта бошад;
  • маҳсулотирастанӣ, ки дар ҳудуди он парвариш ё ҷамъоварӣ шудааст;
  • ҳайвонотизинда, ки дар ҳудуди он тавлид ва парвариш карда шудаанд;
  • маҳсулоте,ки дар ин мамлакат аз ҳайвоноти дар он парваришкарда гирифта шудааст;
  • маҳсулотидар он истеҳсолшудаи шуғлҳои шикорчигӣ, моҳидорӣ ва баҳрӣ;
  • маҳсулотипешаи баҳрӣ, ки дар уқёнуси ҷаҳонӣ аз тарафи киштиҳои ин мамлакат ё киштиҳое,ки аз тарафи он ба иҷора гирифта шудаанд (киро карда шудаанд) дошта ё истеҳсол карда шудаанд;
  • партовва ашёи хоми дуборае, ки натиҷаи амалиётҳои истеҳсолӣ ё дигар амалиётҳои дармамлакати мазкур амалӣ намуда ба ҳисоб мераванд:

– маҳсулотитехнологияҳои баланд, ки дар фазои кайҳон дар киштиҳои кайҳонии ба ин мамлакаттааллуқ дошта ё аз тарафи он ба иҷора гирифташуда, ба даст омадаанд;

  • молҳое,ки дар мамлакати мазкур танҳо аз ҳисоби маҳсулоти дар боло нишондода истеҳсолкарда шудаанд.

Агар дар истеҳсоли мол дув а ё зиёда мамлакатҳо иштирок кунанд, мамлакатитавлиди мол аз рӯи меъёри коркарди кофии он муайян карда мешавад.

Меъёрҳои коркарди кифоя дар мамлакати мазкур чунинанд:

  • тағйир додани мавқеимолӣ (рамзи таснифотии мол) аз рӯи феҳристи молӣ дар сатҳи тамоми чор аломатиаввала, ки дар натиҷаи коркарди мол ба миён омадаанд;
  • иҷрокардани амалиётҳои истеҳсолӣ ё технологии зарурӣ ё камрас барои он, ки мол истеҳсолшудадар мамлакате ҳисобида шавад, ки ин амалиётҳо ҷой доштанд;
  • қоидаиҳиссаи адвалорӣ – тағйири арзиши мол, вақте ки ҳиссаи фоизии арзиши маводҳоиистисноӣ ё арзиши изофа ба ҳиссаи қайдкардашудаи нархи моли дастрасшавандамерасад.

Ҳамзамон, ба меъёрҳои коркарди кифоя нокифоя ҳисоб карда мешаванд:

  • амалиётҳооиди таъмин намудани амнияти молҳо дар вақти нигоҳдорӣ ё интиқолдиҳӣ;
  • амалиётҳооид ба тайёр намудани молҳо барои фурӯш ва интиқолдиҳӣ (тақсими гурӯҳ, ташкилимуросилаҳо, ба навъҳо ҷудо кардан, борҷома кардан);
  • амалиётҳоиоддии васлкунӣ;
  • омехтакардани молҳо (қисматҳо) бе додани хислате ба маҳсулоти ба дастомада, ки азтаркиботи аввала ба таври назаррас фарқ кунад.

Дар ҳолате, ки нисбати мол ё мамлакатҳои мушаххаси тавлиди мол шартҳоимахсус пешбинӣ нашуда бошанд, қоидаи умумӣ истифода карда мешавад, ки мувофиқион мол дучори коркарди кифоя қарорёфта ҳисоб карда мешавад, агар тағйироти мавқеимолӣ аз рӯи ФМ ФИБ дар сатҳи яке аз чор аломати аввалин ба миён ояд.

Молҳое, ки дар шакли ба қисмҳо ҷудокарда ё ҷамънакарда вақте ки бо шароитҳоиистеҳсолӣ ё нақлиётӣ кашонидани онҳо дар як даста мумкин нест, бо якчанд дастадастрас карда мешаванд, инчунин дар ҳолатҳое, ки дастаи молҳо дар натиҷаииштибоҳ ба чанд қисм ҷудо карда шудаанд, бо хоҳиши эъломиякунанда ҳангомимуайян кардани мамлакати истеҳсол бояд чун моли ягона ҳисоб карда шаванд.

Барои тасдиқи тавлиди мол дар мамлакати мазкур мақоми гумрук ҳуқуқ дорадпешниҳод намудани сертификат дар бораи тавлиди молро талаб кунад.

Ҳангоми содирот намудани мол аз ҳудуди гумрукии ҶТ дар ҳолатҳое, кимувофиқи шартномаҳои дахлдор, қоидаҳои миллии мамлакати воридот ё ӯҳдадориҳоибайналхалқӣ пешниҳод намудани сертификат дар бораи тавлиди мол зарур донисташавад, он аз тарафи мақомоти салоҳиятдор дода мешавад.

Ҳангоми ворид намудани мол ба ҳудуди гумрукии ҶТ, сертификат дар бораитавлиди мол ҳатмӣ талаб карда мешавад:

  • ба молҳои истеҳсоли мамлакате, ки ҶТ преференсияҳо оид батарифи гумрукӣ мерасонад;
  • бамолҳое, ки воридоташон аз мамлакати мазкур бо маҳдудиятҳои миқдорӣ (квотаҳо) ёдигар чораҳои танзими фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ танзим карда мешаванд;
  • агарин бо созишномаҳои байналхалқӣ дар бахши ҳифзи муҳити табиии атроф, саломатии аҳолӣ,ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти давлатӣ ва дигарманфиатҳои ҳаётан муҳими мамлакат пешбинӣ шуда бошад;
  • дар ҳолатҳое,ки иттилоот дар бораи тавлиди молҳо дар ҳуҷҷатҳое, ки барои барасмиятдарориигумрукӣ пешниҳод шудаанд, мавҷуд набошанд ё мақоми гумрук асос дорад фикркунад, ки маълумотҳои нодуруст оиди пайдоиши молҳо эъломия карда мешаванд.

Ҳангоми барасмиятдарории гумрукии мол бо эъломияи гумрукӣ ва дигар ҳуҷҷатҳосертификат оиди мамлакати тавлиди мол пешниҳод карда мешавад, ки бояд ба якмаъно шаҳодат диҳад, ки моли мазкур аз мамлакати дахлдор истеҳсол шудааст, ваон дар бар мегирад:

  • изҳоротихаттии молфиристонанда дар бораи он, ки мол ба меъёри дахлдори пайдоиш ҷавобгӯаст;
  • қаноатмандиихаттии мақоми салоҳиятдори мамлакати содирот дар бораи он, ки маълумотҳои дарсертификат пешниҳод шуда, ба ҳақиқат ҷавобгӯ мебошанд;

Ба таври зарурӣ пешниҳод накарданисертификати барасмиятдароварда ва маълумотҳо оиди истеҳсоли мол барои радкардани иҷозати он тавассути сарҳади гумрукӣ асос шуда наметавонад.

Аз боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд: <strong/>

  • воситаҳои нақлиёте, ки интиқоли байналхалқии бор, бағоҷ вамусофиронро амалӣ мекунанд, инчунин ашёҳои таҷҳизонидан ва таъмин кардани моддӣ-техникӣ,сӯзишворӣ, хӯрока ва дигар амволе, ки барои истифодаи мӯътадили онҳо дар вақтитай намудани роҳ, дар нуқтаҳои таваққуфи марҳилавӣ ё дар хориҷа ба дастоварда,вобаста ба бартараф кардани садама (шикаст) – и воситаҳои нақлиёти мазкур;
  • молҳое,ки ба ҳудуди гумрукии ҶТ воридот ва ё аз он содирот карда мешаванд, бароиистифодаи расмӣ ва ё шахсӣ за ҷониби намояндагони давлатҳои хориҷӣ, шахсони воқеие,ки дар асоси созишномаҳои байналхалқии ҶТ ё қонунгузории он ҳуқуқи бебоҷ вориднамудани чунин ашёҳоро доранд;
  • молҳое,ки ба ҳудуди гумрукии ҶТ ба сифати ёрии башардӯстона, бо мақсади бартарафкардани оқибатҳои садама ва фалокатҳо, офатҳои табиӣ, ворид ва ё аз он содирот карда мешаванд,инчунин китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таълимии томактабӣ ва табобатииройгон;
  • молҳое,ки ба сифати ёрии бебозгашт ё ба мақсадҳои хайриявӣ бо шабакаи давлатҳо, ҳукуматҳо,ташкилотҳои байналхалқӣ, аз он ҷумла расонидани кӯмаки техникӣ ба ҳудуди гумрукӣворид ва ё аз он содирот карда мешаванд;
  • молҳое,ки таҳти назорати гумрукӣ бо реҷаи транзит тавассути ҳудуди гумрукии ҶТ ҳаракатмекунанд ва барои мамлакатҳои сеюм пешбинӣ шудаанд;
  • молҳое, ки тавассути ҳудуди гумрукии ҶТ аз ҷонибишахсони воқеӣ интиқол дода мешаванд ва мувофиқи Кодекси гумрукӣ барои фаъолиятиистеҳсолӣ ё дигар фаъолияти тиҷоратӣ пешбинӣ нашудаанд;
  • таҷҳизот,дастгоҳ ва маводҳое, ки ба ҳудуди гумрукӣ барои амалӣ намудани барномаҳо (лоиҳаҳо)– и иҷтимоӣ-иқтисодии мақсаднок, сохтмони манзил барои хизматчиёни ҳарбӣ;ташкил, сохтмон ва нигоҳдории марказҳои азнав омодасозии касбии хизматчиёни ҳарбӣ,шахсоне, ки аз хизмати ҳарбӣ ҷавоб дода шудаанд ва оилаҳои онҳо, ки аз ҳисоби қарзҳова ёрии молиявии бебозгашт, ки аз тарафи ташкилотҳои байналхалқӣ, ҳукуматимамлакатҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ мувофиқи созишномаҳоибайнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ, инчунин созишномаҳое, ки бо супориши Ҳукумати ҶТба имзо расидаанд, расонида мешаванд, ворид карда мешаванд;
  • нашрияҳоичопии даврӣ ва китобҳо, к ибо маориф, илм ва фарҳанг алоқаманд буда, аз тарафинашриётҳои воситаҳои ахбори омма ба ҳудуди гумрукӣ ворид ва аз он содирот кардамешаванд;
  • таҷҳизот,аз он ҷумла мошин ва механизмҳо, инчунин маводҳое, ки ба маҷмӯи таҳвили таҷҳизотидахлдор дохил мешаванд, маснуоти маҷмӯӣ (ба истиснои зераксизӣ), ки ба ҳудудигумрукии ҶТ аз ҳисоби қарзҳои аз тарафи давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳоибайналхалқӣ мувофиқи шартномаҳои байналхалқӣ ворид карда мешаванд.

Ба ғайр аз боҷҳои гумрукӣ дар тамоми мамлакатҳо ҳангоми ворид намуданимолҳо андоз ва пардохтҳои гуногун ситонида мешаванд. Як қисми онҳо шароитҳои рақобатдар дохили мамлакати воридкунандаро баробар мекунанд, зеро аз молҳои ватаниимонанд андозҳои ғайримустақим ситонида мешаванд, қисми дигар хусусияти ҳимоягарӣдоранд, (соҳаҳои саноати ватаниро ҳимоя мекунанд), қисми сеюм ҳадафҳоифискалиро таъкиб мекунанд, қисми чорум барои маблағгузории бахшҳои алоҳидаи хоҷагӣ(ҳавасманд намудани содирот, таҷдиди нерӯгоҳҳои барқӣ ва ғ.) ситонида мешаванд,қисми панҷум барои нигоҳ доштани дастгоҳи гумрукӣ ва ғ.

Маблағи умумии андозҳо ва пардохтҳои иловагӣ ҳангоми воридот бисёр вақтаз маблағи боҷҳои гумрукӣ, ки дар тарифи гумрукӣ муайян карда шудаанд, зиёдмешаванд. Ҳамзамон баъзе пардохтҳо ставкаи қайдкардашуда надоранд ва вобаста азвазъи бозор ва сиёсати иқтисодии ҳукумат ситонида мешаванд, ки ин ҳолат аксарвақт ба содироткунандагон имконият намедиҳад, то пешакӣ хароҷотҳо оидибарасмиятдарории гумрукии мол дар мамлакати воридкунандаро ҳисобу китоб кунанд.

Дар тамоми мамлакатҳо воситаҳои гуногуни маъмурии батартибандозииворидот: бо роҳи манъ кардани он, мондани ҳадди миқдорӣ, иҷозатномадиҳӣ, фармонҳоимақомоти гумрук, ба молрасонандагон пешниҳод кардани талаботҳои ҳатмӣ ва ғ.Истифода бурда мешаванд.

Ҳамин тавр, дар баробари пурра манъ кардани савдо (одатан бо қарори СММ)бисёр мамлакатҳо бо мақсади ҳифзи зиндагӣ ва саломатии одамон, олами набототу ҳайвонот,инчунин бо фаҳмишҳои маънавӣ ва қонунҳои динӣ манъкуниҳои ҷузъиро ба воридотимолҳои муайян ҷорӣ мекунанд.

Инчунин манъи шартҳо истифода карда мешавад: воридот иҷозат доданамешавад, агар таҳвилгар нишондодҳои муайяни ҳукуматро иҷро накунад. Ба ғайраз манъҳои доимӣ чораҳои мавсимӣ ва муваққатӣ низ истифода бурда мешаванд.Баробари манъкунии пӯшидаи воридот манъкунии пардапӯш низ истифода кардамешавад, масалан, барои фурӯши чаканаи мол ё даромадани киштиҳои хориҷӣ ба обҳоидохилии мамлакат маҳдудият ҷорӣ карда мешавад.

Илова ба маҳдудиятҳои миқдории анъанавӣ дар шакли квотакунонӣ (глобалӣ,инфиродӣ, тарифӣ, мавсимӣ ва ғ.) шакли нисбатан нави он – худмаҳдудкунии«ихтиёрӣ» васеъ истифода бурда мешавад. Худмаҳдудкунии «ихтиёрӣ» амалан зери таҳдидиистифода бурдани чораҳои нисбатан сахт ба гардани воридоткунандагони мол боркарда мешавад. Чунин худмаҳдудкунӣ дар намуди ихтисори таҳвил, паст карданирушди солонаи онҳо ё баландшавии нархҳо амалӣ мегардад.

Иҷозатномадиҳӣ низ шаклҳои гуногунро дорост. Дар мамлакатҳои рӯ ба тараққӣҳангоми қадамҳои ҷавобии воридкунанда, бисёр вақт иҷозати воридот тезтар додамешавад, масалан, агар ӯ ӯҳдадории харидории маҳсулоти маҳаллӣ ё дар бозорихориҷӣ фурӯхтани як қисми молҳоеро, ки дар дохили мамлакат истеҳсолшудаанд, бар дӯш гирад.

Нақши муҳимро дар хориҷа талаботҳои махсус ба молҳои воридотӣ, пеш аз ҳамадар самти бехатарӣ ва риоя кардани меъёрҳои экологӣ мебозанд, ки риоя карданиин талаботҳо бо низоми муассисаҳои назораткунанда, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандамедиҳанд ё додани онро рад мекунанд, таъмин карда мешавад.

Диққати махсусро қоидаҳои бехатарӣ арзанда мебошанд, зеро онҳо одатан ҳатмӣба ҳисоб мераванд ва ба ғайр аз ин, ба истеъмолкунанда расонидани зарар бо нуқсонимол барои таҳвилгар хароҷотҳои калон дар ояндаро ба бор меоранд. Ин пеш аз ҳамаба автомобил ва дучархаҳо, тамоми намудҳои техникаи электронии маишӣ, асбобҳоитиббӣ, доруворӣ, маҳсулоти хӯрока ва ғ. дахл дорад.

Дар бисёр мамлакатҳо дар солҳои охир қонунҳое қабул карда шудаанд, киманфиатҳои истеъмолкунандагонро ҳимоя мекунанд ва барои вайрон намудани онҳо ҷазоҳоисахтро пешбинӣ мекунанд. Масалан, дар мамлакатҳои ИА чунин дастур аз соли 1993ба амал шурӯъ кардааст.

Дастур таҳвилгарони тамоми молҳои истеъмолиро вазифадор месозад, ки ба башабакаҳои савдо танҳо маснуоти барои зиндагонӣ ва саломатии одамон (ҳангомиистифодаи дуруст, таъсири эҳтимолӣ ба молҳои дигар ва барои гурӯҳи муайяниодамон, масалан барои кӯдакон) бехатарро пешниҳод кунанд. Мувофиқи дастуримазкур истеҳсолкунанда вазифадор аст, ҳангоми тамғазанӣ дар тамғақоғаз одамонродоир ба тамоми хавфи эҳтимолӣ, к ибо истеъмоли маҳсулоти ӯ алоқаманданд, огоҳнамояд.

Илова бар ин соли 1993 ИА ҳуҷҷати махсусро оид ба назорати мутобиқати молҳоиаз мамлакатҳои сеюм воридшаванда ба қоидаҳои бехатарӣ, қабул намуд. Дар асосион тафтиши махсуси воридоти чунин молҳо дар сарҳадҳои берунаи ИА аз тарафи мақомотигумрук ба роҳ монда шудааст. Ба охириҳо ҳуқуқ дода шудааст, то молҳои аз ин нуқтаиназар шубҳанок ва ҳуҷҷатҳои ҳамроҳкунанда бо маълумоти зарурӣ надоштаро нигоҳдоранд.

Таҳвилгарони мол бояд худашон доир ба нобудкунии маснуотҳои собиқи худ вапартовҳои «истеъмолот» фикр кунанд. Дар натиҷаи яке аз талаботҳои нав, ки баворидкунандагони бисёр молҳо пешниҳод карда мешаванд, сабук кардани имкониятинобудсозии охириҳо, аз он ҷумла бо роҳи коркарди дубора мегардад. Зимнан, бо ҳаминсабаб «эко-тамға»-и махсус пайдо шуда, васеъ паҳн мегардад, ки дар тамғаи молҳои«дӯстона» дар шакли аломатҳои муайян («делфини сабз», «малаки кабудранг», «мурғиқуи сафед» ва ғ.), ки нақши таблиғотро мебозанд, зада мешавад.

Мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ ҳангоми ворид намудани молҳои хоҷагии қишлоқ,хусусан маҳсулоти хӯрока сертификат барои дар таркибаш мавҷуд будани миқдорибезарари радиоактивро талаб мекунанд. Аз соли 1995 сар карда, ин мамлакатҳоталабот нисбати воридоти маҳсулоти дорувориро сахттар карданд.

Ҳангоми ворид намудани ҳайвони зинда ё маҳсулоти гӯштӣ ба баъзе мамлакатҳо,дар замони ҳозира пешниҳод намудани ҳуҷҷат дар бораи он, ки фермерон ҳормонҳоитезонандаи рушди ҳайвонотро истифода набурдаанд, зарур аст. Дар вақти вориднамудани маҳсулоти хӯрокворӣ баъзан маҳдудиятҳо барои истифода бурданирангкунандаҳо, моддаҳои ширинкунанда ва дигар иловаҳо ҷорӣ карда мешаванд.

Дар роҳи содирот метавонанд талаботҳои ҳатмии гуногун оид ба тамғазанӣ ванишонагузории молҳо монеа гарданд. Масалан, молҳое, ки ба ИМА ворид кардамешаванд, бояд бо забони англисӣ, бо ҳарфҳои хоно, то лаҳзаи фурӯш тозанашаванда ва шустанашаванда тамға задашуда бошанд. Дар Канада низ, навиштаҷотҳо дар борҷома бояд аниқ ва хоно валеаллакай бо ду забони расмӣ – англисӣ ва фаронсавӣ навишта шуда бошанд. ДарШведсия барои молҳои хӯрокворӣ ва доруворӣ дар борҷома нишон додани таркиб бозабонҳои шведӣ ва финнӣ зарур аст.

1.12K
Нет комментариев. Ваш будет первым!