Шакл, намуд ва гуногунрангиҳои туризм

Самаранокии иқтисодии фаъолияти туризм аз бисёр ҷиҳат бо таснифоти шаклҳоион муайян карда мешавад.

Таҳти таснифоти шаклҳои туризм гурӯҳбандии онҳо аз рӯи аломатҳои ягона,ки аз ҳадафҳои амалии муайян вобаста мебошанд, фаҳмида мешавад.

Ҳар як шакли туризм бо талаботҳои ба худ хоси сайёҳон тавсиф кардамешавад ва гурӯҳи мувофиқи хизматрасониҳоро, ки талаботҳои мазкурро қонеъмегардонанд, пешбинӣ мекунад.

Дар ҷараёни истеҳсолӣ-хизматрасонии туризм ҷудо мекунанд:

шакли туризм;

намуди туризм;

намудҳои туризм.

Шакли туризм бо он алоқаманд аст, ки оё сайёҳ сарҳади давлатии мамлакатихудро убур мекунад, яъне асоси ҷудо намудани туризм ба шаклҳо аломати ҳудудӣмебошад.

Аз рӯи ин аломат ду шакли туризмро ҷудо мекунанд: дохилӣ ва байналхалқӣ.

Туризмидохилӣ – ин туризми ватанӣ дар дохилимамлакати худ, сафар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсоне, ки дарон доимӣ зиндагӣ мекунанд.

Туризмибайналхалқӣ – ин туризм ба мамлакати дигар,яъне туризми хориҷӣ мебошад. Он берунбароӣ ва воридшавӣ мешавад. Туризмиберунбароӣ – ин дар хориҷа сайругашт намудани шахсоне мебошад, ки доимӣ дар ҶумҳурииТоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Туризми воридшавӣ – ин сайругашт дар ҳудуди ҶумҳурииТоҷикистон аз тарафи шахсоне мебошад, ки доимӣ дар ҶТ зиндагӣ намекунанд.Туризми байналхалқӣ таҳти таъсири омилҳои гуногун инкишоф меёбад, ки метавон басе гурӯҳ тақсим намуд: демографӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ.

Баомилҳои демографӣ дохил мешаванд: афзоиши аҳолии ҷаҳон,ҷараёни шаҳришавӣ, ки ба тамарказшавии аҳолӣ ва ташаккули одати зиндагии серҳаракатоварда мерасонад. Аҳолии шаҳрҳои калон зарурияти иваз намудани муҳитро бароибарқарор намудани сарфи қувваи ҷисмонӣ ва рӯҳӣ сахт ҳис мекунанд. Шавқу рағбатдар байни халқҳои мамлакатҳои гуногун, ки забони модарии умумӣ доранд, афзоишмеёбад, ки пеш аз ҳама бо набудани монеаи забондонӣ, умумияти фарҳанг ва таърихба миён омадааст.

Омилҳоииқтисодӣ бо рушдииқтисодиёти ҷаҳонӣ, ки дар он тамоюли мустаҳками афзоиши истеҳсолихизматрасонӣ нисбати истеҳсоли молӣ ва чун натиҷа афзоиши ҳиссаи истеъмолотихизматрасонӣ (аз он ҷумла хизматрасонии туризм) дар истеъмолоти умумии аҳолӣмушоҳида карда мешавад, алоқаманд мебошанд. Ба омилҳои иқтисодӣ вусъат ёфтанипрогрессии илмӣ-техникӣ дар соҳаи туризм, афзоиши даромади аҳолӣ ва ғ. дохилмешаванд. Рушди пояи моддӣ-техникии туризми хориҷӣ, ташкили шаклҳои нави пазироӣва хизматрасонии сайёҳон ба сердаромад гардонидани ҳаракати сайёҳон ва ба соҳадохил намудани ҷойҳои истироҳатии нав мусоидат мекунанд.

Омилҳоииҷтимоӣ – омлҳое мебошанд, ки бо шароитҳоизиндагӣ ва фаъолияти инсон алоқаманданд. Афзоиши давомнокии рухсатиипардохтшаванда, инчунин тамоюлҳои тақсим намудани рухсатӣ ба ду қисм, киимконият медиҳад, то дар як сол ду маротиба (дар зимистон ва дар тобистон) саёҳатанҷом дода шавад, ба рушди туризми байналхалқӣ таъсири мустақим мерасонанд.Инчунин паст кардани синну соли баромадан ба нафақа, ки бо назардошти афзоишидавомнокии умр боиси пайдоиши сайёҳони ба ном синну соли сеюм гардидааст, барушди туризм мусоидат мекунад.

Намуди туризм бо хусусияти инъикоси натиҷаҳои молиявӣ дар буҷетимамлакат ё минтақаи он алоқаманд аст. Аз рӯи ин нишона ду намуди туризмро фарқмекунанд: фаъол ва ғайрифаъол.

Омадани сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат ё сайёҳони ватанӣ ба минтақаимазкури мамлакат туризми фаъол ба ҳисоб меравад. Туризми фаъол омили вориднамудани маблағ (асъор) ба мамлакати мазкур ё минтақаи он мегардад.

Саёҳати шаҳрвандони як мамлакат дар мамлакатҳои дигар ё баромадани сайёҳоназ минтақаи мазкури мамлакат туризми ғайрифаъол ба ҳисоб меравад. Туризми ғайрифаъоломили ба берун баровардани маблағ (асъор) аз мамлакати мазкур ё минтақамегардад.

Шаклҳои туризм аз рӯи аломатҳои хос ба навъҳои алоҳида ҷудо мешаванд. Баин аломатҳо мансубанд: ҳадафи асосии саёҳат, хусусияти ташкили саёҳат, шиддатнокииселаи сайёҳӣ, давомнокии саёҳат, нишонаи синну солӣ, нақлиёти истифодашаванда,шакли ҳамкорӣ.

Вобаста ба ҳадафи асосии саёҳат чунин навъҳои туризмро ҷудо мекунанд:истироҳатӣ, маърифатӣ, илмӣ, расмӣ.

Туризмиистироҳатӣ – ин туризм бо мақсади истироҳат,солимгардонӣ ва табобат мебошад. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки будубоши шаҳрвандондар санаторияҳои махсус (ҳам ҳангоми мавҷуд будани варақаи беморӣ ва ҳам дар вақтинабудани варақаи беморӣ) ба туризм дохил намешавад, зеро дар ин ҳолат санатория– ин яке аз навъҳои беморхона мебошад. Ҳаракати одамон дар рӯзҳои истироҳат бомақсади истироҳат, дилхушӣ, машғул шудан ба варзиш туризми «охири ҳафта» номидамешавад.

Туризмимаърифатӣ ё фарҳангӣ – ин саёҳат бо мақсади шиносоӣбо ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва объектҳои табиии беназир аз рӯи барномаимуайян мебошад.

Дартуризми илмӣ – ҳузур дар конгрессҳо,симпозиумҳо ва ғ. одатан бо сайрҳои экскурсионии минбаъда бартарӣ доранд.

Туризмикорӣ (расмӣ) (сафарҳои тоҷирон бо ҳадафҳоикорӣ) яке аз намудҳои динамикӣ ва даромадноки туризм ба ҳисоб меравад.

Аз рӯи хислати ташкили саёҳат туризмҳои инфиродӣ, гурӯҳӣ, муташккил ва ҳаваскорӣ(ғайримуташаккил), доимӣ ва сайёрро ҷудо мекунанд.

Саёҳати як нафар бо нақшаи шахсӣ, ки муайян намудани ноҳияҳои сафар,давомнокии таваққуфҳо, шароитҳои шабгузаронӣ ва ғ. дар бар мегирад, туризмиинфиродӣ номида мешавад; саёҳати гурӯҳи одамон (аз он ҷумла, оила) бошад, бо ҳамоншартҳо ё бо нақшаи субъекти хоҷагидори сайёҳӣ туризми гурӯҳӣ номида мешавад.

Саёҳати як нафар ё гурӯҳи сайёҳон аз рӯи хатсайр ва тартиби аниқи аз ҷонибисубъекти хоҷагидори сайёҳӣ муайянгардида, туризми муташаккил ном дорад. Сайёҳонва субъекти хоҷагидори сайёҳии мазкур байни худ бо талабот ва ӯҳдадориҳои мутақобилалоқаманд мебошанд.

Сайёҳонимуташаккил бо маҷмӯи хизматрасониҳои сайёҳӣ аз рӯи роҳхати пешакӣ бадастоварда(истироҳаткунандагони базаҳои сайёҳӣ, санатория ва хонаҳои истироҳат аз рӯикурсовка – ҳуҷҷат барои таъмини муолиҷава хӯрок дар курорт) ба мӯҳлати муайян таъмин карда мешаванд. ба сайёҳонимуташаккил, инчунин онҳое низ дохил мешаванд, ки барои мӯҳлати муайян танҳо як қисмихизматрасониҳои сайёҳиро (масалан курсовка танҳо барои хӯрок) ба дастовардаанд.

Саёҳати сайёҳи ҷудогонаё гурӯҳи сайёҳон, к ибо субъектони хоҷагидори сайёҳӣ бо ягон ӯҳдадориҳои мутақобилалоқаманд нестанд, туризми ҳаваскорӣ (ғайримуташаккил) номида мешавад. Туризми ҳаваскорӣ– ин саёҳат бо истифодаи усулҳои фаъоли ҳаракат мебошад, ки мустақилона аз ҷонибихуди сайёҳон ташкил карда мешаванд.

Туризми доимӣбо макони доимии ҷойгиркунии сайёҳ дар тамоми давраи амали роҳхати сайёҳӣ алоқамандмебошад. Туризми сайёр – ин туризме мебошад, ки бо саёҳатҳо (турҳо, круизҳо) алоқамандаст.

Туризмииҷтимоӣ – ин саёҳатест, ки аз воситаҳоибарои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ ҷудо намудаи давлат субсидия карда мешавад.

Аз рӯишиддатнокии роҳхатҳои сайёҳӣ туризми доимӣ ва мавсимӣ фарқ карда мешаванд. дардавоми сол ва нисбатан мунтазам диданнамудан аз минтақаҳои сайёҳӣ туризми доимӣҳисобида мешавад. Ин пеш аз ҳама ба марказҳои нисбатан машҳури тамаддун, фарҳанг,солимгардонӣ: шаҳрҳои машҳури ҷаҳон, осоишгоҳҳо, макони мавҷудияти лой ва обҳоиминералии нодир хос мебошад.

Баъзе минтақаҳосайёҳонро асосан дар мавсими муайяни сол ҷалб менамоянд. Чунин туризм мавсимӣ ҳисоб карда мешавад.Минтақаҳои сайёҳие, ки танҳо дар мавсими муайяни сол (масалан, зимистон ётобистон) сайёҳонро ҷалб менамоянд, чун минтақаи сайёҳии якмавсима тавсиф кардамешаванд. Минтақаҳое, ки дар тамоми фаслҳои сол (ҳам зимистон ва ҳам тобистон)сайёҳон дидан менамоянд, минтақаҳои думавсима номида мешаванд. Мавсимҳо вобастаба сатҳи шиддатнокии сафари сайёҳон ба минтақаи сайёҳии мазкур ба мавсимҳои авҷгирӣ(яъне нисбатан сербор), ором (бо сатҳи миёнаи серборӣ) ва хомӯш (сайёҳон қарибба он ҷо сафар намекунанд) тақсим карда мешаванд.

264
Нет комментариев. Ваш будет первым!