Ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ ва намудҳои онҳо
Ҳисоббаробаркуниҳоибайналхалқӣ – ин танзими пардохтҳоаз рӯи талабот ва ӯҳдадориҳое мебошад, ки дар алоқамандӣ бо муносибатҳои иқтисодӣ,сиёсӣ ва фарҳангӣ дар байни субъектони хоҷагидор ва шаҳрвандони мамлакатҳоигуногун ба миён меоянд. Ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ ҳисоббаробаркуниҳо аз рӯисавдои берунмарзии молу хизматҳо, аз рӯи амалиётҳои ғайритиҷоратӣ, қарзҳо ва ҳаракатисармоя байни мамлакатҳо, аз он ҷумла ҳисоббаробаркуниҳо аз рӯи сохтмони объектҳодар хориҷа ва расонидани кӯмакҳоро дар бар мегиранд. Ҳисоббаробаркуниҳоибайналхалқӣ шарт ва тартиби амалӣ намудани пардохтҳоеро, ки аз таҷрибабармеоянд ва бо одат ва ҳуҷҷатҳои байналхалқӣ мустаҳкам карда шудаанд, инчунинфаъолияти амалии ҳаррӯзаи бонкҳо оиди гузаронидани ҳисоббаробаркуниҳо дар бар мегиранд. Аксаран ҳисоббаробаркуниҳобо роҳи ғайринақдӣ, ба воситаи қайдҳо дар суратҳисоби бонкҳо амалӣ кардамешаванд. Барои саривақт ва самаранок амалӣ намудани ҳисоббаробаркуниҳоибайналхалқӣ бонкҳо мавқеъҳои зарурии асъориро бо асъорҳои гуногун мувофиқисохтор ва амалиётҳои пардохтҳои дар пеш истода нигоҳ медоранд. Мавқеъи асъорӣ – ин тағйир ёфтани таносуби талабот ва ӯҳдадориҳои шарикон (ҷонибҳоиаҳднома) ба асъори хориҷӣ мебошад. Мавқеи асъории бонк мавҷудияти талабот ва ӯҳдадориҳоибонкро ба ягон асъор нишон медиҳад. Мавқеиасъорӣ кушода ва пӯшида, дароз ва кӯтоҳ мешавад. Мавқеъикушод ба ягон асъор – номутобиқатии талабот ва ӯҳдадориҳо ба асъоримазкур, яъне нобаробарии ҳаҷми харид ва фурӯши асъори хориҷӣ дар тӯли рӯзи корибонк мебошад. Мавқеъи пӯшида – ин мутобиқ омаданиҳаҷми харид ва фурӯши асъор. Зиёдшудани харид аз фурӯш мақеи дарозро нишон медиҳад, зиёд шудани фурӯш аз харидбошад, мақеи кӯтоҳро. Тамомиамалиётҳои савдои берунмарзӣ бо пардохтҳо, яъне бо интиқоли маблағ аз якмамлакат ба дигараш алоқаманданд. Бо ин онҳо аз низоми пардохтҳои клирингӣ фарқмекунанд, ки пардохтҳо байни шарикон ва бонк дар як мамлакат гузаронидамешаванд, ҳисоббаробаркуниҳои ниҳоӣ бошанд, дар байни бонкҳои давлатӣ (марказӣ)– и чунин мамлакатҳо анҷом дода мешаванд. Шаклҳоиасосии ҳисоббаробаркуниҳои асъорӣ дар фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ чунинанд:
- интиқолибонкӣ;
- инкассоиҳуҷҷатӣ;
- аккредитивиҳуҷҷатӣ;
- ҳисоббаробаркунӣаз рӯи суратҳисоби кушода;
- ҳисоббаробаркунӣбо чекҳо.
Интиқолибонкӣ – ин амалиёти ҳисоббаробаркуниибонкӣ мебошад, ки бо роҳи тавассути телеграф ё бо почта аз ҷониби як бонкдодани супориши пардохтӣ ба бонки дигар амалӣ карда мешавад. Супориши пардохтӣ фармони бонкба бонк-корреспонденти худ дар бораи пардохт намудани маблағи муайян ба интиқолгиранда,пешниҳодкунандаи чек ё дигар ҳуҷҷатҳои пардохтӣ мебошад. Супориши пардохтӣ аз ҷонибибонк дар асоси нишондоди интиқолфиристонанда-мизоҷи бонк дода мешавад. Ҳангомиҳисоббаробаркунӣ дар шакли интиқоли бонкӣ яке аз ҷрнибҳои шартнома ҳамеша хавфобар дӯш мегирад. Масалан, барои содироткунанда хавфи пардохт нашудани моли таҳвилнамуда,ҳангоми пардохт ба воситаи интиқол баъди таҳвили молҳо вуҷуд дорад. Бароиворидоткунанда бошад, хавфи пардохт нашудани молҳо баъди пардохти пешакӣ мавҷудаст, агар дар шартнома пардохтҳои пешакӣ пешбинӣ шуда бошанд. Барои ҳаминистифодаи интиқолҳои бонкӣ дар ҳисоббаробаркунӣ барои таҳвилҳои молӣ нисбатанмаҳдуд карда шудаанд. Назарба интиқоли бонкӣ шакли ҳисоббаробаркунии инкассо боэътимодтар мебошад. Инкассо (итал. incaso – дар қуттӣ) соддатар чунин тавсифкардан мумкин аст, ки содироткунанда (фурӯшанда) ба бонки худ супориш медиҳад,ки аз воридоткунанда (харидор) бевосита ё тавассути бонки дигар маблағи муайянипулӣ ё тасдиқи онро, ки ин маблағ дар муддати муайянкардашуда пардохт кардамешавад, гирад. Ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳобо инкассо бонк (бонк-эмитент) ӯҳдадор мегардад, ки бо супориш ва аз ҳисобимизоҷ амалиётҳо оид ба аз пардохткунанда гирифтани пардохт ва ё аксептипардохтро амалӣ кунад. Инкассо тоза ва ҳуҷҷатӣ мешавад. Инкассоитоза – ин инкассои ҳуҷҷатҳои молиявӣ мебошад, ки онҳо бо ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣҳамроҳӣ карда намешаванд. Одатанинкассои ҳуҷҷатӣ истифодакарда мешавад, яъне супориши содироткунанда ба бонк дар бораи бар ивази ҳуҷҷатҳоимолӣ аз воридоткунанда гирифтани пардохт ва минбаъд ба содироткунандагузаронидани маблағ. Ҳангоми инкассои ҳуҷҷатӣ ҳуҷчатҳоимолиявӣ бо ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ (ҳисобҳо, ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ ва суғурта ва ғ.) ҳамроҳӣкарда мешаванд. инкассои ҳуҷҷатӣ инчунин метавонад инкассои танҳо ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣбошад. Инкассиду намуд мешавад: бо аксепти пешакӣ ва бо аксепти минбаъда (бо пардохтибетаъхир). Технологияиинкассо кардани ҳуҷҷатҳо барои молҳо (хизматҳо)-и содироткарда чуни наст:бонк-ремитент (бонки ваколатдор) аз мизоҷи худ супориши инкассоиро бо замимаи ҳуҷҷатҳоитақсимкунандаи мол ба он қабул намуда, онҳоро ба бонки инкассокунандаимамлакати воридоткунанда мефиристад. Бонк ремитент – ин бонке мебошад, киваколатдиҳанда амалиёти инкассокуниро супориш медиҳад. Бонки инкассокунанда ҳуҷҷатҳоротибқи дастуре, ки дар супориши инкассо нишон дода шудааст, ба воридоткунандамедиҳад. Баъди аз рӯи ҳуҷҷатҳои инкассошуда қабул намудани пардохт азпардохткунанда, ин бонк (он бонки пешниҳодкунанда ба ҳисоб меравад) маблағи пулҳоиинкассокардашударо ба бонки ремитент интиқол медиҳад, ки он дар кредити суратҳисобимизоҷ (содироткунанда) қайди дахлдорро анҷом медиҳад. Дарҳолате, ки ба сифати бонк-ремитент бонки ваколатдор баромад мекунад, ваколатдиҳандадар супориши инкассо бояд номи худ, суроғаи почтавӣ, кафолатҳо ва супоришҳоизурурӣ, инчунин тамоми муросилотҳоро (ба истиснои қарз-авизо) ба муассисаимазкур нишон диҳад. Ваколатдиҳанда, агар интихоби ӯ азтарафи ҷонибҳо дар шартномаи савдои берунмарзӣ муайян карда шуда бошад, бонкиинкассошаванда, номи он ва макони ҷойгиршавиашро муайян мекунад. Аммо чунинбонк бояд бонк-корреспонденти бонки ваколатдор бошад. Дар акси ҳол бонки ваколатдорҳуҷҷатҳои инкассошавандаро ба бонки инкассокунанда тавассути ягон бонкиинкассокунандаи хориҷӣ равона мекунад, ки корреспонденти бонки ваколатдор ба ҳисобмеравад. Агар ваколатдиҳанда дар супориши инкассо бонки инкассокунандаро нишоннадиҳад, он гоҳ чунин бонк бо интихоби бонк-ремитент нишон дода мешавад. Супориши инкассоинчунин бояд маълумотҳои зеринро дар бар гирад:
- номиасъори пардохт ва маблағе, ки бояд инкассо карда шавад. Агар ҳуҷҷатҳои бароиинкассо қабулшуда бо дигар асъор нишон дода шаванд, ки аз асъори пардохт фарқмекунад, ваколатдиҳанда бояд қурби ҳисобкунӣ ё усули муайян намудани онро нишондиҳад;
- рақамисуратҳисоби гирандаи интиқол дар бонки ваколатдор; рӯйхати ҳуҷҷатҳои ба супориши инкассо замима кардашаванда,ки бар ивази пардохт ва ё аксепт ба пардохткунанда дода мешаванд. Чун қоида баонҳо ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ ва молиявӣ мансубанд: ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ – ин ҳисобҳо, ҳуҷҷатҳоинақлиётӣ ва ҳуҷҷатҳо барои суғурта, ҳуҷҷатҳо дар бораи ҳуқуқи моликият ва ҳуҷҷатҳоидигаре, ки молиявӣ ба ҳисоб намераванд; ҳуҷҷатҳои молиявӣ – ин векселҳои оддӣ,векселҳои интиқолӣ, чекҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои монанд мебошанд, ки ба сифативоситаи муомилот ва пардохт истифода бурда мешаванд. Дар рӯйхати ҳуҷҷатҳое,ки ба супориш замима карда мешаванд, шумораи асл ва нусхаҳои коносаментҳо алоҳиданишон дода мешаванд. Коносамент (ҳуҷҷате, ки шартҳоишартномаи таҳвили баҳриро дар бар мегирад)-ро тавсия дода мешавад, ки ба номиваколатдиҳанда (содироткунанда) нависта шавад ва бо индоссамент (навиштаҷоти интиқолӣ) дар тарафи чаппаи ҳуҷҷат баманфиати бонки ваколатдор ё муассисаи он ба расмият дароварда шавад. Шакли инкассоии ҳисоббаробаркунӣбарои воридоткунанда бо он манфиатовар мебошад, ки бонкҳо ҳуқуқҳои ӯ ба молрото лаҳзаи пардохти ҳуҷҷатҳо ё аксепт ҳимоя менамоянд. Ҳуҷҷатҳое, ки баворидоткунанда дода мешавад, барои тафтиш то лаҳзаи пардохт (аксепт) – и онҳо дар ихтиёри бонк меистад ва дар ҳолатипардохт нашудан ба бонки хориҷӣбо нишон додани сабаби пардохт нашуданбаргардонида мешаванд. Норасоиҳои шакли ҳисоббаробаркуниҳоиинкассо дароз тӯл кашидани гузаштани ҳуҷҷатҳо тавассути бонкҳо (то як моҳ),имконияти аз ҷониби воридоткунанда даст кашидан аз пардохти ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудамебошад. Аккредитив(нем. akkredetiv – ваколатӣ) ӯҳдадории шартии бонк мебошад, ки бо супориши диҳандаба манфиати фурӯшанда дода шудааст. Аз рӯи он бонке, ки суратҳисоб кушодааст(бонк-эмитент) метавонад ба фурӯшанда пардохтро гузаронад ё ба дигар бонкваколат диҳад, ки чунин пардохтҳоро ҳангоми мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои дараккредитив пешбинӣ шуда ва иҷро кардани дигар шартҳои аккредитив, анҷом диҳад. Аккредитивҳоба пулӣ ва ҳуҷҷатӣ тақсим мешаванд. Аккредитивипулӣ – ин ҳуҷҷати номӣ мебошад, ки аз ҷониби бонк-эмитент ба дигар бонкравона карда шудааст ва супориш дар бораи дар мӯҳлат пардохт намудани маблағ бахаридорро дар бар мегирад. Барои ҳисоббаробаркуниҳо аккредитиви ҳуҷҷатӣистифода карда мешавад, ки ӯҳдадории пулии бонкро дар бар мегирад:
- бозхостшаванда,бозхостнашаванда;
- тасдиқшуда,тасдиқношуда;
- интиқолӣ(трансферабелӣ);
- револверӣ(барқароршаванда);
- фарогирифта,фаронагирифта.
Моҳиятиаккредитиви бозхостшаванда дар он аст, ки он метавонад аз ҷониби бонк-эмитент(бонке, ки аккредитивро ба муомилот баровардааст), бе огоҳии пешакӣ дар ҳар лаҳзабекор карда шавад ё тағйир дода шавад, аз ин рӯ он дар ҳисоббаробаркуниҳоистифода бурда намешавад. Аккредитивҳои бозхостнашаванда –аккредитивҳое мебошанд, ки наметавонанд тағйир дода шаванд ё бекор кардашаванд. Онҳо дар ҳисоббаробаркуниҳо ва сеъ истифода бурда мешаванд. Аккредитивҳои тасдиқшуда – аккредитивҳоимебошвнд, ки кафолати иловагии пардохт аз ҷониби бонки дигарр соҳиб шудаанд. Аккредитивҳои тасдиқнашуда – аккредитивҳоемебошанд, ки кафолати нишондодашударо надоранд. Дартаҷрибаи байналхалқӣ аккредитивҳое, ки бонки воридоткунанда мекушояд, одатанбонки содироткунанда тасдиқ мекунад. Аккредитиви интиқолӣ (трансферабелӣ)– ин аккредитиве мебошад, ки метавонад пурра ё қисман аз ҷониби якчанд шахсони ҳуқуқӣистифода карда шавад. Аккредитиви револверӣ (англ. revolve –давр задан) ё барқароршаванда, аккредитиве мебошад, ки дар ҳисоббаробаркунӣбарои таҳвилҳои кӯтоҳмуддати доимии молҳо, ки одатан тибқи ҷадвал суратмегиранд, истифода бурда мешавад. он на барои тамоми маблағи пардохт кушодамешавад, балки барои қисми он ва бо мурури ҳисоббаробаркунӣ барои гурӯҳинавбатии молҳо барқарор мешавад. Аккредитивҳоифарогирифташуда – ин аккредитиве мебошад, ки ҳангоми кушодани онбонк-эмитент воситаҳои шахсии пардохткунанда ё қарзи ба ӯ пешниҳодшударо баихтиёри бонки фурӯшанда дар суратҳисоби тавозунии алоҳидаи “Аккредитивҳо”ба тамоми мӯҳлати амали ӯҳдадории бонк-эмитент мегузаронад. Аккредитивҳои фаронагирифта –аккредитиве мебошад, ки фарогирии воситаҳои пулии дар боло нишондодаро надорад. Чуниннамуди аккредитив вуҷуд дорад, ки пардохти моли ҳамлу нақл нокардаро пешбинӣмекунад – аккредитив бо “красной оговоркой”. Чунин аккредитив ҳар аккредитиве шудаметавонад, ки аз ҷониби бонки иҷрокунанда ба содироткунанда пардохт намуданипешпардохтро то маблағи муайян пешбинӣ мекунад. Навъимахсуси аккредитив аккредитиви захиравӣ (аккредитиви тоза) ба ҳисоб меравад, киодатан ба сифати таъмини пардохтҳо ба манфиати содироткунанда ё бонки ӯ истифодабурда мешавад. Аккредитивҳои захиравӣ – ин қарзҳоибетаъминот мебошанд, аз ин рӯ бисёр бонкҳо онҳоро танҳо бо супориши онворидоткунандаҳое мебароранд, ки дар онҳо суратҳисобҳои худро доранд. Ҳисоббаробаркуниҳо тавассути чекҳо дар ҳамон ҳолатҳоеистифода карда мешаванд, ки интиқолҳои бонкӣ истифода мешаванд. Чекҳо пардохтӣ,роҳӣ, ва еврочекҳо мешаванд. Чеки пардохтӣ – ин ҳуҷҷатемебошад, ки супориши қатъии соҳиби ҳисоби ҷорӣ (чекдиҳанда)-ро ба бонк дарбораи пардохт намудани маблағи дар он нишондодаро ба шахси муайян ё пешниҳодкунанда(дорандаи чек) дар бар мегирад. Пардохти чеки пардохтӣ бо роҳи қайд намудан дарсуратҳисобҳо гузаронида мешавад. Чекметавонад авал карда шавад. Авал – кафолат барои пардохти чек мебошад, к ибо навиштаҷотикафолатӣ дар он ба расмият дароварда мешавад. Чекномӣ (барои шахси муайян баровардашуда), пешниҳодӣ (барои пешниҳодкунандабаровардашуда), ва ордерӣ (ба манфиати шахси муайян ё бо супориши ӯбаровардашуда) мешавад. Чеки ордерӣ метавонадаз ҷониби дорандаи чек ба дигар шахс (соҳиби нав) бо ёрии индоссамент додашавад, ки вазифаи монанд ба вазифаҳои индоссаменти векселиро иҷро мекунад. Индоссамент – навиштаҷоти интиқолии махсус дар ҷониби дигар чек (ёвексел) мебошад, ки дар бораи ба соҳиби нав додани он шаҳодат медиҳад. Чеки роҳӣ ё сайёҳӣ (travels chegeu, chek) – ин ҳуҷҷати пардохтие мебошад, ки чун воситаи ҳисоббаробаркуниҳоибайналхалқии хусусияти ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешавад. Чекҳои роҳӣ аз ҷониби сайёҳон дар бонк ёдар ширкати сайёҳӣ бо пули нақд харидорӣ карда мешаванд. Бархилофи чекҳои роҳӣ, ки бо пули нақд харидорӣ мешаванд, еврочекҳо ба соҳибонашоназ ҷониби бонк бе пардохти пешакии пулӣ ба маблағи нисбатан калон дода мешавандва аз ҳисоби қарзи бонкӣ то як моҳ пардохт карда мешаванд. Хусусиятихоси ҳисоббаробаркунӣ дар низоми “Еврочек” ба пардохт қабул намуданичекҳо аз мизоҷон бо шарти пешниҳод намудани кортҳои кафолатии махсус, ки азтарафи муассисаҳои қарзии мамлакатҳои Аврупо бароварда мешаванд ва имзонамудани чекҳо дар иштироки хазинадор ба ҳисоб меравад. Низоми“Еврочек” шакли ягонаи чек ва корти кафолатиро надорад, ки бароитамоми бонкҳо-эмитентҳо умумӣ бошад. Бапардохт еврочекҳо бо кортҳои кафолатии муассисаҳои қарзии Британияи Кабир,Италия, Нидерландҳо, Фаронса, Олмон, ки бо асъори миллии ин мамлакатҳобароварда шудаанд, ва дар Австрия, Андорра, Белгия, Дания, Испания, Люксембург,Норвегия, Португалия, Инляндия, Шведсия ва Швейсария – бо доллари ИМА қабулкарда мешаванд. Ба пардохт чеке метавонад қабул карда шавад, ки бо асъори даркорти кафолатӣ нишон додашуда навишта шудааст. Аз ҷониби бонк хизмат расонидан бамуассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ, ки дар онҳо ба сифати воситаи пардохт кортҳоипластикӣ истифода карда мешаванд, эквайринг мебошад. Моҳияти эквайринг дарон аст, ки бонк ба мағозаҳо, меҳмонхонаҳо, мотелҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, нуқтаҳоикирояи автомобилҳо химатеро мерасонад, ки ба онҳо имконият медиҳанд, бароипардохт кортҳои пластики низомҳои гуногунро қабул кунанд, ҳамзамон бонк намудҳоикортҳои хизматрасонандаро низ пешниҳод мекунад. Бағайр аз ин, бонк дар нуқтаҳои пардохт дастгоҳи махсусро барои назорати кортҳоипластикӣ насб менамояд, инчунин дастгоҳҳои хазинавиро ба ин дастгоҳ мутобиқмегардонад, усулҳои гуногуни мушаххас намудани кортҳоро таъмин мекунад. Бонке,ки эквайрингро амалӣ мекунад, инкассатсия кардани ҳуҷҷатҳои пардохтиро (ки СЛИПномида мешаванд) бар дӯш мегирад ва воситаҳои пулиро ба суратҳисоби ин ё онмуассисаи хизматрасонӣ ё савдо мегузаронад, ки барои мол ё хизматҳои он харидорбо ёрии кортҳои пластикӣ пардохт анҷом медиҳад.