Лизинг

Лизинг(англ, lease – аренда) – шакли иҷораи дарозмуддат мебошад, ки бо ба истифодасупоридани таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва дигар амволи манқул ва ғайриманқул,ба ғайр аз қитъаҳои замин ва дигар объектҳои табиӣ, алоқаманд аст. Амалан,лизинг шакли таъминоти моддӣ-техникӣ бо иҷора ва қарздиҳии якҷоя мебошад. Дарҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибӣ лизинг чун мафҳуми “иҷораи молиявӣ”иштирок мекунад. Дастурамалдар бораи лизинг онро чунин муайян мекунад: Лизинг – ин чунин намудифаъолияти соҳибкорӣ мебошад, ки ба сармоягузории воситаҳои молиявии озод ё ҷалбкардашударавона карда шудааст, ки мувофиқи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг) иҷорадиҳандаӯҳдадор мегардад, то амволи дар шартнома нишондодаро аз фурӯшандаи муайянхаридорӣ намуда, ин амволро ба иҷорагиранда (лизинггиранда) бар ивази пардохтба истифодаи муваққатӣ барои мақсадҳои соҳибкорӣ диҳад. Предмет (объект) – и лизинг ҳар ашёи ғайриистеъмолӣшуда метавонад, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда мешаванд, ба ғайр азқитъаҳои замин ва дигар объектҳои табиӣ. Лизингдиҳанда – ин субъекти хоҷагидорё соҳибкори инфиродӣ мебошад, ки фаъолияти лизингиро, яъне мувофиқи шартнома бализинг додани амволе, ки махсус барои он ба даст оварда шудааст, амалӣ мекунад. Лизинггиранда – ин субъекти хоҷагидорё соҳибкори инфиродӣ мебошад, ки мувофиқи шартномаи лизинг амволро ба истифодамегирад. Фурӯшандаи амволилизингӣ – ин субъекти хоҷагидор – истеҳсолкунандаи мошин ва таҷҳизот, дигарсубъекти хоҷагидор ва ё шаҳрванде мебошад, ки амволи предмет (объект)-и лизингбаҳисобравандаро мефурӯшад. Лизингдиҳанда мувофиқи шартномаи лизинг ӯҳдадормегардад, ки амволи аз ҷониби лизинггиранда нишондодаро аз фурӯшандаи аз тарафиӯ муайянкарда ба даст оварда, ин амволро ба лизинггиранда бар ивази пардохт бароиистифодаи муваққатӣ бо мақсадҳои соҳибкорӣ месупорад. Ҳамазамон, лизингдиҳандабарои интихоби предмети лизинг ва фурӯшанда ҷавобгар нест. Лизингдиҳанда ҳангоми дастрас намуданиамвол барои лизинггиранда бояд фурӯшандаро огоҳ намояд, ки амволи мазкур бароиба иҷораи молиявӣ додан, ба шахси муайян, пешбинӣ шудааст. Хавфинобудшавӣ ё вайронкунии тасодуфии амволи ба иҷора гирифташуда, дар лаҳзаи бализинггиранда супоридани амвол ба ӯ мегузарад, агар дар шартномаи лизинг дигар ҳолатпешбинӣ нашуда бошад. Лизинггиранда ҳуқуқдорад бевосита ба фурӯшандаи амволе, ки предмети шартномаи лизинг ба шумормеравад, талаботҳои худро, ки аз шартномаи хариду фурӯши байни фурӯшанда вализингдиҳанда нисбати сифат ва пуррагии амвол, мӯҳлати таҳвили он, ва дар дигарҳолатҳои ба таври бояду шояд иҷро накардани шартнома аз ҷониби фурӯшанда бамиён меоянд, пешниҳод кунад. Лизинггиранда низ чун харидор ҳуқуқ ва ӯҳдадорӣдорад, ба истиснои ӯҳдадории пардохт намудани амволи бадастовардашуда. Аммолизинггиранда наметавонад бе розигии лизингдиҳанда шартномаихариду фурӯш бо фурӯшандаробекор кунад. Нисбати харидор лизинггиранда вализингдиҳанда чун қарздиҳандагони ҳамраъй баромад мекунанд, яъне ҳар яки онҳо ҳуқуқдорад ба фурӯшанда талаботҳояшро пурра пешниҳод кунад. То пешниҳод намуданиталабот аз тарафи қарздиҳандаҳои ҳамраъй фурӯшанда ҳуқуқ дорад, ӯҳдадориҳо бахар кадоми онҳоро мувофиқи салоҳдиди худ иҷро кунад. Лизингдиҳанда дар назди лизинггирандабарои аз ҷониби фурӯшанда иҷро намудани талаботҳое, ки аз шартномаи хариду фурӯшба миён меоянд, ҷавобгар нест, ба истиснои ҳолатҳое, ки ҷавобгарӣ бароиинтихоби фурӯшанда бар дӯши лизингдиҳанда мебошад, агар дар шартнома дигар ҳолатпешбинӣ нашуда бошад. Агар ҷавобгарӣ барои интихоби фурӯшанда бар дӯши лизингдиҳандабошад, лизинггиранда ҳуқуқ дорад талаботҳои худро, ки аз шартномаи хариду фурӯшба миён меоянд, ҳам ба лизингдиҳанда ва ҳам ба фурӯшанда, ки ҷавобгарии якҷоямебаранд, пешниҳод кунад.

Лизинг ду намудро доро мебошад: молиявӣ ва амалиётӣ:

Лизингимолиявӣ (financial lesing) азҷониби лизинггиранда дар тамоми давраи амали шартномаи лизинг пардохт намуданимаблағҳоеро пешбинӣ мекунад, ки арзиши истеҳлоки амволро пурра ё қисман,инчунин фоидаи лизингдиҳандаро мепӯшонанд.

Баъди анҷомёфтани мӯҳлати амали шартнома лизинггиранда метавонад:

  • предметилизингро ба лизингдиҳанда баргардонад;
  • шартномаинави лизингро бандад;
  • предметилизингро бо арзиши боқимонда харад.

Лизинги амалиётӣ (operation lesing) ба мӯҳлати камтар аз давраиистеҳлокии амвол баста мешавад. Баъди анҷом ёфтани мӯҳлати амали шартномапредмети лизинг ба соҳибаш баргардонида мешавад ё аз нав ба иҷораи молиявӣ додамешавад. Лизинггирандализинги амалиётиро чун қоида дар ду ҳолат интихоб мекунад. Якум, вақте ки амволи ба иҷора гирифташаванда ба ӯ танҳо барои иҷронамудани кори яккарата ё барои амалӣ намудани як лоиҳаи фаръӣ зарур аст. Дуюм,вақте ки амволи ба иҷора гирифташаванда аз ҷиҳати маънавӣ ниҳоят зуд истеҳлокмешавад ва лизинггиранда тахмин мекунад, ки баъди ба анҷом расидани мӯҳлатиамали шартномаи лизинг (лизинги амалиётӣ) чунин амволи муосир ва нисбатансамараноктар пайдо хоҳад гашт. Лизингду шакли асосиро доро мебошад: мустақим ва баргарданда. Лизинги мустақим чунин аст: субъекти хоҷагидор таҳвилгар(ё истеҳсолкунанда) – и амволи лизингии ба худаш заруриро пайдо менамояд ва дарин бора бо нишон додани ҳама хосиятҳои техникӣ ва иқтисодӣ ба ширкати лизингӣхабар медиҳад. Ширкати лизингӣ бо субъекти хоҷагидор шартнома мебандад, кимувофиқи он ширкат ба таҳвилгар арзиши амволро пурра пардохт менамояд ва инамволро ба субъкти хоҷагидор ба иҷораи дарозмуддат медиҳад. Ҳамзамон ширкатилизингӣ бо таҳвилгар доир ба дастрас намудани амвол шартнома мебандад. Лизинги мустақим вақте афзалият дорад,ки субъекти хоҷагидор ба аз нав таҷҳизонидани иқтидори техникиии мавҷудбуда эҳтиёҷдорад. Лизингибаргарданда ба даст овардани захираҳои молиявии иловагӣ таҳти гарави амволифармоишгар мебошад. Лизинги баргардандаро метавон чун алтернативаи амалиётҳои қарзӣном бурд. Моҳияти он дар он аст, ки лизинггиранда амволи худро ба ширкатилизингӣ мефурӯшад ва ҳамон замон ин амволро аз ширкат ба иҷораи дарозмуддатмегирад. Шартномаи лизинги баргарданда ба тамоми давраи хизмати муфиди амвол паҳнмегардад ва дар оянда боз ба лизинггиранда гузаштани ҳуқуқи моликият ба амволропешбинӣ мекунад. Ҳамин тавр, субъекти хоҷагидор ҳангоми лизинги баргардандавоситаҳои молиявиро ба даст меорад, ки кафолати баргардониданашон амволи худи ӯмебошад, ки ба ширкати лизингӣ ба гарав гузошта шудааст. Ҳангоми бастани шартномаи лизингӣ ҷанбаи асосии молиявӣпардохти лизингӣ ба шумор меравад. Он аз намуди амвол, мӯҳлати лизинг, ҷадвалипардохтҳо ва дигар шартҳои шартнома вобаста мебошад. Пардохти лизингӣ руйпӯшкардани хароҷотҳои пурраи лизингдиҳанда бо назардошти фоидаи мӯътадилро дар бармегирад. Одатан маблағи он қайд кардашуда мебошад ва дар тӯли тамоми давраиамали шартнома пардохт карда мешавад. Аммо дар шароитҳои таваррум дар шартномаба таври ҳатмӣ имконияти бознигарӣ намудани бузургии фоизи лизингӣ мондамешавад.

Вариантҳоигуногуни пардотҳо метавонанд бошанд. Агар вазъи молиявии мизоҷ дар давраи авалиазхудкунии таҷҳизот пардохт намудани хароҷотҳои зиёдкардашударо имконият диҳад,он гоҳ ҳангоми ҳамон шартҳои лизинг имконияти сарфакунӣ дар пардохти фоизҳопайдо мегардад. Динамикаи баръакси пардохтҳои лизингӣ низ метавонад вуҷуд доштабошад, вақте ки мизоҷ бо сабаби вазъи номусоиди молиявӣ дар бораи мӯҳлат додандархост кунад. Аммо мавқуф гузоштани пардохти лизингии якум ба афзоиши маблағифоизҳои дар охири давра гирифташаванда, оварда мерасонад. Ҳангоми муайяннамудани ставкаҳои лизинги байналхалқӣ, ба ғайр аз ҷанбаҳои сирф молиявӣ имтиёзҳоиандозӣ ва дигар имтиёзҳо ба инобат гирифта мешаванд, ки бо қонунгузориҳои як қатормамлакатҳо ба сармоягузорон ва соҳибони намудҳои ҷудогонаи амвол пешниҳод кардамешаванд. лизинг бо қарзи молӣ монандӣ дорад. Аммо агар ҳангоми қарзи молӣистифодабарандаи мол якҷоя бо гирифтани мол соҳиби ҳуқуқи моликият бо мӯҳлатбарои пардохти арзиши он гардад, ҳангоми лизинг ин ҳуқуқ то пурра пардохтнамудани предмети лизинг аз ҷониби лизинггиранда дар дасти лизингдиҳандамемонад. Аз ин рӯ пардохтҳои лизингӣ ин пардохтҳо барои қарз мебошанд, ки даршакли молӣ гирифта шудааст.

Ҳаминтавр, лизинг чун яке аз вариантҳои иҷора баҳо дода мешавад, барои ҳамин пардохтҳоилизингӣ пардохтҳои иҷоравӣ мебошанд. Тартиб, шартҳо ва мӯҳлати пардохт намуданииҷорапулӣ бо шартномаи иҷора (дар айни ҳол шартномаи лизинг) муайян кардамешавад.

Иҷорапулӣба тамоми амволи иҷорагирифташуда дар умум ё алоҳида барои ҳар қисми таркибиион дар намудҳои зерин муқаррар карда мешавад:

а) пардохтҳои дар маблағи устувор муайян кардашуда, ки як дафъа ё ба таври даврӣ пардохт карда мешаванд;

б) ҳиссаимуайянкардашуда аз маҳсулот, даромаде, ки дар натиҷаи истифодаи амволи ба иҷорагирифташуда ба даст омадааст;

в) аз ҷониби иҷорагиранда пешниҳод намуданихизматрасониҳои муайян;

г) аз ҷониби иҷорагиранда ба иҷорадиҳанда бамоликият ё ба иҷора супоридани амволе, ки бо шартнома муайян карда шудааст;

д) бар дӯши иҷорагиранда гузоштани хароҷотҳобарои беҳтар намудани моликияти ба иҷорагирифташуда, ки дар шартнома нишон додашудаанд.

Ҷонибҳо даршартномаи иҷора метавонанд омезиши шаклҳои нишондодашудаи пардохти иҷора ёдигар шаклҳои пардохти иҷораро пешбинӣ намоянд. Андозаииҷорапулӣ, агар дар шартнома дигар ҳолат пешбинӣ нашуда бошад, бо қарордоди ҷонибҳо дар мӯҳлате, ки даршартнома нишон дода шудааст, аммо на зиёда аз як маротиба дар як сол метавонадтағйир дода шавад. Аз ҷониби қонун мӯҳлатҳои камтарини бознигарии андозаипардохти иҷора барои намудҳои алоҳидаи иҷора, инчунин барои иҷораи намудҳои алоҳидаимоликият метавонанд пешбинӣ карда шаванд. Ичорагиранда(лизинггиранда) дар ҳолати бо сабабҳои аз ӯ новобаста бад шудани ҳолатимоликият ё шароитҳои истифодабарии бо шартномаи иҷора (лизинг) пешбинӣ шуда,агар дар шартнома дигар ҳолат пешбинӣ нашуда бошад, метавонад кам карданипардохтҳои иҷораро талаб кунад. Дар ҳолати аз ҷониби иҷорагиранда(лизинггиранда) вайрон намудани мӯҳлатипардохти иҷора, иҷорадиҳанда (лизингдиҳанда) ҳуқуқ дорад, ки агар мувофиқишартнома дигар ҳолат пешбинӣ нашуда бошад, аз ӯ дарҳол пардохт намудани иҷорапулироталаб кунад. Ҳамзамон, иҷорадиҳанда ҳуқуқ надорад зиёда аз ду мӯҳлат пай дарпай пеш аз мӯҳлат пардохт намудани иҷорапулиро талаб намояд. Ҳангоми ҳисоб карданиандозаи умумии пардохтҳои лизингӣ лизингдиҳанда мувофиқи шартнома ба он маблағихароҷотҳои воқеии худ ва фоидаи банақшагирифташавандаро дохил мекунад. Батаркиби пардохтҳои лизингӣ одатан дохил карда мешаванд:

• истеҳлоки моликияти лизингӣ дар тамоми мӯҳлати амали шартномаилизинг;

  • ҷубронипардохтҳои лизингдиҳанда барои воситаҳои қарзии аз тарафи ӯ истифодашуда;
  • андозаиподоши комиссионӣ;
  • пардохтбарои хизматрасониҳои иловагии лизингдиҳанда (таҳвил, ба кор даровардани таҷҳизот,омӯзиши ҳайат ва ғ.).

Дар шартномаилизинг метавонанд ҳам андозаи ҳар як унсурҳои ба нархи шартнома дохилшаванда ваҳам маблағи умумии пардохтҳои лизингӣ бе ҷудо намудани он ба унсурҳои алоҳидапешбинӣ карда шаванд. Ҳангомибастани шартнома ҷонибҳо метавонанд маблағи муқарраршудаи пардохтҳоро муайяннамоянд ё танҳо дар бораи алгоритми ҳисоб кардани онҳо ба мувофиқа оянд. Ҷонибҳоинчунин усули ҳисобкунӣ ва ҷадвали анҷом додани пардохтҳоро муайян намоянд. Омилимуҳими бурдбории бизнеси лизингӣ интихоби сохтори дурусти ташкилии ширкатилизингӣ ва омодагии баланди касбии ҳайати кормандони он ба ҳисоб мераванд. Бизнеси лизингӣ – ин яке азнамудҳои мураккабтарини фаъолияти соҳибкорӣ мебошад, ки дар он муносибатҳои иҷоравӣ,унсурҳои мабдағгузории қарзӣ таҳти гарав, ҳисоббаробаркуниҳо аз рӯи ӯҳдадориҳоиқарзӣ ва дигар механизмҳои молиявӣ ҷалб карда шудаанд. Ширкати лизингӣ бо миқдоризиёди хадамотҳои таҳлилӣ, таъминоти маркетингӣ ва ҳуқуқии мустаҳкам ҳамкорииназаррас бо муассисаҳои бонкӣ, ширкатҳои суғуртавӣ ва сохторҳои ҳукуматии минтақавӣшинохта мешавад.

247
Нет комментариев. Ваш будет первым!