Мафхум ва мундаричаи содирот ва воридоти сайёхи, бозори сайёхи

Туризмро чун мол метавон ба мамлакат воридот ва аз он содирот намуд.

Воридотисайёҳӣ – ин ба мамлакат воридотнамудани таассуроти сайёҳӣ мебошад, ки ҳамзамон боиси ба хориҷа бароварданимаблағ аз ҷониби сайёҳ аз мамлакати мазкур мегардад.

Содиротисайёҳӣ – ин аз мамлакат содиротнамудани таассуроти сайёҳӣ мебошад, ки боиси ба мамлакат ворид намудани маблағаз ҷониби сайёҳ мегардад.

Содирот ва воридоти сайёҳӣ дар бозори сайёҳӣ амалӣ карда мешавад. Бозорисайёҳӣ – ин маконе мебошад, ки амалиётҳои хариду фурӯши хизматрасонии туризм(саёҳат, маҳсулоти сайёҳӣ) гузаронида мешаванд.

Ҳамзамон, қайд кардан зарур аст, ки амалиётҳои нишондодашуда на ҳамавақтдар як ҷой масалан, дар ҷои пешвози сайёҳон дар меҳмонхона ё ҷое, ки амалиётҳоиширкатҳои сайёҳӣ мегузаранд, гузаронида мешаванд. Амалиёт метавонад бе мустақиманҷалб намудани харидор ва фурӯшандаи хизматрасонии туризм амалӣ карда шавад.Масалан, тавассути телекс, барқия, факс, бо ёрии занги телефонӣ ё бо чек. Ин азон сабаб мебошад, ки бозори сайёҳӣ бо макони хос ё минтақаи ҷуғрофӣ маҳдудкарда нашудааст.

Бозорисайёҳӣ – ин шартҳои иҷтимоӣ-иқтисодиифурӯши хизматрасониҳои туризм (саёҳат, маҳсулоти сайёҳӣ) мебошад. Дар бозорисайёҳӣ талабот ба хизматрасониҳои туризм, ки сайёҳ пешниҳод мекунад ва пешниҳодихизматрасонии туризм, ки аз тарафи ширкати сайёҳӣ анҷом дода мешавад, рӯ ба рӯмешаванд.

Механизми бозори сайёҳӣнопуррагии муайянеро дорад, ки барои бартараф кардани он давлат бояд сиёсатисайёҳиро ташкил намояд ва бахши туризмро ба танзим дарорад.

Пешниҳод намудани хизматрасонии туризм бо якчанд заминаҳо боисгардидааст, ки муҳимтарини онҳо мавҷудияти истеҳсолкунандагони хизматрасониитуризм, сатҳи рушди саноати сайёҳӣ, ҳаҷми захираҳои сайёҳӣ ба ҳисобмераванд.

Истеҳсолкунандагонихизматрасонии туризм –ин ширкатҳои сайёҳӣ (операторҳои ва агентҳои сайёҳӣ) мебошанд, ки бо мақсади бадаст овардани фоида ва барои қонеъ гардонидани талаботҳои сайёҳон фаъолиятмекунанд.

Саноати сайёҳӣ маҷмӯи меҳмонхона ва дигар воситаҳои ҷойгиркунонӣ, воситаҳоинақлиёт, объектҳои хӯроки умумӣ, объект ва воситаҳои дилхушӣ, объектҳоитаъиноти маърифатӣ, расмӣ, солимгардонӣ, варзишӣ ва монанди инҳо дошта,ташкилотҳое, ки фаъолияти агент ва оператори сайёҳиро иҷро мекунанд, инчунинташкилотҳое, ки хизматрасониҳои саёҳатӣ ва роҳбалад-тарҷумонҳоро ба роҳмемонанд, дар бар мегирад.

Захираҳои сайёҳии ҶТ аз объектҳои табиӣ, таърихӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ, киобъектҳои намоиши сайёҳиро дар бар мегиранд, инчунин дигар объектҳое, ки қобилиятиқонеъ гардонидани талаботҳои ботинии сайёҳон, мусоидат намудан дар барқарорсозӣва такмили қувваи ҷисмонии онҳоро доранд, иборат мебошанд.

Таснифотва баҳодиҳии захираҳои сайёҳӣ, реҷаи ҳифзи онҳо, тартиби нигоҳдории комилиизахираҳои сайёҳӣ ва чораҳо барои барқарорсозии онҳо, тартиби истифодабариизахираҳои сайёҳӣ бо назардошти сарбории ниҳоӣ ба муҳити табиии атроф бо санадҳоиқонунгузории ҷумҳурӣ муайян карда мешаванд.

Талабот ба хизматрасонии туризм бо заминаҳои муайяни сайёҳон чун пешниҳодкунандагониталабот шарт монда шудааст:

  • одамонбо талаботҳои сайёҳӣ ва хоҳиши саёҳат кардан;
  • одамонбо қобилияти харидории баланд, ки талаботашон ба саёҳатҳои аз ҳама бонуфуз, саёҳатҳоиаҷиб, сатҳи баланди хизматрасонии сайёҳӣ (ҳузуру ҳаловат, диққати махсуси ҳайатихизматрасонанда, пешниҳод намудани роҳбалад-тарҷумон ва автомобили шахсӣ ва ғ.)нигаронида шудааст;
  • одамонбо рафтори харидорӣ. Сайёҳ ин харидори хизматрасонии туризм мебошад. Рафторихаридории сайёҳ ба ҳамаи сабабҳои табиӣ, психологӣ, иҷтимоӣ ва дигар сабабҳодахл дорад, ки ӯро водор менамоянд, то бо ягон тарзи муайян ба таблиғот эътинокунад. Ин яке аз омилҳои муҳими фаъолияти самараноки бозори сайёҳӣ мебошад. Онтақсимоти бозори сайёҳиро ба бахшҳои алоҳида талаб мекунад, ки омӯзишашон бароидарёфти якҷояшавии аз ҳама муносиби талабот ва пешниҳод ба хизматрасонии сайёҳироёрӣ мерасонад.

Рушди сайёҳӣ ва бозори сайёҳӣ аҳамияти иқтисодии калонро доро мебошад,зеро ба ҳалли масъалаҳои умумии иқтисодӣ кӯмак мерасонад. Рушди туризм инчунинрушди динамикии тамоми соҳаҳои хоҷагиро талаб мекунад.

Бозори сайёҳӣ нисбати иқтисодиёти ҳар мамлакат бо дузинагиаш тавсифкарда мешавад. Ин дар он инъикос меёбад, ки бозори сайёҳии рушдкарда бабоигарии давлат оварда мерасонад ва баръакс.

Иқтисодиёти рушдкунандаи туризм имконияти қонеъ гардонидани тамомиталабот ва хоҳишҳои сайёҳонро надорад. Фаровонии захираҳои сайёҳӣ таъсиси пояимоддӣ-техникии гуногун ва мураккаби туризмро пешбинӣ мекунад. Ҳангоми зиёдшудани самараи иқтисодӣ аз саноати сайёҳӣ як қисми даромад барои қонеъ намуданиталаботҳои нави сайёҳон истифода мешавад, қисми дигари даромадҳо бошад,метавонад барои рушди дигар бахшҳои иқтисодиёт, аз он ҷумла саноат равона кардашавад.

Дар иқтисодиёти сайёҳӣ, ки вусъат ёфтани даромадро ба миён намеорад, ҳаллимасъалаи рушд танҳо баъди қонеъ гардонидани талабот ва эҳтиёҷоти сайёҳон мумкинмегардад. Муаммо дар ин ҳолат вақте пайдо мешавад, ки афзоиши шумораи сайёҳонафзоиши на он қадар калони даромадро ба миён меорад.

Фаъолнокии иқтисодии туризм бевосита бо рушди соҳаҳои таркибии он алоқамандаст. омили муҳими рушди туризм суботи иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад, зеро туризм азрушди тамоми иқтисодиёт ва вазъи сиёсии мамлакат вобаста мебошад. Ба ғайр азин, бисёр шаклҳои туризм бо мавсимии талабот ба хизматрасонии туризм алоқамандмебошанд.

Якҷониба тараққӣ додани туризм мумкин нест.Барои рушди туризм рушди мутаносиби тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат ваафзоиши якҷояи фаъолнокии иқтисодӣ талаб карда мешавад.

564
Нет комментариев. Ваш будет первым!