Системаи бонки СВИФТ
СВИФТ
СВИФТ (SWIFT– SoceletyforWordwigeInterbankFinancialTelecommunications) – ҷамъияти байнибонкии байналхалқии телекоммуникатсияҳои молиявӣ.Соли 1973 дар Брюссел аз ҷониби намояндагони 240 бонкҳо барои 15 мамлакат бо мақсадисоддатар кардан ва ба як шакл даровардани ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ,суръат бахшидани интиқоли ҳаҷми калони иттилоот ҳангоми паст кардани эҳтимолиятибавуҷудоии хатогиҳо ташкил карда шудааст. СВИФТаз охири соли 1977 фаъолона амал намуда, барои алоқа бо шабакаҳои бонкҳо дармамлакатҳои гуногун радифҳои маснӯи заминро истифода мебарад, ки дар ҳар кадомиин мамлакатҳо дастгоҳи терминалии хусусии дар компютери фардӣ ҷойниршуда мавҷудаст, ки тавассути консентратори додашудаҳо ба воситаи хатҳои телефонӣ бо МЭҲпайваст карда шудааст. ИмрӯзСВИФТ зиёда аз 3700 институтҳои молиявӣ (бонкҳо, идораҳои брокерӣ, фирмаҳоидилерӣ, ширкатҳои суғурта ва ғ.) – ро аз 92 мамлакат фаро мегирад. Ҳаҷми ҳаррӯзаииттилооте, ки бо шабакаи СВИФТ интиқол дода мешавад, қариб 2 млн. паёмро ташкилмекард. Сабаби маъруфияти СВИФТ дар он аст, ки ин шабака дастрас намуданипаёмро ба тамоми гӯшаи дунё дар муддати 5-20 дақиқа бо сатҳи баланди махфият ваэътимод таъмин мекунад. Дарсоли 1993 СВИФТ дар амал ҷорӣ намудани Интерфейсҳои насли навро эълон намуд, киба худ номи SWIFTALLIANCE-ро гирифтанд. Интерфейс (англ, interface) – низоми ба шакл даровардашудаи алоқа ва сигналҳо мебошанд, кидастгоҳҳои низоми ҳисоббарор бо ҳамдигар пайваст карда мешаванд. SWIFTALLIANCEбасистемаҳои кушод асос ёфта, ба тамоми талаботҳои муассисаҳои молиявӣ ҳамчунмайдонбарои тамоми воситаҳои алоқаи молиявӣ ҷавобгӯ мебошад. Системаи мазкуросонии истифодаи системаи мавҷудбудаи ST200, азамати истифодаисистемаи ST400 ва иқтидори гузарониши сиситемаиST500 – ро таъмин мекунад. Коркарди бисёйрпроссесории додашудаҳо,имконияти ҳамгироӣ бо дигар шабакаҳо, интиқоли иттилооти графикӣ, таъминотибарномавии тамсилавӣ ва ҷавобгӯ будан ба меъёрҳои системаҳои кушод ба дурнамоиумумии СВИФТ мутобиқ мебошанд. ТавассутиСВИФТ компютерҳо иттилооти стандартии молиявӣ ва бонкиро, ки ба 7 гурӯҳи паёмтақсим мешаванд ва зиёда аз 70 типи онҳоро дар бар мегиранд, интиқол медиҳанд. Ҳаряк тип ба он равона карда шудааст, ки талаботтҳои таҳвили додашудаҳоро пурра вааниқ инъикос намояд. Матни паём аз ҳошияҳо иборат мебошад, ки баъзеашон ҳатмӣба ҳисоб мераванд. Баъзе ҳошияҳо метавонанд поён карда шаванд ё бо рамз ифодакарда шаванд, аммо ҳамаи онҳо пешакӣ рақамгузорӣ карда шудаанд. Ҳошияҳои ҳатмӣ иттилоотеро дар бар мегиранд,ки барои коркарди дурусти паём заруранд. Иттилооти иловагӣ ҳангоми зарурат дар ҳошияҳоигайриҳатмӣ (опсионӣ) ҷой дода мешавад. Ҳар як паём сарлавҳа,матн, тасдиқнома ва анҷом дорад. Барои ишора намудани асъорҳо аломати ҳарфиисенишонагӣ истифода бурда мешавад. ду ҳарфи аввал мамлакатро нишон медиҳанд, ҳарфиохирон бошад, асъори мамлакати мазкурро, масалан: доллари америкоӣ – USD;фунт-стерлинги англисӣ – GBP; франкибелгиягӣ – ВЕР; песетаи испанӣ – ESP; лираи итолёвӣ– ITI; доллари канадагӣ – CAD; маркаи олмонӣ– DEM; рубли русиягӣ – RUR; франкифаронсавӣ – FRF; франки швейсариягӣ – CHF;йенаи ҷопонӣ – JPY.