Ширкати оффшорӣ

Муассисаҳои тиҷоратие,ки дар марказҳои “офф-шор” ташкил карда шудаанд, ба худ номи“Ширкатҳои оффшорӣ”-ро гирифтаанд. Истилоҳи“ширкати оффшорӣ” истилоҳи ҳуқуқӣ ба шумор намеравад. Мафҳуми ширкатиоффшорӣ ва мақоми он бо қонуни махсус ё дигар санадҳои меъёрӣ муайян кардамешавад. Ширкатиоффшорӣ – ин ширкате мебошад, ки нисбати мамлакати қайди худ ғайрирезидентба ҳисоб рафта, аз пардохти андозҳо пурра озод карда шудааст. Аммо ин ширкатбояд барои чунин озодкунӣ ҳамасола маблағи муқарраркардаеро пардохт намояд. Дарширкатҳои оффшорӣ пеш бурдани баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисобдорӣ ба ҳаддикамтарин расонида шудааст (Ирландия, Швейсария). Дар баъзе марказҳо талаботипеш бурдани баҳисобгирии муҳосибӣ умуман мавҷуд нестанд (ҷазираҳои Антил ваНормандӣ, Либерия, Лихтенштейн, Панама). Ба ширкатҳои оффшорӣ дар ихтиёрдорӣкардани воситаҳои худ ҳам ба манфиати иштирокчиёни он ва ҳам ба манфиатҳоишахсии ширкат озодии пурра пешниҳод карда шудааст. Онҳо метавонанад тамомиамалиётҳои савдо ва молявиро дар тамоми ҷаҳон амалӣ намоянд. Бартарии асосииширкатҳои оффшорӣ чунинанд: имконияти бастани қарордодҳои савдо бо шартҳоиимтиёзнок, дар мӯҳлати камтарин амалӣ намудани амалиётҳои молиявии байналхалқӣтибқи асъори харидор ва фурӯшанда, дар ҳамон ҷо аз ҳисоб баровардани тамомихароҷотҳое, к ибо бастани шартномаҳо алоқаманданд, махфӣ будани соҳибон, ки босабабҳои гуногун дар додани иҷозатнома ва пешниҳод намудани ҳуқуқҳои истисноӣ баширкат ва ҳамзамон истисно накардани имконияти фурӯхтани молҳоро дар дигармамлакатҳо ё бо дигар тамға дар ҳамон мамлакат, аҳамияти калон дорад.

Ширкати оффшорӣбо мақсадҳои аниқу муайян таъсис дода мешавад. Инмақсадҳо чунинанд:

  • Ба ҳаддикамтарин расонидани пардохти андозҳо;
  • Амалӣнамудани вазифаҳои тиҷоратии тамоюли касбӣ, масалан байроқи мувофиқ;
  • Ташкилиширкатҳои холдингӣ;
  • Таъсисиимиҷ (байналхалқӣ ё миллӣ);
  • Бадаст овардан ва нигоҳ доштани амволи ғайриманқул аз номи ширкати оффшорӣ;
  • Таъминнамудани махфияти таъсиси ширкати оффшорӣ, яъне махфӣ будани номи соҳиби он, суратҳисобҳоибонкӣ ва ғ.;
  • Заруриятитиҷоратии алоқаманд бо давр зада гузаштани ташкилотҳои гуногун ва эмбарго аз рӯинамудҳои алоҳидаи фаъолият ё молҳо;
  • Баландбардоштани самаранокии амалиётҳои савдо ва молиявӣ.

Шаклҳои бақайдгирииширкати оффшорӣ бо мавҷудияти ду низомҳои ҳуқуқии глобалӣ дар ҷаҳон муайянкарда мешавад:

  • ҷазиравӣё англо-саксонӣ;
    • континенталӣ ё франко-олмонӣ. Тобишҳоиҳуқуқии маҳаллӣ маҳз аз низоми дар доираи ҳуқуқи мазкур қабулшуда вобастамебошанд. Принсипҳои асосие, ки ба асоситаснифоти шаклҳои бурдани тиҷорат гузошта шудаанд, ва фаъолияти ширкатиоффшориро муайян мекунанд, дар доираҳои ҳуқуқи ҷазиравӣ ва континенталӣ азбисёр ҷиҳат монанд мебошанд. Ба онҳо дохил мешаванд:

а)принсипи шахси ҳуқуқӣ, маънии онро дорад, ки субъекти муносибатҳои ҳуқуқӣновобаста аз муассисон вуҷуд дорад. Соҳиби ширкати оффшорӣ ба муносибатҳои ҳуқуқӣна бевосита, балки тавассути шахси ҳуқуқие, ки аз тарафи ӯ идора карда мешавадва масъулиятро дар доираи дороиҳои худ бар дӯш дорад, ворид мегардад;

б)принсипи “масъулияти маҳдуд”, ки маънии онро дорад, ки тамоми шаклҳоиташкилӣ-ҳуқуқии соҳибкорӣ ба муассисаҳо бо ҷавобгарии пурра ва муассисаҳо бо ҷавобгариимаҳдуди соҳибмулкон тақсим мешаванд. Шаклҳои омехтаи соҳибкорӣ низ метавонандмавҷуд бошанд: ширкат ба боварӣ (ширкати коммандитӣ), ҷамъият бо масъулиятииловагӣ;

в)принсипи “кушода/пӯшида”, маънии онро дорад, ки ширкати “пӯшида”ширкати хусусӣ ба ҳисоб меравад, ширкати “кушода” бошад – ин ширкатиоммавӣ бо фурӯши кушоди саҳмияҳо аст.

Мақоми андозии ҳаряк ширкат бо меъёри резидент будан ва меъёри ҳудудӣ муайян карда мешавад. Меъёрирезидент будан пешбинӣ мекунад, ки ширкат резидент ҳисоб карда мешавад, агар соҳибӣкардан, идоракунӣ ва назорат аз болои он дар ҳудуди мазкур амалӣ карда шавад.Ширкатҳои резидентии мамлакати мазкур нисбати тамоми даромадҳои худ, ки ҳам дарҳудуди ин мамлакат ва ҳам дар хориҷи он ба даст меоранд, дар дохили мамлакатандозбандӣ карда мешаванд. Меъёри ҳудудӣ пешбинӣ менамояд, ки дармамлакати мазкур танҳо он даромадҳое андозбандӣ карда мешаванд, ки дар ҳудудион ба даст омадаанд.

Се намудиширкатҳои оффшорӣ мавҷуданд:

  • ширкатиғайрирезидентӣ (поп Non-Resident);
  • ширкатиаз андозҳо озодкардашуда (exetpt);
  • ширкати бизнеси байналхалқӣ (International BusinessCompany).

Ширкатиғайрирезидентӣ – ин ширкате мебошад, ки соҳибмулкаш ғайрирезидент ба ҳисоб меравад. Дафтари асосӣ (марказӣ)-и чунин ширкат, чун қоида дар дигар мамлакат ба қайд гирифта шудааст. Барои чунин ширкат имтиёзҳои андозӣ ҷорӣ карда мешаванд. Он вазифадор аст ҳар сол тафтиши аудиторӣ гузаронад, ки аз рӯи натиҷаҳои он андозҳо пардохт карда мешаванд.

Ширкате, киазандозҳоозодкардашудааст ин ширкати ғайрирезидентӣ мебошад, ки барои он андозбандии имтиёзнок ҷорӣ карда шудааст (ё аз пардохти андозҳо пурра озод карда шудааст, ё фоизи на он қадар баланди андоз аз фоидаро пардохт менамояд) ва ӯҳдадор аст, то ҳар сол тафтишоти аудиториро гузаронад.

Ширкатибизнеси байналхалқӣ – ин ҳамон ширкати оффшорӣ мебошад. Он низ ғайрирезидентӣба шумор меравад, аз андозҳо пурра озод карда шудааст, аммо вазифадор аст, то ҳарсол боҷи муқарраркардашударо пардохт намояд.

Ширкатҳои азим,ки дороиҳои байналхалқӣ доранд, моликияти худро бо роҳи таъсиси холдингҳоиоффшорӣ ташкил менамоянд. Вазифаи асосии холдинги оффшорӣ ҷорӣ намуданиидоракунии корхонаҳои фаръии хориҷӣ ба сифати зинаи марҳилавӣ байни онҳо ва соҳибиинтиҳоӣ ба ҳисоб меравад. Ширкатҳоиоффшорӣ бисёр вақт бо реинвойсинги савдоӣ машғул мешаванд.

Реинвойсинг – ҷараёни ҳаракати молҳо аз таҳвилгар ба харидор мебошад, ки ширкатиоффшорӣ дар он танҳо барои ба расмият даровардани шартнома ва суратҳисобҳоистифода карда мешавад. Ширкатиасосӣ (яъне модарӣ) бо ширкати оффшорӣ шартнома барои тамоми мол аз рӯи нархиягона мебандад, ширкати оффшорӣ бошад, бо харидорони мамлакатҳои гуногун бароимиқдорҳои муайяни ин мол шартнома мебандад. Ширкати асосӣ фоидаимуқарракардаро ба даст меорад, дар суратҳисоби ширкати оффшорӣ бошад, фарқиятиаз шартномаҳои алоҳида бадастомада меистад, ки аз андозбандӣ пурра баровардамешавад. Ширкатҳоиоффшорӣ на танҳо бо реинвойсинги савдо машғул мешаванд. Онҳо флоти киштӣдоранд, барои суғурта кардани хатарҳои худ (агар имконияти ба арзиши аслӣ ёинтиқоли маҳсулот дохил кардани ҳаққи суғуртавро дошта бошанд) филиалҳои суғуртавииоффшорӣ таъсис медиҳанд, ширкатҳои лизинги оффшорӣ ташкил мекунанд (агар захираҳоиинвеститсионии ширкати оффшорӣ барои дастрас намудани таҷҳизот барои ширкатиасосӣ истифода бурда шаванд).

2. Ширкати ҳуқуқии котиботӣ

Дар як қатормамлакатҳо (Ирландия, Гибралтар ва ғ.) қонунгузории оффшорӣ амал мекунад, ки бақайд гирифтани ширкатҳои бизнеси байналхалқиро бе ҳуқуқи фаъолият дар мамлакатибақайдгирӣ ва дар ин асос озод намудани онҳо аз андозҳо ва ҳисобдориро иҷозатмедиҳад. Хизматрасониҳои котиботӣ – ин маҷмӯихизматрасониҳои маъмурӣ мебошанд, ки пешниҳод кардани суроғаи ҳуқуқӣ ва ташкилирасман ба қайд гирифтани ширкат, нигоҳдории ҳуҷҷатҳои низомномавие, ки бароинишон додан ба мақомотҳои ҳокимияти маҳаллӣ заруранд, қабул ва фиристоданимуросилотҳо, ташкил ва супоридани эъломияҳои андоз ва ҳисоботи солона, инчунинхизматрасонии ҳуқуқшиносро дар бар мегиранд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ манфиатҳоисоҳиби ширкати оффшориро дар мақомотҳои ҳукуматӣ намояндагӣ мекунад, соҳибмулконродар бораи тағйирёбиҳои ҷорӣ дар қонунгузорӣ, тартиби ҳисобдорӣ ва ғ. хабардормекунад. Ширкатиҳуқуқии котиботӣ метавонад ба шумораи зиёди ширкатҳои оффшории ба қайдгирифташуда хизмат расонад. Соҳибмулки чунин ширкати оффшорӣ танҳо бо ташвишибурдани суратҳисоби бонкӣ маҳдуд мешавад. Бароикушодани суратҳисоб дар бонк тасдиқ намудани (апостилирование) шаҳодатнома дарбораи бақайдгирӣ талаб карда мешавад. Тасдиқ намудани ҳуҷҷатҳо – ин тасдиқнамудани давлатии ҳуҷҷатҳо баъд аз тасдиқи нотариалии онҳо мебошад. Ҳуҷҷат дарбораи қонунигардонии ширкати бақайдгирифташуда тибқи меъёрҳои байналхалқӣапостил ном дорад. Моҳиятан апостил – ин тасдиқномаи муассисаи давлатиимамлакати қайди ширкат, масалан, котиби давлатии штат мебошад, ки қонунбудани ҳуҷҷатҳоиқайди ширкатро тасдиқ мекунад.

3. Намояндагии доимӣ

Дар мамлакатҳоигуногун фаъолияти ширкати хориҷӣ метавонад аз номи ӯ бо ба қайд гирифтанинамояндагии доимӣ ё бе чунин бақайдгирӣ пеш бурда шавад. Истилоҳи“намояндагии доимӣ” танҳо барои муайян намудани мақоми андозии шахси ҳуқуқиихориҷӣ истифода карда мешавад ва арзиши ташкилӣ-ҳуқуқӣ надорад. Филиал,намояндагӣ, ҳар ҷои дигари амаликунии фаъолияти шахси ҳуқуқии хориҷӣ вобаста азон, ки оё чунин фаъолият тибқи қонунгузории мамлакати мазкур ва созишномаҳоибайналхалқӣ дар бораи бартараф кардани андозбандии дукарата таҳти мафҳуми“намояндагии доимӣ” дохил мешавад ё не, ба сифати намояндагии доимӣ эътирофкарда мешаванд. Барои ҳадафҳои андозбандӣ факти мавҷуд будан ё набуданиаккредитатсияи шахсони ҳуқуқии хориҷӣ аҳамият надорад. Намояндагиҳоидоимии ширкати хориҷӣ худашон андозсупоранда ба ҳисоб намераванд, чунки онҳошахси ҳуқуқӣ нестанд. Аммо роҳбарони чунин намояндагиҳо дар назди мақомотиандоз барои фаъолияте, ки ширкати хориҷӣ тавассути намояндагии мазкур амалӣмекунад, ҷавобгарии пурраро бар дӯш доранд.

293
Нет комментариев. Ваш будет первым!