Франчайзинг
Франчайзинг(англ, franchise – имтиёз, ҳуқуқ) – низоми супоридан ё фурӯхтани иҷозатномаба технология ва тамғаи молӣ мебошад.
Ассотсиатсияи байналхалқии франчайзинг IFA (International Franchise Association) франчайзингро чун муносибатҳои давомёбандамуайян мекунад, ки мувофиқи он франчайзер ҳуқуқҳои истисноии машғул шудан бофаъолияти соҳибкорӣ, инчунин кӯмак дар омӯзиш, маркетинг, идоракуниро, ки башартномаи литсензионӣ асос ёфтаанд, баривази ҷуброни молиявӣ аз франчайзиат ба ӯ медиҳад.
Дар адабиёти ватании мо франчайзингро инчунин бо истилоҳҳои франчайзинг,франшизинг ва френчайзинг ишора мекунанд.
Моҳияти франчайзинг дар он аст, ки ширкат (франчайзер), ки дар бозор обрӯибаланд дорад, бо шартҳои муайян ба ширкате (франчайзиат), ки баистеъмолкунандагон маълум нест, ҳуқуқ яъне иҷозатнома (франчайз) медиҳад, кифаъолияташро бо технология ва бо тамғаи молии франчайзер ба роҳ монад ва бароиин ҷубронпулӣ (даромад)-и муайянро ба даст меорад. Франчайзер – ин соҳиби франчайз мебошад, ки ширкати асосӣ(ширкати модарӣ)-и низоми франчайзинг ба ҳисоб меравад.
Франчайзиат – ин гирандаи франчайз мебошад. Бо шартномаи франчайзҳуқуқи фаъолият одатан барои ҳудуди муайян ва ба мӯҳлати муайян пешниҳод кардамешавад.
Ҳамин тавр, аз ҷониби ширкати бузурги “модарӣ” ба ягон ширкатпешниҳод намудани иҷозатнома барои истеҳсоли молҳо ва дигар намуди фаъолиятзери тамғаи фирмавии ин ширкат дар ҳудуди муайян ва ба мӯҳлати муайян амалӣмешавад.
Имтиёзи тиҷоратӣ франчайзинг мебошад. Ҳамин тавр, “бо шартномаиимтиёзи тиҷоратӣ як ҷониб (соҳиби ҳуқуқ) ӯҳдадор мешавад, ки ба ҷониби дигар(истифодабаранда) бар ивази подош ба мӯҳлати муайян ё бе нишон додани мӯҳлат ҳуқуқидар фаъолияти соҳибкории истифодабаранда истифода бурани маҷмӯи ҳуқуқҳоиистисноиро, ки ба соҳиби ҳуқуқ тааллуқ доранд, аз он ҷумла ҳуқуқ ба номи ширкатё нишонаи тиҷоратӣ, ба иттилооти тиҷоратии ҳифзшаванда, инчунин ба нишонаи молӣ,нишонаи хизматрасонӣ ва ғайраро пешниҳод намояд.”.
Аз ин рӯ мувофиқи қарордоди имтиёзи тиҷоратӣ франчайзер – ин соҳиби ҳуқуқ, франчайзиат бошад, истифодабаранда мебошад.
Қарордоди имтиёзи тиҷоратӣ истифода намудани маҷмӯи ҳуқуқҳои истисноӣ, шӯҳратикорӣ ва таҷрибаи тиҷоратии соҳиби ҳуқуқро дар ҳаҷми муайян (масалан, бо нишондодани ҳаҷми камтарин ва ё зиёдтарини истифодабарӣ) бо нишон додан ё бе нишондодани ҳудуди истифодабарӣ, мувофиқи соҳаи муайяни фаъолияти соҳибкорӣ (фурӯшимолҳое, ки аз соҳиби ҳуқуқ гирифта шудаанд ё аз тарафи истифодабаранда истеҳсолкарда шудаанд, амалӣ намудани дигар фаъолияти тиҷоратӣ, иҷро намудани кор,расонидани хизмат)-ро пешбинӣ мекунад.
Ҷонибҳои қарордоди имтиёзи тиҷоратӣ метавонанд ташкилотҳои тиҷоратӣ васоҳибкорони инфиродӣ бошанд.
Шарти асосии франчайзинг: мувофиқати ноу-хауи франчайзер бо сармояифранчайзиат мебошад.
Франчайзиат ду вазифаро иҷромекунад:
а) пешниҳоди сармоя барои ташкили корхонаи тичоратӣ;
б) идора кардани корхонаи тиҷоратии худ.
Ҳамин тавр, унсури муҳими франчайзинг нақши франчайзиат чун сарчашмаисармоя ба ҳисоб меравад.
Франчайзинг– ин тиҷорати ҷуфтӣ аст. Аз як ҷониби он ширкати хубинкишофёфта ва аз тарафи дигар – шаҳрванд, соҳибкори хурд, ширкати хурд қарордоранд. Ҳар ду ҷониб бо шартномаи франчайз ба ҳам алоқаманданд.
Франчайз – ин шартномае мебошад, ки дар он шартҳои тиҷорат инъикосёфтаанд. Дар адабиёт шартномаи мазкур инчунин бо истилоҳи “франшиза”ёдоварӣ карда мешавад, ки умуман нодуруст аст. Истилоҳи “франшиза” азфаронсавӣ пайдо шудааст. Он дар суғуртакунӣ истифода бурда шуда, мундариҷаи иқтисодиикомилан дигарро дорад.
Шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ, чун қоида, дар шакли хаттӣ баста мешавад вадар мақомоте ба қайд гирифта мешавад, ки шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродиимувофиқи қарордод чун соҳиби ҳуқуқ баромад кунандаро ба қайд гирифтааст.
Агар соҳиби ҳуқуқ ба сифати шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ дармамлакати хориҷӣ ба қайд гирифта шуда бошад, шартнома дар мақомоте ба қайдгирифта мешавад, ки шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродии ба сифатиистифодабаранда баромадкунандаро ба қайд гирифтааст.
Шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ метавонад пешбинӣ намояд, ки истифодабаранда ҳуқуқдорад маҷмӯи ҳуқуқҳои истисноии ба ӯ пешниҳодшаванда ё як қисми онро бо шартисубконцессия, ки бо соҳиби ҳуқуқ мувофиқа карда шудааст ё дар Шартномаи имтиёзитиҷоратӣ муайян карда шудааст, ба дигар шахсон диҳад. Дар шартнома метавонад ӯҳдадорииистифодабаранда барои дар мӯҳлати муайян, ба шахси муайян додани ҳуқуқиистифодабарии ҳуқуқҳои нишондодашуда бо шартҳои субконцессия пешбинӣ шудабошад. Шартномаи субконцессия наметавонад ба мӯҳлати зиёдтар аз мӯҳлатишартномаи имтиёзи тиҷоратӣ, ки дар асоси он баста шудааст, баста шавад.
Соҳиби ҳуқуқ (франчайзер) мувофиқи шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ ҳуқуқҳоимуайянро ба худ қабул менамояд. Масалан, соҳиби ҳуқуқ ӯҳдадор аст:
- баистифодабаранда ҳуҷҷатҳои техникӣ ва тиҷоратиро супорад ва дигар иттилоотеро,ки барои истифодабаранда барои амалӣ намудани ҳуқуқҳои мувофиқи шартномаиимтиёзи тиҷоратӣ ба ӯ додашуда заруранд, пешниҳод кунад, инчунин баистифодабаранда ва коргарони ӯ оид ба масъалаҳои ба амалинамоии ҳуқуқҳои мазкуралоқаманд дастурамалҳо диҳад;
- иҷозатномаҳоибо шартнома пешбинишударо бо таъмин намудани барасмиятдарории онҳо бо тартибимуайяннамуда ба истифодабаранда супорад.
Агар бо шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ дигар ҳолат пешбинӣ нашуда бошад, соҳибиҳуқуқ ӯҳдадор аст:
- ба қайдгирифтани шартномаи имтиёзи тиҷоратиро таъмин намояд;
- баистифодабаранда кӯмакҳои техникӣ ва машваратии доимӣ расонад, аз он ҷумла кӯмакдар омӯзиш ва такмили ихтисоси кормандон;
- сифатимол (кор, хизматрасонӣ)-ҳоеро, ки дар асоси шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ истеҳсолмешаванд, назорат намояд.
Бо назардошти хислат ва махсусиятҳои фаъолияте, ки истифодабарандамувофиқи шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ амалӣ менамояд, истифодабаранда вазифадораст:
- ҳангомиамалӣ намудани фаъолияти бо шартнома пешбинишаванда номи ширкат ва ё нишонаи тиҷоратиисоҳиби ҳуқуқро ба тарзи дар шартнома нишондодашуда истифода намояд;
- мутобиқатисифати молҳои истеҳсолшаванда, хизмарсонӣ ва кори иҷрошаванда мувофиқи шартномааз тарафи худро бо сифати чунин молҳо, кор ва хизматрасонӣ, ки бевосита аз ҷонибисоҳиби ҳуқуқ истеҳсол мешаванд, таъмин намояд;
- риоянамудани дастур ва нишондодҳои соҳиби ҳуқуқ, ки ба таъмин намудани мутобиқатихислат, усул ва шартҳои истифодаи ҳуқуқҳои истисноӣ, аз он ҷумла нишондодҳое,ки ба ороиши дохилӣ ва берунии биноҳои тиҷоратие равона карда шудаанд, ки аз ҷонибиистифодабаранда ҳангоми амалӣ намудани ҳуқуқҳои мувофиқи шартнома ба ӯ пешниҳодшудаистифода карда мешаванд;
- бахаридорон (фармоишгарон) расонидани тамоми хизматрасониҳои иловагӣ, ки онҳометавонистанд ҳангоми ба даст овардани мол (кор, хизмат) бевосита аз соҳиби ҳуқуқба он умед банданд;
- сирриистеҳсолоти соҳиби ҳуқуқ ва дигар иттилооти тиҷоратии махфиро, ки аз ӯ ба дастовардаанд, ифшо накунанд;
- шумораимувофиқашудаи субконсессияҳоро пешниҳод намоянд, агар чунин ӯҳдадорӣ бошартнома пешбинӣ шуда бошад;
- боусули назаррас харидорон (фармоишгарон)-ро огоҳ намояд, ки ӯ номи фирмавӣ,нишонаи тиҷоратӣ, тамғаи молӣ, тамғаи хизматрасонӣ ва дигар воситаҳоифардикунониро дар асоси шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ истифода мебарад.
Бо шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ метавонанд пешбинӣ карда шаванд:
- маҳдуднамудани ҳуқуқи ҷонибҳо мувофиқи ин шартнома, масалан, ӯҳдадории соҳиби ҳуқуқдар бобати ба дигар шахсон надодани чунин маҷмӯи ҳуқуқҳои истисноӣ бароиистифода дар ҳудуде, ки ба истифодабаранда мустаҳкам карда шудааст, ё аз чунинфаъолияти худ дар ҳудуди мазкур худдорӣ намояд;
- ӯҳдадорииистифодабаранда дар бобати бо соҳиби ҳуқуқ рақобат накардан дар ҳудуде, киамали шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ нисбати фаъолияти соҳибкорие, ки бо истифода бурданиҳуқуқҳои истисноии ба соҳиби ҳуқуқ тааллуқдошта аз тарафи истифодабаранда амалӣкарда мешавад, паҳн мегардад;
- дасткашидани истифодабаранда аз гирифтани чунин ҳуқуқ аз рақибон (рақибони эҳтимолӣ)-исоҳиби ҳуқуқ бо шартномаҳои имтиёзи тиҷоратӣ;
- ӯҳдадорииистифодабаранда, ки бо соҳиби ҳуқуқ макони ҷойгиршавии биноҳои тиҷоратӣ,инчунин ороиши дохилӣ ва берунии онҳоро, ки ҳангоми амалӣ намудани ҳуқуқҳоиистисноии бо шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ бадастоварда истифода бурда мешаванд,мувофиқа намояд.
Шартҳои маҳдудкунанда метавонанд бо талаби мақоми зиддиинҳисорӣ ё шахсиманфиатдор бекор карда шаванд, агар ин шартҳо бо назардошти вазъи бозоридахлдор ва ҳолати иқтисодии ҷонибҳо ба қонунгузории зиддиинҳисорӣ мухолифатдошта бошанд.
Шартҳое, ки ҳуқуқи тарафҳоро мувофиқи шартномаи имтиёзноки тиҷоратӣ маҳдудмекунанд, камаҳамият мебошанд, зеро:
- соҳибиҳуқуқ ҳуқуқ дорад нархи фурӯши мол ё хизматеро, ки истифодабаранда истеҳсолмекунад, муайян намояд ё ҳадди болоӣ ва поёнии ин нархҳоро муайян кунад;
- истифодабарандаҳуқуқ дорад ба гурӯҳи муайяни харидорон (фармоишгарон) ё танҳо ба харидороне(фармоишгарон), ки дар ҳудуди дар шартнома муайянкардашуда зиндагӣ мекунанд,мол фурӯшад, кор иҷро намояд ё хизмат расонад.
Соҳиби ҳуқуқ ба талаботҳое, ки ба истифодабаранда, доир ба ҷавобгӯнабудани сифати молҳо (кор, хизматрасонӣ), ки аз ҷониби истифодабаранда мувофиқишартномаи имтиёзи тиҷоратӣ ба фурӯш бароварда мешаванд, ҷавобгарии иловагӣдорад.
Аз рӯи талаботҳое, ки ба истифодабаранда ҳамчун истеҳсолкунандаи маҳсулотисоҳиби ҳуқуқ пешниҳод карда мешаванд, соҳиби ҳуқуқ бо истифодабаранда якҷоя ҷавобмегӯяд.
Истифодабаранда баъди ба анҷом расидани мӯҳлати шартномаи имтиёзи тиҷоратӣбарои бастани шартнома ба мӯҳлати нав бо ҳамон шартҳои пешина ҳуқуқ дорад.
Ҳангоми муфлис эълон намудани соҳибҳуқуқ ё истифодабаранда шартномаиимтиёзи тиҷоратӣ низ қатъ карда мешавад.
Ба дигар шахс гузаштани ягон ҳуқуқи истисноие, ки ба маҷмӯи ҳуқуқҳоиистисноии ба истифодабаранда пешниҳодгардида дохил мешаванд, асос барои тағйирва ё қатъ кардани шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ ба шумор намеравад. Соҳибҳуқуқинав дар он қисмати ҳуқуқу ӯҳдадориҳое, ки ба ҳуқуқи истисноии гузашаташуда дахлдоранд, ҷониби шартнома мегардад.
Дар ҳолати марги соҳибҳуқуқ тамоми ҳуқуқу ӯҳдадориҳо мувофиқи шартномаиимтиёзи тиҷоратӣ ба меросхӯр мегузаранд, ба шарте, ки меросхӯр ба сифати соҳибкориинфиродӣ ба қайд гирифта шуда бошад, ё дар мӯҳлати шаш моҳи баъди кушоданимерос ба чунин сифат ба қайд гирита шавад. Дар акси ҳол шартнома қатъ мегардад.
Амалӣ намудани ҳуқуқ ва иҷро намудани ӯҳдадориҳои соҳибҳуқуқи фавтида тоаз ҷониби меросхӯр қабул намудани ин ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ё то ба сифати соҳибкориинфиродӣ ба қайд гирифта шудани меросхӯр аз ҷониби идоракунандае, ки аз тарафинотариус таъин карда мешавад, амалӣ карда мешавад. Ҳангоми аз ҷониби соҳибҳуқуқтағйир додани номи фирмавӣ ё нишонаи тиҷоратии худ, ки истифодабариашон ба маҷмӯиҳуқуқҳои истисноӣ дохил мешаванд, агар истифодабаранда қатъ намудани шартномава рӯйпӯш намудани зарарро талаб накунад, шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ нисбатиноми фирмавӣ ё нишонаи тиҷоратии нав амал мекунад. Дар ҳолати давом карданиамали шартнома истифодабаранда ҳуқуқ дорад кам кардани маблағи подошеро, ки басоҳибҳуқуқ дода мешавад, талаб кунад.
Агар дар давраиамали шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ мӯҳлати амали ҳуқуқи истисноӣ, ки истифодаашмувофиқи иншартнома пешниҳод шудааст, ба итмом рассад ё чунин ҳуқуқ бо дигарасос қатъ гардад, амали шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ давом мекунад ба истиснои ҳуқуқиқатъшуда, истифодабаранда бошад, агар дигар ҳолат пешбинӣ нашуда бошад, ҳуқуқдорад кам кардани маблағи подоши соҳибҳуқуқро талаб кунад.
Бартариятҳоифранчайзинг чунинанд:
Бароифранчайзер – ин имконияти:
- зиёдгардонидани корхонаҳои савдо (нуқтаҳои савдо, яъне ҷойҳои фурӯши молу хизматҳо)бо сармоягузориҳои камтарин, зеро франчайзиат низ ба ин бизнес сармояи худромегузорад;
- зиёдгардонидани даромад (фоида) аз ҳисоби кӯшишҳои франчайзиат. Азбаски франчайзиатсоҳибмулки корхона ба ҳисоб меравад, ӯ барои зиёд шудани фоидаи бизнес кӯшишибештар менамояд;
- пасткардани сатҳи хароҷоти истеҳсолот ва муомилот ба як воҳиди гардиши мол, зерофранчайзиат чун соҳибкор худ тамоми хароҷотҳо оид ба таъмини корхонаи тиҷоратиихуд (маоши кормандон, иҷорапулӣ ва ғ.) – ро мепӯшад;
- васеънамудани шабакаи тақсимоти мол ё хизматрасонии худ аз ҳисоби ба франчайзервобаста кардани франчайзиат, зеро франчайзиат, чун қоида ӯҳдадор аст, ки таҷҳизотиба худ заруриро аз франчайзер ё ба воситаи ӯ харидорӣ намояд;
бароифранчайзиат – ин имконияти:
- соҳибкоримустақил шудан;
- зеринишони савдои эътирофшуда пеш бурдани бизнеси худ;
- истифодабурдани шаклҳои аллакай таҷрибанамудаи соҳибкорӣ; таблиғоти муштарак;
- омӯзишва кӯмак аз тарафи франчайзер;
- бадаст овардани бисёр намудҳои бизнеси литсензионӣ бо нархҳои нисбатан паст;
- як қисмисармоягузориҳоро маблағгузорӣ намуда аз ин фоида ба даст овардан. Франчайзингбаъзе камбудиҳоро низ доро мебошад, ки рушди онро нигоҳ медоранд.
Камбудиҳоифранчайзинг чунинанд:
бароифранчайзер – ин:
- мушкилбудани назорат аз болои фаъолияти франчайзиат, зеро франчайзиат коргари кирояифранчайзер ба ҳисоб намеравад ва франчайзер бевосита ба он роҳбарӣ намекунад;
- имкониятиаз даст додани номи нек ва шӯҳрати худ аз кори бади франчайзиат;
- хавфиаз франчайзиат гирифтани иттилоот ва ҳисоботи муҳосибии нодуруст;
- имкониятиба миён омадани ҳадафҳои муқобил бо франчайзиат, ки ба бизнес комилан таъсирмерасонад, чунки франчайзер наметавонад шартнома бо франчайзиатро бекор кунад,то он даме, ки ӯ шартҳои шартномаро вайрон накунад.
Бароифранчайзиат – ин:
- назорат аз ҷониби франчайзер, ки ба франчайзиат бароихуднишондиҳӣ дар бизнес камтар имконият мемонад;
- хатари бадном шудан ва аз даст додани обурӯи худ дар натиҷаикори бад ва аз даст додани обурӯи франчайзер ё дигар франчайзиатҳо;
- хатари тағйир ёфтани сиёсати франчайзер ба ҷониби бароифранчайзиат бад, масалан ҳангоми иваз намудани франчайзерҳо;
- хароҷотҳои зиёд барои хизматрасонии франчайзер. Масалан,ба харидории таҷҳизоте, ки франчайзиат бояд танҳо аз франчайзер харидорӣнамояд, дар вақте ки дар дигар фурӯшанда он метавонад арзонтар бошад.
Франчайзинг дар навбати аввал дар соҳаҳое қобили истифода мебошад, ки ҳиссаикалони хизматҳо бо хизматрасонии ҳайат (хӯроки умумӣ, хоҷагии меҳмонхона,хизматрасониҳои нақлиётӣ, хизматрасонии маишӣ, хизматҳои таъмир ва ғ.) хос аст.
Дар хориҷа маҳз ҳамон соҳаҳое, ки корхонаҳои бо шартномаҳои франчайзфаъолияткунанда афзалият доранд, бо сармоягузории сермаҳсул тавсиф кардамешаванд.
Вақте ки ставкаҳои фоизи қарзҳо баланданд ва сармоя норасо мебошад, бафранчайзерҳо, ки барои рушди бизнеси худ аз сармояи франчайзиат вобастагӣдоранд, пайдо намудани франчайзиатҳое, ки қобилияти пешниҳод кардан ё дастраснамудани сармояи лозимиро доранд, душвор мебошад. Норасоии сармоя ва ставкаҳоибаланди фоиз танҳо он низомҳои франчайзингро маҳдуд намекунанд, ки сармояинисбатан камро барои ташкили корхонаи савдо талаб мекунанд, танҳо он низомҳое,ки қобилияти истифода бурдани бозори сармояи саҳҳомиро доранд ва он низомҳое,ки ҷараёни дохилии нокифояи маблағи нақдро ҳосил мекунанд.
Усули анъанавии маблағгузорие, ки аз ҷониби франчайзиат истифода бурдамешаванд, дар омезиши захираҳои худи онҳо ва қарзҳои бонкӣ, инчунин воситаҳоиаз гарави амвол бадастомада иборатанд. Дар дигар ҳолатҳо сармояиталабкардашаванда аз воситаҳои худи шаҳрвандон чандин маротиба зиёданд. Онҳодар ҳолате метавонанд соҳибкор шаванд, ки агар франчайзер дар коркарди барномаипайдо намудани маблағгузории ғайрианъанавӣ иштирок кунад ё кӯмак расонад.
Дар хориҷа чунин сарчашмаҳои сармоягузориро бо роҳҳои зерин пайдо намуданмумкин аст:
а) франчайзер қитъаи заминро харида, ба саҳмдорон онромефурӯшад. Саҳмдорон қитъаи заминро мувофиқи шарт ва нақшаи франчайзер ободмекунанд. Баъд франчайзер қитъаҳои ободкардашударо барои корхонаҳои савдои худба иҷора гирифта, ба франчайзиат ба субиҷора медиҳад;
б) ташкили «ширкатҳо барои сармоягузорӣ ба бизнеси хурд».Чунин ширкатҳо метавонанд ба корхонаҳои хурд қарз диҳанд ва сармояи худро ба онҳодар шакли саҳмияҳо гузоранд. Дар ҳолате, ки франчайзер ба сифати кафили ҷалбнамудани ин ширкатҳо баромад кунад, ба қарзи франчайзиати ӯ маҳдудиятҳои муайянҷорӣ карда мешаванд (масалан, фоизи қарз муайян карда мешавад, ки франчайзиатметавонад барои харидории мол ва хизматҳои франчайзер истифода намояд ва ғ.);
в) пешниҳодҳоиоммавӣ оиди ташкили ҷамъиятҳои масъулияти маҳдуд барои сохтмони якчанд муассисаҳоисавдо, ки ба франчайзиатҳо ба иҷора дода мешаванд;
г) идора кардан ба амволи ғайриманқул ва пеш бурданифаъолияте, ки аз ҷониби франчайзиат қатъ гардонида шудааст. Асоси маблағгузорӣдар ин ҷо истифода бурдани амволи ғайриманқул (бино ва қитъаи замин) ба ҳисобмеравад;
д) таблиғоти муштарак;
е) омӯзиш ва кӯмаки аввала ва минбаъда аз ҷонибифранчайзер;
ж) арзиши нисбатан пасти ба даст овардани бисёр намудҳоибизнеси литсензионӣ;
з) имконияти маблағгузорӣ намудани қисми сармоя.
Франчайзинг воситаи сафарбаркунии сармоя ба ҳисоб меравад.
Он сармоягузориҳоро аз шумораи зиёди сармоягузорон ҷалб менамояд, ки кӯшишмекунанд соҳиби фаъолияти шахсии худ гарданд ва ҷамъи сармоягузориҳо аз маблағе,ки метавонист аз сарчашмаҳои анъанавӣ ба монанди сармояи саҳҳомӣ ё сармояи ҷалбкардашуда(қарзӣ) ҷамъ оварда шавад, чандин маротиба зиёд мебошад.
Ду навъи асосии франчайзинг вуҷуд доранд:
молӣ;
бизнес-формат.
Франчайзинги молӣ бо фурӯши гурӯҳҳои молии франчайзер ба франчайзиат,пардохтҳои аз франчайзиат рӯёнанда ва бо шартҳои пардохт алоқаманд аст.
Дар ҳолатҳои алоҳида он бо пардохти хизматрасониҳои кафолатӣ ва рӯёниданихароҷотҳои таблиғоти муштарак муносибат дорад.
Франчайзингимолӣ дар адабиёти ватанӣ баъан бо истилоҳи«франчайзинги маснуотҳо» ишора карда мешавад. Ҳангоми франчайзинги молӣфранчайзер мувофиқи шартномаи франчайз ҳуқуқи фурӯши мол ва хизматрасониҳородар бозори муайян ё дар ҳудуди муайян ба франчайзиат медиҳад. Франчайзиатбошад, дар навбати худ ӯҳдадор мегардад, ки молҳоро танҳо аз франчайзер харидорӣменамояд.
Франчайзингибизнес-формат аз расонидани гурӯҳи хизматрасониҳоба франчайзиат аз ҷониби франчайзер иборат аст: супурдани истеҳсолот, ноу-хау,омӯзиши он, ки чӣ тавр ин фаъолиятро ба роҳ монад, таҷрибаи андӯхташуда, тасдиқиғояҳои муваффақ (лоиҳаҳои таҷрибавӣ, ки аллакай дар амал ҷорӣ карда шудаанд),таҳлили макони ҷойгиркунӣ (баҳо додани ҷойҳои мавҷуда ва пешниҳодҳо дар бораичойҳои нав), нишонаҳои молӣ, нишонаҳои хизматрасонӣ, номи фирмавӣ,хизматрасонии доимӣ ва ғ.
Франчайзинги бизнес-форматро дар адабиёти ватанӣ инчунин бо истилоҳҳои«франчайзинги гардон» ва «франчайзинги корӣ» ишора менамоянд.
Бо ин навъи франчайзинг франчайзиат дастгирии франчайзерро дар тамомидавраи амали шартнома соҳиб мегардад.
Франчайзинги бизнес-формат подоши ибтидоӣ барои пешниҳод намуданифранчайзро меситонад. Ин метавонад пардохти якдафъаина ё пардохт бо қисмҳобарои франчайз, омӯзиш, интихоби майдони сохтмони корхона ва дигар хизматҳобошад. Ҳангоми франчайзинги бизнес-формат талаб карда мешавад, ки франчайзиатба фонди таблиғотии дар ихтиёри франчайзер буда, аъзоҳаққӣ супорад. Франчайзерметавонад ба франчайзиат фондҳои асосиро ба иҷора диҳад, маблағгузориро пешниҳодкунад, инчунин ҳуқуқ дорад ба сифати таъминкунанда барои франчайзиатҳои худбаромад кунад.
Даромади франчайзер аз подоши якдафъаинаи аввалае, ки ба ӯ пардохт кардамешавад ва аз маблағҷудокуниҳои доимӣ, яъне пардохтҳои ҷорӣ (фоиз аз гардиш ёаз маҷмӯи даромад ва ғ.) таркиб меёбад. Иловатан тамоми сармояҳое, ки барои оғозикори корхонаи савдо заруранд, бояд амалӣ карда шаванд.
Подош мувофиқи шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ аз ҷониби истифодабаранда ба соҳибҳуқуқметавонад дар шакли пардохтҳои яккарата ё даврии муқарраркардашуда, ҳисса азмаблағи фурӯш, нархи иловагӣ ба нархи яклухти молҳое, ки ба соҳибҳуқук бароифурӯши оянда фурӯхта мешаванд ё дар шакли дигар, ки бо шартнома муайян кардашудааст, пардохт карда шавад.
Сарчашмаҳои даромадҳои франчайзер инчунин ба ҳисоб мераванд, фоидаҳо аз:ба франчайзиат ба иҷора додани амволи ғайриманқул, таҷҳизот; қарздиҳӣ; ба гаравдодани моликият, ба франчайзиат фурӯхтани мол ва хизматҳо; фурӯхтани мол бакорхонаҳои савдои чакана, ки ба франчайзер тааллуқ доранд; харидҳо ва фурӯшҳоикорхонаҳои савдои чаканаи франчайзиат.
Дар мамлакатҳои ИДМ истифодаи франчайзинг дар нимаи дуюми солҳои 80-ум,дар вақти ба фурӯш баровардани молҳои ширкатҳои хориҷӣ ба воситаи соҳибкориимуштарак оғоз ёфт.
Имрӯзҳо ба меъёрҳои аслии франчайзинг муассисаҳои зудхизматрасонии “Макдоналдс”, мағоза ва дастгоҳҳоиавтоматии фурӯши обҳои ташнагишикани ширкати “Кока- Кола”, истгоҳҳоихизматрасонии автомобилҳои “Волво”, “Мерседес-Бенс” ва ғ.чавобгӯ мебошанд.
Баъди онҳо муассисаҳои савдо ва муассисаҳое ҷойгир гаштаанд, ки дилеронва дистрибюторони ваколатдори таъминкунандагон-шарикони хориҷии худ ба шумормераванд.
Бранд – стратегия – ин кор карда баромадани обрӯи субъекти хоҷагидор(яъне франчайзер) дар асоси дар бозор пешбарӣ намудани бранди он мебошад.
Дар чопи русӣ истилоҳи “бранд” – ро бо калимаи нодуруст (тарҷумаисунъӣ) – и брэнд ишора мекунанд.
Бранд (анг. brand-нишона, тамғаи фабрикӣ) маҷмӯи хосиятҳои моддӣва ғайримоддии мол (хизмат) – ро дар бар мегирад, ки тасаввуротиистеъмолкунандаро ба вуҷуд оварда мавқеи суюъекти хоҷагидор (корхона) – ро дар бозормуайян мекунанд.
Ба хосиятҳои моддии мол (хизмат)дастгоҳ, сохт, шакл ва ғ. мансубанд.
Хосиятҳои ғайримоддии мол (хизмат) устуворӣ, ҳузуру ҳаловат,хизматрасонии кафолатӣ, нишонаи молӣ, нишонаи хизматрасонӣ, услуби ширкат,таблиғот, нарх ва ғайраро дар бар мегиранд.
Ҳамаи ин хосиятҳо якҷоя шуда, симои нисбатан пурраи мол (хизмат) – роташкил менамоянд ва истеъмолкунандаро водор мекунанд, ки дар бозор аз байни ҳамаимол (хизмат) – ҳои монанд маҳз ҳамин мол (хизмат) – ро интихоб намояд. Бранд имконияти мушаххасгардонии ҳар мол (хизмат) – ро дар сатҳинусхаи барномавӣ медиҳад, ки нишонаҳои асосии он якбора сатҳи дастоварди техникӣва такмили сифат, таъиноти мол (хизмат), ороиши эстетикӣ, дизайни борҷома,ороиши ҷойҳои фурӯши мол ё пешниҳод намудани хизматрасонӣ (раста, витирина,дохили бино, нақлиёт ва ғ.), сатҳи ҳаловат, сифати хизматрасонии кафолатӣ, сатҳиҳимояи суғуртавӣ ва ғ. ба ҳисоб мераванд.
Бранд- стратегия дар бар мегирад:
- таҳлиливазъи бозории мол (хизмат);
- банақшагириибаровардани мол (хизмат) – и нав;
- чорабиниҳоиташкилӣ (омӯзиши талабот, кор карда баромадани услуби ширкат, гузаронидани корҳоитаблиғотӣ ва ғ.);
- қабулиқарор дар бораи баровардани миқдори муайяни мол (хизмат) бо сифати мазкур бонархи муқарраркардашуда;
- ташкилиистеҳсол (баровардан) – и мол (хизмат) ва савдои онҳо, ташкили хизматрасонӣ.