Додугирифтхои бартери

Додугирифтҳои бартерӣ

Додугирифтҳоибартерӣ – ин додугирифт ҳангоми амалӣнамудани фаъолияти савдои берунмарзӣ мебошад, ки мубодила намудани молҳо,хизматҳо, маҳсули фаъолияти зеҳнии аз рӯи арзиш баробарро пешбинӣ мекунад.

Мубодилаҳое, ки ҳангоми ҳангомиамалӣ намудани онҳо истифода бурдани воситаҳои пулӣ ё дигар воситаҳои пардохтпешбинӣ карда мешавад, ба додугирифтҳои бартерӣ дохил намешаванд.

Додугирифтҳои бартерӣ дар шакли оддии хаттӣ бо роҳи бастани шартномаидутурафа гузаронида мешаванд, ки бояд ба талаботҳои зерин ҷавобгӯ бошад:

а) шартнома бояд рақам ва сана дошта бошад;

б) шартнома дар шакли як ҳуҷҷат тартиб дода мешавад, баистиснои додугирифтҳои бартерие, ки аз ҳисоби иҷрои созишномаҳои байналхалқӣбаста мешаванд. Дар ин ҳолат тартиб додани қарордод дар шакли якчанд ҳуҷҷат иҷозатдода мешавад, ки бояд маълумотҳоеро дар бар гиранд, ки ба ягон шартномаимушаххас мансуб донистани онро имкон диҳанд, инчунин бо мақсади муайян намуданишартҳои иҷро кардани додугирифти бартерӣ алоқамандии ин ҳуҷҷатҳоро ба миёноранд.

в) дар шартномабояд муайян карда шуда бошанд:

  • феҳраст,шумора, сифат ва нархи мол аз рӯи ҳар як мавқеи молӣ, мӯҳлат ва шартҳоисодирот, воридоти молҳо;
  • рӯйхатикор, хизмат, маҳсули фаъолияти зеҳнӣ, арзиши онҳо, мӯҳлати анҷом додани корҳо,лаҳзаи расонидани хизмат ва пешниҳод намудани ҳуқуқ ба маҳсули фаъолияти зеҳнӣ;
  • рӯйхатиҳуҷҷатҳое, ки аз тарафи шаҳрвандони ҶТ барои тасдиқ намудани воқеаи иҷро кардани кор,расонидани хизматрасонӣ ва пешниҳод намудани ҳуқуқ ба маҳсули фаъолияти зеҳнӣпешниҳод карда мешаванд.
  • тартибиқонеъ намудани даъво дар ҳолати иҷро накардан ё ба таври зарурӣ иҷро накарданишартҳои қарордод, аз тарафи ҷонибҳо.

Шахсоне, ки амалиёти бартериро ба имзо расонидаанд ё аз номи онҳо баимзо расонидаанд, вазифадоранд дар мӯҳлатҳое, ки қонунгузорӣ барои иҷро карданиамалиётҳои ҷории асъорӣ, ки аз санаи баровардани молҳои содиротшаванда ё аз лаҳзаирасонидани хизмат ва ҳуқуқ ба маҳсули фаъолияти зеҳнӣ аз тарафи мақомоти гумрукба ҳисоб гирифта мешавад, ба ҳудуди гумрукӣ ворид кардани мол, хизматрасонӣ, маҳсулифаъолияти зеҳнии аз рӯи арзиш баробарро бо тасдиқ намудани воқеаи воридот бо ҳуҷҷатҳоидахлдор, таъмин кунанд. Аз мӯҳлати муайяншуда гузаронидан ва иҷро намудани ӯҳдадорииҷавобӣ аз тарафи шахси хориҷӣ бо усуле, ки ба ҳудуди гумрукӣ ворид намуданимол, хизматрасонӣ ва маҳсули фаъолияти зеҳниро пешбинӣ намекунад, танҳо башарти гирифтани иҷозат, ки аз ҷониби мақомоти иҷроия дода мешавад, иҷозат додамешавад.

Дар ҳолати тағйирёбиишартҳои қарордод, ки мубодила намудани мол, хизматрасонӣ ва маҳсули фаъолиятизеҳниро бо шартҳое, ки амалӣ намудани ҳисоббаробариро бо воситаҳои пулӣ ё дигарвоситаҳои пардохт пешбинӣ мекунанд, шахсони қарордодбаста вазифадоранд, кибаргардонидани ин воситаҳоро ба маблағе, ки ба арзиши мол, хизматрасонӣ ва маҳсулифаъолияти зеҳнии содиротшуда баробар бошанд, ба суратҳисобҳои худ дар бонкҳоиваколатдор, бо риоя намудани талаботҳои танзим ва назорати асъорӣ, таъминнамоянд.

Ҳангоми амалӣ намудани додугирифтҳои бартерӣ содироти мол, хизматрасонӣва маҳсули фаъолияти зеҳнӣ дар ҳолате амалӣ карда мешавад, ки шиносномаидодугирифти бартерӣ ба расмият дароварда шавад. Барасмиятдарории гумрукии молҳое,ки аз сарҳади гумрукӣ барои иҷро намудани додугирифтҳои бартерӣ ҳаракатмекунанд, ба шарти ба мақомоти гумрук пешниҳод намудани шиносномаи додугирифтибартерӣ амалӣ карда мешавад.

Ҳангоми амлӣ намудани назорат ва барасмиятдарории гумрукии молҳое, ки азҳудуди гумрукӣ аз рӯи амалиётҳои савдои беруна (аз он ҷумла, амалиётҳои бартерӣ)мувофиқи реҷаи гумрукии содирот бароварда мешаванд, бояд дар назар дошт, киворидоти ҳатмии мол, хизматрасонӣ, маҳсули фаъолияти зеҳнӣ, ки бо молисодиротшуда баробарарзишанд, ё ба суратҳисоб дар бонки ваколатдор гузарониданимаблағи пулии даромад аз содироти мол бо тартиби муқарраргардида, талаботи реҷаигумрукии содироти молҳо ба ҳисоб меравад. Назоратаз болои иҷрои талаботҳои муқарраргардида, дар қисми амлӣ намудани амалиётҳоибартериро, ки содироти молҳоро пешбинӣ мекунанд, мақомоти гумрук амалӣменамоянд.

Ҳангоми гузаронидани амалиётҳои бартерии савдои беруна шартномаи омехтаиберуниқтисодӣ метавонад истифода шавад, ки унсурҳои қарордодҳои гуногунро, кибо дигар қонун ва санадҳо ҳам пешбинӣ шудаанд ва ҳам пешбинӣ нашудаанд, дар бармегирад ва мубодила намудани молҳо, хизматрасонӣ ва маҳсули фаъолияти зеҳниро,ки аз рӯи арзиш баробаранд, пешбинӣ мекунад.

Ба шартномаҳои омехта чунин шартномаи омехтае дохил мешавад, ки ба ғайраз мубодилаи нишондодашуда воситаҳои пулии муайян, аз он ҷумла ҳисоббаробаркунӣбо асъори хориҷиро барои молҳо, хизматрасонӣ, ҳуқуқ ба маҳсули фаъолияти зеҳнӣ,ки мувофиқи шартномаи омехта пешниҳод карда мешаванд, талаб менамояд.

Агар амалиётҳои бартерии савдои беруна мувофиқи шартномаҳои омехтае амалӣшаванд, ки барои молҳо, хизматрасонӣ ва ҳуқуқ ба маҳсули фаъолияти зеҳнии мувофиқишартномаи омехта пешниҳодшаванда, пардохт намудани воситаҳои пулии муайян боасъори хориҷиро талаб кунанд, мувофиқи қонунгузории мамлакат ба ғайр азназорати гумрукӣ инчунин назорати асъорӣ низ амалӣ карда мешавад.

Барои амлӣ намудани назорат ва барасмиятдарории гумрукии молҳо шиносномаиамалиёти бартерӣ пур карда мешавад. Нусхаи шиносномаҳои амалиётҳои бартерӣ якҷоябо нусхаи фаъолияти гумрукии бор дар делаҳои гумрук дар муддате, ки барои нигоҳдорииэъломияҳои гумрукии бор муайян карда шудааст, нигоҳ дошта мешаванд.

Шиносномаи амалиёти бартерӣ ҳуҷҷати назорат ва баҳисобгирии амалиётҳоибартерӣ мебошад, ки шахсон мувофиқи шартномаҳои беруниқтисодии басташуда амалӣменамоянд.

Барасмиятдарории гумрукии молҳо аз рӯи шартномаҳои омехта бе пешниҳод карданишиносномаи амалиёти бартерӣ гузаронида мешавад. Ҳангоми гузаронидани амалиётҳоибартерии савдои беруна, барасмитдарории гумрукии молҳое, ки аз ҳудуди гумрукӣмувофиқи реҷаи гумрукии содирот бароварда мешаванд, мувофиқи тартибимуайяннамудаи санадҳои ҳуқуқӣ гузаронида мешавад.

Қайд кардан зарур аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиётҳои бартерӣ танҳодар ҳолатҳои истисноӣ ва бо иҷозати Ҳукумати ҶТ гузаронида мешаванд.

287
Нет комментариев. Ваш будет первым!