Бозори байналхалкии асъор ва фаъолияти бонкхо

Иқтисодиёти ҷаҳонӣ наметавонад бе бозори молиявии инкишофёфта, ки бозориасъорӣ қисми таркибии он ба шумор меравад, вуҷуд дошта бошад. Бозориасъор аз маркази молиявии расмӣ иборат аст, ки дар он хариду фурӯши асъор ва қоғазҳоиқиматнок бо асъор дар асоси талаботу пешниҳод ба онҳо ҷамъ оварда шудаанд. Аз нуқтаи назари вазифавӣ бозори асъорамалӣ намудани ҳисоббаробаркуниҳоибайналхалқии муосир, суғуртакунӣ аз хавфҳои асъорӣ, диверсификатсияи захираҳоиасъорӣ, интервенсияи асъорӣ, ба даст овардани фоидаи иштирокчиёни онро даршакли фарқ байни қурбҳои асъор таъмин менамояд. Интервенсияи асъорӣ – ин амалиётҳои мақсаднок оид ба харидуфурӯши асъори хориҷӣ барои маҳдуд намудани динамикаи қурби асъори миллӣ дар ҳудудҳоимуайяншудаи болоравӣ ва поёнравии он мебошад. Азнуқтаи назари институтсионалӣ бозори асъор аз маҷмӯи бонкҳо, биржаҳои асъорӣ вадигар институтҳои молиявӣ иборат мебошад. Азнуқтаи назари ташкилӣ-техникӣ бозори асъор ин маҷмӯи системаҳои телеграфӣ,телефонӣ, телексӣ, электронӣ ва ғ. мебошад, ки бонкҳои мамлакатҳои гуногунро,ки ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ, амалиётҳои қарзӣ ва дигар амалиётҳоиасъориро амалӣ мекунанд, ба сиситемаи ягона пайваст мекунад. Азрӯи паҳншавӣ бозори асъор ба бозорҳои байналхалқӣ ва дохилӣ тақсим мешавад. Ҳам бозори байналхалқӣва ҳам бозори дохилӣ аз як қатор бозорҳои минтақавӣ иборат мебошанд, ки азтарафи марказҳои молиявӣ (бонкҳо, биржаҳо) дар минтақаҳои алоҳидаи ҷаҳон ёмамлакати мазкур ташкил карда мешаванд. Бозорибайналхалқӣ бозори асъори тамоми мамлакатҳои ҷаҳонро фаро мегирад. Таҳти онҳозанҷири байни худ бо системаи робитаҳои кабелӣ ва радифӣ пайванднамудаи бозорҳоиасъории минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаҳмида мешавад. Байни онҳо ҳаракати воситаҳовобаста аз иттилоот ва пешгӯиҳои ҷории иштирокчиёни пешбари бозор доир ба ҳолатиэҳтимолии асъорҳои алоҳида вуҷуд дорад. Дар айни замон бозорҳои Оссиёгӣ (бомарказҳо дар Токио, Гонконг, Сингапур, Мелбурн), Аврупоӣ (Лондон, Франкфуртилаби Майн, Сюрих), Амрикоӣ (Ню-Йорк, Чикаго, Лос-Анҷелос) – ро ҷудо намуданимумкин аст. Аз сабаби дар минтақаҳои гуногуни соат ҷойгир шудани бозорҳоиасъори минтақавии ҷаҳон гуфтан мумкин аст, ки бозори асъори байналхалқӣ шабонарӯзкор мекунад. Дар бозорҳои минтақавии ҷаҳон одатан на ҳамаи асъорҳо нарх мондамешаванд, танҳо асъорҳое нарх монда мешаванд, ки аз тарафи иштирокчиёни онбештар истифода бурда мешаванд, яъне воҳидҳои пулии маҳаллӣ ва як қатор асъорҳоиозод мубодилашаванда, пеш аз ҳама асъорҳои захиравӣ нарх монда мешаванд. Ҳамзамон,дар натиҷаи фарқ дар вақт қурби асъорҳои пешбар (яъне захиравӣ), ки дар бозорҳоигуногун ё дар ҳамон як бозор дар вақтҳои гуногун нарх монда мешаванд, ҳангоминигоҳ доштани тамоюлҳои умумӣ фарқмекунанд. Бонкҳое, ки дар бозорибайналхалқии асъор амал мекунанд, низоми бонкии байналхалқиро ташкил мекунанд.Ин низом бо гурӯҳи муайяни қоида ва қонунҳо, ки низоми байналхалқии асъорроташкил мекунанд, танзим кардамешавад. Низомибайналхалқии асъор – низоми пулии ҷаҳонии тамоми мамлакатҳо мебошад, ки дардоираи он захираҳои асъорӣ ташкил ва истифода карда шуда, гардиши байналхалқиипардохтҳо амалӣ карда мешаванд. Ба таври дигар низоми байналхалқии асъор гурӯҳимуайяни воситаҳои пардохтии байналхалқӣ (асъори озод мубодилашаванда, асъорҳоиколлективии байналхалқӣ); реҷаи мубодилаи асъор; аз он ҷумла қурби асъорҳо ва ҳампоягииасъорӣ; шартҳои мубодилашавӣ; механизмҳои таъмин намудани воситаҳои пардохтиюасъории гардиши байналхалқӣ; ба тартиб дарорӣ ва ба шакл даровардани шаклҳои ҳисоббаробаркуниҳоибайналхалқӣ; реҷаҳои бозорҳои байналхалқии асъор ва тилло; мақоми институтҳоибайнидавлатие, ки муносибатҳои асъориро ба танзим медароранд; шабакаҳои миллӣва байналхалқии муассисаҳои бонкӣ, ки амалиётҳои ҳисоббаробаркунӣ ва амалиётҳоиқарзии бо фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ алоқамандро амалӣ менамоянд, иборатмебошад. Ҳадафи ниҳоии фаъолияти низоми байналхалқии асъор аз таъминнамудани самаранокии савдои байналхалқии молу хизматҳо ва даст ёфтан баманфиати мутақобили иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ иборат мебошад.Ин ба низоми байналхалқии асъор талаботҳои баландро пешниҳод менамояд. Барои ҳаминин низом дар ташаккули худ чунин давраҳоро аз сар гузаронидааст: Низоми асъори Париж (солҳои 1816 – 1914). Асоси онро стандарти тангаи тилло ташкилмекунад, яъне шакли хусусӣ (анъанавӣ)-и стандарти тиллоӣ, ки бо истифодаи тиллова тангаҳои тиллоӣ ба сифати пул алоқаманд аст. Аз соли 1816 (аввалин маротибарасман дар Британияи Кабир ҷорӣ карда шуд) то соли 1914 амал кард. Ба асосинизоми асъори Париж (1867) гузошта шуд. Аломатҳои хоси стандарти тангаи тиллочунинанд: бо тилло ҳисоб кардани нархҳои молҳо, муомилоти тангаҳои тиллоӣ ва азҷониби сиккахонаҳои давлатӣ бе маҳдудият барои ҳар молик; мубодилаи бемамониатипулҳои қарзӣ бо тангаҳои тилло аз рӯи номинал; набудани маҳдудият ба содирот ваворидоти тилло; дар бозори дохилӣ дар қатори тангаҳои тилло дар муомилот будани пулҳои қоғазии давлатӣ.

I. Низоми асъори Париж тиллоро ба сифатипули ҷаҳонии ягона эътироф намуд. Бонкҳо пулҳои қоғазиро озодона бо тилло ивазмекарданд. Ҳамзамон дар мамлакатҳои мутараққӣ миқдори тилло дар таркиби воҳидипулии миллӣ яъне ҳампоягии тиллоӣ бо қонун ба қайд гирифта мешуд. Ҳампоягиитиллоӣ – таносуби воҳиди пулии мамлакатҳои гуногун аз рӯи миқдори расмии тиллоидар таркибашон буда мебошад. Ҳамчун асос барои қурбҳои асъор хизмат мекард васоли 1978 аз ҷониби Хазинаи байналхалқии асъор (МВФ) бекор карда шуд. Баъдтар, вақте ки тангаҳои тиллоӣаллакай бароварда намешуданд, стандарти сабиқаи тилло ҷорӣ карда шуд, яънешакли ихтисоркардашудаи стандарти тангаи тилло, ки мубодилаи пулҳои қарзиро басабиқаҳои тилло бо вазни то 12,5 кг пешбинӣ менамуд. Барои амалӣ намудани чунинмубодила ба бонк пешниҳод намудани маблағи пулии калон лозим буд. Чунин вазъиятбоиси аз бахши муомилот ба гардиши байналхалқии яклухт танг карда шудани тиллогардид. Стандарти сабиқаи тилло аз соли 1914 то соли 1941 амал кард. Стандартитиллоӣ ба андозаи муайян нақши танзимкунандаи автоматии истеҳсолот, алоқаҳои иқтисодииберунмарзӣ, муомилоти пулӣ, тавозунҳои пардохт ва ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқиробозӣ менамуд. Оҳиста-оҳистадар ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ дар қатори тилло фунт-стерлинг ва доллариИМА низ истифода бурда мешуданд. Ҳамин тавр стандарти тиллою девизӣ пайдо гашт,ки асоси низоми асъори Генуяро ташкил намуд.

  1. Низоми асъори Генуя (солҳои 1922 -1944). Ба асоси он стандартитилло-девизӣ гузошта шуд, яъне шаклиихтисоркардашудаи стандарти тиллоӣ, ки мубодилаи пулҳои қарзиро ба девизҳоиасъори мамлакатҳои бо стандарти сабиқаи тилло ва баъдан ба тилло пешбинӣменамуд. Ҳангоми стандарти тилло-девизӣ асъори як мамлакатҳо дар вобастагӣ баасъори мамлакатҳои дигар қарор мегирифтанд, ки беқурбшавии онҳо ноустуворииасъорҳои тобеъро ба миён меовард. Аз соли 1922 то соли 1971 амал кард.
  1. Низоми асъори Бреттонвуд (солҳои 1944-1976)<strong/>

Дар низомиасъори Бреттонвуд баъзе монандиҳои стандарти тилло-асъорӣ нигоҳ дошта шуданд,ки махсусияташ дар он буд, ки якум, стандарти тилло-девизӣ танҳо барои бонкҳоимиллӣ амал мекард ва дуюм, танҳо доллари ИМА (яъне фақат як асъори ягона) ботилло иваз карда мешуд. Дар асл ин стандарти тилло-долларӣ буд. Дар низомиасъори Бреттонвуд хусусияти номуташаккил-автоматии ҳисоббаробаркуниҳоибайнидавлатӣ бо тақвият ёфтани танзими давлатӣ ва ғайридавлатӣ омезиш меёфт.

Принсипҳоиасосии ин низоми асъор чунин буданд: а)нигоҳ доштани вазифаи пули ҷаҳонӣ аз ҷониби тилло бо якҷоя ба сифати асъорҳоизахиравӣ ва пардохтии байналхалқӣ истифода бурдани воситаҳои пулии миллӣ (пешаз ҳама доллари ИМА); б) ӯҳдадориимамлакати асъори захиравӣ барои иваз намудани он ба тилло бо муассисаҳои ҳукуматиихориҷӣ ва бонки марказӣ бо қурби расмӣ (35 доллари ИМА барои як унсияи троягӣ); в)дар асоси ҳампоягии асъор, ки бо ХБА мувофиқа карда шудааст ва бо тилло вадоллари ИМА инъикос мегардад баробар ва мубодила намудани асъор; г) пайванди мустаҳками асъорҳо ба доллар (дур шудани имконпазири қурбҳои бозорииасъорҳо-на зиёда аз 1%). Танзими байнидавлатии муносибатҳои асъорӣва танзими онҳоро ХБА амалӣ мекард, ки барои бартараф кардани мушкилиҳои муваққатииаз сабаби номувозинатии ӯҳдадориҳои мутақобила ба миён омада ҳуқуқи бо шартҳоиимтиёзнок пешниҳод намудани қарзҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмддатро дошт. Низомиасъори Бреттонвуд аз механизми асъорие иборат буд, ки доллари ИМА-ро дарпардохтҳои байналхалқӣ дар мавқеи имтиёзнок қарор медод. Соли1969 ХБА барои ҳисоббаробаркуниҳо “Ҳуқуқҳои махсуси қарзгирӣ”(СДР)-ро ҷорӣ намуд ва стандарти тилло-девизӣ бо стандарти СДР иваз карда шуд.Моҳи августи соли 1971 ҳукумати ИМА фурӯши сабиқаҳои тиллоро ба доллар расман қатънамуд.

IV. Низоми асъори Ямайка (аз соли1976 – то имрӯз).

Моҳи январи соли 1976бо созишномаи мамлакатҳои аъзои ХБА дар конференсия дар Кингстон (Ямайка) баНизомномаи ХБА тағйироти дуюм гузаронида шуд. Бо ин созишнома мақоми тиллобознигарӣ карда шуда, қурбҳои шинокунандаи асъор ҷорӣ карда шуданд. Принсипҳоиасосии низоми асъори Ямайка чунинанд: гузаштаназ стандарти тилло-девизӣ ба стандарти мултиасъории бозорӣ. Расман стандартиСДР (Special Drawing Rights – ҳуқуқҳои махсуси қарзгирӣ) ҷорӣкарда шуд ва СДР базаи низоми асъорӣ ва асоси ҳампоягиҳои асъорӣ эълон кардашуд. СДРба асъорҳои коллективии байналхалқӣ мансуб буда, барои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиибайниҳукуматии мамлакатҳои аъзои ХБА бо роҳи қайд намудан дар суратҳисобҳоимахсус истифода бурда мешавад. Ба гуфти дигар СДР шакли моддӣ надорад ва танҳоасъори қайдӣ ба ҳисоб меравад. Қурби СДР дар асоси сабади асъорӣ муайян кардамешавад. Сабадиасъорӣ – ин усули муқоиса намудани қурби миёнабаркашидаи асъори коллективӣнисбати гурӯҳи муайяни асъорҳои миллии дигар мебошад. Шумораи асъорҳо дар гурӯҳ,таркиби онҳо ва андозаи қисматҳои асъорӣ, яъне миқдори воҳиди ҳар асъор дар гурӯҳ,озодона муайян карда мешаванд. Ба сабади асъории СДР доллари ИМА, евро,фунт-стерлинги Британияи Кабир ва йенаи Ҷопон дохил мешаванд. мисоли ҳисобнамудани қурби СДР дар ҷадвал оварда шудааст.

Мисоли ҳисоб кардани қурби СДР нисбат бадоллари ИМА

Таркиби сабади асъорӣ Компонентҳои асъорӣ Қурби асъор ба 1 доллари ИМА* Эквивалент бо доллари ИМА
Доллари ИМА 0,5720 1,0000 0,5720
Маркаи Олмон 0,4530 1,7128 0,2645
Франки Фаронса 0,8000 5,8015 0,1379
Фунт стерлинги Англия 0,0812 1,6374** 0,1330***
Йенаи Ҷопон 31,800 116,0510 0,2740
Ҷамъ 1 воҳиди СДР 1,3814

Эзоҳ:

* Қурб бо доллар дар асоси таварруми ҳаррӯзаиБонки Англия дар бораи қурбҳои миёнаи асъор дар нисфирӯзӣ барои ХБА бо мақсадиҳисоб намудани қурби СДР муайян карда мешавад.

** Ҳамчун воҳид фунтстерлинг қабул карда шудааст (яъне, котировкаи баръакс).

*** Қатори 1 ба қатори2 зарб карда мешавад.

Ҳамин тавр, 1 СДР – 1,3814дол.

Аз ҷиҳатиюридикӣ бекор кардани вазифаи пулии тилло (демонетизатсия) ба охир расид ва индар инъикоси худро чунин пайдо намуд: нархи расмии фиксажнамуда ба тилло бекоркарда шуд, қурби бозории шинокунандаи тилло ҷорӣ карда шуд, ки дар савдоибиржавӣ муайян карда мешавад, ҳампоягиҳои тиллоӣ бекор карда шуданд ва ба тиллоиваз намудани долларҳо қатъ гардид. Демонетизатсияитилло – ин аз дороии молиявӣ ба мол табдил додани тилло, ки дигар чунвоситаи пардохт байни бонкҳои марказии мамлакатҳо истифода бурда намешавад ваба бахши муомилоти молӣ мегузарад (масалан, содирот карда мешавад). Ба тавридигар, ин ҷараёнест, ки тилло оҳиста-оҳиста вазифаҳои пулии худро гум мекунад. Он ду ҷанбаро доро мебошад:

  • юридикӣ(де – юре) ва воқеӣ (де – факто). Ба охир расидани демонетизатсияи тилло аз ҷиҳатиюридикӣ бо низоми асъори Ямайка мустаҳкам карда шуд. Аммо дар Низомномаи ХБАтилло чун дороии захиравии байналхалқӣ мустақиман инкор карда нашудааст, аз инрӯ демонетизатсияи тилло воқеан ба анҷом нарасидааст. Демонетизатсияи воқеиитилло бо шароитҳои ҳақиқии истеҳсолоти молӣ, иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳоиасъорӣ муайян карда мешавад;
  • бамамлакатҳо ҳуқуқи интихоб намудани ҳар реҷаи қурби асъор (фиксажкардашуда ё шинокунанда)дода шудааст;
  • танзимибайниҳукуматӣ тавассути ХБА тақвият дода шудааст.

Дар Аврупо, ки Иттиҳоди Аврупо ташкилкарда шудааст, низоми асъории аврупоӣ амал мекунад. Низоми асъории аврупоӣнизоми асъории минтақавӣ ба ҳисоб меравад ва зерсистемаи низоми асъори Ямайкамебошад. Принсипҳои асосии низоми асъори аврупоӣ чунинанд:

  • дарасъори коллективии аврупоӣ евро ба вуҷуд меояд. Қурби евро низ бо усули сабадиасъорӣ муайян карда мешавад. Ба сабади асъории он дохил мешаванд: маркаи олмонӣ,фунт-стерлинги англисӣ, франки фаронсавӣ, лираи итолёвӣ, гулдени ҳолландӣ,франки белгиягӣ, кронаи чехӣ, фунти ирландӣ, драхмаи юнонӣ ва франки люксембургӣ. СДРва евро асъорҳои коллективии ҷаҳонии ягона нестанд. Дар ҷахон зиёда аз даҳасъорҳои коллективӣ мавҷуданд. Аксари онҳо воҳидҳои пулии ҳисобии байналхалқӣба шумор рафта, дар зинаи ибтидоии ташаккул қарор доранд. Ба онҳо мансубанд:динори ҳисоббаробаркунии арабии Хазинаи арабии асъор; франки КФА – мустамликаҳоифаронсавӣ дар Африқо; песои андии Аҳдномаи андӣ; доллари шарқикарибии Бозориумумии Кариб. Бонкҳо дарасоси низоми асъори амалкунанда фаъолияти байналхалқии худро амалӣ мекунанд. Фаъолиятибайналхалқӣ ё иқтисодии берунмарзии бонкҳо, ки бэнкинг (англ. banking –фаъолияти бонкӣ) номида мешавад, унсурҳои зеринро дар бар мегирад: воҳидҳоиташкилии хориҷии бонк; муносибатҳои байналхалқии муросилотӣ; интиқолҳои асъориибонкӣ; принсипҳои қарзҳои байналхалқии бонкӣ; дигар хизматрасониҳои байналхалқиибонкӣ. Ба таври дигар, бэнкинг – ин бизнеси бонкии байналхалқӣ мебошад. Бонкфаъолияти иқтисодии берунмарзии худро тавассути ташкили департаменти байналхалқӣ,филиали хориҷӣ, бонки фаръӣ ва тавассути муносибатҳои муросилотӣ бо бонкҳоиватанӣ амалӣ менамояд. Ҳамзамон департаменти байналхалқии бонк бояд ҷозибадорииалоқаҳои хориҷиро бо хароҷотҳои қобили қабули онҳо муқоиса намояд. Департаментибайналхалқӣ монанди бонки хурд мебошад. Он амалиётҳои зеринро дар бозоримолиявии байналхалқӣ иҷро мекунад: амонатҳо мекушояд; маблағҳои худро дар дигармуассисаҳои қарзӣ ба амонат мемонад; бар ивази ҳисобҳо дар китобҳои худ чекҳоропардохт мекунад ва бар ивази фондҳои худ дар хориҷа чек менависад; интиқолҳоро қабулва пардохт мекунад; трансфертҳои воситаҳои пулиро амалменамояд; супоришҳоидаромад ва баромадро инкассатсия мекунад; ба қарзгирони дохилӣ ва хориҷӣ қарзмедиҳад; муносибатҳои муросилотии бонкиро барқарор медорад ва дигар амалиётҳороиҷро менамояд. Амалиётҳо тавассути муносибатҳои муросилотӣ бо бонкҳои хориҷӣ,тавассути филиал ва бонкҳои фаръӣ амалӣ карда мешаванд. Филиалҳои хориҷӣ гурӯҳи пурраихизматрасониҳои бонкиро пешниҳод мекунанд. Бонкифаръии хориҷӣ – ин бонки муштарак ё ширкати хориҷӣ мебошад, ки бонки ватанӣ азболои он назорат мекунад. Фаъолиятибонкии байналхалқӣ ба муносибатҳои муросилотӣ такя мекунад, ки барои трансферткардани пулҳо, мубодилаи асъор, маблағгузории савдои байналхалқӣ чун асосхизмат мекунанд. Корреспондентбонке (ё ширкати молиявӣ) ба ҳисоб меравад, ки манфиатҳои бонки дигарро аз ҳисобиӯ дар минтақаи мазкур намояндагӣ мекунад ва супоришҳои молиявӣ ва тиҷоратии ӯроиҷро мекунад. Муносибатҳои муросилотӣ – ин муносибатҳоишартномавии байни муассисаҳои қарзӣ барои амалӣ кардани пардохтҳо ва ҳисоббаробаркуниҳобо супоришҳои ҳамдигар мебошанд. Шартномаикорреспондентӣ – созищнома байни ду ё якчанд бонкҳо дар бораи мавҷудияти пардохтҳова ҳисоббаробаркуниҳои яке аз онҳо бо супориш ва аз ҳисоби дигарӣ мебошад. Шартномаҳоиқарзии мӯҳлатнок (бо ҳуқуқи дароз кардан) ва бемӯҳлат мавҷуданд. Суратҳисобикорреспондентӣ – суратҳисобе мебошад, ки дар он ҳисоббаробаркуниҳое инъикосмеёбанд, ки аз ҷониби муассисаи қарзӣ бо супориш ва аз ҳисоби муассисаи қарзиидигар дар асоси шартномаи корреспондентии басташуда анҷом дода шудаанд. Суратҳисобҳои корреспондентӣ оид ба ҳисоббаробаркуниҳоибайналхалқӣ ба ду намуд ҷудо мешаванд: суратҳисобҳои “Ностро” васуратҳисобҳои “JIopo”.

Суратҳисоби“Ностро” ин:

  • суратҳисобемебошад, ки бонк дар бонк-корреспонденти хориҷии худ дорад ва дар он тамомихароҷот ва воридотҳои он ба ҳисоб гирифта мешаванд;
  • суратҳисобикорреспондентие мебошад, ки тамоми амалиётҳо оид ба иҷрои супоришҳои банк аз ҷонибикорреспондент бо он гузаронида мешаванд.

Суратҳисоби “Лopo ” – ин:

суратҳисобикорреспондентӣ доир ба ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ мебошад, ки дар бонкиватанӣ ба номи бонки хориҷӣ-корреспондент кушода мешавад;

суратҳисобемебошад, ки бонк барои ҳимоя намудани маблағҳое мекушояд, ки бо супоришикорреспонденти худ дода ё гирифта мешаванд. Суратҳисоби “Лopo”инчунин метавонад суратҳисоби корреспондентии бонки сеюм бошад, ки дар бонкикорреспондентии муассисаи қарзии мазкур кушода шудааст. Дар инвақт суратҳисобибонки корреспондент дар муассисаи қарзии мазкур суратҳисоби “Востро”номида мешавад. аксаран аз ҷониби бонкҳои тиҷоратие кушода мешавад, ки интиқолҳо,амалиётҳои аккредитивӣ, инкассатсионӣ вадигар амалиётҳои ҳисоббаробаркунӣ барои молу хизматҳоро амалӣ мекунанд. Пардохтҳоаз рӯи суратҳисобҳои корреспондентӣ дар ҳудуди бақияи суратҳисоб ё зиёда аз бақияаз ҳисоби овердрафт амалӣ карда мешаванд. Бонкиазим ба бозори миллӣ ё минтақавӣ хизмат расонида истода, ҳамзамон ба дигар бонкҳониз кӯмак мерасонад, яъне ба мизоҷони онҳо хизмат мерасонад. Бонкҳои хурд бо мақсадиба даст овардани хизмат дар бозорҳои асосӣ ва барои ба даст овардани ёриимахсус, аз он ҷумла қарзҳо, корреспонденти бонкҳои азим мегарданд. Бонкҳои азимбошанд, барои дастрасӣ пайдо намудан ба бозорҳои минтақавӣ корреспонденти бонкҳоихурд мегарданд. Дарбозори молиявии байналхалқӣ Хазинаи байналхалқии асъор ва бонкҳои байналхалқиигуногун, ассотсиатсия ва гурӯҳҳо амал мекунанд. Ба ғайр аз ин, дар бозоримолиявии байналхалқии минтақавӣ бонкҳои байналхалқии минтақавии гуногун ваташкилотҳо фаъолият менамоянд. Дарпоён тавсифи мухтасари чунин муассисаҳои молиявии байналхалқӣ ва аврупоӣ овардамешаванд. Хазинаи байналхалқии асъор (ХБА)– ин ташкилоти байналхалқии молиявӣ-асъорӣ, мақоми махсуси СММ мебошад. Он соли1944 дар назди СММ ташкил карда шудааст. Дар айни замон зиёда аз 85 мамлакатаъзои ХБА мебошанд. Вазифаҳои асосии ХБА чунинанд: мусоидат ба рушди савдо ва ҳамкориҳоимолиявӣ-асъории байналхалқӣ, дастгирӣ намудани тавозуни пардохти мамлакатҳоиаъзои ХБА ва танзими қурби асъорҳои онҳо, кор карда баромадани ислоҳотҳо бароисолимгардонии низоми асъориии ҷаҳон. ХБА ба аъзоҳои худ қарз медиҳад. Бонки байналхалқии таҷдид ва рушд (ББТР)ташкилоти қарзии байналхалқӣ ба ҳисоб рафта, муассисаи молиявии махсуси СММмебошад. Фаъолияти асосии ББТР аз пешниҳод намудани қарзҳои дарозмуддат бо фоизҳоинисбатан паст ба муассисаҳои хусусӣ ва давлатӣ ҳангоми мавҷуд будани кафолати ҳукуматионҳо ва ба мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ ва бонкҳои минтақавӣ равона намудани қарзҳо,барои тақсимоти минбаъдаи онҳо, иборат аст. аъзоёни бонк танҳо мамлакатҳоиаъзои ХБА метавонанд бошанд. ББТР-ро инчунин Бонки ҷаҳонӣ низ меноманд. Бонки ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ БҲБ– ин палатаи ҳисоббаробаркунӣ мебошад, ки дар асоси саҳмиявӣ амал мекунад. Онсоли 1930 дар Базел бо Шартномаи Гаага дар бораи товонҳои ҷангии олмонӣ ташкилкарда шуд. Онмақоми машварат ва ҳамкориҳои бонкҳои марказӣ ба ҳисоб меравад ва ҳисоббаробаркуниҳоимолиявӣ-асъории гуногунро мегузаронад. Ассотсиатсияи дилерони заёмҳои байналхалқӣ– ин ташкилотест, ки соли 1964 дар Сюрих барои кор карда баромадани қоида вастандартҳои савдо дар бозори байналхалқии қоғазҳои қиматнок ташкил кардашудааст. Ассотсиатсияи пардохтҳои клирингӣ – ин ташкилот соли 1985дар Лондон ташкил карда шудааст ва бо ҳамоҳангсозии фаъолияти системаҳоиклирингии байнибонкӣ машғул мебошад. Ассотсиатсияи байналхалқии дилерониасъорӣ – ин ташкилотест, ки соли 1955 дар Сюрих ташкил карда шудааст.Он зиёда аз 10 ҳазор аъзои инфиродӣ (дилер)-ро дар бар мегирад. Ширкатибайналхалқии бонкҳои аврупоӣ (ЕБИК) гурӯҳибонкие мебошад, ки бо қарздиҳии додугирифтҳои савдои берунмарзӣ ва маблағгузориилоиҳаҳои байналхалқӣ машғул мешавад. Соли 1970 ташкил шудааст. Федератсияибайналхалқии биржаҳои фондӣ – ин иттиҳодибиржаҳои фондии асосӣ мебошад. Соли 1961 бо мақсади муҳокима намудани муаммоҳоиҳамоҳангсозии татқиқотҳо ва ҷамъоварии иттилоот ташкил шудааст. Қароргоҳиасосиаш дар Париж ҷойгир аст.

Корпоратсияи молиявии байналхалқӣ (КМБ) – инфилиали ББТР мебошад, ки соли 1956 ташкил карда шудааст. Муассисаимахсусгардонидаи СММ ба шумор меравад, ки фаъолияташро ба пешниҳод намудани қарзҳоба сармояи хусусӣ бе талаб намудани кафолати давлат, аммо бо шарти даромаднокиибаланд ва самаранокии молиявии лоиҳа ва ҳиссаи воситаҳои КМБ дар ҳаҷми умумиимаблағгузории лоиҳа на зиёда аз 20% (яъне 80% – ин воситаҳои сармояи хусусӣ)равона мекунад. КМБ инчунин барои фаъолиятимустақилонаи инвеститсионӣ бо фурӯши минбаъдаи дороиҳо ба сармояи хусусӣ ҳуқуқдорад. Созишномаибайналхалқӣ оид ба қарзҳои содиротӣ бо дастгирии расмӣ (консенсус) – инсозишномаи 22 мамлакати Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва тараққиёт дар бораиставкаҳои фоизи пасттарин барои қарзҳои мӯҳлати 2-5 сол ва баланд аз рӯи се гурӯҳимамлакатҳо вобаста аз сатҳи МММ ба сари аҳолӣ. Қарзҳои содиротӣ ба мӯҳлати тоду сол бо шартҳои бозорӣ пешниҳод карда мешаванд. Институти бонкдорон – ташкиоти касбиибонкдорон мебошад, ки соли 1879 ташкил карда шудааст. Зиёда аз 110 ҳазораъзоёни инфиродӣ дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳонро доро мебошад. Бо омӯзиш вадодани дипломҳо, инчунин паҳнкунии иттилоот машғул аст. Институти молияҳои байналхалқӣ –ташкилоти қарздиҳандагони асосӣ (қариб 200 муассиса аз 40 мамлакат) мебошад, кибо ҷамъоварӣ ва таҳлил намудани маълумот дар бораи қарзгирандагони мустақилсару кор дорад. Соли 1984 ташкил шудааст. Инчунин, аз рӯи макони ташкилшавӣинститути Дигтли низ ном бурда мешавад. Шарикони аврупоӣ – ин гурӯҳ (клуб)-ибайналхалқии бонкӣ мебошад, ки асосан бо қарздиҳӣ дар бозори евроасъорҳо, маблағгузориилоиҳаҳо, идоракунии амвол ва қоғазҳои қиматнок, амалиётҳои лизингӣ машғул аст.соли 1971 ташкил карда шудааст. Ассотсиатсияи аврупоии сармояи “хавфнок” – иттиҳодибонкҳо ва ширкатҳо мебошад, ки ба сармояҳои венчурӣ, яъне сармояҳое, ки бохавфи калон гузошта мешаванд, махсус гардонида шудааст. Ҷамъияти молиявии Аврупо (СФЕ) – ингурӯҳи бонкиибайналхалқӣ мебошад. Соли 1967 ташкил шудааст ва асосан бо қарздиҳии тиҷоратӣ,расонидани хизматҳои бонкӣ ва бизнеси энергетикӣ машғул мешавад. Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) – бонкибайналхалқие мебошад, ки соли 1990 аз ҷониби ҳукуматҳои 42 мамлакат, аз он ҷумлаРоссия ва ташкилотҳои байналхалқӣ таъсис дода шудааст ва аз соли 1991 амалиётҳоромегузаронад. Ҳадафи таъсиси БАТР аз дастгирии қарзии мамлакатҳои Аврупои Шарқӣва Марказӣ ҳангоми гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ иборат мебошад. Бонки инвеститсионии Аврупо (БИА) азсоли 1959 фаъолият мекунад. Ҳадафи ташкил намуданаш – маблағгузории минтақаҳоиаврупоӣ дар намуди қарзҳои дарозмуддат мебошад. Ширкатҳои байналхалқиимолиявӣ (фондҳо, бонкҳо) бисёр вақт бо фандрейзинг машғул мешаванд. Фанд-рейзинг (англ,fandrazing)тарҷумаи таҳтуллафзӣ надорад. Айнан маънии “афзоиши воситаҳои пулӣ”-ро дорад, ҳамчун мафҳум бошад, –“ҷустуҷӯи маблағ” – ин фаъолияти ҷониби манфиатдор оиди ҷалб намуданизахираҳои молиявии сарпарастӣ, хайриявӣ ва монанди инҳо мебошад, ки бароифаъолияти ғайридаромадноки арзиши иҷтимоӣ дошта, зуруранд. Клуби лондонӣ – иттиҳоди 600 бонкҳо-қарздиҳандагони азими ғарбӣ, кибе кафолати ҳукуматҳои худ ба ИҶШС қарз дода буданд. Соли 1996 ФедератсияиРоссия чун меросгирандаи ҳуқуқ бо Клуби лондонӣ дар бораи реструктуризатсияидарозмуддати қарзи берунаи Россия ба маблағи умумии 32 млрд. доллар (қарзи асосӣ25 млрд. дол. ва маблағи фоизҳо аз рӯи он – 7 млрд. дол.) ба мувофиқа расиданд.Ин қарз барои 25 соли минбаъда бо пешниҳод намудани давраи панҷсолаи имтиёзноказ нав ба расмият дароварда шуд. Клуби парижӣ – гурӯҳи мамлакатҳо – қарздиҳандаҳоиасосии ҷаҳон. Он 19 мамлакатҳоро муттаҳид мекунад. Дар фаъолияти он ХБА ваБонки умумиҷаҳонӣ низ иштирок менамоянд. Вақте ягон мамлакати қарздор, ки дармувозинатиии тавозуни пардохт мушкилиҳоро эҳсос мекунад ва амалӣ намуданибарномаи солимгардонии иқтисодиро бо ёрии ХБА оғоз менамояд, он гоҳ Клуби парижӣдар ҳал намудани муаммоҳои молиявии мамлакати қарздор саҳми худро мегузорад.Барои ин он якҷоя бо мамлакати мазкур созишномаеро тартиб медиҳад, ки ба дигармӯҳлат гузаронидани пардохтҳои қарзи берунаи онро иҷозат медиҳад. Клуби парижӣ ягон низомнома надорад, қарорҳои он дар асосипринсипҳои ҳамраъйӣ қабул карда мешаванд. Клуб бо мушкилотҳои қарзи байнидавлатӣсару кор дорад, яъне қарздории қарзҳои берунае, ки аз ҷониби давлатҳо ё бокафолати онҳо ба мамлакатҳои қарзгирифта дода шудааст. Мамлакатҳои қарзгирифтабисёр вақт ба мамлакатҳои қарздода барои ба қафо партофтани пардохти қарз муроҷиатмекунанд. Ҳамзамон барномаи чораҳои ҳукуматиро пешниҳод мекунанд, ки ба ислоҳ карданивазъият равона карда шудаанд.

619
Нет комментариев. Ваш будет первым!