Амалиётҳои савдои берунмарзӣ
Савдои берунмарзии молҳо қисми савдои байналхалқӣ ба ҳисоб меравад вашакли махсуси мубодилаи молро байни харидору фурӯшандаҳои мамлакатҳои гуногун дарбар мегирад.
Таҳти савдо ба даст овардани неъматҳои хоҷагӣ бо мақсади гирифтанифоида аз фурӯши ояндаи он фаҳмида мешавад. Дар низоми тақсимоти ҷамъиятии меҳнатсавдо мавқеи мустақилро ишғол мекунад. Он зинаи ҷудонашаванда дар занҷиримуносибатҳои ҷамъиятии хоҷагидорӣ, ба ҳисоб меравад, ки ба принсипҳои тақсимотимеҳнат ва мубодилаи молӣ асос ёфтааст.
Моҳияти иқтисодии савдоро аввал метавон чун додани маҳсулоти меҳнатиинсон аз як зинаи истеҳсол ба зинаи дигар, ва дуюм, додани ин маҳсулот аз истеҳсолкунандагонба истеъмолкунандагон, ки бе он ҷараёни истеҳсолоти васеъ номумкин аст, муайяннамуд.
Бо принсипи ҳудудият савдо ба дохилӣ ва берунмарзӣ тақсим мешавад.
Таърихан савдои берунмарзӣ чун савдои байни мамлакатҳои наздибаҳрӣ(масалан, байни финикийҳо ва дигарон) ба миён омад. Савдои хушкигард бошад, азсабаби хароҷотҳои зиёд барои ташкили он ва хатарҳое, ки назар ба кашонидани бортавассути баҳр чандин маротиба бештар буданд, сусттар рушд мекард.
Савдои берунмарзӣ ба васеъшавии истеҳсолот, ташкил ва рушди роҳҳои алоқа ҳамдар дохили мамлакат ва ҳам дар байни мамлакатҳо, ба вуҷуд омадани судхӯрӣ,баъдан сармояи тиҷоратӣ, рушди қарздиҳӣ ва суғуртакунии байналхалқӣ мусоидатмекунад.
Савдои беруна ба воридотӣ ва содиротӣ тақисммешавад. Зиёд шудани содирот аз воридот тавозуни савдои фаъол доштанимамлакатро нишон медиҳад. Зиёд шудани воридот аз содирот бошад, ғайрифаъолбудани тавозуни савдоро нишон медиҳад. Тавозуни савдои фаъол нишондиҳандаирушди иқтисодии мусбати мамлакат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, бисёр вақт ҳавасманднамудани содирот принсипи асосии сиёсати иқтисодии мамлакат мегардад. Ин ҳолат,махсусан дар давраи меркантилизм (асрҳои XV – XVIII) хос буд. Савдоиберуна бо се нишондиҳанда тавсиф карда мешавад: ҳаҷми гардиши моли савдоиберуна, сохтори молӣ ва сохтори ҷуғрофӣ. Амалиётҳоисавдои беруна амалиётҳои асосӣ ва ёрирасонро дар бар мегиранд. Амалиётҳои асосӣ амалиётҳоишартномавӣ оиди хариду фурӯши молҳо ё мубодилаи молҳо (бартер) мебошанд, ки даршартномаҳои савдои беруна қайд карда шудаанд. Амалиётҳоиёрирасон барои ба таври бояду шояд иҷро намудани амалиётҳои асосӣ кӯмакмекунанд. Онҳо амалиётҳои интиқол ва ирсол намудани бор, суғуртакунии бор,маблағгузории амалиётҳои савдои беруна, ҳисоббаробаркунӣ байни содирот ваворидоткунандагон, кафолати ӯҳдадориҳои мутақобили онҳо, инчунин амалиётҳоигумрукӣ ва дигар амалиётҳо, аз он ҷумла, карордоди агентӣ бо миёнаравон, таҳвилгаронимолҳои содиротӣ ва фармоишгарони молҳои воридотӣ, бо ташкилот ва агентиҳоитаблиғотӣ, ки вазъи бозорро меомӯзанд, дар бар мегиранд. Вобастаба мушкил будани амалиёти асосӣ воридот ва содироткунандагон мустақилона ё бо ҷалбиширкат ва ташкилотҳо барои як амалиёти асосӣ то 10 ва зиёда амалиётҳои ёрирасонроиҷро мекунанд. Ҳисоббаробаркунӣбайни иштирокчиёни қарордодҳои савдои беруна одатан бо воситаҳои пулии худӣ ваё қарзӣ гузаронида мешаванд. Бомақсади кам кардани хароҷоти асъор барои воридоти гурӯҳи калони таҷҳизот аз ҷонибикорхонаҳо дар таҷрибаи байналхалқӣ додугирифтҳои ҷубронӣ васеъ истифода бурда мешаванд,ки мувофиқи он қарзҳое, ки аз тарафи ширкатҳои бузурги хориҷӣ пешниҳод кардамешаванд, бо таҳвили маҳсулот пардохт карда мешаванд. Инчунин қисман пардохт намудан бо воситаҳои пулӣ низ мумкин аст. Ба кам кардани хароҷотҳои пулӣ додугирифтҳои бартерӣ (мубодилаимол), ки як мол ба моли дигар бе иштироки воситаҳои пулӣ чун воситаи пардохт,дар ҳаҷми муайяннамудаи шароитҳои бозори ҷаҳонӣ, мубодила карда мешаванд,таъсири калон мерасонанд. Роҳ ёфтани молҳо ба бозори дигар мамлакатҳо хамаз ҳудуди мамлакати худ, ҳам бо роҳи ташкили истеҳсоли молҳо дар хориҷа боистифодаи шаклҳои гуногуни кооператсияи байналхалқӣ, иштироки саҳмӣ дар сармояиширкатҳои хориҷӣ, инчунин ба воситаи дар хориҷа ташкил намудани корхонаҳоихусусӣ, мумкин аст. Амалиётҳоисодиротию воридотӣ одатан дар маҷмӯи чорабиниҳо, ки интиқол, ирсол, нигоҳдорӣ,тайёр кардан ва коркарди молҳо, суғуртакунии онҳо, пардохтҳо ва ғайраро дар бармегиранд, амалӣ карда мешаванд. Ҳангоми ҳаракати худ, аз як мамлакат ба дигармамлакат, молҳо метавонанд, то расидан ба истеъмолкунандаи ниҳоӣ, чандинмаротиба соҳиби худро иваз намоянд. Заруриятикам кардани хароҷот ба амалиётҳои номбаршуда, барои ҷудокунии ин вазифаҳо башаклҳои мустақили фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат намуд, ки гурӯҳҳои махсуситашкилотҳои миёнаравӣ (ассотсиатсияҳои гуногуни савдои беруна, хонаҳои савдо,палатаи савдо-саноат ва ғ) бо он машғуланд. Мукаммалгардониисохтори содирот пеш аз ҳама, аз таназзули идомадори истеҳсолот, ба рақобаттобовар набудани бисёр соҳаҳои коркард, аз даст додани як қатор бозорҳои фурӯшитехника душвор мегардад. Аз тарафи дигар мамлакатҳо монеаҳои табъизӣ нисбатимолҳо ва хизматрасониҳои алоҳидаи ИДМ, ки дар рақобат бартарӣ доранд, нигоҳдошта мешаванд. Рушдиояндаи муносибатҳои савдоии беруна бо дурнамои ба Созмони умумиҷаҳонии савдо(СУС) ворид гаштани ҶТ сахт алоқамандаст. Мувофиқи мақсад будани ба СУС воридгаштан, пеш аз ҳама, бо зарурияти таъмин намудани тавозуни ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳодар бахши савдои байналхалқӣ, эҳтиёҷот ба рушди алоқаҳои иқтисодии берунмарзӣбо асосҳои дар ҷаҳон қабулгардида барои мамлакати мо муайян карда мешавад. Чунончӣ, ин чораҳои табъизии аз тарафимамлакатҳои ғарб нисбати содироти Тоҷикистон ҳоло амалкунандаро бартарафмекунад ва реҷаи нисбатан мусоиди миллӣ барои молу хизматҳои мо дар хориҷаро таъминмекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳоиИДМ ба СУС дохил шуда, имконият пайдо мекунанд, ки мушкилиҳои иқтисодӣ-савдоиихуд бо шариконашонро ба ин форуми байналхалқӣ бароранд ва ҳалли онҳоро дарасоси тамаддун ба даст оранд, зеро айни замон маросимҳои зиддидемпингӣ танҳо бамуқобили Россия зиёда аз 40 донаро ташкил мекунанд, ки аз нисф зиёди онҳо, бобаҳодиҳии МВЭС Россия беасос мебошанд ё хислати табъизӣ доранд. Қоидаҳои СУС иҷозатмедиҳанд, ки бозори дохилӣ бо баланд бардоштани боҷҳо ва ҳатто ҷорӣ намудани маҳдудиятҳоимиқдорӣ ба воридот ҳимоя карда шавад, агар чунин воридот ба истеҳсолоти миллӣзарар расонад ё хавфи расонидани зарар ба миён ояд. Барои амалиётҳои савдои беруна одатҳои гардиширасмӣ аҳамияти муҳим доранд. Одатигардиши расмӣ – ин одати байналхалқие мебошад, ки назар ба одатҳои ҳуқуқии аз ҷиҳатиюридикӣ ҳатмии байналхалқӣ гардиши иқтисодии берунмарзиро танҳо дар ҳолатетанзим мекунанд, ки иштирокчиёни ин муносибат дар бораи чунин танзимкунӣ мувофиқакарда бошанд. Ба таври дигар, одати гардиши расмӣ ба шартномаи савдои беруна вақтеистифода бурда мешавад, ки агар ҷонибҳо ҳангоми бастани шартнома дар ин бора бақарор омада бошанд. Соли 1980 дар Вена Конвенсияи СММ оидишартномаҳои хариду фурӯши байналхалқӣ қабул карда шуд, ки бо номи КонвенсияиВена (Vienna Sales Convention) маълум аст. Моддаи9 конвенсияи мазкур чунин пешбинӣ дорад:
- ҷонибҳобо одате, ки нисбати он қарордод бастаанд ва таҷрибае, ки онҳо дар муносибатҳоихуд муқаррар кардаанд, алоқаманд мебошанд;
- ҳангомимавҷуд набудани мувофиқа дар дигар бора, чунин ҳисобида мешавад, ки ҷонибҳонисбати шартнома ё бастани он истифода намудани одатеро зимнан дар назардоштанд, ки онҳо медонистанд ё бояд медонистанд, ва одате мебошад, ки дарсавдои байналхалқӣ маълум ва аз ҷониби тарафҳои шартномаҳои монанд дар бахшидахлдори савдо ҳамеша риоя карда мешавад.
Одатҳои гардиши расмӣ дар бахши алоқаҳои беруниқтисодӣ дар баъзе ҳолатҳоаз ҷониби ташкилотҳои байналхалқии ғайриҳукуматӣ тафсир карда мешаванд. Қоидаҳоибайналхалқии тафсири истилоҳоти савдо – “ИНКОТЕРМС” (International (Сommercial TERMS 1990), ки аз ҷониби Палатаи савдои байналхалқӣкор карда баромада шудаанд, ба ин мисол шуда метавонанд.
Ин қоидаҳо доираи васеъи масъалаҳоро, аз он ҷумла фарқияти шартҳои таҳвилҳангоми шарти СИФ ва шарти франко-вагонро фаро мегиранд. Ҷонибҳо ҳангомибастани шартнома, метавонанд, амали ин қоидаҳоро дар муносибатҳои худ паҳнкунанд.