Моҳият ва мундариҷаи иқтисодии сайёҳӣ
Пайдоиши сайёҳӣ чун мол ташаккули асоси моддӣ-техникии дахлдор, мавҷудиятикадрҳои баландихтисос оид ба хизматрасонии сайёҳон ва идоракунии мақсаднокисубъектҳои хоҷагидори сайёҳиро талаб намуд. Ҳамаи ин зарурияти мутобиқгардонииташкилии сайёҳиро ба соҳаи мустақили хоҷагии халқ ба миён овард.
Туризмибайналхалқӣ имрӯзҳо яке аз бахшҳои ба таври динамикӣ рушдкунандаи фаъолияти иқтисодииберунмарзӣ гаштааст, ки дар бисёр мамлакатҳои дунё ба соҳаи зудрушдкунандаисавдои бузург табдил ёфтааст. Ба ҳиссаи тиҷорати туризм қариб 6% маҷмӯи маҳсулотимиллии ҷаҳон, 7% маҷмӯи сармоягузориҳо, 11% хароҷотҳои истеъмолии ҷаҳонӣ ва 5% ҳамаидаромадҳои андозӣ рост меоянд. Дар соли 2001 ҳар 16-ум ҷои корӣ дар ҷаҳон ба соҳаитуризм рост меомад. Ҳиссаи туризми байналхалқӣ қариб 7% содироти ҷаҳонироташкил мекунад. Ин маънои онро дорад, ки аз рӯи даромади аз содирот бадастоянда,туризм баъд аз даромадҳо аз содироти нафт ва маҳсулоти нафтӣ ва даромадҳо азсодироти автомобил, мавқеи сеюмро ишғол мекунад. Мувофиқи пешгӯии Созмонибайналхалқии сайёҳӣ ҳиссаи туризм дар ташкили маҷмӯи маҳсулоти миллии ҷаҳон дарсоли 2008 ба 11-12% хоҳад расид.
Тиҷорати сайёҳӣсоҳибкоронро бо сармояҳои ибтидоии камтарин, мӯҳлати тези хароҷотбарории онҳо,талаботи доимӣ ба хизматрасонии сайёҳӣ ва сатҳи баланди даромаднокии хароҷотҳоианҷомдода ҷалб месозад.
Туризм (фр. Tourisme, tour – саёҳат, сафар) чун маҳсули тараққиёти тамаддун ба миёномадааст. Туризм – ин пеш аз ҳама хурсандӣ, қонеъ гардонидани шавқу ҳавасмебошад.
Дар давраи муайяни рушди иқтисодиёт, вақте ки талабот ба сайру саёҳатзиёд шуд, истеҳсолкунандагони хизматрасонӣ низ барои чунин сайру саёҳатҳо пайдошуданд. Ин ба ташаккули намуди махсуси мол – туризм оварда расонд. Ҳамин тавр,туризм аввал чун мол ба вуҷуд омад, ки онро дар бозори истеъмолӣ фурӯхтан вахаридан мумкин буд. Туризм чун мол дар шакли хизматрасонӣ (моддӣ ва ғайримоддӣ)амалӣ карда мешавад.
Истеҳсолкунандагони хизмат, ки барои хизматрасонӣ ба сайёҳон (одамони саёҳаткунанда)пешбинӣ шудаанд, ба соҳаи «туризм» мутаҳид шуданд. Туризм моли зарурияти аввалабарои зиндагӣ ба ҳисоб намеравад ва аз ин рӯ, барои инсон танҳо ҳангоми сатҳидаромади муайяни ӯ ва сатҳи муайяни боигарии ҷамъият, ба талаботи зарурӣмубаддал мегардад.
Соли бавуҷудоии туризм дар мамлакатҳои ИДМ соли 1885 ҳисоб карда мешавад.Дар ин вақт дар Санкт-Петербург якумин калонтарин ташкилоти сайёҳии Россия, бономи «Муассиса барои саёҳатҳои ҷамъиятӣ ба тамоми мамлакатҳои олам» – и Липсонташкил карда шуд. 15 марти соли 1885 дар Санкт-Петербург туринг-клуби Россия (Ҷамъиятисайёҳон-велосипедистон) ва дар соли 1901 ҷамъияти ягонаи россиявии сайёҳон ташкилкарда шуданд. Аз соли 1899 то соли 1914 маҷаллаи «Сайёҳи рус» аз чоп мебаромад.Дар озмуни эълоннамудаи ин маҷалла барои муайян намудани мафҳуми сайёҳ Р. деПак ғолиб баромад, ки нависта буд: «Туризм – ин маҳорати сайру гашт карданмебошад. Мумкин ин маҳоратест, ки бояд ба даст овард, ин илмест, ки онро боядомӯхт ва дар он машқ кард. Ба абре, ки дар фазо ҳаракат мекунад, гулҳои табиат,садоҳои гуногун мароқ зоҳир кардан, ҳис кадани паҳлӯҳои ҳаррӯза ва пурнақши ҳиссиётиқарор доштан дар ҳавои кушод ва аз онҳо пурра лаззат бурданро бояд тавонист. Баин каме ифтихори инсонӣ ҳангоми дарк намудани ғалаба барои бартараф карданимонеаҳоро илова кунед ва шумо дар бораи ин эҳсоси комилан нав ва гуворои ҳолатиқалби худ тасаввурот пайдо мекунед.»
Мафҳуми аниқи туризм бояд ба тавсифномаҳои иқтисодии зерин асос ёбад:
- туризммаҳсули ҳаракати одамон бо хатсайрҳои гуногуни сайёҳӣ мебошад;
- туризмҳамеша аз ду унсур таркиб ёфтааст: сафар ба нуқтаи таъинот ва таваққуф дар он ҷо;
- сафармаънии баромадан аз мамлакат (ё минтақа)-еро дорад, ки сайёҳ доимо зиндагӣмекунад:
- туризм – ин ҳаракати муваққатии сайёҳ бохатсайри сайёҳӣ мебошад, яъне сайёҳ баъди чанд муддате ба макони зисти доимиашбармегардад.
- туризм – ин сафаре мебошад, ки фаъолият барои гирифдани фоидаро дар барнамегирад.
Мафҳуми муосири туризм, ки аз ҷониби СММ қабул карда шудааст, аз ониборат аст, ки туризм – ин истироҳати фаъол мебошад, ки ба мустаҳкам гаштанисаломатӣ ва инкишофи ҷисмонии инсон таъсир мерасонад ва бо ҳаракат дар берун азмакони зисти доимӣ алоқаманд аст.
Туризм бо ҳаракати муваққатии аҳолӣ аз як минтақа (ноҳия, шаҳр,мамлакат) ба дигараш тавсиф карда мшавад, ки он бо иваз намудани макони зисталоқаманд намебошад. Туризм – ин ҳузуру ҳаловате мебошад, ки бо сафар бо мақсадҳоиистироҳат, табобат, иштирок дар вохӯриҳои корӣ, илмӣ ва ғ. алоқаманд аст.
Омилҳое, ки талабот ба туризмро ба миён меоранд, метавонанд ба се гурӯҳиасосӣ муттаҳид карда шаванд: маърифатӣ, минтақавӣ, иқтисодӣ.
Ба гурӯҳи омилҳои маърифатӣ майлу рағбат ба тамошои ҷойҳои таърихӣ, фарҳангӣ,хоҷагӣ ва табиию иқлимӣ дохил мешаванд.
Ба ҷойҳои тамошои таърихӣ-фарҳангӣ ёдгориҳои археологӣ ва таърихӣ,осорхонаҳо, нигористонҳои адабӣ, театрҳо ва дигар объектҳоро метавон воридкард.
Инчунин одатҳо,либос, ошхона ва дигар зуҳуроти эҷодиёти халқ, ки чун ёдгориҳои этнографӣтавсиф карда мешаванд, майлу рағбати махсусро ба миён меоранд.
Ба ҷойҳои тамошобоби табиӣ-иқлимӣ шароитҳои мусоиди иқлим (ҳарорати мӯътадилиҳаво, зиёд будани рӯзҳои офтобии хушк ва бебод), манзараҳои зебо (ҷангал, баҳр,кӯл, кӯҳҳо, ғорҳо) – ро метавон ворид намуд. Шароитҳои иқлимӣ ва ҷуғрофӣ бароирушди варзиши тобистона ва зимистона шароит фароҳам меоранд. Минтақаҳое, ки батабобат ва солимгардонии сайёҳон мусоидат менамоянд, диққати махсусро ҷалбмекунанд.
Ба ёдгориҳои хоҷагидорӣ гуногунии шаклҳои пешбурди хоҷагӣ дохил кардамешаванд.
Ба гурӯҳи омилҳои минтақавӣ рӯйдодҳо дар минтақаи мазкур, масаланфестивал ва кинофестивалҳои театрӣ, мусиқӣмусобиқаҳои варзишии гуногун(олимпиадаҳо, бозиҳо, спартакиадаҳо, мусобиқаҳо ва ғ.), намоишгоҳҳо, карнавалҳо,ярмаркаҳо ва ғ, ки метавонанд сабабгори аз минтақа дидан намудани сайёҳонгарданд, дохил карда мешаванд.
Ба гурӯҳи омилҳои иқтисодӣ шароитҳои иҷтимоӣ-иқтисодии саёҳат дохилмешаванд. Ба онҳо бахши хизматрасонӣ, системаи нақлиёт, бахши савдои чакана вакорхонаҳои хӯрока, аз он ҷумла мағозаҳо барои сайёҳони хориҷӣ, ки молҳоро бонархи арзон ба фурӯш мебароранд, мансубанд.
Туризм дохилӣ ва байналхалқӣ мешавад. Иштирокчии туризми байналхалқӣсайёҳи хориҷӣ ном дорад.
Истилоҳи «сайёҳи хориҷӣ» (дар шартномаҳои байналхалқӣ – фақат «сайёҳ»)таҳаввулоти дуру дарозро гузоштааст, ки дар айни замон ба анҷом нарасидааст.
Ибтидои онро тавсияҳои Кумитаи коршиносони Лигаи Миллатҳо гузошт, кимувофиқи он «ҳар касе сайёҳ ҳисоб карда мешавад, ки на кам аз 24 соат дармамлакате қарор мегирад, ки дар он зиндагонӣ намекунад». Ин мафҳуми сайёҳи хориҷӣноравшан аст ва ба тамоми хориҷиёне (муҳиҷирон, мусофири транзитӣ, ҷинояткор,зархарид, гуреза), ки дар дигар мамлакат на кам аз 24 соат қарор доранд, истифодакарда мешавад, аз ин рӯ он нодуруст мебошад.
СММ мафҳуми сайёҳи хориҷиро чандин маротиба муҳокима намудааст.
Мувофиқи мафҳуме, ки аз ҷониби Конвенсияи римии СММ оид ба туризми байналхалқӣ ва сайру гашт, дар соли1963 қабул карда шудааст, донишҷӯён ва хонандагоне, ки дар хориҷа қарор доранд,ҳамчунин сайёҳ ҳисоб карда мешаванд.
Гурӯҳҳои асосии зерини сайёҳон муайян карда шудаанд:
- шаҳрвандоне,ки барои дилхушӣ, бо сабабҳои оилавӣ, барои табобат ва ғ. сафар мекунанд;
- шаҳрвандоне,ки ба маҷлисҳо, анҷуманҳо (илмӣ, маъмурӣ, варзишӣ ва ғ.) сафар мекунанд;
- шаҳрвандоне,ки бо корҳои хизматӣ сафар мекунанд;
- шаҳрвандоне,ки тавассути баҳр сафар мекунанд, ҳарчанд ба мӯҳлати кам аз 24 соат.
Сайёҳҳисоб карда намешаванд:
- шаҳрвандоне,ки ба мамлакат барои ҷустӯҷӯи кор тибқи шартнома ё бе шартнома ворид мешаванд;
- шҳрвандоне,ки дар мамлакат барои зисти доимӣ меистанд;
- аҳолииминтақаҳои наздисарҳадӣ, ки дар як ҷониби сарҳад зиндагонӣ мекунанд ва дар ҷонибидигари сарҳад кор мекунанд.
Чунин мафҳуми сайёҳи байналхалқӣ аз ҷониби Иттифоқи байналхалқии ташкилотҳоирасмии сайёҳӣ эътироф карда шуда буд.
Аммо бисёр мамлакатҳо дар сатҳи байналхалқӣ тафсири аниқ ва ягонаи истилоҳи«сайёҳ»-ро кор кара наборамаданд ва аз ин рӯ предмети шартномаҳои байналхалқӣоиди ҳамкориҳои онҳо дар бахши туризми байналхалқиро низ муайян нанамуданд.
Ҳамзамон қонуни ФР «Дар бораи асосҳои фаъолияти сайёҳӣ дар ФР» чунин мафҳумисайёҳро овардааст: «Сайёҳ – шаҳрванде мебошад, ки мамлакат (макон)-и будубошимуваққатиро бо мақсадҳои солимгардонӣ, маърифатӣ, корӣ-касбӣ, варзишӣ, динӣ ва ғ.бе машғул шудан ба фаъолияте, ки даромад меорад дар мӯҳлати аз 24 соат то 6 моҳпай дар пай ё на кам аз як шабгузаронӣ дидан мекунад».
Туризм чун мол дар шакли хизматрасонӣ пешниҳод карда мешавад.
Хизматрасонии туризм чун дигар хизматрасонӣ амали дорои арзиши истеъмолиимуайян мебошад, ки дар таъсири муфидинъикос меёбад ва чун қоида, дар лаҳзаи зоҳир гаштани худ ин ё он талаботиодамонро қонеъ мегардонад. Ҳамзамон хизматрасонӣ метавонад бо ашё яъне бо ёриимол ё дар ҷараёни кор кардани худи меҳнати зинда расонида шавад (моддӣ ва ғайримоддӣ).
Ду усули нишондодашудаи истеҳсоли хизматрасонӣ ду намуди худихизматрасониро низ боис мегарданд. Намуди якуми хизматрасонӣ – ин чунинхизматрасониҳое мебошанд, ки бо молҳои истеъмолӣ сарукор дошта, тавассути молифода карда мешаванд. Расонидани чунин хизмат аз рӯи мундариҷаи худ аз ҷараёнимеҳнат дар истеҳсолоти моддӣ ягон фарқе надошта, бо он шабоҳат дорад, зеро дарин ҷо тамоми панҷ унсури ҷараёни меҳнат: воситаи меҳнат, предмети меҳнат, худимеҳнат (яъне фаъолияти мақсадноки инсон), технология ва ташкили он ба назармерасанд. Ин ба мо имконият медиҳад, то хизматрасониҳои навъи якумро моддӣ (истеҳсолӣ) ном барем. Мисоли чуниннавъи хизматрасонӣ хизматҳо оид ба истеҳсоли маҳсулоти хӯрока барои сайёҳ шудаметавонанд.
Намуди дуюми хизматрасонӣ – ин хизматрасониҳое мебошанд, ки амали онҳобевосита ба инсон ё шароитҳои ӯро иҳотакунанда равона карда шудааст.Хизматрасониҳои ин намуд ба маҳсулоти моддӣ алоқамандӣ надоранд. Ташкили инхизматҳо бо истеъмолашон рост меояд. Хизматрасониҳои мазкур ғайримоддӣ (ғайриистеҳсолӣ)ба ҳисоб мераванд. Ба онҳо хизматрасониҳои роҳхатҳои сайёҳӣ, хизматрасонии сайёҳондар меҳмонхонаҳо ва муассисаҳои хӯрока, хизматрасониҳо оиди ташкили баромадҳоиконсертӣ ва ғ. дохил мешаванд. Чун ҳар як моли дигар хизматрасонии ғайримоддӣягонагии арзиш ва арзиши истеъмолиро нишон медиҳад.
Ба сифати арзиши истеъмолӣ меҳнат эҳтиёҷи мушаххаси одамонро қонеъмегардонад. Истеъмоли чунин хизматрасонӣ маънии онро дорад, ки хизматрасоние,ки ин меҳнат пешниҳод мекунад, арзиши истеъмолии махсус дорад ва чун ҳар якмоли дигар арзиши истеъмолии мазкур хизматрасонӣ ба ҳисоб меравад, зеро меҳнатна ба сифати мол, балки ба сифати фаъолият расонида мешавад.
Хизматрасониҳои ғайримоддӣ арзишеро доро мебошанд, ки баробарарзиш ба меҳнатиҷамъиятии барои истеҳсоли онҳо зарурӣ мебошад.
Дар вақти мубодилаи хизмат ба хизмат, чун ҳангоми ҳар мубодилаи мол бамол хизматрасониҳои баробарарзиш мубодила карда мешаванд. Хизматрасониҳои ғайримоддӣсоҳиби арзиш буда ҳатман бояд арзиши мубодилавӣ дошта бошанд. Барои истеҳсолкунандагоничунин хизматрасониҳо онҳо мол ба ҳисоб мераванд. Барои ҳамин онҳо арзишиистеъмолӣ доранд пас, ҳам хароҷоти истеҳсолот ва ҳам арзиши мубодилавиро доромебошанд.
Дар ҷараёни истеҳсоли хизматрасониҳои ғайримоддӣ ҳам меҳнати мушаххас ва ҳаммеҳнати абстрактӣ, ки бо онҳо ҳам арзиш ва ҳам арзиши истеъмолӣ ба вуҷудмеоянд, сарф карда мешаванд.
Тамоми фаъолияти субъекти хоҷагидори сайёҳӣ бо пешниҳод намуданихизматрасониҳои гуногун ба сайёҳон алоқаманд мебошад. Сайёҳон ба сифатиистеъмолкунандагони хизматрасониҳое, ки субъектони хоҷагидор истеҳсол мекунанд,баромад мекунанд.
Субъектони хоҷагидори сайёҳӣ се вазифаро иҷро мекунанд:
а) истеҳсол кардани хизматрасонии туризм;
б) фурӯхтани ин хизматрасониҳо;
в) ташкили истеъмоли хизматрасониҳои мазкур.
Дар ҷараёни фурӯхтан ва ташкили истеъмоли хизматрасониҳо хизматрасонӣ басайёҳон ба миён меояд, зеро фаъолият оид ба фурӯш ва ташкили истеъмолот – ин ҷараёнихизматрасонӣ мебошад. Мавҷудияти ҳамаи ин се вазифаҳо имконият медиҳанд, ки ҳамаисубъектони хоҷагидори сайёҳӣ ба соҳаи ягона – туризм муттаҳид карда шаванд.
То имрӯз дар тавсифоти амалкунандаи соҳаҳои хоҷагии халқ соҳаи туризм мавқеиистеҳсолӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодии аниқро надорад. Ин натиҷаи дар замони муосирномутобиқ будани принсипи соҳавии сохтори низоми таснифотии истеҳсолоти ҷамъиятӣбо шароитҳои фаъолияти иқтисодиёти бозорӣ ба ҳисоб меравад.
Вусъат ёфтани инқилоби илмӣ-техникӣ ба он оварда мерасонад, ки фаҳмиши кӯҳнаи«соҳа» оҳиста-оҳиста аз байн меравад. Барои иқтисодиёти бозорӣ рушди соҳаҳои ҷудокардашудана он қадар хос аст, ки фаъолияти маҷмӯаҳои байнисоҳавии диверсификатсияшудахос аст.
Дар вақти диверсификатсияи рушдкунандаи истеҳсолоти ҷамъиятӣ меъёри соҳанақши функсионалии ӯ дар қонеъ гардонидани талаботҳои ҷамъият мегардад. Аз ин рӯдар таркиби соҳаҳои бахши иҷтимоӣ, ки талаботи аҳолиро ба воситаҳои истеъмолот(молҳо ва хизматрасонӣ дар якҷоягӣ) қонеъ мегардонад, маҷмӯи соҳаҳои зурсохторииҷтимоӣ-маишӣ ҷудо шуда меистад, ки туризм низ ба он дохил мешавад. Меъёрҳои соҳааллакай на моддӣ будани маҳсулот, балки таъиноти он мегардад. Аз ин рӯ, туризм,ки дар он ҳам маҳсулоти истеъмолот (хӯрока, савғотиҳо ва ғ.) ва ҳам хизматҳо (ҷойгиркардан дар меҳмонхонаҳо, хизматрасонӣ ва ғ.) истеҳсол карда мешавад, ба ин маънӣмеъёрҳои ягонаи функсионалӣ дорад.
Мавқеи туризм дар таркиби соҳаҳои хоҷагии халқро аз рӯи мавқеъҳои зеринбояд баҳо дод:
Туризм – ин маҷмӯи байнисоҳавиидиверсификатсияшудаи зерсохтори иҷтимоӣ-маишӣ мебошад. Хусусияти туризм бодурангии таъиноти он дар иқтисодиёти мамлакат муайян карда мешавад.
Туризм арзиши моддии навро даршакли хизматрасонӣ ба вуҷуд меорад ва ба фурӯш мебарорад, инчунин хизматҳои ғайримоддиробарои хизматрасонии сайёҳон низ тайёр ва ба фурӯш мебарорад, аз ин рӯ он вазифаҳоиистеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолиро доро мебошад.
Ҷараёни хоҷагидорие, ки дар соҳаи туризм амалӣмешавад, ҷараёни истеҳсолӣ-хизматрасонӣ ба ҳисоб меравад.