Инжиниринг (англ, engineering – маҳорат, дониш) хизматрасониҳои муҳандисӣ-машваратӣ доир баташкили корхона ва объектҳоро дар бар мегирад. Инжиниринг усули муҳими баландбардоштани самаранокии сармояи ба объект гузошташуда мебошад. Он чун шаклимуайяни содироти хизматрасонӣ (супоридани дониш, технология ва таҷриба) аз ҷонибиистеҳсолкунанда ба мамлакати фармоишгар баҳо дода мешавад. Инжиниринг маҷмӯи корҳоро оид ба гузаронидани татқиқотҳоипешакӣ, омода намудани асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ, маҷмӯи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ,инчунин кор карда баромадани тавсияҳо дар бобати ташкил ва идораи истеҳсолот,истифодабарии таҷҳизот ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти тайёрро дар бармегирад. Шартнома дар бораихаридории хизматрасониҳои инжинирингӣ як қатор ӯҳдадорӣ ва шартҳои махсусро дарбар мегирад: рӯйхати вазифа ва корҳо бо мӯҳлати иҷроишашон; мӯҳлат ва ҷадвали иҷроикорҳо; шумораи ҳайати гурӯҳи инжинирингӣ, ки дар иҷрои корҳо дар макон иштирокмекунанд ва шароитҳои зиндагии онҳо; дараҷаи ҷавобгарии ҷонибҳо барои вайронкардани ӯҳдадориҳо; шартҳои ба дигар ширкат гузашт намудани қисми хизматрасониҳоишартнома дар асоси пудрати майда, пардохт намудани омӯзиши ҳайат. Вазифаи инжиниринг аз ҷонибифармоишгарон ба даст овардани натиҷаи беҳтарин аз сармоягузорӣ мебошад, ки азчунин ҳисоб ба даст меояд:
- муносибатисистемавӣ ва низомномавӣ ба амалӣ гардонидани лоиҳаҳо;
- вариантибисёр доштани коркардҳои техникӣ ва иқтисодӣ, баҳодиҳии молиявии онҳо боинтихоби варианти барои фармоишгар муносиб;
- коркарда баромадани лоиҳаҳо бо назардошти имконияти истифода бурдани технологияҳоиистеҳсолӣ ва сохтмонии пешқадам, таҷҳизот, консруксия ва маводҳо аз сарчашмаҳоиалтернативии гуногун, ки ба шартҳои мушаххас ва талаботҳои махсуси фармоишгар ҷавобгӯ мебошанд;
- истифодабурдани усулҳои муосири ташкил ва идоракунии тамоми зинаҳои амалӣ гардониданилоиҳаҳо. Инжинирингчун намуди махсуси соҳибкорӣ хусусиятҳои хосро доро мебошад:
- якеаз шаклҳои хизматрасонии таъиноти истеҳсолӣ ба шумор меравад, ки на дар шаклимоддии маҳсулот, балки дар таъсири муфид зоҳир мегардад. Ин таъсири муфидметавонад ноқили моддӣ (ҳуҷҷатгузории лоиҳавӣ ва техникӣ, ҷадвалҳо, нақшаҳо ва ғ.)дошта бошад.
- дарохир бо тайёр намудан ва таъмин кардани ҷараёни истеҳсолот ва фурӯши неъматҳоимоддӣ ва хизматрасониҳое алоқаманд аст, ки барои истеъмолоти мобайнӣ ва интиҳоӣпешбинӣ шудаанд;
- объектихариду фурӯш ба ҳисоб меравад, яъне хосияти тиҷоратӣ дорад;
- назар ба франчайзинг ва ноу-хау бохизматрасониҳои барқароршаванда сару кор дорад, яъне бо хизматрасониҳое, киарзишашон бо сарфи вақти зарурӣ барои истеҳсоли онҳо муайян карда мешавад ва азин рӯ барои фурӯши онҳо фурӯшандаҳои зиёд мавҷуд мебошанд. Франчайзинг боноу-хау бошанд, бо фурӯхтани донишҳои таъиноти истеҳсолии дар айни замон барқарорнашаванда,ки шумораи маҳдуди фурӯшандаҳоро доранд, алоқаманд мебошанд. Дарамалия расонидани хизматҳои инжинирингӣ бисёр вақт бо фурӯши ноу-хау омезишмеёбад. Ин ба ҷойивазкунии мафҳумҳои “хизматрасониҳои инжинирингӣ” ва“мубодилаи технологияҳо” оварда мерасонад. Дар асл хизматрасониҳоиинжинирингӣ – ин усули супоридани донишҳои технологӣ ва дигар донишҳои навмебошад, аммо худи хизматҳо аз мол иборат мебошанд, ки аз технология фарқмекунанд. Тамоми маҷмӯи хизматрасониҳоиинжинирингро метавон ба ду гурӯҳ тақсим кард: а)хизматрасониҳое, ки бо тайёр намудани ҷараёни истеҳсолот алоқаманданд; б) хизматрасониҳо барои таъмин намудани равишимуқаррарии ҷараёни истеҳсолот ва фурӯши маҳсулот. Батаркиби гурӯҳи якум дохил мешаванд: хизматрасониҳои пешазлоиҳавӣ, хизматрасониҳоимахсуси лоиҳавӣ, ва баъдилоиҳавӣ. Хизматрасониҳои пешазлоиҳавӣ омӯзиши бозор,амалӣ намудани татқиқотҳои саҳроӣ, кашфи канданиҳо, пуриморат кардани минтақаҳова ғайраро дар бар мегиранд. Хизматрасониҳои лоиҳавӣ инжинирингибунёдӣ ва ҷузъиро дар бар мегиранд. Инжиниринги бунёдӣ – ин тайёр намудани татқиқотҳоипешакӣ ва лоиҳаҳо, нақшаи генералӣ, баҳодиҳии арзиши лоиҳа ва ғайра мебошад.Инжиниринги ҷузъӣ – ин пешниҳод намудани пешниҳодҳо оиди лоиҳаи охирин, омоданамудани коргарон, нақшаҳо, ҳуҷҷатҳои техникӣ ва ғ. Хизматрасониҳои баъдилоиҳавӣ хизматрасониҳо барои омоданамудани шартнома, ташкили савдо, пеш бурдани лоиҳа, назорат ва тафтиш аз болоиамалӣ намудани корҳо, пеш бурдани таҷрибаҳо, тайёр намудани ҳайат ва шароитҳобарои фурӯши маҳсулот. Хизматрасониҳои махсус – инхизматрасониҳое, ки бо муаммоҳои мушаххаси ташкили объекти мазкур (татқиқлтҳоииқтисодӣ, маросимҳои ҳуқуқӣ ва ғ.) алоқаманданд. Ба таркибихизматрасониҳои инжинирингӣ оид ба таъмини равиши муқаррарии ҷараёни истеҳсолва фурӯши маҳсулот корҳои алоқаманд бо муносибкунии ҷараёнҳои истифодабарӣ,идоракунии корхона ва фурӯши маҳсулоти он дохил мешаванд. Ба ин гурӯҳихизматрасониҳо хизматрасониҳо оид ба идоракунӣ ва ташкили ҷараёни истеҳсолот,муоина ва озмоиши таҷҳизот, истифодабарии объект, машварат ва кӯмак дар масъалаҳоимолиявӣ, хизматрасониҳо оид ба таъмини фурӯши маҳсулот ва ҷорӣ намудани системаҳоитаъминоти иттилоотӣ дохил карда мешаванд. Асоситашкили савдои байналхалқии хизматрасониҳои инжинирингиро усули фармоишии амалӣнамудани корҳо ташкил мекунад, ки ба шартномаи дар байни фармоишгар ва ширкатиинжинирингии хориҷӣ басташуда, асос ёфтааст. Шартномаибайналхалқӣ барои расонидани хизматрасониҳои муҳандисӣ-машваратӣ метавонад ботарзҳои гуногун ба расмият дароварда шавад. Намуди шартнома аз усули аз ҷонибифармоишгар интихобнамудаи амалӣ намудани лоиҳа ва хусусияти хизматрасонииширкати инжинирингии хориҷӣ вобаста аст. Сеусусли асосии бунёдкунии объектҳо мавҷуд аст. Усули якум амалӣ намудани қисми зиёдикорҳоро (аз он ҷумла лоиҳакашӣ, роҳбарии лоиҳа, баъзан сохтмони объект) аз ҷонибиҳайати фармоишгар ё аз ҷониби ширкатҳои маҳаллӣ дар назар дорад. Дар ин ҳолатширкати инжинирингии хориҷӣ танҳо ба сифати машваратчӣ ҳангоми омодасозӣ ваамалӣ кардани лоиҳа, инчунин чун намояндаи фармоишгар дар вақти амалӣ намуданиназорат ва гузаронидани гуфтушунидҳо бо лоиҳакашон, пудратчиён ва дигар ҷонибҳобаромад мекунад. Ҳангомиаз ҷониби худи фармоишгар иҷро намудани қисми зиёди корҳо, воридотихизматрасониҳои инжинирингӣ аз хориҷа метавонад ба машваратдиҳӣ ва омӯзишимутахассисон оид ба муаммоҳое, ки бо амалӣ намудани танҳо зинаҳои алоҳидаи лоиҳа алоқаманданд, оварда расонида шавад. Шартномае,ки бо усули якуми бунёди объект алоқаманд аст, ҷавобгарии машваратчиро аз болоиамалигардонии лоиҳа пешбинӣ намекунад. Усулидуюм аз ҷониби ширкати инжинирингии хориҷӣ иҷро намудани ҳама ё қисми зиёдихизматрасониҳои инжинирингиро аз рӯи лоиҳа, аз он ҷумла лоиҳакашӣ, идоракуниисохтмон ва роҳбарӣ ба амалӣ намудани лоиҳа дар умумро пешбинӣ мекунад. Шартномае,к ибо усули дуюми сохтмони объект алоқаманд аст, шартномаи инжиниринги пуррародар бар мегирад ва ҷавобгарии ширкати инжинирингиро чун агенти ваколатдорифармоишгар барои иҷро намудани лоиҳа пешбинӣ мекунад. Усулисеюми бунёди объект бо бастани шартномаи “таҳти калид” бопудратчии хориҷӣ алоқаманд мебошад, ки ҷавобгарӣ барои пешбурди тамоми маҷмӯикорҳо, аз он ҷумла корҳои сохтмони объектро бар дӯши худ мегирад. Дар ин ҳолатхизматрасониҳои инжинирингӣ на аз ҷониби ширкати махсусгардонидашудаиинжинирингӣ, балки аз ҷониби пудратчии сохтмонии генералӣ пешниҳод кардамешаванд. Дар савдои байналхалқиихизматрасониҳои инжинирингӣ ширкат-иҷрокунанда дар ҷараёни гуфтушунидҳои мустақимё дар рафти савдои пудратӣ (тендер) интихоб карда мешавад. Тендер (англ, tender –пешниҳод, дархости пудрат) – ин шакли озмунии гузаронидани савдои пудрат, ки азмусобиқаи офертавии аз ҷониби довталабон пешниҳод гардида иборат мебошад, аз нуқтаиназари мутобиқати онҳо бо меъёрҳои ҳуҷҷатҳои тендер. Савдоҳоипудратӣ метавонанд гузаронида шаванд, ҳангоми ҷойгир кардани фармоиш барои:
- сохтмоникорхонаҳо, бино ва иншоотҳои таъиноти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ, аз он ҷумлабо шартҳои “таҳти калид”;
- иҷрокардани корҳои лоиҳавӣ, муҳандисӣ-муҳаққиқӣ, конструкторӣ, сохтмонӣ, васлкунӣ,бакорандохтан ва танзим ва дигар корҳо;
- ҷобаҷокардани таҷҳизоти маҷмӯии технологӣ, аз он ҷумла бо шартҳои “таҳтикалид”;
- лоиҳаҳо,машваратдиҳӣ, назорат;
- ҳаромезиши аз ҷиҳати техникӣ ва ташкилӣ асоснокнамудаи кор ва хизматҳоинишондодашуда.
Намудҳои асосиисавдои пудратӣ чунинанд:
- вобастаба гузаронидани савдои интихоби пешакии довталабон (оферентҳо) аз ҷонибиташкилкунанда – бо дараҷабандии пешакӣ ва бе дараҷабандии пешакӣ;
- вобастааз иштироки оферентҳои хориҷӣ – бо иштироки оференти хориҷӣ ва бе иштирокиоференти хориҷӣ;
- вобастааз иштироки оферентҳо дар маросими савдо ва паҳн кардани натиҷаҳои онҳо – кушодва пӯшида;
- вобастааз он, ки аз рӯи предмети савдои мазкур бори чандум таъин карда мешаванд –аввала ва такрорӣ. Қарордар бораи таъинот ва вақти гузаронидани савдо аз ҷониби фармоишгар баъди тасдиқнамудани асосноксозии техникӣ-иқтисодии лоиҳа ё баъди тайёр кардани ҳуҷҷатҳо қабулкарда мешавад. Дар савдои пудратӣ тамоми корхона ваташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, агар барои ин фаъолият иҷозатномагирифтан зарур бошад, соҳиби иҷозатнома бошанд, метавонанд иштирок кунанд. Дар савдои мазкуриштирок намудани корхона ва ташкилотҳое, ки аз ҳамдигар вобастагии ташкилӣ-ҳуқуқӣё молиявии мустақим доранд ва ин вобастагӣ дар шакли санадҳои муассисӣ,иштироки молиявӣ, холдинг ва ғайра инъикос меёбад, манъ карда мешавад. Дар савдо тамоми шахсоне, ки мехоҳандба сифати довталаб (оферентҳо) баромад кунанд, метавонанд иштирок кунанд. Савдометавонад бо дараҷабандии пешакии довталабоне, ки хоҳиши дар савдо иштироккардани худро тасдиқ намудаанд, гузаронида шаванд. Савдои пудратиро кумитаи тендерӣ мегузаронад. Кумитаитендерӣ савдои пудратиро мегузаронад, ҳамзамон арзиши хизматрасониҳоиинжинирингӣ чунин баҳо дода мешаванд:
- пардохтивақтбайи мутахассисон;
- пардохтихизматрасониҳои воқеӣ ва подоши муқарраркардашуда;
- фоизаз арзиши сохтмон ё васлкунии таҷҳизот;
- пардохтихизматрасониҳои воқеӣ ҷамъи фоизи фоида аз истифодабарӣ.