Чораҳои ғайритарифии фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ

Чораҳои ғайритарифии танзими фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ ин маҷмӯичораҳои хислати иқтисодӣ, маъмурӣ ва техникӣ (ба истиснои тарифи гумрукӣ)мебошанд, ки савдои озоди байни давлатҳоро душвор ва ё маҳдуд мегардонанд.

Ин маҷмӯи чораҳо чунинанд:

  • квотакунонӣ;
  • литсензиякунонӣ;
  • назоратаз болои содироти мол ва технологияҳои таъиноти духела.

Квотакунонии содирот ва воридот маҳдудиятҳои миқдорӣ ё арзишии воридот васодиротро дар бар мегирад, ки аз ҷониби мамлакат ё гурӯҳи мамлакатҳо нисбатимолҳои (хизматҳо) муайян ба мӯҳлати муайян ҷорӣ карда мешаванд. Дар савдоибайналхалқӣ квотакунонӣ дар ҳолате истифода бурда мешавад, ки инро шароитҳоисиёсӣ, иқтисодӣ ё вазъияти муносибатҳои пардохтӣ талаб кунанд. Ба сифатитанзимкунандаи талабот ва пешниҳод дар бозори дохилӣ баромад мекунад. Инчунинба сифати чораи ҷавобӣ ба амалҳои табъизии шарикони хориҷӣ низ метавонад хизматкунад.

Дар як қатор мамлакатҳо квотаҳои тарифӣ маълуманд, ки дар доираи миқдор ёарзишашон молҳои воридотӣ ба андозаи муқаррарӣ андозбандӣ карда мешаванд, дар ҳолатигузаштан аз маҳдудиятҳои муайяншуда нисбати молҳо ставкаҳои баландкардашудаи боҷҳоистифода бурда мешаванд.

Тақсимоти квота ё додани иҷозатнома ҳангоми муайян намудани маҳдудиятҳоимиқдорӣ, чун қоида, бо роҳи озмун, музояда ё ба тартиби амалан гузарониданиамалиётҳои содиротию воридотӣ, то иҷро шудани квота гузаронида мешавад.

Квота ва квотаи умумиро фарқ мекунанд.

Квотаи умумӣ маҳдудкунии миқдории воридот ва содиротро, ки аз ҷонибиҲукумати ҶТ ҷорӣ карда мешаванд, дар бар мегирад.

Квота – ин ҳисса (қисм) – и квотаи умумӣ мебошад.

Ҳуқуқ баворидот ё содирот кардани моли квоташаванда бояд юо иҷозатнома тасдиқ кардашавад.

Литсензия ҳуҷҷати расмие ба ҳисоб меравад, ки амалӣ намудани амалиётҳоисодиротӣ ё воридотиро дар муддати вақти муайяншуда иҷозат медиҳад. Ҳамлу нақлимол барои содирот баъди барасмиятдаровардани иҷозатномаи содиротӣ амалӣ карда мешавад.

Иҷозатномаҳо ба ҳар як намуди мол мувофиқи ФМ ФИБ ба расмият даровардамешаванд.

Иҷозатномаҳо якдафъагӣ ва генералӣ мешаванд.

Иҷозатномаи якдафъагӣ барои амалӣ намудани амалиёти содиротӣ ёворидотӣ бо як шартнома дар муддати 12 моҳи ҷорӣ, сар карда аз рӯзи додани иҷозатнома, дода мешавад.

Мӯҳлати амали иҷозатнома барои содироти молҳои «ҳассос» ва технологияҳоитаъиноти духела дар ҳар як ҳолат вобаста ба шартҳои амалиёти содиротии мушаххасмуайян карда мешавад.

Иҷозатномаи генералӣ ба ҳар як намуди моли содирот ё воридотшавандабо нишон додани миқдор ва арзиши он, бе муайян намудани харидор ва ё фурӯшандаимушаххаси мол, ба расмият дароварда мешавад. Асос барои додани иҷозатномаигенералӣ қарори дахлдори Ҳукумати ҶТба ҳисоб меравад.

Ба дигар шахси дархосткунанда додани иҷозатнома манъ аст.

Соҳиби иҷозатнома нусхаи асли онро ба мақоми гумруки ҷои бақайд гирифтаашмесупорад. Иҷозатнома асос барои гузаронидани барасмиятдарории гумрукии молҳо(хизматҳо) – и литсензияшаванда мебошад.

Мавқеи махсусро дар фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ мол ва технологияҳоитаъиноти духела ишғол мекунанд.

Мол ва технологияҳои таъиноти духела – ин таҷҳизот, маводҳо, ашёи хом,технологияҳо ва иттилооти илмӣ-техникӣ мебошанд, к ибо мақсадҳои шаҳрвандӣистифода бурда мешаванд, аммо метавонанд барои истеҳсоли аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ,аз он ҷумла яроқи қатли ом (кимиёвӣ, бактериологӣ. ҳастаӣ) ва воситаҳои мушакиитаҳвили он истифода бурда шаванд.

236
Нет комментариев. Ваш будет первым!