Суғуртакунии алоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ

Суғуртакунииалоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ

  1. Моҳият ва намудҳои суғуртакунииалоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ
  2. Намудҳои алоҳидаи суғуртакунииалоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ

1. Моҳият ва намудҳои суғуртакунии алоқаҳои иқтисодииберунмарзӣ

Суғуртакунииалоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ – инмуносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ оиди ҳимояи манфиатҳои моликиятии давлатҳо,субъектони хоҷагидор ва шаҳрвандон ҳангоми ба вуҷуд омадани воқеаҳои муайян (ҳолатҳоисуғуртавӣ) аз ҳисоби фондҳои пулие мебошад, ки аз ҳисоби пардохт намудани ҳаққисуғуртавӣ (яъне пардохтҳо) аз ҷониби онҳо ташкил мешаванд. Ҳаққи суғуртавӣ (пардохт) – ин пардохтбарои суғуртакунӣ мебошад, ки мувофиқи полиси суғуртавӣ суғурташаванда ӯҳдадораст ба суғуртакунанда пардохт намояд. Полисисуғуртавӣ (фаронс. police-, аз итол. polizza –забонхат, квитансия) – шартномаи хаттӣ дар бораи суғуртакунӣ (ё азнавсуғуртакунӣ)мебошад, ки аз ҷониби суғуртакунанда ба сифати шаҳодатнома дар бораи суғуртакунӣдода шудааст. Дарҷараёни суғуртакунии алоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ ду субъект иштирок мекунанд:дорандаи полис ва суғуртакунанда. Дорандаи полис (суғурташаванда)– ин субъекти хоҷагидор ё шаҳрванд мебошад, ки манфиати суғуртавиро инъикосмекунад, ҳаққи суғуртавиро пардохт мекунад ва бо қувваи қонун ё шартномаидутарафа (шартномаи суғуртавӣ) бо ширкати суғуртавӣ ба муносибатҳои мушаххасисуғуртавӣ медарояд. Дорандаиполис шахсе эътироф карда мешавад, к ибо муассисаи суғурта шартномаи суғуртакунӣбастааст ё бо қувваи қонун суғуртакунанда ба ҳисоб меравад. Суғуртакунии алоқаҳои иқтисодииберунмарзӣ маънии суғуртакунии хавфҳои беруниқтисодиро дорад ва аз маҷмӯи намудҳоисуғуртакуние иборат аст, ки ҳимояи манфиатҳои иштирокчиёни ватанӣ ва хориҷии инё он шакли ҳамкориҳои байналхалқиро таъмин мекунад. Суғуртакунииалоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ суғуртакунии шахсӣ, суғуртакунии моликият ва суғуртакуниимасъулиятро дар бар мегирад. Суғуртакуниишахсӣ маънии амалӣ кардани ҳимояи суғуртавии шаҳрвандонро дорад. Ба сифатиобъекти муносибатҳои суғуртавӣ дар суғуртакунии амволӣ намудҳои гуногунимоликият ва манфиатҳои амволӣ баромад мекунанд. Таъиноти иқтисодии суғуртакунииамволӣ барқарор кардани зараре ба ҳисоб меравад, ки дар натиҷаи ҳолати суғуртавӣба миён омадааст. Объектимуносибатҳои суғуртавӣ дар суғуртакунии масъулият масъулият дар назди шахсони ҳуқуқӣё воқеии сеюм дар натиҷаи ҳаракат ё беҳаракатии дорандаи полис (яъне суғуртакунанда)ба шумор меравад. Бар хилофи суғуртакунии амволӣ, ки ба дорандаи полис (суғуртакунанда)моликияти шахсии шаҳрвандон, субъектони хоҷагидор ва манфиатҳои амволии онҳотааллуқ дорад, ва бар хилофи суғуртакунии шахсӣ, ки дар ҳолати фаро расидани воқеаҳоимуайяни бо ҳаёт ва саломатӣ алоқаманд, гузаронида мешавад, ҳадафи суғуртакуниимасъулият ҳимояи суғуртавии манфиатҳои зараррасонандаҳои эҳтимолӣ ба ҳисобмеравад, ки дар ҳар як ҳолати суғуртавӣ инъикоси мушаххаси пулии худро меёбанд.Суғуртакунии масъулият муқаррар кардани маблағи суғурта ва шаҳрванд ё субъектихоҷагидори суғуртакуннандаро, ки бояд товон пардохт карда шавад, пешбинӣнамекунад.

  • Намудҳои алоҳидаи суғуртакунииалоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ

7.2.1. Суғуртакунии тиббии сайёҳон. Суғуртакунии тиббӣ асосан хароҷотҳои зерини сайёҳро руйпӯш мекунад:

  • тиббӣ;
  • касалхона;
  • баинтиқол тавассути нақлиёти ёрии таъҷилӣ;
  • бароидастрас намудани дорувориҳо;
  • бароинигоҳубини беморон, ки дар натиҷаи ҳодисаи нохуш ё бемории ногаҳонӣ ба миёномадааст;
  • бароиинтиқоли ҷасад дар ҳолати вафот кардан дар хориҷа;
  • дар ҳолатизарурати ба мамлакати худ баргашта бурдани бемор. Агар синни суғуртакунанда аз 65 баланд бошад, тарофаидучанд ситонида мешавад. шахсони аз синни 70 сола боло суғурта карда намешаванд.Суғуртакунӣ бе муоинаи тиббӣ гузаронида мешавад. 7.2.2. Суғуртакунӣ барои обу ҳавоибад барои суғуртакунии хавфи тиҷоратӣ(масалан, ҳангоми ташкили чорабиниҳои консертӣ-варзишии калон) аз обу ҳаво(борон, бориши барф, ҳарорат ва ғ.) пешбинӣ карда шудааст.

7.2.3. Суғуртакунии делкредере. Делкредере (аз лот. del creadere – ба эътимод) – ин кафилӣ барои иҷроишартнома ва ҳимояи суғуртавӣ аз хавфҳои қарздории дебиторӣ аз рӯи таҳвилҳо бафармоишгарони дохилӣ ва хориҷӣ ба мӯҳлати на зиёда аз 180 рӯз.

7.2.4. Суғуртакунии амонатҳо. Яке аз намудҳои суғуртакунӣ ба ҳисоб меравад, ки аз ҷониби бонкҳоамалӣ карда мешавад ва он ба амонатгузорон баргардонидани амонатҳои онҳоро дар ҳолатимуфлис эълон кардани бонкҳо кафолат медиҳад.

7.2.5. Суғуртакунӣ аз хавфҳои асъорӣ – ин суғуртакунӣ аз зарарҳо дар натиҷаи тағйири қурбҳои асъорӣмебошад. Ду усусли суғуртакунӣ аз хавфҳои асъорӣ вуҷуд доранд:

а)шартҳои асъорӣ (шартҳои махсус);

б) амалиётҳои форвардӣ (шартнома дарбораи дар оянда ворид шудани асъор аз рӯи қурби форвардии пешакӣмуайянкардашуда). 7.2.6. Суғуртакунии инвеститсияҳои хориҷӣ азхавфҳои гуногун (интиқол – трансфертиасъор, мусодара, вайрон кардани шартҳоиқарордод, ҷанг ва нооромиҳо).

7.2.7. Суғуртакунии масъулияти соҳибонивоситаҳои нақлиёт.

2.8. Суғуртакунии хавфҳои иқтисодӣ.

250
Нет комментариев. Ваш будет первым!