Низоми нишондиҳандаҳои рушди туризм
Ташаккул варушди туризм чун соҳа бо низоми нишондиҳандаҳои муайян тавсиф карда мешавад.
Нишондиҳандаҳоирушди соҳаи туризм ҳам ҳаҷми миқдории фурӯши хизматрасонии сайёҳӣ ва ҳам тарафисифатии он, инчунин нишондиҳандаҳои иқтисодии фаъолияти истеҳсолӣ-хизматрасониисубъектони хоҷагидори сайёҳӣ (агентиҳо, бюро, ширкатҳо, маҷмӯаҳо, кооперативҳова ғ.) – ро инъикос мекунанд.
Низоми нишондиҳандаҳоирушди туризм нишондиҳандаҳоеро дар бар мегирад, ки тавсиф мекунанд:
ҳаҷми ҷараёни сайёҳӣ;
вазъият варушди пояи моддӣ-техникии туризм; фаъолияти молиявӣ-иқтисодии ширкати сайёҳӣ;инкишофи туризми байналхалқӣ.
Ҷараёнисайёҳӣ – ин доимӣ омадани сайёҳон бамамлакат ё минтақаи мазкур мебошад. Ба нишондиҳандаҳои тавсифкунандаи селаисайёҳӣ мансубанд: шумораи умумии сайёҳон, аз он ҷумла муташаккил ва ғайримуташаккил;шумораи рӯзҳои саёҳат (миқдори шабгузаронӣ, рӯзҳо); давомнокии миёнаи будубошисайёҳон дар мамлакат, минтақа.
Нишондиҳандаҳоитавсифкунандаи вазъият ва рушди пояи моддӣ-техникии туризм иқтидори онро дармамлакат ё минтақаи мазкур нишон медиҳанд.
Ба онҳо дохилмешаванд: фонди катҳои хонаҳои истироҳат, пансионатҳо, базаҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳоисанаторияҳо ва ғ., инчунин миқдори катҳое, ки аз тарафи аҳолии маҳаллӣ пешниҳодкарда мешаванд, миқдори ҷойҳо дар толорҳои савдои муассисаҳои хӯрока барои сайёҳондар театрҳо ва дигар муассисаҳои намоишӣ; миқдори ваннаҳо дар табобатгоҳҳои обӣва дигар объектҳои ҳифзи саломатӣ, ки барои сайёҳон ҷудо карда шудаанд ва ғ.
Нишондиҳандаҳоифаъолияти молиявӣ-иқтисодии ширкати сайёҳӣ дар бар мегиранд: ҳаҷми фурӯши хизматрасониитуризм ё даромад аз фурӯши хизматрасонии туризм, нишондиҳандаҳои истифодаи қувваикорӣ (ҳосилнокии меҳнат, сатҳи хароҷот барои пардохти меҳнат ва ғ.); нишондиҳандаҳоиистифодаи фондҳои истеҳсолӣ; арзиши аслии хизматрасониҳои туризм; фоида;фоиданокӣ; нишондиҳандаҳои вазъи молиявии ширкати сайёҳӣ (пардохтпазирӣ,бозоргирӣ, устувории молиявӣ, худтаъминшавии асъорӣ ва ғ.).
Нишондиҳандаҳоитавсифкунандаи вазъият ва рушди туризми байналхалқӣ алоҳида ҷудо кардамешаванд. Ба онҳо дохил мешаванд:
- шумораи сайёҳоне, ки аз мамлакатҳои хориҷӣ диданнамудаанд. Он аз рӯи шумораи гузаштани сарҳади давлатӣ муайян карда мешавад;
- шумораирӯзҳои саёҳат бо сайёҳони хориҷӣ;
- ҷамъимаблағи хароҷотҳое, ки сайёҳон дар давраи сафарҳои хориҷӣ анҷом медиҳанд.
Рушди туризм ва афзоиши ҳаҷми хизматрасонии он рафтори баркашидашудароталаб мекунад, зеро натиҷаҳои иҷтимоии қарорҳои қабулшаванда баланд аст.
Рушди туризм барои ҳар як мамлакат ё минтақа ҳам бартарият ва ҳам камбудиҳодорад.
Бабартариятҳо дохил мешаванд:
- афзоишиворидоти маблағ ба минтақа, аз он ҷумла воридоти асъори хориҷӣ;
- афзоишимаҷмӯи маҳсулоти миллӣ;
- ташкилиҷойҳои корӣ;
- ташкилисохторҳои истироҳат, ки ҳам барои сайёҳон ва ҳам барои аҳолии маҳаллӣ истифодашуданашон мумкин аст; ҷалб намудани сармоя, аз он ҷумла сармояи хориҷӣ.
Камбудиҳои рушди туризм чунинанд:
- талаботизиёд ба молу хизматҳо ба миён меояд; нархҳо дар бозори маҳаллии молу хизматҳоба захираҳои табиӣ, замин, манзил ва ғ. баланд мешаванд;
- ҳангомиворидоти сайёҳӣ ба хориҷа баромадани маблағ афзоиш меёбад;
- муаммоҳоииҷтимоӣ ва экологии манфӣ ба миён меоянд. Рушдибеназорати туризм метавонад тавозуни экологии мамлакатро бад гардонида, услубва сифати зиндагии аҳолии маҳаллиро тағйир диҳад.