Дар давраҳоиохир дар бозори байналхалқии хизматрасониҳо намуди нави хизматрасонӣ –хизматрасонии реинжиниринг пайдо шуд, ки аз ҷониби ширкатҳои реинжинирингиихориҷӣ расонида мешавад. Реинжиниринг (англ, re-engineering)– ин хизматрасониҳои муҳандисӣ-машваратӣ оид ба бозсозии низоми ташкил ваидораи ҷараёнҳои истеҳсолӣ-тиҷоратӣ ва инвеститсионии субъекти хоҷагидор бо мақсадибаланд бардоштани рақобатпазирӣ ва устувории молиявии он мебошанд. Реинжинирингду намудро доро мебошад: реинжиниринги бӯҳронӣ ва реинжиниринги тараққиёт. Реинжиниринги бӯҳронӣ ба ҳалли муаммоҳоибӯҳронии субъекти хоҷагидор равона карда мешавад. Он дар ҳолатҳое истифодакарда мешавад, ки натиҷанокии фаъолияти молиявӣ-тиҷоратӣ ва истеҳсолӣ-савдоиисубъекти хоҷагидор доимо паст мегардад, рақобатпазириаш якбора паст шуда,раванди муфлисшавӣ ба миён меояд ва маҷмӯи чорабиниҳо барои бартараф кардани инбӯҳрон заруранд. Имрӯзбисёр субъектони хоҷагидори истеҳсолӣ ба реинжиниринги бӯҳронӣ эҳтиёҷ доранд ваин якчанд сабабҳои худро дорад:
- дарсохтори муосири ташкил ва идораи ширкатҳои истеҳсолӣ ва корхонаҳо ҳоло бисёрнишонаҳои режими кӯҳна мавҷуданд, ки ба хароҷоти зиёдатии захираҳои меҳнатӣ,молиявӣ ва моддӣ оварда мерасонанд;
- унсурҳои нави ҷараёни бизнес дар сатҳи коркард қарор дошта сустинкишоф меёбанд. Реинжинирингитараққиёт дар он ҳолатҳое истифода бурда мешавад, ки динамикаи рушди сохториамалкунандаи ташкил ва идоракунии ҷараёнҳои истеҳсолӣ-тиҷоратӣ ва инвеститсионӣпаст шуда, аллакай ба сатҳи ниҳоии ба даст овардани фоида расидааст. Чунин намуди реинжиниринг барои ширкатҳоисавдо хос аст. масалан, агар пештар фурӯши молҳо бо пешпардохт меъёр ҳисобкарда мешуд, имрӯзҳо аллакай тамоюли ба роҳ мондани алоқаҳои шарикона боконтрагентҳо бо принсипи қарзҳои молӣ, қарзҳои тиҷоратӣ (яъне ҳисоббаробаркунӣбо додани мӯҳлат барои пардохт) ба назар мерасад. Қарзимолӣ – ин ба моликият дигар ҷонибгузоштани мол аз тарафи ҷониби дигар мебошад. Қарзи молӣ барои шариконияклухтфурӯши хурд ва минтақавӣ, ки сармояи гардон надоранд, ё бо он таваккалкарданӣ нестанд, муфид мебошад. Схемаи қарзҳои молӣ ва схемаи консигнатсионӣсиёсати молиявии боз ҳам сахттар ва баҳисобгирии муҳосибии аниқро назар басхемаи пешпардохт талаб мекунанд. Дарҷараёни азнавташкилкунии низоми идоракунии субъекти хоҷагидор дар асосиреинжиниринг гузариш аз бизнес-ҷараён ба реинжиниринги бизнес – ҷараён ба миёнмеояд. Бизнес-ҷараёнамали ҳайати роҳбарикунанда дар ҷараёни хоҷагидориро дар бар мегирад. Реинжиниринги бизнес-ҷараён – ин беҳтаргардонидани низоми идоракунии ҷараёнҳои хоҷагидорӣ мебошад. Ширкатҳоиинжинирингиро, ки бо реинжиниринг машғуланд, метавон ба чор намуд ҷудо намуд. Намуди якум – ин ширкатҳо-машваратчиёни хориҷӣ мебошанд. Онҳо пешаз ҳама хизматрасониҳои аудиторӣ инчунин хизматрасониҳо барои идора карданиселаҳои иттилоотӣ бо ёрии компютерҳо ва таъминоти барномавии худро пешниҳодмекунанд. Намуди дуюм – ин ширкатҳои консалтингӣмебошанд, ки чун интегратори системавӣ кор мекунанд. Ин ширкатҳо танҳо дар сатҳиболоии идоракунии субъекти хоҷагидор метавонанд кор кунанд ва аз қоидаҳои баҳисобгирӣва технологияи ҷорӣ намудани онҳо дур мебошанд. Вазифаи асосии онҳо дар барпокардани тамсилаҳои беҳтарин бо ёрии барномаҳои хориҷӣ ва ҷорӣ намудани низомигардиши ҳуҷҷатҳо мебошад. Чунин ширкатҳо дар идоракунии молия таҷриба надоранд.Онҳо аз рӯи принсипи лоиҳавӣ фаъолият мекунанд ва қобилияти қарорҳои тиражиронадоранд. Намуди сеюм –ин ширкатҳое мебошанд, ки лоиҳаи корхонаи идеалиро тайёр менамоянд, яъне лоиҳаибизнеси беҳтаринро пешниҳод мекунанд. Аммо ин ишркатҳо худашон наметавонанд инлоиҳаро амалӣ намоянд ва барои дар ҳаёт амалӣ намудани он тавсияҳо низ намедиҳанд. Намуди чорум – ин ширкатҳое мебошанд,ки бо дар амал татбиқ намуданиреинжиниринг машғул мебошанд. Вазифаи асосии онҳо – ин зудтар ҷорӣ намуданинатиҷаҳои лоиҳаи азнавташкилкунии низоми идоракунии субъекти хоҷагидор, бо мақсадибартараф кардани вазъи бӯҳронии бамиёномада ва баъдан пешниҳод намудани низомибеҳтари идоракунӣ мебошад.