Бозори байналхалқии хизматрасонӣ ва шароити ташкили он

Ташаккулибозори байналхалқии мукаммали молҳо ва пурии он ба афзоиши талабот бахизматрасонӣ оварда расониданд, ки ин рушди пуршиддати бозори байналхалқии хизматрасонироба миён овард.

Хизмат –ин амали дорои арзиши истеъмолии муайян мебошад, ки дар самараи муфид инъикосёфта, чун қоида дар лаҳзаи бавуҷудоии худ ин ё он талаботи инсонро қонеъмегардонад. Ҳамзамон, хизмат метавонад бо ашё яъне бо ёрии мол, ё дар ҷараёнифаъолияти худи меҳнати зинда расонида шавад.

Ду усули истеҳсолихизмат ду намуди худи хизматро низ сабаб мегардад.

Намудиякуми хизмат – ин чунин хизматҳое мебошанд,ки тавассути мол расонида мешаванд ва бо молҳои истеъмолӣ сару кор доранд. Расониданичунин намуди хизмат бо мундариҷаи худ аз ҷараёни меҳнат дар истеҳсолоти моддӣягон фарқе надорад. Дар ин ҷо тамоми панҷ унсури меҳнат дида мешаванд: воситаимеҳнат, предмети меҳнат, технология, ташкил ва худи меҳнат чун фаъолияти мақсаднокиинсон. Ин асос медиҳад, ки чунин хизматрасониҳоро моддӣ (истеҳсолӣ) номем.

Намудидуюми хизмат – ин хизматҳое мебошанд, киамалашон ё бевосита ба инсон ё бо шароитҳои ӯро иҳотакунанда равона кардашудаанд. Чунин намуди хизматҳо бо маҳсулоти моддӣ алоқаманд набуда, истеҳсолашлназ истеъмолашон ҷудонашаванда мебошад. Ташкили ин хизматҳо бо истеъмолашониттифоқ меафтанд. Чунин намуди хизматҳо ғайримоддӣ (ғайриистеҳсолӣ) ба ҳисобмераванд.

Савдои байналхалқиихизматҳо назар ба савдои молҳо хусусиятҳо зеринро дорад:

– на дар сарҳад, балки дар дохили мамлакат бо ҳолатҳои дахлдори қонунгузориидохилӣ танзим карда мешаванд. Набудан ё мавҷудияти воқеаи убури сарҳад намуданихизмат наметавонад (чун асъоре, ки бо он ин хизмат пардохт карда мешавад) меъёрисодироти хизмат гардад;

  • хизматҳонигоҳ дошта намешаванд. Онҳо истеҳсол ва якбора истеъмол карда мешаванд. Аз инрӯ қисми зиёди хизматҳо ба алоқаи мустақими байни истеҳсолкунандагон ваистеъмолкунандагони худ асос меёбанд;
  • истеҳсолва фурӯши хизматҳо назар ба бахши истеҳсолот ва савдои моддӣ ҳимояи бештаридавлатиро бархурдор аст. Нақлиёт, алоқа, хизматҳои молиявӣ ва суғуртавӣ, илм,маориф, ҳифзи саломатӣ дар бисёр мамлакатҳо комилан ё қисман дар моликиятидавлат аст ё таҳти назорати қатъии он қарор дорад;
  • савдоибайналхалқии хизматҳо бо савдои молҳо дар алоқамандии зич қарор дорад ва ба онтаъсири сахт мерасонад. Масалан, таъсири хизматҳо ба савдои молҳои илмталаб,ки ҳаҷми калони хизматрасонии техникӣ,хизматҳои иттилоотӣ ва машваратии гуногунро талаб мекунанд, бузург аст;
  • на ҳаманамуди хизматҳо чун мол метавонанд предмети савдо гарданд. Хизматҳое, киаксаран ба истеъмолоти шахсӣ ворид мешаванд, наметавонанд ба гардиши хоҷагиибайналхалқӣ кашида шаванд. Ояндаи бузург дар савдои байналхалқии хизматҳо дартуризм, ҳифзи саломатӣ, маориф, фарҳанг ва санъат мавҷуд аст.

Дар шароите, кибозори байналхалқӣ бо ҳаҷми молӣ пур шуда рақобат дар он шиддат гирифтааст, хизматрасониҳобарои соҳибкорон, ба монанди менеҷмент,аудит, инжиниринг, эккаутинг, лизинг, франчайзинг ва ғ. аҳамаияти калонро касбнамудаанд. Бозорибайналхалқии хизматрасонии муосир номгӯи васеи хизматҳо оид ба мусоидат намудандар фаъолияти роҳбарӣ (менеҷмент) – ро пешниҳод мекунад, ки махсусан дар ҳолатибарпокунии объектҳои саноатӣ «таҳти калид», вақте ки дар муддати вақти дароз бомутахассисон таъмин намудани корхона зарур аст, паҳн гардидааст.

Предметиамалиётҳои содиротӣ-воридотӣ инчунин хариду фурӯши маҳсули фаъолияти зеҳнӣ: иҷозатнома,ноу-хау, патентҳо, барномаҳо барои МЭҲ ва ғ. ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон қарордодҳоидодугирифт ҳам барои аз тарафи харидор ба даст овардани ҳуқуқи истифодаиихтироотҳои алоҳида ва ҳам барои муштаракан ба истеҳсолот ҷорӣ намудани онҳо бофурӯши мутақобилан судманди маҳсулоти истеҳсолшаванда дар оянда баста мешаванд.

Бе супоридани унвони моликият кори пудратӣ амалӣ карда мешавад, яъне қарордодбарои иҷрои кори муайян бо супориши фармоишгар. Предмети пудрат одатан корҳоииктишофии геологӣ, лоиҳавӣ-муҳаққиқӣ, сохтмонӣ ва васлгарӣ, таҷдид ва навкунииобъектҳои саноатӣ ва ғ. мегарданд.

Фармоишгар метавонад бо як контрагент шартнома бандад, ки ӯ дар кориштирок намудани дигар ширкатҳо – пудратчиёни ғайриасосиро ташкил мекунад, ё боякчанд контрагентҳо барои иҷро намудани корҳои гуногун муносибат барқарормекунад. Барои амалӣ намудани лоиҳаҳои махсусан калон ширкатҳо ба консорсиумҳомуттаҳид мешаванд.

Консорсиум –иттиҳоди муваққатии субъектони хоҷагидори мустақил барои якҷоя амалӣ намуданиамалиёти тиҷоратии муайян мебошад.

Консорсиуми содиротӣ иттиҳоди савдои берунмарзӣ мебошад, ки бароимусоидат намудан дар амалиётҳои содиротии корхонаҳои ба он дохилшаванда, ташкилкарда мешавад. Хизматҳои асосии консорсиуми содиротӣ чунинанд:

  • ташкилнамудани иштироки корхонаҳо дар ярмарка ва намоишгоҳҳо; ба хориҷа фиристониданинамояндагони корхонаҳо; таблиғот ва омӯзиши бозорҳои беруна;
  • суғуртакунӣва маблағгузории қарзҳои содиротӣ;
  • ҷустуҷӯишарикони хориҷӣ; тайёр намудан ва ба забонҳои хориҷӣ тарҷума кардани ҳуҷҷатҳоишартномавӣ; марказонидани низоми алоқа (масалан, пешниҳод намудани телекс вапочтаи электронӣ) ва ғ.

Пудрат инчунин ҳангоми гузаронидани корҳои НИОКР ва дар бахши фаъолиятимашваратӣ-муҳандисӣ васеъ истифода бурда мешавад.

Муносибатҳои пудратии доимӣ бисёр вақт ба кооператсияи истеҳсолӣ ва илмӣ-техникиимустаҳкам, ташкили корхонаҳои муштарак оварда мерасонанд.

Кооператсияи истеҳсолии байналхалқӣ байни субъектони хоҷагидор аз ҳамабештар дар асоси мубодилаи ашёи хом, маводҳо, таҷҳизот, воситаҳои таъминотибарономавӣ, мутахассисон ва ғ. ба миён меояд.

333
Нет комментариев. Ваш будет первым!