Карзи байналхалкӣ, шакл ва намудхои он
Чун категорияииқтисодӣ, қарзи байналхалқӣ муносибатҳои байни қарздиҳандаҳо-содироткунандагонва қарздорон-воридоткунандагони мамлакатҳои гуногунро доир ба пешниҳод кардан,истифода кардан ва адо кардани қарз, инъикос менамояд. Бақарзи байналхалқӣ омилҳои зиёд таъсир мерасонанд: тавозуни пардохт, андозаиставкаи фоиз, намуди асъор, сатҳи даромаднокии амалиётҳои қарзӣ, қурби асъор вағ. Қарзҳоибайналхалқӣ молӣ, молиявӣ ва тиҷоратӣ мешаванд. Қарзҳои молӣ – ин қарзҳо дар намуди мол ё маҳсулотимуайян мебошанд. Қарзимолиявӣ – ин қарзи пулӣ мебошад, ки бонкҳо бо шартҳои баргардонидан, мӯҳлатноква пардохт пешниҳод карда мешаванд. Дар муносибатҳои байналхалқӣ таҷрибаипешниҳод намудани қарзҳои синдикатӣ васеъ истифода карда мешаванд. Қарзҳоисиндикатӣ (консорсиалӣ, аз лот. coricor-tium –иштирок) – қарзҳое мебошанд, ки аз ҷониби ду ё зиёда қарздиҳандагон, яънесиндикатҳо (консорсиумҳо) – и бонкҳо ба як қарзгир пешниҳод карда мешаванд.барои пешниҳод намудани қарзи синдикатӣ гурӯҳи бонкҳо-қарздиҳандагон воситаҳоимуваққатан озоди худро барои мӯҳлати муайян муттаҳид мекунанд. Қарзҳоиоблигатсиониро метавон яке аз намудҳои қарзи байналхалқӣ хон два аз ин рӯсубъекти хоҷагидор метавонад қарзи асъориро дар бонки ваколатдори худ (бонке,ки қарзҳо мавҷуданд ё гирифта шудаанд, масалан еврооблигатсияҳо) гирад. Қарзи тиҷоратӣ – ин қарз чун якеаз намудҳои ҳисоббаробаркуниҳо мебошад, яъне ҳисоббаробаркунӣ бо мавқуфгузоштани пардохтҳо. Намудҳоиасосии қарзи тиҷоратӣ чунинанд:
- қарзиширкатӣ;
- қарзивекселӣ;
- қарзиҳисобӣ;
- қарзбо ҳисоби кушода;
- факторинг;
- ферфетикунонӣ;
- овердрафт;
- қарзиаксептӣ.
Қарзи ширкатӣ –ин шакли анъанавии қарздиҳии содирот мебошад, ки содироткунанда ба харидорихориҷӣ (воридоткунанда) қарзро дар намуди мавқуф гузоштани пардохт пешниҳодмекунад. Яке аз шаклҳои қарзи ширкатӣ пешпардохти харидор (воридоткунанда) ба ҳисобмеравад, ки баъди бастани шартнома ба содироткунанда пардохт карда мешавад. Қарзивекселӣ – ин қарзе мебошад, ки бо роҳи ба воридоткунанда пешниҳод намуданивексели интиқолӣ, ки бо гирифтани ҳуҷҷатҳои пардохтӣ ва ҳамроҳикунандаи молаксепт карда мешавад, ба расмият дароварда мешавад. Мӯҳлати қарзи векселӣ азнамуди мол вобаста мебошад. Ба таҳвили мошин ва таҷҳизот одатан ба мӯҳлати то3-7 сол қарз дода мешавад. Ҳангоми содирот намудани ашёи хом ва маводҳо қарзҳоивекселии кӯтоҳмуддат пешниҳод карда мешаванд. Қарзиҳисобӣ низ бо вексел алоқаманд аст, аз ин рӯ қарзи ҳисобӣ – ин қарземебошад, ки аз ҷониби бонк ба дорандаи вексел бо роҳи харидории вексел то фарорасидани мӯҳлати пардохт аз рӯи он, пешниҳод карда мешавад. Қарзбо ҳисоби кушода дар ҳисоббаробаркунӣ байни контрагентҳои доимӣ,хусусан ҳангоми таҳвилҳои бисёркаратаи молҳои якхела пешниҳод карда мешавад. Инба ҳисоббаробаркунӣ бо ҳисоби кушода монанд аст. Содироткунанда арзишимаҳсулоти ҳамлу нақл кардаро ба тарафи дебети суратҳисобе, ки барои харидоркушодааст, мегузаронад. Харидор қарздории худро дар мӯҳлатҳои бо шартномамуайянкардашуда (як маротиба дар як моҳ, семоҳа ва ғ.) адо мекунад. Факторинг (англ, factor –миёнарав) хизматрасониҳои савдову-комиссионӣ ва миёнаравии бонк мебошад. Оннамуди қарздиҳии кӯтоҳмуддати содирот ва фаъолияти тиҷоратии миёнаравӣ ба ҳисобмеравад. Хизматрасониҳои факторингӣ одатан аз ҷонибибонкҳои тиҷоратӣ ё ширкатҳои махсус расонида мешаванд, ки бо харидорон аз рӯи ҳисобикушода ҳисоббаробарӣ мекунанд. Факторинг дар бар мегирад: а) ситонидан(инкассатсия кардан)-и қарздории дебитории мизоҷ (харидор); б)ба ӯ пешниҳод намудани қарзи кӯтоҳмуддат; в) аз хавфи қарзӣ аз рӯиамалиётҳои содиротӣ озод намудани ӯ. Арзиши хизматрасонии факторингӣ азнамуди хизмат, вазъи молиявии мизоҷ ва ғ. вобаста аст. Одатан мизоҷ комиссия баандозаи 0,5-3% маблағи гардиш, инчунин фоизҳо аз рӯи қарзҳои гирифтаро пардохтмекунад. Факторинг гардиши сармояро суръат бахшида, хавфи напардохтанро аз байнмебарад. Ҳадафи асосии факторинг бе таъхир ва ё дар мӯҳлатҳои бо шартнома муқарраргардида гирифтани воситаҳо ба ҳисобмеравад. Дар натиҷа фурӯшанда аз қобилияти харидории харидор вобастагӣ надорад.Бонк бо харидор дар бораи кафолат додани пардохтҳои ӯ, дар ҳолати ба миёномадани мушкилиҳои молиявӣ ё бо харидоруфурӯшанда дар бораи гузашт намудани маблағҳои дар ҳуҷҷатҳои пардохтӣ ба шуъбаифакторингии бонк шартнома мебандад.
Форфетикунонӣ(фаронс. a forfait – бутун, маблағи умумӣ) шакли қарздиҳии содирот аз ҷониби бонк ёширкати молиявӣ бо роҳи аз ҷониби онҳо бе гардиш ба фурӯшанда харидорӣ карданивекселҳо ва дигар талаботҳои қарзӣ аз рӯи амалиётҳои савдои берунмарзӣ мебошад.Форфетикунонӣ, чун қоида ҳангоми таҳвили мошин ва таҷҳизот ба маблағи калон бомавқуфгузории дарозмуддати пардохт (то 5-7 сол) истифода карда мешавад. Овердрафт(англ., overdraft тавозуни манфӣ дар ҳисоби ҷории мизоҷибонк мебошад). Овердрафт – ин шакли қарзи кӯтоҳмуддате мебошад, ки бо роҳи басуратҳисоби мизоҷ навиштани воситаҳои зиёдар аз бақияи он, аз ҷониби бонк амалӣкарда мешавад. Дар натиҷаи чунин амалиёт тавозуни манфӣ, яъне бақияи дебетӣ – қарздориимизоҷ ба бонк ба вуҷуд меояд. Бонк ва мизоҷ байни худ шартнома мебанданд, кидар он маблағи зиёдтарини овердрафт, шартҳои пешниҳоди қарз, тартиби адокардани он ва андозаи фоиз барои қарз муқаррар карда мешаванд. Ҳангоми овердрафт тамоми маблағҳое, киба ҳисоби ҷории мизоҷ гузаронида мешаванд, барои адои қарз равона кардамешаванд. Барои ҳамин ҳаҷми қарз бо мурури ворид шудани воситаҳо тағйир меёбад,ки ин овердрафтро аз қарзи оддӣ ҷудо мекунад. Фоизҳо аз рӯи ставкаҳои мавҷуда ёмувофиқакардашуда ситонида мешаванд. Дар ИМА барои он мизоҷони бонк, ки дар онмуддати дуру дароз суратҳисоб доранд, овердрафт метавлнад ройгон пешниҳод кардашавад. Шакли қарзи “овердрафт”аввалин маротиба дар Англия ба вуҷуд омада, дар айни замон дар бисёр мамлакатҳоимутараққи истифода бурда мешавад. Қарзи аксептӣ – ин қарзе мебошад, ки аз ҷониби бонк дар шаклиаксепти вексели интиқолӣ, ки аз тарафи содироткунанда ва воридоткунандагон бабонк пешниҳод карда мешаванд, дода мешавад. Бо ин шакли қарз содироткунандаимконияти ба бонк пешниҳод кардани векселҳоро барои гирифтани маблағи муайяндар доираи меъёри қарзӣ пайдо менамояд. Бонк ин векселҳоро аксепт карда, саривақтпардохт намудани онҳоро аз ҷониби қарздор кафолат медиҳад. Исилоҳи“қарзи аксептӣ” одатан дар он ҳолатҳое истифода карда мешавад, кибонкҳо танҳо траттҳои содироткунандагони мамлакати худро аксепт мекунанд. Яке аз намудҳои қарзи аксептӣ қарзиаксептӣ-рамбурсӣ ба ҳисоб меравад. Рамбурс (фаронс. rembourser) дар савдои байналхалқӣ пардохт кардани моли харидашуда тавассутимиёнаравии бонк дар шакли аксепти бонки воридкунандаи тратт, ки аз ҷонибисодироткунанда пешниҳод карда мешавад.
6.6.Дилинги асъорӣ
Дилингиасъорӣ – ин амалиёти ҳаннотӣоид ба аз ҷониби бонк хариду фурӯш кардани асъор ба воситаи кормандон-дилеронихуд мебошад. Дилинги асъорӣ савдои асъорро ҳам дар бозори беруна ва ҳамдар бозори дохилии мамлакат дар бар мегирад. Самаранокиидилинг вобаста аст, аз:
- ҳаҷмисармояи барои бозӣ дар биржа кофӣ;
- таъминотииттилоотии зарурӣ;
- сатҳикоммуникатсияҳо (системаҳои иттилоотӣ-дилингӣ, ки барои таҳлили техникии тамоюлҳоикӯтоҳмуддат ва дарозмуддати тағйирёбии қурби асъор пешбинӣ карда шудаанд);
- кордониидилерон.
Барои баландбардоштани самаранокии дилинг дар мамлакатҳои хориҷӣ марказҳои дилингӣ мавҷуданд. Банизомҳои дилингӣ талаботҳои зерин пешбинӣ карда мешаванд. Онҳо бояд:
- ҳаҷмизарурии иттилоотро пешниҳод кунанд;
- пешниҳодкардани имкониятҳои техникӣ аз рӯи таҳлили он;
- таъминнамудани кор дар реҷаи мустақими вақт (on line).
Дилинг бароитанзим намудани бозоргирии ҷории бонк пешбинӣ карда шудааст. Дилингиҷорӣ дар шакли классикӣ ду намуди амалиётҳои кӯтоҳмуддатро дар бар мегирад: а) амалиётҳои амонатӣоид ба танзим намудани ҳисоби муросилотии асъории ҷорӣ. Агар барои пардохтвоситаҳо камӣ кунанд, он гоҳ бонк амонатҳои кӯтоҳмуддати асъориро ҷалбменамояд. Агар барзиёдии доимӣ ба миён ояд, онро дар бозори байнибонкӣ ҷойгирмекунанд; б) амалиётҳоиасъории конверсионӣ (“Форекс” – аз англ. foreign exchange).
Бонкҳо ивазнамудани воситаҳоро аз як асъор ба дигараш бо супориши мизоҷ амалӣ мекунанд,инчунин дар тағйирёбии қурб барои гирифтани фоидаи ҳакамӣ ҳаннотӣ мекунанд. Дилингимолиявӣ низ вуҷуд дорад, ки баъзан дилинги асъорӣ-молиявӣ номида мешаванд.Аломати хоси он чун ҳакам дар бозорҳои гуногун ва дороиҳои молиявӣ кушодани мавқеъҳоифоизӣ ва асъори бо хавф алоқаманд ба ҳисоб меравад. Ҷудо мекунанд:
- дилингимолиявии оддӣ;
- дилингимолиявии мураккаб.
Дилингиоддӣ – ин ҳаками ду дороиҳои молиявӣ, масалан амалиётҳои мубодилавиинавъи доллар рубл; Дилинги молиявии мураккаб – инамалиётҳо бо қоғазҳои қиматнок (облигатсияҳои асъорӣ), ҳакам дар амонатҳо ва қарзҳоибонкӣ.
Бозори қарзҳои байнибонкӣ хислативусъати баланди ҷунбиши меъёрҳо барои қарзҳо дар давоми рӯз ва ҳафтаро доромебошад ва имконияти гирифтани фоида аз ҳисоби бозӣ ва мӯҳлатҳои гуногуни воситаҳоиҷалбкардашуда ё ҷойгиркардашударо фароҳам меорад. Сегментҳои номбаршудаибозор зич алоқаманд мебошанд, аз ин рӯ кори бонкҳо дар секунҷа ба амал меояд:бозори амалиётҳои асъорӣ-мубодилавӣ, бозори қарзҳои байнибонкии асъорӣ ва рублӣва бозори қоғазҳои қиматнок ва воситаҳои фоизӣ – векселҳо, ГКО. Дилинги молиявии мураккаб, ки баъзанинжиниринги молиявӣ номида мешавад, ҳакам дар ставкаҳои фоизии мувофиқ наоянда,қурбҳое, ки тавассути дигар дороиҳои молиявӣ ҳисоб карда мешаванд, мебошад. Вазифаи асосии дилерон – якҷояалоқаманд кардани тамоми шӯъбаҳои бонк, муайян кардан, ки онҳо оё захираҳоибарзиёд ё нокифоя надоранд, ва мувофиқан ба таври моҳирона гузарониданиидоракунии захираҳои пулии бонк. Дилингро амалӣ карда истода, бонкҳо бопровайдерон кор мекунанд. Провайдер (анг. provider – таҳвилкунанда) – ин маркази мағзӣмебошад, ки дар он иттилоот дар бораи эҳтиёҷи бонкҳо ба пулҳои ниҳоят кӯтоҳ ҷамъоварӣшуда, алоқаҳои суғуртавӣ ҳамоҳанг карда мешаванд. ҳаҷми пулӣ барои провайдерродилероне, ки маблағҳои калони пулиро ҷамъоварӣ мекунанд, таъмин менамоянд.