Бандари андозӣ ва маркази “офф-шор”

Бандариандозӣ (мафҳумҳои монанд паноҳгоҳи андозӣ,оазиси хазинавӣ) давлат ва ё ҳудуди на он қадар калоне мебошад, ки сиёсати ҷалбнамудани сармояи қарзии хориҷиро бо роҳи пешниҳод намудани имтиёзҳои андозӣ вадигар сабукиҳо мегузаронад. Бандари андозӣ имтиёзҳоро ба соҳибкорон (ширкатҳо)– и хориҷӣ ва маҳаллӣ пешниҳод мекунад. Баъзан андозбандии имтиёзнок танҳо банамуди алоҳидаи даромади бадастоянда паҳн мегардад, масалан, дар Люксембург –ин реҷаи имтиёзноки андоз барои бонкҳо; дар Швейсария ва Лихтенштейн – бароиширкатҳои миёнарави холдингӣ ва тиҷоратӣ; дар ҷазираҳои Багам – озодии пурра азандози даромад. Қонунгузориимамлакатҳое, ки бандари андозӣ доранд, барои сохторҳои тиҷоратӣ пураа озодкардани онҳо аз андоз (Ирландия, Либерия) ё андозбандӣ кардани онҳоро бо андозиумумии на он қадар баланд (маблағи ягона) (Лихтенштейн, ҷазираҳои Антил, Панамава ғ.) пешниҳод мекунанд. Дар Швейсария андозаи нисбатан пасти андоз муқарраркарда шудааст, ки дар шароитҳои муайян метавонад ситонида нашавад. Акеаз намудҳои бандари андозӣ маркази “офф-шор” ба ҳисоб меравад. Марказҳои“офф-шор” – ин давлат ё ҳудудҳои на он қадар калоне мебошанд, ки асосан дарсоҳилҳои баҳрӣ ва ҷойҳои рушди сайёҳии байналхалқӣ ҷойгир шудаанд ва сиёсати ҷалбнамудани сармояи қарзии хориҷиро бар хилофи бандарҳои андозӣ, бо пешниҳодкардани имтиёзҳои андозӣ ва дигар намуди имтиёзҳо танҳо барои амалиётҳои молиявӣ-қарзӣбо резидентони хориҷӣ бо асъори хориҷӣ, амалӣ мекунанд. Ба марказҳои нисбатан маъмули“офф-шор” Белиз, Па­нама, Либерия, Кипр, Малта, Сингапур, Гибралтар,Штати Делавер дар ИМА ва ғайра мансубанд. Пеш бурдани фаъолияти тиҷоратӣ дар ҳудудимамлакате, ки ширкати оффшорӣ ба қайд гирифта шудааст, чун қоида манъ кардашудааст. Марказҳои“офф-шор” аз минтақаҳои озоди савдо куллан фарқ мекунанд. Минтақаҳоиозоди савдо имтиёзҳои андозӣ ва дигар сабукиҳоро ба тамоми корхонаҳо пешниҳодмекунанд, ки дар дохили минтақа фаъолият мекунанд, марказҳои“офф-шор” бошанд, танҳо ба корхонаҳое (ширкатҳои оффшорӣ), ки дарберун аз ҳудуди онҳо фаъолият мекунанд. Марказҳои“офф-шор” тахассуси муайян доранд, ки асосашро навъҳои гуногунидоираи ҳуқуқ (юрисдиксия) ташкил мекунанд. Доираҳоиҳуқуқ бонкӣ, трастӣ, суғуртавӣ мешаванд. Дар байни доираҳои ҳуқуқи суғуртавӣчунин доираҳои ҳуқуқе мавҷуданд, ки бештар барои суғуртакунии дохилиширкатӣрост меоянд ва чунин доираҳои ҳуқуқие, ки бештар барои азнавсуғуртакунӣ ростмеоянд. Дарбозори як соҳа якчанд марказҳои “офф-шор” метавонанд байни ҳам рақобаткунанд. Масалан, бақайдгирии ширкатҳои оффшории киштиронӣ дар Либерия, Панама, ҷазираҳоиКипр, Мэн ва дигар ҷойҳо амалӣ карда мешавад. Аз мавқеипешниҳод кардани имтиёзҳо доираҳои ҳуқуқ тақсим мешаванд ба ширкатҳои оффшорие,ки ба бандарҳои андозӣ мансубанд, доираҳои ҳуқуқ бо иқлими андозии “мӯътадил”. Бароиширкатҳои оффшорӣ ҷой надоштани андозбандӣ ва баҳисобгирӣ, инчунин дар бисёр ҳолатҳоистисно кардани онҳо аз бахши амали шартномаҳои байналхалқии андозӣ хосмебошанд. Ба ин навъи доираи ҳуқуқ аксаримарказҳои “офф-шор” дохил мешаванд, ки созишнома дар бораи баратарафкардани андозбандии дукарата ва ғ. амал мекунад: Панама, Кипр, ҷазираҳоиБритания ва Вирҷиния. Бадоираи ҳуқуқи бо иқлими андозии “мӯътадил” Австрия, Белгия,Люксембург, Нидерландҳо, Швейсария дохил мешаванд. қонунгузории ин мамлакатҳомеъёрҳоеро дар бар мегирад, ки ҳангоми гузаронидани амалиётҳои оффшорӣ имкониятмедиҳанд, то андозҳо чандин маротиба кам карда шаванд ва ҳатто баъзан ба сифрбаробар шаванд. Марказҳои“офф-шор”-ро баъзан минтақаҳои оффшорӣ меноманд. Мамлакатҳое, кичунин минтақаҳоро таъсис медиҳанд, як қатор манфиатҳои иҷтимоӣ-иқтисодиро бадаст меоранд. Махсусан: онҳо сармояи хориҷиро ҷалб менамоянд, сарчашмаииловагии пардохтҳои андозӣ, боҷ ва дигар пардохтҳоро соҳиб мешаванд, шуғлнокии аҳолиимаҳаллӣ, пеш аз ҳама адвокатҳо, муҳосибон, котибон, кормандони бонкҳо, воситаҳоиалоқа, ширкатҳои суғурта ва дигаронро зиёд мегардонанд. Ҷонибиманфии таъсиси марказҳои “офф-шор” дар он аст, ки ин марказҳометавонанд ба сифати макони қонунигардонии “маблағҳои ифлос” ва ҳаргуна қаллобиҳои молиявӣ истифода бурда мешаванд.

10.3. Байроқи мувофиқ

Маркази “офф-шор” метавонад реҷае таъсис диҳад, ки имтиёзҳоиандозӣ ва дигар сабукиҳоро ба соҳибони киштӣ-ғайрирезидентҳо пешниҳод мекунад.Чунин реҷа ва ҳамчунин маркази “офф-шор” номи байроқи мувофиқро дорад (flag of convenience). Байроқи мувофиқ (аз англ., convenience – қулай, суди моддӣ, манфиат) –ин ба таври кушод ба қайд гирифтаникиштиҳои баҳрӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаи иловагӣ аз имтиёз дарандозбандӣ, таснифот ва ғайра мебошад, ки соҳибони киштӣ-ғайрирезидентон дармамлакати ин бақайдгирӣ ба даст меоранд. Байроқимувофиқро ҷазираҳои Антил, ҷазираҳои Багам, Бирма, Кипр, Либерия, Ливан, Малта,Панама ва ғайра пешниҳод мекунанд. Меъёриасосӣ ҳангоми муайян намудани рӯйхати байроқи мувофиқ фарқият дар байнимансубияти миллии ширкати соҳибони киштӣ ва флоти миллӣ ба ҳисоб меравад. Батаври дигар, вақте ки ҳуқуқи доштан ва назорат кардани киштӣ ба шахсе тааллуқдорад, ки миллаташ аз байроқи миллие, ки киштӣ таҳти он шино мекунад, фарқмекунад, чунин ҳисоб карда мешавад, ки киштии мазкур таҳти байроқи мувофиқ шиноменамояд. “ҚоидаҳоиРодчел”-и комиссия оид ба назорат аз болои байроқи мувофиқ (IET – International Transport Corker’s Federation) меъёрҳоииловагии муайян намудани байроқи мувофиқро муқаррар карданд. Ба ин меъёрҳои иловагӣдохил мешаванд: а)давлат ба қайд гирифтани киштиҳоеро иҷозат медиҳад, ки соҳибонашон ғайрирезидентонимамлакати мазкур ба ҳисоб мераванд; б)осон будани иваз намудани регистр ва қайди байроқи киштӣ; в) андозбандии имтиёзнок; г) давлат на ба истифодабарии киштӣ,балки танҳо ба даромадҳо (андозҳо, боҷҳо) – е манфиатдор мебошад, ки аз ҳаҷмибори интиқолёбанда ба даст оварда мешаванд; д)киро кардани коргарони хориҷӣ ба киштӣ иҷозат дода шудааст; е) давлат барои муқаррар кардани реҷаимиллӣ ва байналхалқии шадид барои соҳибони киштӣ манфиатдор нест.

Соҳиби киштӣ – ғайрирезиденткиштии худро дар мамлакате, ки байроқи мувофиқро пешниҳод мекунад, ба қайдмегузорад. Киштӣ ва ҳайати экипажи он минбаъд ба парчам ва миллати давлатимазкур мансубанд. Қонунгузории ин мамлакатҳо соҳиби киштиро маҷбур намесозад,ки стандартҳои ҷаҳонии таъминоти иҷтимоӣ ва ҳуқуқҳои иттифоқи касабавии баҳрнавардонрориоя кунад. Реҷаи ҳисобдории андозӣ барои чунин соҳибони киштӣ сабук кардашудааст. Байроқимувофиқ ба мамлакате, ки онро пешниҳод мекунад, даромади зиёд меорад. Масалан,дар ин реҷа Кипр ҳамасола 22 млн. доллар, Панама 40 млн. доллар ва дигармамлакатҳо низ ба андозаи гуногун даромад ба даст меоранд. Даромадҳое,ки аз ҳар қайлгирӣ ба даст оварда мешаванд, аз навъ ва андозаи киштӣвобастаанд: чӣ қадаре, ки киштӣ калон бошад, ҳамон қадар барои маъмурият вадавлат манфиатовар мебошад. Дар айни замон байроқи мувофиқ 30% флоти ҷаҳонироташкил мекунад ва садаманокии баландтаринро доро мебошад. Масалан, соли 1991 баҳиссаи байроқи мувофиқ 48,2% талафёбии киштиҳо рост меомад, ки аз онҳо баПанама 26 киштӣ, ба Кипр 17 киштӣ ва ба Малта 12 киштӣ тааллуқ доштанд.

184
Нет комментариев. Ваш будет первым!