Моҳият ва мундариҷаи амалиётҳои оффшорӣ
Пайдоишиамалиётҳои оффшорӣ бо паст кардани андоз аз даромадҳо аз фаъолияти соҳибкорӣ ботартиби қонунӣ ба миён омадааст. Соҳибкор-резидентӯҳдадор аст аз гардиш ва фоидае, ки аз фаъолияти худ дар дохил ва хориҷимамлакат ба даст овардааст, андоз супорад. Соҳибкоре,ки дар фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ иштирок мекунад, ду маротиба андозмесупорад. Андозбандии дукарата – ин андозбандӣнамудани фоидаи иштирокчии хориҷӣ дар корхонаи муштарак ҳангоми ба хориҷа интиқолдодани он ва боз андозбандӣ кардани ҳамин фоида дар мамлакати иштирокчии хориҷӣмебошад. Аз ин рӯ барои бартараф кардани андозбандии дукарата ва ҳавасманднамудани фаъолияти иқтисодии берунмарзии соҳибкор бисёр мамлакатҳо байни худдар бораи бартараф кардани андозбандии дукарата созишнома (конвенсия, шартнома)мебанданд. Ба ғайраз бартараф кардани андозбандии дукарата барои ҳавасманд намудани гардиши тиҷоратиибайналхалқӣ принсипи ба ҳадди камтарин расонидани андозҳо дар асоси қонунистифода бурда мешавад, ки асоси амалиётҳои оффшориро ташкил мекунад. Амалиётҳоиоффшорӣ (англ. off chore – дар фосила аз соҳил ҷойгиршуда, берун аз ҳудуди мамлакат) асоси қонунииамалиётҳои тиҷоратӣ ва молиявии байналхалқие мебошанд, ки аз ҷониби корхонаҳоеамалӣ карда мешаванд, ки дар ҳудуди дорандаи мақоми бандари андозӣ, ки маркази “офф-шор” яке аз намудҳои он ба ҳисобмеравад, ба қайд гирифта шудаанд. Амалиётҳоиоффшорӣ асбоби молиявие мебошанд, ки қонунгузории амалкунандаро вайрон накарда,барои банақшагирӣ ва ба ҳадди камтарин расонидани андозбандӣ ва барои ҳимояисирри тиҷоратӣ истифода бурда мешаванд. Амалиётҳои оффшорӣ дарбар мегиранд:
а) хизматрасониҳоимашваратӣ доир ба кам кардани андозбандӣ, интихоби минтақаи оффшорӣ ва ғ.;
б)хизматрасониҳо доир ба таъсис ва бақайдгирии корхона (ширкат)-ҳои оффшорӣ, доирба кушодани суратҳисобҳои бонкӣ, доир ба фурӯхтани ин корхонаҳо ва ғ.;
в) хизматрасониҳо доир ба истифодаи самаранокиширкатҳои оффшорӣ дар гардиши тиҷоратии байналхалқӣ;
г)хизматрасониҳо доир ба идоракунии ширкати оффшорӣ тавассути идоракунандаиваколатӣ;
д)амалиётҳои ҳаннотӣ доир ба идоракунии сармоя (дилинги асъорӣ, инвеститсияҳо, соҳибшудан ва ихтиёрдорӣ кардани амволи хориҷӣ, амалиётҳо бо амволи ғайриманқул,амалиётҳои трансфертӣ, трастӣ ва ғ.);
е)хизматрасониҳои консалтингӣ оиди банақшагирии андоз. Банақшагирии андоз маънииистифода бурдани омилҳои гуногун (ҷуғрофӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ)-ро бо мақсади камкардани талафоти андоз дорад.
Асосиамалиётҳои оффшориро махфӣ будани соҳибкории оффшорӣ ташкил мекунад. Дар бисёрдоираҳои ҳуқуқи оффшорӣ қонунҳои махсус қабул карда шудаанд, ки барои ифшокардани иттилооти махфӣ аз ҷониби шахсоне, ки ба он дастрасии хизматӣ доранд, ҷавобгарииҷиноятиро пешбинӣ мекунанд. Ҳифзи сирри тиҷоратӣодатан аз пинҳон доштани соҳиби воқеии ширкати оффшорӣ иборат мебошад. Чунинпинҳондорӣ бо роҳи баровардани саҳмия ба тақдимкунанда ё дар асоси истифодабурдани идоракунандаи ваколатӣ (яъне соҳиби номӣ) – и ширкати оффшорӣ таъминкарда мешавад. Махфиятинчунин бо мавҷудияти суратҳисобҳои бонкии ширкати оффшорӣ алоқаманд аст, кииттилоот дар бораи онҳоро бонк танҳо дар ҳолати тафтишоти судӣ (масалан, дар вақтиделоҳои ҷиноӣ аз рӯи савдои маводи мухаддир ва монанди онҳо) метавонад диҳад.