Низоми пардохтҳо дар мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон
Ба ғайр аз СВИФТҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ инчунин тавассути системаҳои байнибонкӣ, бамонанди системаҳои “Федвайр” (ИМА), ЧИПС (ИМА), ШМКС (Швейсария),СФС-БЯ (Ҷопон) метавонанд амалӣ карда шаванд. “Федвайр” – ин низоми интиқоливоситаҳои пулӣ ва қоғазҳои қиматнок ба маблағҳои калон мебошад. Он ба Системаизахиравии федералии ИМА тааллуқ дорад ва аз ҷониби он идора карда мешавад. бомақсади гузаронидани амалиётҳои “Федвайр” 12 бонкҳои захиравиифедералӣ байни худ пайваст карда шуда, чун воҳиди том амал мекунанд. Интиқоливоситаҳои пулӣ ва қоғазҳои қиматнок тавассути системаи “Федвайр”чунин сурат мегирад: интиқоливоситаҳои пулӣ тавассути “Федвайр” дар шакли ҳисоббаробаркуниҳои умумӣдар вақти ҷорӣ амалӣ карда мешавад, ки фиристонандаи воситаҳо тащаббускори интиқолмегардад. Системаи “Федвайр” системаи интиқолҳои қарзӣ ба шумормеравад. Дар умум муассисаҳои қарзӣ (аз он ҷумла шӯъба ва идораҳои агентии бонкҳоихориҷӣ дар ИМА), ки дар ягон бонки федеролии захиравӣ суратҳисоби захиравӣ ёклирингӣ доранд, метавонанд системаи “Федвайр”-ро барои фиристодан вагирифтани пардохтҳо мустақиман истифода баранд. Иштирокчиёни “Федвайр” метавонанд воситаҳоро басуратҳисоби дигар муассиса дар бонки федеролии захиравӣ ҳам ба манфиатимуассисаи қабулкунанда ва ҳам ба манфиати ҷониби сеюм, масалан,муассиса-корреспондент, корпоратсияҳо ё шахсони инфиродӣ интиқол намоянд. Интиқолҳоипулии “Федвайр” асосан барои амалӣ намудани пардохтҳои бо қарзҳоибайнибонкӣ алоқаманд то рӯзи кории навбатӣ, амалиётҳо аз рӯи ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ, пардохтҳобайни корпоратсияҳо ва ҳисоббаробаркуниҳо аз рӯи амалиётҳо бо қоғазҳои қиматнокистифода бурда мешаванд. Воситаҳоба воситаи “Федвайр” танҳо бо хоҳиши муассиса-фиристонанда(пардохткунанда) фиристода мешаванд. Паёмҳои пардохтии “Федвайр” бошабакаи алоқае, ки 12 бонкҳои захиравӣ ва муассисаҳои амонатии дар бонкизахиравӣ суратҳисобдоштаро муттаҳид менамояд, ба ҳар сӯ фиристода мешаванд.Азбаски интиқолҳои пулии “Федвайр” дар лаҳзаи аз тарафи муассиса-гирандаи онҳо комил мегарданд, Низомифедеролии захиравӣ пардохти онҳоро кафолат медиҳад. Аз ин рӯ, ҳар овердрафт дардавоми рӯз аз рӯи суратҳисоб дар бонки федеролии захиравие, ки интиқоли пулии“Федвайр”-ро иҷозат додаст, НФЗ аз рӯи хавфи қарзӣ аз ҷониби инмуассиса тасдиқ менамояд.
Овердрафт аз мувозинатиманфӣ дар суратҳисоби ҷории мизоҷ иборат буда, чун қарзи бонк ба мизоҷ баромадмекунад. ДарИМА низоми ҳисоббаробаркуниҳои клирингии байнибонкӣ ва пардохтҳои ЧИПС самаранокфаъолият мекунанд. ЧИПС (CHIPS– ClearingHouseInterbankPaymentsSystem) – ин шабакаикомпютерикунонидашудаи хусусӣ барои трансфертҳои долларӣ мебошад, ки дар реҷаи“мустақим” (“он-лайн”) амал мекунанд. “Он-лайн”– (англ, on line –на линии) маънии реҷаи мустақими вақтро дорад, яъне вақти фиристодани воситаҳо,дар он маконе, ки нуқтаи ибтидоии интиқол қарор дорад. Он ба Ассотсиатсияипалатаҳои клирингии Ню-Йорк тааллуқ дорад. Низомиэлектронии ЧИПС аз соли 1971 ба фаъолият оғоз намуда, механизми клирингии амалкунандаро,ки ба ноқилҳо (интиқолдиҳандаҳо)-и қоғазӣ асос ёфта буд, иваз намуд. Мафҳумҳои зериниклиринг мавҷуданд:
- низомиҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ барои мол ва қоғазҳои қиматнок, ки дар ба ҳисобгирифтани талабот ва ӯҳдадориҳои мутақобила асос ёфтааст;
- тартибиҳисоббаробаркуниҳо тавассути палатаи баҳисобгирӣ мебошад, ки дар назди тамомихаридорон аз рӯи амалиётҳои биржавӣ ба сифати фурӯшандаи муттаҳидкардашудабаромад мекунад ва иҷро кардани шартномаҳои басташударо кафолат дода, иштирокчиёнроаз зарарҳои молиявии эҳтимолӣ суғурта мекунад;
- баҳисобгириимутақобилаи пардохтҳо бо чекҳо дар доираи як давлат.
Дар Швейсария низоми клирингибайнибонкии Швейсария шабонарӯзӣ фаъолият мекунад. Он пардохтҳои ниҳоӣ ва беҷавобробо франки швейсариягӣ бо истифодабарии воситаҳое, ки дар Бонки миллии Швейсариянигоҳ дошта мешаванд, амалӣ менамояд. ШМКСягона системае ба ҳисоб меравад, ки дар байни бонкҳои швейсариягӣ пардохтҳоиэлектрониро мегузаронад. Ҳисоббаробаркуниҳо ба ҳар пардохтҳо аз рӯи суратҳисобииштирокчиён дар асоси инфиродӣ (бо роҳи дебет кардани суратҳисоби бонке, кисупориши пардохтро медиҳад ва кредит кардани суратҳисоби бонки қабулкунанда)гузаронида мешаванд. ШМКС низоми ҳам пардохтҳои калон ва ҳам пардохтҳои хурдмебошад ва андозаи пардохтҳо маҳдуд карда намешаванд. Ҳадафифаъолияти ШМКС аз паст кардани хавфҳои қарзӣ, бартараф кардани овердрафтҳо аз рӯижироҳисобҳо дар БМШ, суръат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳо ва сабук карданивазифаи бонкҳо дар идоракунии пули нақд, иборат мебошад. Жиро (итол. giro – доира,гардиш) намуди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ мебошад, ки ба воситаи чекҳои ҳисоббаробаркунӣамалӣ карда мешавад. Чунин ҳисоббаробаркуниҳо дар шакли ба ҳисобгирии талаботва ӯҳдадориҳои мутақобила гузаронида мешаванд. Воҳиди ҳисоббаробаркунӣ дар жироҳисоббаробаркуниҳожирочек, яъне ҳуҷҷат дар бораи гирифтани маблағ аз суратҳисоби низоми миллиижироҳисобҳо, ба ҳисоб меравад. Жиросистема– ин системаи пардохтҳо тавассути жироҳисобҳо, яъне тавассути суратҳисобҳо даршӯъбаҳои почтавӣ мебошад, ки дар бисёр мамлакатҳои аврупоӣ ва Ҷопон амалмекунад. Ҳар шахс метавонад суратҳисоб кушода, аз он воситаҳои пулиро ба дигардорандагони чунин суратҳисобҳои почтавӣ интиқол диҳад. Система одатан зинаимарказӣ мебошад, ки ба суръат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳо имкон медиҳад. Дар Ҷопон низоми шабакаи молиявии Бонки Ҷопонфаъолият мекунад. Он соли 1988 бо мақсади амалӣ намудани интиқоли электрониимаблағ дар байни муассисаҳои молиявӣ, аз он ҷумла Бонки Ҷопон, ки онро идорамекунад, ташкил карда шудааст. НШМБҶ дар реҷаи “он-лайн” кор мекунад. Муассисаҳои молиявӣ барои дастрасӣпайдо намудан ба хизматрасониҳои НШМБҶ дар бахши интиқоли маблағ, бояд дарБонки Ҷопон суратҳисоб дошта бошанд. НизомиНШМБҶбо чунин мақсад истифода бурда мешавад:
- интиқолимаблағ дар байни муассисаҳои молиявӣ, к ибо бозори пулии байнибонкӣ алоқамандандва бо гузаронидани амалиётҳо бо қоғазҳои қиматнок машғул мебошанд;
- интиқолимаблағ дар доираи як муассисаи молиявӣ (интиқолҳои дохилиширкатии маблағ);
- ҳисоббаробаркунӣаз рӯи мавқеъҳо, ки дар натиҷаи фаъолияти низомҳои клирингии дар идоракуниихусусӣ қарордошта ба миён меоянд;
- интиқолимаблағ байни муассисаҳои молиявӣ ва Бонки Ҷопон (аз он ҷумла, интиқоли мабалағҳоихазинадорӣ).
Интиқолҳои маблағе, ки НШМБҶ амалӣмекунад, одатан кредитӣ ба ҳисоб мераванд, аммо барои интиқолҳои дохилиширкатӣонҳо метавонанд инчунин дебетӣ бошанд.