Ташкили фаъолияти сайёҳӣ

Дар ҳар мамлакат ба рушди туризм диққати зиёд дода мешавад. Ҳамзамонташкили фаъолияти сайёҳӣ бо санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешавад,талаботҳо бошанд, дар стандартҳои давлатӣ оварда шудаанд:

ГОСТ 28681-90 «Сиандартизатсия дар бахши хизматрасонии сайёҳӣ-экскурсионӣ»(ҳолатҳои асосӣ);

ГОСТ Р50645-94 «Хизматрасонии сайёҳӣ-экскурсионӣ. Таснифоти меҳмонхонаҳо»;ГОСТ Р50644-94 “Хизматрасонии сайёҳӣ-экскурсионӣ. Талаботҳо барои таъминибехатарии сайёҳон ва иштирокчиёни экскурсияҳо”; ГОСТ Р50681-94 “Хизматрасониисайёҳӣ-экскурсионӣ. Банақшагирии хизматрасониҳои сайёҳӣ”; ГОСТ Р50890-94“Хизматрасонии сайёҳӣ-экскурсионӣ. Хизматрасониҳои сайёҳӣ. Талаботҳои умумӣ”ва ғ. Фаъолияти сайёҳӣ азфаъолияти туроператорӣ, турагентӣ ва дигар фаъолият барои ташкили саёҳатҳоиборат аст;

Таҳти фаъолияти туроператорӣ фаъолият оиди ташкил, ба бозор баровардан вафурӯши маҳсулоти сайёҳӣ фаҳмида мешавад, ки аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ ёшахси ҳуқуқӣ дар асоси иҷозатнома амалӣ карда мешавад.

Ҳамин тавр, туроператор– ин субъекти хоҷагидор ё соҳибкори инфиродие мебошанд, ки бо кор кардабаромадани хатсайрҳои сайёҳӣ машғул буда, фаъолияти онҳоро таъмин мекунанд,таблиғотро ташкил мекунанд, ба турагентҳо барои баровардани роҳхат ва ба фурӯшбаровардани роҳхатҳо нархҳоро ба саёҳатҳо муайян мекунанд.

Туроператорҳо дар саноати сайёҳӣ нақши махсусро мебозанд. Онҳо маҳсулотисайёҳиро (ҷой дар тайёраҳо, ҳуҷра дар меҳмонхонаҳо ва дигар хизматрасониҳо) бадаст оварда, дастаи хизматрасониҳои туризмро ташкил мекунанд ва онро мустақиманё ғайримустақим ба истифодабарандагони гуногун – сайёҳон бо мақсади ба дастовардани фоида мефурӯшанд. Туроператор метавонад хизматрасониҳои туризмро ҷудо-ҷудофурӯшад. Ин амал ё бо мақсади фоида ё бо дигар зарурият анҷом дода мешавад.

Дар ҳолати якум, вақте ки туроператор дастаи хизматрасониро ташкилмекунад, ӯ ба сифати истеҳсолкунандаи маҳсулоти сайёҳӣ баромад мекунад. Индуруст аст, агар хизматрасониҳои харидоришударо маҳз мувофиқи таъинот бе ягоншарт истифода баранд. Дастаҳои хизматрасонии сайёҳӣ, ки бо номи турҳои инклюзивӣ маълуманд, азякдигар бо унсурҳои таркибӣ фарқ мекунанд.

Дар ҳолати дуюм, ки туроператор хизматрасониҳои туризмро ҷудо-ҷудо мефурӯшад,ӯ ба сифати дилери яклухтфурӯши хизматрасониҳои туризм баромад мекунад.

Арзишмандии туроператор аз қобилияти суғуртакунии ӯ аз пастшавииарзиш ва ба миқдори зиёд харид амуданихизматрасонии туризм, ки барои ташкили дастаҳои хизматрасонии сайёҳӣ зарурандва аз ҷиҳати иқтисодӣ барои сайёҳ дастрасанд, иборат мебошад.

Таҳти фаъолияти турагентӣ фаъолият барои пешбарӣ ва фурӯши маҳсулоти сайёҳӣфаҳмида мешавад, ки аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ё шахсони ҳуқуқӣ дар асоси иҷозатномаамалӣ карда мешавад. Ҳамин тавр, турагент– ин субъекти хоҷагидор ё соҳибкори инфиродиест, ки саёҳатҳоро аз рӯи хатсайрҳоисайёҳӣ, ки туроператорҳо кор карда баромадаанд, харидорӣ намуда, аз рӯи онҳо роҳхатмебарорад ва ин роҳхатҳоро ба фурӯш мебарорад.

Туроператор ватурагент бо саёҳат ва маҳсулоти сайёҳӣ сару кор доранд. Саёҳат маҷмӯихизматрасонӣ барои ҷойгиркунӣ, интиқол, хӯроки сайёҳон, хизматрасониҳоиэкскурсионӣ, инчунин хизматрасониҳои роҳбалад-тарҷумонҳо ва дигар хизматрасониҳое,ки вобаста аз мақсади саёҳат расонида мешаванд, иборат аст.

Дар туризми муташаккил саёҳат (тур) – ин воҳиди аввалаи фурӯши туризмчун мол мебошад. Саёҳат маҷмӯи ба фурӯшравандаи хизматрасониҳои туризм чун воҳидитом аст. Он шакли обунавии пардохти хизматрасонии туризм ба ҳисоб меравад.

Маҳсулотисайёҳӣ – ин ҳуқуқ ба саёҳат (тур)мебошад, ки барои фурӯш барои сайёҳ пешбинӣ шудааст. Дар иқтисодиёти туризминчунин дигар мафҳуми маҳсулоти сайёҳӣ истифода карда мешавад, ки мувофиқи онмаҳсулоти сайёҳӣ – ин категорияи иқтисодие мебошад, ки дар бар мегирад:

  1. саёҳат(тур)-ҳое, ки аз рӯи мақсадашон (маърифатӣ, солимгардонӣ ва ғ. ) муттаҳид кардашудаанд;
  2. намудҳоигуногуни хизматрасониҳои сайёҳӣ-экскурсионӣ (ҷойгиркунонӣ, хӯрока, нақлиётӣ ва ғ.);
  3. молҳоитаъиноти сайёҳӣ-хотиравӣ (харитаҳо, руқъаҳо, савғотиҳо, асбобу анҷомҳои сайёҳӣва ғ.).

Ташкил ва фурӯши маҳсулоти сайёҳӣ махсусиятҳои худро доранд.

Туроператор ҳуқуқ ба хизматрасониҳои ба саёҳат (тур) дохилшавандаро дарасоси шартнома бо шахсоне, ки хизматрасониҳои алоҳидаро пешниҳод мекунанд ё ботуроператор оид ба қабули сайёҳон, ки пешниҳод намудани тамоми хизматрасониҳоиба саёҳат (тур) воридшавандаро таъмин мекунад, ба даст меорад. Ҳангоми пешбарӣнамудани маҳсулоти сайёҳӣ туроператор ва турагент барои мӯътамад буданииттилоот дар бораи маҳсулоти сайёҳӣ ҷавобгар мебошанд.

Фурӯши маҳсулоти сайёҳӣ дар асоси шартнома амалӣ карда мешавад. Шартномадар шакли хаттӣ баста мешавад. Ба шартҳои муҳими шартнома дохил мешаванд:

  • иттилоотдар бораи туроператор ё турагент (фурӯшанда), аз он ҷумла дар бораи иҷозатномабарои амалӣ намудани фаъолияти сайёҳӣ, суроғаи ҳуқуқӣ ва маълумотҳои бонкӣ;
  • маълумотдар бораи сайёҳ (харидор) ба андозае, ки барои фурӯши маҳсулоти сайёҳӣзаруранд;
  • иттилоотдар бораи туроператор, аз он ҷумла дар бораи иҷозатнома барои амалӣ намуданифаъолияти сайёҳӣ, суроғаи ҳуқуқии он ва маълумотҳои бонкӣ;
  • иттилоотидуруст дар бораи хосиятҳои истеъмолии маҳсулоти сайёҳӣ, аз он ҷумла иттилоотдар бораи нақшаи будубош ва хатсайри саёҳат, дар бораи шартҳои бехатарии сайёҳон,натиҷаҳои сертификатсиякунонии маҳсулоти сайёҳӣ;
  • вақтва санаи оғоз ва анҷоми саёҳат, давомнокии он;
  • тартибивохӯрӣ, гузаронидан ва ҳамроҳӣ кардани сайёҳон;
  • ҳуқуқ,ӯҳдадорӣ ва ҷавобгарии тарафҳо;
  • нархичаканаи маҳсулоти сайёҳӣ ва тартиби пардохт намудани он;
  • шумораикамтарини сайёҳон дар гурӯҳ, мӯҳлати ба сайёҳ хабар додани он, ки саёҳат босабаби пурра нашудани гурӯҳ анҷом дода намешавад;
  • шартҳоитағйирдиҳӣ ва бекоркунии шартнома, тартиби танзими баҳсҳои бо ин сабаб ба миёномада ва барқарор кардани зарарҳои тарафҳо;
  • тартибва мӯҳлати пешниҳод намудани даъво ба сайёҳон. Ҳар яке аз ҷонибҳо ҳуқуқ дорадтағйирдиҳӣ ё бекоркунии шартномаро бо сабаби ба таври куллӣ тағйир ёфтанивазъияте, ки ҷонибҳо шартномаро бастаанд, талаб кунад.

Ба чунин тағйиротҳои куллии вазъият дохилмешаванд:

  • бадшудани шароитҳои саёҳат, тағйир ёфтани мӯҳлатҳои амалӣ намудани саёҳат;
  • ҷамънашудани шумораи камтарини сайёҳон ба гурӯҳ, ки дар шартнома нишон дода шудааства барои гузаронидани саёҳат зарур аст;
  • афзоишипешбининашудаи тарифҳои нақлиётӣ;
  • ҷорӣкардани боҷу андозҳои нав ё баланд кардани боҷу андозҳои амалкунанда;
  • якборатағйир ёфтани қурби асъори миллӣ. Ҳуҷҷатитасдиқкунандаи воқеаи таҳвили маҳсулоти сайёҳӣ роҳхати сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.Ҳуҷҷате, ки ҳуқуқи сайёҳро ба хизматрасониҳои ба дохили саёҳат (тур)воридшаванда ва воқеаи расонидани онҳоро тасдиқ мекунад, ваучери сайёҳӣ номдорад.

Ваучер (англ. voucher – забонхат) ҳуҷҷати аз тарафиширкати сайёҳии хориҷӣ ба сайёҳ (гурӯҳи сайёҳон) додашуда мебошад, ки дар асосион ба ӯ (онҳо) хизмат расонида мешавад ва ҳисоббаробаркунӣ бо ширкати сайёҳӣ баамал бароварда мешавад. Он кафолати ба ширкати сайёҳӣ пардохт намудани арзишихизматрасониҳое ба ҳисоб меравад, ки ба сайёҳони хориҷӣ дар дохили мамлакатрасонида шудааст. Ваучер чунин маълумотҳои ҳатмиро доро мебошад: ном ва суроғаиширкати сайёҳӣ, рақами гурӯҳ, шумораи сайёҳон дар гурӯҳ, мӯҳлати будубош дармамлакат, хатсайри сафарҳо, ному насаби роҳбари гурӯҳ, санаи бароварданиваучер, имзо ва мӯҳрҳои ширкати сайёҳӣ. Ваучер бо сайёҳ (гурӯҳи сайёҳон) дартамоми ҳудуди мамлакат ҳаракат мекунад. Хизматрасониҳое, ки дар ваучер нишондода нашудаанд, бо ҳисоббаробаркунии нақдӣ пешниҳод карда мешаванд. Дар асосиваучер ба ширкати хориҷӣ ҳисоб барои пардохт пешниҳод карда мешавад.

Барои сафар ба бисёр мамлакатҳо доштани виза талаб карда мешавад.

Виза –ин қайд дар шиноснома (мӯҳри муасиса ё консулгарӣ) мебошад, ки ба соҳибишиносномаи хориҷӣ ҳуқуқи ворид шудан ва аз он баромаданро медиҳад. Визаметавонад яккарата ва бисёркарата бошад.

Визаи яккарата барои воридоти якдафъаина ба мамлакат ба мӯҳлати муайяндода мешавад.

Визаи бисёркарата ҳуқуқи бе маҳдудият убур намудани сарҳадро дар муддатимуайяни вақт (сол, се сол ва ғ.) медиҳад.

Аз рӯи таъинот визаҳо хизматӣ (расмӣ, шахсӣ), меҳмонӣ, бо ҳуқуқи коркардан, иммигратсионӣ, ва сайёҳӣ мешаванд. Визаи сайёҳӣ – ин қарори диданнамудан аз мамлакат бо мақсадҳои сайёҳӣ дар муддати муайяни вақт ба мӯҳлатимуайян-ба мӯҳлати сафар ё саёҳат (тур) мебошад.

Сайёҳе, ки бо ин виза ба мамлакат ворид шудааст, ҳуқуқи машғул шудан бокори пардохтшавандаро надорад ва бояд дар мӯҳлати нишондодашуда мамлакатро тарккунад.

Бо додани виза асосан шӯъбаҳои консулии сафоратхона ё консулгариҳоигенералӣ оид ба минтақаҳо машғул мебошанд. Барои додани виза боҷ ситонидамешавад.

Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои сайёҳон иҷозатномадиҳӣ вастандартизатсияи фаъолияти туроператорӣ ва турагентӣ ва объектҳои саноати сайёҳӣ,инчунин сертификатсияи маҳсулоти сайёҳӣ гузаронида мешавад.

323
Нет комментариев. Ваш будет первым!