Хизматрасониҳое, ки бо хизматрасонии алоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ алоқаманданд

Хизматрасонииалоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ бо хизматрасониҳои нақлиёт, алоқа, мубодилаииттилоот, таблиғоти шабакавӣ ва ғ. алоқаманд аст. Нақлиётҳаракати мол (бор) – ҳо ва одамон (мусофирон) – ро байни дув а зиёда мамлакатҳотаъмин мекунад. Вобастааз намуди нақлиёте, ки дар боркашонӣ истифода бурда мешавад, алоқаҳои баҳрӣ,дарёӣ, ҳавоӣ, роҳи оҳан ва автомобилиро фарқ мекунанд. Алоқаҳои байналхалқӣ мустақим ва омехтамешаванд. Алоқаҳои байналхалқии мустақим бо як намуди нақлиёт хизматрасонӣкарда мешаванд; алоқаҳои омехта бошанд, аз рӯи тартиб бо дув а зиёда намудҳоинақлиёт. Ҳамлунақли омехтаи бор ва одамон метавонанд бо як ҳуҷҷати нақлиётӣ ба расмиятдароварда шаванд, ки тамоми намудҳои нақлиёти дар он истифодашавандаро дар бармегиранд. Чунин ҳамлу нақлҳо баъзан интиқоли омехтаи мустақим номида мешаванд. Молбо ёрии воситаҳои ҳамлу нақл аз макони истеҳсолот то нуқтаи истеъмолот интиқолдода мешавад. Ҳамзамон нақлиёт гӯё ҷараёни истеҳсоли молро дар ҳудуди бахшимуомилот идома дода, ба арзиши аввалаи он (нарх) арзиши бо маҳсулоти нақлиётдар вақти интиқол ба миён овардаро илова мекунад. Воситаи нисбатан умумӣ ва самаранокиинтиқоли ҳаҷми зиёди борҳо ба масофаи дурр нақлиёти баҳрӣ ба шумор меравад. Баин намуди нақлиёт қариб 80% ҳаҷми савдои байналхалқӣ рост меояд. Барои ҳамлу нақлибаҳрӣ ва ҳавоӣ коносамент истифода бурда мешавад. Коносамент (фр. Connaissement, англ, bill of lading B/L), қоғази қиматноке мебошад, ки ҳуқуқи моликиятро ба моли мушаххасидар он нишондодашуда инъикос менамояд. Барои ҳамлу нақли баҳрӣ – ин ҳуҷҷати нақлиётиемебошад, ки шартҳои шартномаи ҳамлу нақли баҳриро дар бар мегирад ва дорандааш ҳуқуқиидора кардани борро соҳиб мегардад. Мафҳуми коносамент, маълумотҳои ҳатмии он,шартҳои тартибдиҳӣ дар Кодекси баҳрнавардии тиҷоратӣ муайян карда шудаанд.Коносамент аз ҷониби таҳвилгар ба борфиристонанда дода мешавад ва воқеаибастани шартномаро тасдиқ менамояд. Коносамент ба тамоми бор дода мешавад,новобаста аз он, ки ҳамлу нақл бок адом тарз амалӣ карда мешавад: бо пешниҳоднамудани тамоми киштӣ, хонаҳои алоҳидаи киштӣ ё бе чунин шарт. Коносаментхаттӣ, чартерӣ, соҳилӣ, бортӣ мешавад. Дар коносаменти хаттӣ иродаифиристонанда инъикос карда мешавад, ки ба бастани шартномаи ҳамлу нақли борравона карда шудааст. Коносаменти чартерӣ– ин коносамент барои тасдиқи қабули боре дода мешавад, ки дар асоси чартер ҳамлунақл карда мешавад. Чартер шартномаи кирокунӣ, яъне шартнома дар бораи кирокардани киштӣ барои иҷро намудани сафар ё барои мӯҳлати муайян мебошад.Коносаменти чартерӣ ҳуҷҷат барои ба расмият даровардани шартномаи ҳамлу нақлибаҳрӣ ба ҳисоб намеравад, зеро дар ин ҳолат шартномаи алоҳидаи киро намуданикиштӣ дар шакли чартер баста мешавад. Чун коносаменти хаттӣ,коносаменти чартерӣ низ муносибатҳои байни таҳвилгар ва шахси сеюм – дорандаиконосаментро муайян мекунад. Коносамент забонхат барои тасдиқи қабули бор бароиҳамлу нақли баҳрӣ, инчунин ҳуҷҷати идоракунандаи бор мебошад, ки таҳвилгар бафиристонанда медиҳад. Ҳамзамон шартномаихариду фурӯши молҳо, инчунин дигар амалиётҳо нисбати мол тавассути коносаментбе супоридани ҷисмонии худи мол амалӣ карда мешаванд. Коносаментисоҳилӣ – коносаменте мебошад, ки барои тасдиқи қабул намудани бор азфиристонанда дар соҳил, чун қоида, дар анбори таҳвилгар, дода мешавад. Коносаменти бортӣ вақте додамешавад, ки мол ба киштӣ бор карда шудааст. Ҳангоми дарболои киштӣ қабул намудани боре, ки барои он коносаменти соҳилӣ дода шуда буд,дар коносамент дар бораи ба киштӣ бор намудани бор қайд карда шуда, санаиборкунӣ ва дигар қайдҳо нишон дода мешаванд. Баъзан коносаменти соҳилӣ боконосаменти бортӣ иваз карда мешавад. Дар коносамент чун қоғази қиматнок бояд маълумотҳои ҳатмӣ дар бораи бор мавҷудбошанд. Набудани онҳо коносаментро аз вазифаҳои ҳуҷҷати идоракунии мол маҳрум мекунад ва он дигар чунқоғази қиматнок амал намекунад. Коносамент дар якчанд нусха бароварда мешавад,ки як нусхаи он ба фиристонандаи бор супорида мешавад. Ҳангоми додани бор бо якнусхаи коносамент дигар нусхаҳои боқимонда қувваашонро гум мекунанд. Гирандаибор дар коносамент бо се роҳ муайян карда мешавад. Вобаста аз ин коносаментҳоиномӣ, ордерӣ, ва барои тақдимкунандаро фарқ мекунанд. Дарконосаменти номӣ номи гирандаимуайян нишон дода мешавад. Коносаменти ордерӣ – коносаментемебошад, ки бор ё бо фармоиши фиристонанда ё гиранда ё ин к ибо фармони бонкдода мешавад. коносаменти ордерӣ намуди нисбатан паҳнгашта дар таҷрибаи ҳамлунақли баҳрӣ ба ҳисоб меравад. Дарконосамент барои тақдимкунанда нишондода мешавад, ки он барои тақдимкунанда дода шудааст, яъне дар он ягонмаълумоти мушаххас дар бораи шахсе, ки ҳуқуқи гирифтани борро дорад, мавҷуднест ва аз ин рӯ бор дар бандари таъинот ба ҳар шахсе, ки чунин коносаментропешниҳод мекунад, бояд дода шавад. Қисматиасосии ҷараёни боркашониҳои баҳрии байналхалқиро борҳои резанда ва болоиҳамгузошташаванда (нафти хом, маҳсулоти нафтӣ, маъдан, ангишт, ғалла) ташкилмекунанд. Дар савдои байналхалқии нафту газ нақшимуҳимро системаҳои хатҳои қубурӣ мебозанд. Дарҳамлу нақли байналхалқии мусофирон мавқеи пешсафиро нақлиёти ҳавоӣ ишғолмекунад, ки бо суръати тези расонидани мусофирон дар хатсайрҳои дури сафарнисбат ба дигар намудҳои нақлиёт фарқ мекунад. Даршартномаҳои хариду фурӯши молҳо ӯҳдадориҳои ҷонибҳо оид ба таъмин намудани интиқолимолҳо дар зинаҳои гуногуни ҳаракати онҳо аз анбори таъминкунанда то анборигиранда ба тартиб дароварда мешаванд, тартиби тақсим намудани хароҷотҳои нақлиётӣва дигар хароҷотҳои ҳамроҳикунанда байни фурӯшанда ва харидор пешбинӣ кардамешаванд ва шартҳои аз фурӯшанда ба харидор гузаштани хавфи нобудшавии ногаҳонӣ ё зарарёбии мол дар роҳи ҳаракат муайян кардамешаванд. Шартномаи хариду фурӯш муносибатҳои байни фурӯшанда ва харидорротанзим менамояд ва ба муносибатҳои мутақобилаи онҳо бо интиқолкунандагон дахлнадорад. Доираи муносибатҳои харидорон ва фурӯшандагон бо интиқолкунандагон бошартномаи ҳамлу нақли аз ҷониби онҳо басташуда муайян карда мешавад. Таҷрибаисавдои байналхалқӣ навъҳои гуногуни шартҳои бунёдии таҳвили молҳоро истифодамебарад, ки бо ин ё он тарз омили нақлиётиро дар нархи савдои берунмарзӣ баинобат мегиранд. Бо банизомдарории шартҳои бунёдии шартномаҳои хариду фурӯш Палатаисавдои байналхалқӣ машғул аст. Нашри охирини қоидаҳои тафсири шартҳои бунёдӣсоли 1990 бо номи “ИНКО- ТЕРМС-90” (INCOTERMS-90) баромада буд. ДарИНКОТЕРМС истилоҳҳо ба чор гурӯҳ тақсим шуда буданд (ниг. ба ҷадвал): гурӯҳи“Е” шартҳои EXW-ро дар бармегирад, ки мувофиқи онҳо харидор моли барои боркунӣ тайёрро дар анбор (завод)– и фурӯшанда мегирад; гурӯҳи “F”шартҳоеро дар бар мегирад, ки мувофиқи онҳо фурӯшанда ӯҳдадор аст, ки молҳоро то воситаҳои нақлиёти аз ҷонибихаридор нишондодашуда дастрас намояд (шартҳои FCA,FA, FOB); гурӯҳи“С” шартҳоеро дар бар мегирад, ки пешбинӣ мекунанд, ки фурӯшанда боядшартномаи ҳамлу нақл бандад, аммо хавфи гум шудан ё зарар ёфтани молҳо ва хароҷотҳоииловагӣ, ки бо ҳодисаҳои баъди бор кардан ё фиристонидани молҳо ба миёномадаанд, бар дӯши ӯ нест (CFK, C1F,СРТ, С1РМ); гурӯҳи“Д” шартҳоеро дар бар мегирад, ки мувофиқи онҳо тамоми хавф ва хароҷотҳо,ки бо таҳвили мол ба нуқтаи таъинот алоқаманданд, бар дӯши фурӯшанда мебошанд(ДАF. ДЕS, DEQ, ДДИ ва ДДР).

Истилоҳҳое, ки ба Инкотермс-90 ворид карда шудаанд

Гуруҳ Рамз Шарт
«E» EXW Франко-завод
«F» FCA FAS FOB Франко-таҳвилгар Озод аз аввал то охири борти киштӣ Озод дар борт
«C» CPP CIF CPT CIP Арзиш ва фрахт Нарх, суғурта, фрахт Интиқол пардохт карда шудааст, то … Нархи интиқол ва суғурта пардохт карда шудаанд, то…
«Д» ДAF ДES ДEQ ДДИ ДДP То сарҳад расонида шуд То киштӣ расонида шуд То бандар расонида шуд Бе пардохти боҷ расонида шуд Бо пардохти боҷ расонида шуд

Ҷараёни бурдарасонидани мол дар савдои байналхалқӣ дар бар мегирад: а) ҳамлу нақли мол бо ҳудуди мамлакати содироткунанда аз нуқтаи истеҳсолиидохилӣ А то нуқтаи наздисарҳадӣ (бандар)–и Б мамлакати содироткунанда (фурӯшанда); б) ҳамлунақли баҳрӣ ё транзити байналхалқӣ аз нуқтаи Б то нуқтаи наздисарҳадӣ(бандар)-и В мамлакати воридоткунанда (харидор) дар ҳолате, ки мамлакатҳо-шариконсарҳади умумии хушкӣ надоранд; в)ҳамлу нақли мол бо ҳудуди мамлакати воридоткунанда аз нуқтаи В то нуқтаидохилии истеъмоли мол Г. Амалиётҳоинақлиётии байналхалқӣ амалиётҳое ба ҳисоб мераванд, ки бо ҳаракати борҳоисавдои берунмарзӣ дар қитъаҳои хатсайри ҳамлу нақли нисбати мамлакативоридоткунанда ва мамлакати содироткунанда берунаи Б – В алоқаманд мебошанд.Муносибатҳои ҳуқуқие, ки дар чунин амалиётҳои нақлиётӣ байни фиристонанда ва қабулкунанаибор, инчунин байни онҳо ва интиқолкунандагон ба миён меоянд, хислати байналхалқӣдоранд. Хизматрасониҳои нақлиётӣ – ин молимахсуси савдои байналхалқӣ мебошанд. Хизматрасониҳои нақлиётии байналхалқӣ дарбозорҳои нақлиётии байналхалқӣ хариду фурӯш карда мешаванд. Нархҳоихизматрасониҳои нақлиётӣ ва шартҳои пешниҳод намудани онҳо дар як ҳолат объектигуфтушунид байни ҷонибҳои манфиатдор ба ҳисоб мераванд, дар дигар ҳолат аз ҷонибихуди интиқолкунандагон муайян карда мешаванд. Самаранокииҳамлу нақли нақлиётӣ бисёр вақт бо муносибатҳои логистикӣ бо он муайян кардамешавад. Логистика(аз юнонӣ logike – мантиқ) – ин муайян кардани усулҳои нисбатан самараноки фаъолиятитиҷоратӣ, пеш аз ҳама бо роҳи ҳаракати мол мебошад. Дар айни замон системаи нақлиётиипанаврупоӣ ташаккул ёфта истодааст. Долонҳои нақлиётии мултимодалии байналхалқӣбо чунин шароит сохта мешаванд, ки ба боркашониҳои параллелие, ки метавонанд фаъолиятииқтисодии занҷираҳои амалкунандаро вайрон кунанд, роҳ дода нашавад. Дар Аврупоаксар вақт байни ҳамлу нақлҳои мултимодалӣ ва омехта сарҳад мегузоранд. Ҳамлу нақлҳои мултимодалӣ – ин ҳамлунақле мебошанд, ки модулҳо – бор дар контейнерҳо борбандӣ шуда дар “пакетҳо”дар зарфмонакҳо ё трейлер интиқол дода мешаванд. Бафаъолияти иқтисодии берунмарзӣ муассисаҳои алоқа низ машғул мешаванд. Нисбатимуросилотҳои почтавии байналхалқӣ қоидаҳои гумрукии гузаронидани молҳотавассути сарҳади гумрукӣ амал мекунанд. Ин қоидаҳо ҳам барои мамлакатҳои ИДМва ҳам барои мамлакатҳои хориҷи дур якхела мебошанд. Назоратигумрукии муросилотҳои почтавии байналхалқӣ, чун қоида, бояд бо тартиби интихобӣгузаронида шавад. Ҳадафи асосии он пешгирӣ намудани интиқоли молҳои мамнӯъ (яроқ,маводи мухаддир, маводҳои тарканда, сахттаъсири заҳролуд, радиоактивӣ ва ғ.),инчунин бе иҷозатномаҳои дахлдор баровардани арзишҳои фарҳангӣ мебошад. Ба миқдори камгузаштан аз меъёрҳои муқаррарнамудаи иҷозати ашёҳо наметавонад асос бароибаргашта ба фиристонандагон фиристодани чунин муросилотҳои почтавии байналхалқӣгардад. Нақши муҳимродар алоқаҳои иқтисодии берунмарзии муосир мубодилаи иттилоотии байналхалқӣ бозӣмекунад. Мубодилаииттилоотии байналхалқӣ – ин супоридан ва гирифтани маҳсулоти иттилоотӣва росонидани хизматрасониҳои иттилоотӣ ба як мамлакат тавассути сарҳадидавлатии мамлакати дигар мебошад. Объектҳоимубодилаи иттилоотии байналхалқӣ иттилооти ҳуҷҷатноккардашуда, захираҳоииттилоотӣ, хизматрасониҳои иттилоотӣ, воситаҳои мубодилаи иттилоотии байналхалқӣба ҳисоб мераванд. Иттилооти ҳуҷҷатноккардашуда – ин ҳуҷҷат,яъне иттилооте мебошад, ки дар ҳомили моддӣ бо маълумотҳои зарурӣ сапт кардашудааст ва имконият медиҳад то он шинохта шавад. Он ба оммавӣ ва махфӣ тақсиммешавад. иттилооти оммавӣ барои доираи номаҳдуди шахсон пешбинӣ карда шудааст.Инҳо алоқаҳои чопӣ, овозӣ, аудиовизуалӣ ва дигар алоқаю маводҳо мебошанд. Иттилоотимахфӣ ба гурӯҳи маҳдуди шахсон пешбинӣ карда шудааст. Захираҳои иттилоотӣ аз ҳуҷҷатҳо ва ҷамъиҳуҷҷатҳои алоҳида, ҳуҷҷатҳо ва ҷамъи ҳуҷҷатҳои дар системаҳои иттилоотӣ(китобхонаҳо, бойгониҳо, хазинаҳо ва ғ.) ҷойгирбуда иборат мебошанд. Маҳсулот(ё маҳсулотҳо) – и иттилоотӣ иттилооти мувофиқи талаботи истифодабарандагонтаййёр ва ҳуҷҷатноккардашуда, мебошад, ки барои қонеъ гардонидани талаботиистеъмолкунандагон – истифодабарандагон пешбинӣ карда шудааст ё истифода кардамешавад. Хизматрасониҳои иттилоотӣ – инамали субъектон (соҳибон ва дорандагон) оиди бо маҳсулоти иттилоотӣ таъминнамудани истифодабарандагон мебошад. Воситаҳоимубодилаи иттилоотии байналхалқӣ аз системаҳои иттилоотӣ, шабака вашабакаҳои алоқа иборат мебошанд, ки ҳангоми мубодилаи иттилоотии байналхалқӣистифода бурда мешаванд. Объектҳоимубодилаи иттилоотии байналхалқӣ ба объектҳои ҳуқуқи моликиятии соҳибмулкондохил мешаванд ва ба таркиби моликияти онҳо дохил карда мешаванд. Муносибатҳое, ки бо ҳуқуқимоликият алоқаманд буда, дар натиҷаи иҷро кардан ё гирифтани хизматрасониииттилоотӣ ба миён омадаанд, бо шартнома дар байни соҳибмулк ё дорандаи маҳсулотииттилоотӣ ва истифодабарандагон муайян карда мешаванд. Расонидани хизматрасониииттилоотӣ барои истифодабаранда ҳуқуқи муаллифӣ барои иттиллоти ба даст овардаиҳуҷҷатноккардашударо ба вуҷуд намеорад. Дар солҳоиохир дар бозори байналхалқии хизматрасониҳои иттилоотӣ ва таблиғотӣ шабакаи Internet(Интернет) васеъ истифода бурда мешавад. Онба фурӯшанда имконият медиҳад, ки: а) маҳсулоти худро ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам дар сатҳибайналхалқӣ таблиғ намояд. Ҳамзамон таблиғот метавонад на танҳо хислати умумӣдошта бошад, балки бо нишон додани суратҳои мол, тавсифи борҷома, шартҳоиборкунӣ ва ғ. муфассал карда шавад, илова бар ин феҳрасти молҳо метавонад ҳар қадарвасеъ бошад; б) ширкат (корхона) – и худро бо мақсадиба ҳамкорӣ ҷалб намудани шарикони хориҷию ватанӣ таблиғ намояд; в)конъюнктураи нархии бозорро зуд-зуд мушоҳида намояд; г) лоиҳаҳои худро барои ҷалб намуданисармоягузорон таблиғ намояд; д)низоми фармоиши моли фурӯхташавандаро ҳам аз тарафи намояндагони савдои худ ва ҳамаз ҷониби харидорон ташкил кунад; е)ҳамкории мутақобили фавриро бо намояндагони савдои худ бо ёрии почтаи электронӣва дастрасии мустақим ба захираҳои иттилоотии шарикон ташкил кунад;

ба харидор:

а) ёфтани ширкатҳое, ки моли заруриро мефурӯшанд; б) баконъюнктураи бозор баҳо дода, ширкати мувофиқ – харидори моли заруриро интихоб намояд; в) ба ширкатҳоифурӯшанда бо ёрии почтаи электронӣ дархостҳои мушаххаскунанда фиристад ва ҷавобгирад; г) молро фармоиш диҳад; д) пешниҳодкунандаихизматрасониҳои нақлиётии экспедиториро интихоб кунад; е) таҳвили намудани боррофармоиш диҳад; ж) дар ояндаи на он қадардурр пардохтҳоро анҷом диҳад.

Ҳам харидоронва ҳам фурӯшандагон метавонанд аз Интер­нет барои пайдо намудани иттилоотимаълумотии хислати гуногун оид ба қонунгузорӣ, қоидаҳои гумрукӣ, шартҳоипардохт, ахборот аз биржаҳо ва ғ. истифода баранд. Интернетимрӯз аз маҷмӯи истифодабарандагони иттилоот ва компютерҳо-серверҳои иттилоотиидар байни худ пайвасткарда иборат мебошад, ки дар онҳо иттилооти гуногун нигоҳдошта мешавад. Ин иттилоот асосан тавассути технологияи “тори анкабути ҷаҳонӣ” “World Wide Web“(ихтисоран – WWW ё WEB)дастрас мебошад. Ин технология чунин номро барои он соҳиб шудааст, ки ҳар якисифодабаранда новобаста аз макони ҷуғрофии ҷойгиршавии серверҳо озодонаметавонад аз як сервер ба дигараш гузарад ва бо ин гузаштанҳояш гӯё Ҷаҳонро ботор мепечад. Сервер (аз англ, serve –хизмат расонидан) – ин намояндагии ширкат (корхона) дар шабакаи Интернетмебошад. Ҳарширкат метавонад бо осонӣ WEB-маркази худро бодизайни худ ва пешниҳод намудани иттилоот дар ҳаҷми лозима ташкил намояд. Барои корисамаранок дар шабака доштани шабака бо имконияти гузарониши на кам аз 64 Кбит/сзарур аст. Серверҳоииттилоотӣ ба ғункунии ин ё он иттилоот махсус гардонида мешаванд. Барои ҳаминсерверҳо доираи муштариёни худро доранд, ки аз онҳо дидан менамоянд (иттилоотротамошо мекунанд). Одатан тасвири ҳар як сервер ба системаҳои ҷустуҷӯии глобалиимахсус ворид карда шудаанд, аз ин рӯ вақте истифодабаранда серверҳои иттилоотииба ӯ заруриро дар Интернет (аз рӯи калимаҳои калидӣ) ҷустуҷӯ мекунад, ба ӯ рӯйхатичунин серверҳо пешкаш карда мешавад. Серверҳое мавҷуданд, ки шумораи зиёдиистифодабарандагонро бо манфиатҳои махсуси муайян доро ҳастанд. Серверҳои на онқадар маълум низ ҳастанд, ки на он қадар машҳур буда, истифодабарандагони камдоранд. Дар бизнес ҳангоми ташкили сиёсатимаркетингӣ ва ҷойгир намудани таблиғот ба инобат гирифтан зарур аст, ки таблиғотдар кадом сервер ҷой дода мешавад. Бо ин мақсад бояд серверҳои махсусро ҷустуҷӯнамуд, ки бо иттилоот дар соҳаи бизнес сару кор доранд. Боз якчандусулҳои таблиғот дар Интернет мавҷуданд, ба монанди: • ба ҳар тараф фиристодани пешниҳодҳо тавассутисистемаи телеконференсияҳо, мустақиман паҳн намудани пешниҳодҳо тавассутипочтаи электронӣ ва ғ. Пешниҳодиташкил намудани www-сервер “таҳти калид” дар ҳудудифармоишгар пешниҳод намудани шабакаи Интернет, таъминоти дастгоҳҳо ва барномаҳоисервериро дар бар мегирад. Миқёсинамояндагӣ дар шабака метавонанд гуногун бошанд. Ширкатҳое, ки сервери худро пешкашмекунанд, чун қоида, вариантҳои гуногуни ҷойгиркунии таблиғотро пешниҳодмекунанд. Онҳо метавонанд чунин бошанд: а) варақаи боздид. Ин www –саҳифаи на он қадар калон бо иттилооти асосӣ дар бораи ширкат ва фаъолияти он,хосият ва нархи хизмарасониҳои пешниҳодшаванда мебошад. Одатан www –саҳифа бо истинод ба суроғаи электроние ҳамроҳ карда мешавад, ки ҳар шахсметавонад дарҳол бо шахси васлкунанда алоқа намуда, тафсилҳои заруриро аниқнамояд. б)дарахти www – саҳифаҳо. Дар шабака дарахти www –саҳифаҳо ҷойгир карда мешавад, ки бо истинодҳои матнӣ ва графикӣ алоқамандмебошанд, ё ба гуфти дигар сервери виртуалӣ сохта мешавад. Арзишнокии шабакаи Интернет пеш аз ҳамадар имконияти робита дар реҷаи вақти воқеӣ бо ҳар сарчашмаи иттилоотӣ мебошад. Иттилоот танҳо вақте арзишманд ба ҳисобмеравад, ки ба гирандаи зарурӣ дар вақти зарурӣ рассад. Бароиҳамин, барои фаъолияти шабакаи Интернет унсурҳои зерсохтор аҳамияти махсусдоранд, яъне он захираҳо, он системаҳое, ки сифати шабакаи Интернет аз онҳовобаста аст ва ба истифодабаранда имконият медиҳанд, то иттилооти заруриашро бадаст орад. Ба захираҳои нишондодашуда пеш аз ҳама системаи суроғавӣ дарИнтернет ва нуқтаи мубодилаи трафикро дохил намудан зарур аст. Трафик– (англ, trqfic – ҳаракат, шумораи барномаҳои радио ва ғ.) –ин иттилоотест, ки тавассути шабака паҳн карда мешавад. дарсолҳои охир намуди нави алоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ – хизматҳои байналхалқииаудиторон пайдо шуда, фаъолона рушд мекунад. Дар ҷаҳон зиёда аз 40 шабакаҳои муҳосибиибайналхалқии глобалӣ (NAF) амал мекунанд, ки ба мизоҷон хизматрасониҳо оид ба аудитропешниҳод мекунанд.

273
Нет комментариев. Ваш будет первым!