СОДИРОТ ВА ВОРИДОТИ САРМОЯ
- Содирот ваворидоти сармояи соҳибкорӣ чун шакли алоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ
- Кооператсияисаноатӣ (истеҳсолӣ)-и байналхалқӣ
- Соҳибкории муштарак
- Минтақаҳои озоди иқтисодӣ
1 Содирот ва воридоти сармояи соҳибкорӣ чун шакли алоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ
Дар иқтисодиётиҷаҳонӣ содирот ва воридоти сармоя дар байни мамлакатҳо нақши муҳимро мебозанд. Ҳаракатисармояҳо тавассути сарҳади мамлакатҳо аз ҳаракати молҳо ба таври куллӣ фарқмекунанд. Ба хориҷа баровардани сармоя ин ҳаракати якҷонибаи арзишҳо дар шаклипулӣ ба хориҷа бо мақсади ба даст овардани фоидаи соҳибкорӣ ё гирифтани фоизмебошад. Савдои берунмарзӣ бо табиати иқтисодӣ аз мубодилаи молҳо чун арзишҳоиистеъмолӣ иборат аст. Сармоя, пеш аз ҳама, гузоштани маблағбарои гирифтани даромад мебошад. Сармоя инчунин дороиеро мефаҳмонад, ки бароиафзоиши худӣ истифода бурда мешавад. мафҳуми нисбатан пурраи сармоя чуни наст: Сармоя– ин тамоми арзишҳои молӣ ва зеҳнӣ мебошанд, ки аз ҷониби сармоягузор ба объектҳоифаъолияти соҳибкорӣ, бо мақсади гирифтани фоида гузошта мешаванд. сармояду шаклро доро мебошад: сармояи соҳибкорӣ ва сармояи қарзӣ. Сармояисоҳибкорӣ – ин сармояе мебошад, ки аз ҷониби дорандааш ба корхонаҳоигуногун бо мақсади ба даст овардани ҳуқуқи идоракунии корхона ва фоида гузошташудааст. Сармояи қарзӣ – ин сармояи пулӣмебошад, ки аз ҷониби дорандааш ба шахси дигар дар шакли қарз дода шудааст. Ҳаракатисармояи қарзӣ дар бахши алоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ дар шакли қарзи байналхалқӣсурат мегирад, ки ба қарзгиранда бо шартҳои баргардонидан, пардохтӣ ва мӯҳлатнокдода мешавад. Пардохт дар шакли фоиз аз арзиши сармояи қарзӣ гирифта мешавад ванархи сармояи қарзӣ ба ҳисоб меравад. Дарадабиёти иқтисодии муосир сармояи қарзиро аз рӯи фикрронии пешина сармояи ссудӣменоманд ва онро дар назар доранд, ки ин сармоя пуле мебошад, ки ба ссуда додашудааст. Аммо ин нодуруст аст. пул наметавонад ба ссуда дода шавад. Дар байниссуда, заём ва қарз фарқияти аниқ мавҷуд аст. Ҳамин тавр, ссуда – ин аз тарафи як ҷониб (ссудадиҳанда) барои истифодаи муваққатиибемузд ба дигар ҷониб (ссудагиранда) додани ашё мебошад, ки ссудагиранда ӯҳдадормегардад ҳамон ашёро дар он ҳолате, ки гирифта буд, бо назардошти истеҳлокимеъёрӣ ё дар ҳолате, ки дар шартнома нишон дода шудааст, бармегардонад. Заем – ин аз тарафи як ҷониб (заёмдиҳанда) ба моликияти дигар ҷониб(заёмгиранда) додани пул ё дигар ашёи муайян мебошад, ки заёмгиранда ӯҳдадормегардад ба заёмдиҳанда ҳамин маблағи пулҳо (маблағи заём) ё шумораи баробаридигар ашёҳои гирифтаашро бо ҳамон ҷинс ва сифат баргардонад. Қарз – ин аз тарафи бонк ё муассисаи қарзӣ (қарздиҳанда)ба қарзгиранда пешниҳод кардани воситаҳои пулӣ (қарз) дар ҳаҷм ва бо шартҳоемебошад, ки дар шартнома пешбинӣ шудаанд, қарзигиранда бошад, ӯҳдадор мегардад,ки маблағи пулии гирифтаро баргардонад ва фоизҳоро пардохт намояд. Сармояисоҳибкорӣ ду шакли гузоштани сармояро доро мебошад: сармояи мустақим ва сармояипортфелӣ. Сармояҳои мустақим маънии мустақимангузоштани воситаҳои пулиро ба сармояи оинномавии корхона доранд. Ин сармоягузорӣна танҳо бо мақсади ба даст овардани ҳуқуқ ба идоракунии корхона, балки бароиназорат аз болои корхонаи мазкур низ анҷом дода мешавад. Сармоягузориҳоипортфелӣ бошанд, бо ташкили портфели инвеститсионӣ алоқаманданд. Портфел аз маҷмӯидар як ҷо ҷамъкардаи арзишҳои гуногуни инвеститсионӣ иборат аст, ки бароирасидан ба ҳадафи мушаххаси саҳмдор хизмат мекунанд. Сармояҳои портфелӣ маъниихаридорӣ намудани қоғазҳои қиматнок, ҳуқуқи моликият ба амволи ғайриманқулродоранд. Сармояҳои портфелӣ танҳо ба гирифтани фоида равона карда шудаанд. Дуусули ба даст овардани даромад аз сармояҳои портфели хориҷӣ мавҷуданд:
- даромаде,ки дар шакли фоизҳо, дивидендҳо, фоидаҳои солона аз доштани облигатсияҳо, саҳмияҳова амволи ғайриманқули хориҷӣ ба даст оварда мешаванд;
- даромаде,ки аз ихтиёрдории қоғази қиматнок дар шакли фарқ байни нархи харид ва нархи фурӯшиин қоғази қиматнок ба даст меояд. Баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳон нақш ва ҳаҷмисармояҳои мустақими хориҷӣ ба маротиб афзуд. Афзоиши ҳаракати сармояҳои мустақимбо ҷараёнҳои афзоишёбандаи ҳамгироӣ дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва рушди корпоратсияҳоитрансмиллӣ алоқаманд аст.
Сабабҳои водоркунандаи чунин сармоягузориҳо дастрасӣ пайдо намудан ба техгнологияҳои навтарин, наздик кардани истеҳсолот ба бозорҳои фурӯш, гузаштан аз монеаҳои ҳимоягароӣ, сарфа дар пардохтҳои андозӣ, паст кардани хароҷотҳо барои эҳтиёҷоти экологӣ ва монанди инҳо ба ҳисоб мераванд.
Дар солҳои ахирдар иқтисодиёти ҷаҳонӣ кооператсия рушду нумӯ намуд, ки ба ҳамкорӣ чандирӣ, тезҳаракатӣмебахшад ва имконияти зуд ҳамроҳ шудан ба ҷараёни ташкил ва истеҳсоли молҳоинавро фароҳам меорад. Кооператсиябо махсусгардонии истеҳсолот зич алоқаманд буда, асоси шаклҳои онро ташкилмекунад: мавзӯӣ, ҷузъӣ ва технологӣ. Кооператсияи саноатӣ(лот. cooperatio– ҳамкорӣ) – ин шакли алоқаҳои мустаҳкам ва дарозмуддати байнисубъектони хоҷагидоре мебошад, ки бо муштаракан тайёр намудани маҳсулоти муайяндар асоси махсусгардонии истеҳсолоти онҳо, машғуланд. Кооператсияибайналхалқӣ дар шаклҳои гуногун рушд мекунад. Ин метавонад бошад:
а)кооператсияе, ки тавассути шартнома амалӣ карда мешавад ва бо таъсиси ягонсохторҳои ташкилӣ ҳамроҳӣ карда намешавад;
б)кооператсияе, ки тавассути иттиҳодияҳои хоҷагидори байналхалқӣ амалӣ кардамешаванд.
Кооператсияисаноатӣ се шаклро дар бар мегирад:
- илмӣ-техникӣ;
- истеҳсолӣ;
- илмӣ-истеҳсолӣ.
Кооператсияиилмӣ-техникӣ маънии ҳамкорӣ кардан дар бахшигузаронидани НИОКР аз рӯи мавзӯъҳои интихобӣ дар асоси тақсимоти меҳнат байнишариконро дорад. Кооператсияиистеҳсолӣ – ин алоқаҳои дарозмуддатибайни субъектони хоҷагидор ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти оммавӣ ё сериявӣмебошанд. Кооператсияи илмӣ-истеҳсолӣ – ин ҳамкориимустаҳкам дар тамоми даври “илм– техника – истеҳсолот”.
Азбаски даркооператсияи саноатӣ лаҳзаи асосӣ истеҳсолот ба ҳисоб меравад, кооператсияисаноатӣ аз рӯи мафҳум кооператсияи истеҳсолӣ мебошад. Кооператсияиистеҳсолии байналахалқӣ байни субъектони хоҷагидори мамлакатҳои гуногун аксарандар асоси мубодилаи систематикии маводҳо, ашёи хом, таҷҳизот, воситаҳоитаъминоти барномавӣ, мутахассисон ва ғайра таркиб меёбад. Шартнома дар бораи истеҳсолимолҳо аз ҷониби як корхона аз ашёи хом ва нимфабрикатҳое, ки ба корхонаи дигартааллуқ доранд, (асоси давалчигӣ) таҷрибаивасеъ паҳншуда ба хисоб меравад. Намудисоҳибкорӣ дар асоси чунин шартнома, яъне дар асоси давалчигӣ, толлинг номдорад. ТОЛЛИНГ (англ. tolling), ё амалиётҳои толлингӣ – ин хизматрасониҳо оид ба коркарди ашёихоми давалчигии воридотӣ мебошанд, ки ба ҳудуди гумрукии мамлакат барои аз ҷонибикорхонаҳо коркарди минбаъда кардани он ба маҳсулоти тайёре, ки ба хориҷабароварда мешавад, ворид карда мешаванд. Батаври дигар, толлинг – ин усули ташкили истеҳсолот мебошад, ки ба тақсимотитаъминоти молӣ-ашёи хом ва коркарди ашёи хоми давалчигӣ асос ёфтааст. Толлингбаъзан ба тақсимоти барномаҳои истеҳсолӣ дар байни ширкатҳо, ташкили истеҳсолотҳова гурӯҳҳои илмии муштарак оварда мерасонад.
12.3.Соҳибкории муштарак
Соҳибкориимуштарак маҷмӯи шаклҳои фаъолияти истеҳсолӣ – хоҷагидории шарикони ду ё зиёдамамлакатҳоро нишон медиҳад, ки кооператсия дар бахшҳои истеҳсолот, тиҷорат, дарбахшҳои хизматрасонии илмӣ-техникӣ, инвеститсионӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Аломатиумумии шаклҳои мушаххаси соҳибкории муштарак зарурияти мувофиқа кардани манфиатҳоииқтисодии тамоми иштирокчиёни чунин алоқаҳо ба ҳисоб меравад, зеро асоси шарикироҳолати муноқишавии ба ҳам рост наомадани мавқеъҳои онҳо (нисбати сиёсати кадрӣ,истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, усулҳои идоракунӣ, пардохти меҳнат ва ғ.) ва таъминнамудани ҳаракати мол (хизмат) – ҳо аз истеҳсолкунандагон ба истеъмолкунандагонташкил мекунанд. Соҳибкориимуштарак дар чунин шаклҳо вуҷуд дорад:
- консорсиум;
- ҷамъиятисаҳҳомӣ;
- ташкилотҳоииқтисодии байналхалқӣ;
- минтақаҳоиозоди иқтисодӣ;
- корхонаҳоимуштарак.
Консорсиум (лот. consortium – ҳамиштирокӣ,ҳамшарикӣ) – ин иттиҳоди ихтиёрии муваққатӣ барои иҷро намудани вазифаҳоимушаххас (масалан, амалӣ намудани барнома ва лоиҳаҳои мақсадноки азим) мебошад.Вазифаи мазкурро иҷро намуда, консорсиум фаъолияти худро қатъ меномояд ё бадигар намуди иттиҳоди шартномавӣ табдил дода мешавад. Иштирокчиёни консорсиум мустақилияти хоҷагидории худро нигоҳмедоранд ва метавонанд дар фаъолияти дигар консорсиумҳо, ассотсиатсияҳо вакорхонаҳои муштарак иштирок кунанд. Консорсиум моликиятеро истифода ваихтиёрдорӣ мекунад, ки муассисон ба ӯ додаанд, инчунин воситаҳое, ки барои амалӣнамудани барномаи мақсадноки дахлдор ҷудо карда шудаанд ё аз дигар сарчашмаҳоворид мегарданд. Консорсиум,чун қоида, фаъолияти худро дар асоси бефоида амалӣ менамояд. Консорсиум шахси ҳуқуқӣба ҳисоб намеравад. Ташкиликонсорсиум бо шартнома ба расмият дароварда мешавад. Фаъолияти тамомииштирокчиёни кнсорсиумро роҳбари консорсиум ҳамоҳанг месозад, ки барои ин дигариштирокчиён маблағ ҷудо менамоянд. Роҳбар манфиатҳои консорсиумро намояндагӣмекунад ва дар доираи ваколатҳое, ки аз дигар аъзоён гирифтааст, амал мекунад. Ҳаряк иштирокчии консорсиум барои ҳиссаи таҳвилҳои худ пешниҳод тайёр мекунад, кибаъдан аз онҳо пешниҳоди умумӣ тартиб дода мешавад. Консорсиумдар назди фармоишгар масъулияти якҷояро ба р дӯш дорад. Ташкилотҳои иқтисодии байналхалқӣ – инташкилотҳои иқтисодии байниҳукуматӣ ва байнидавлатӣ, иттиҳодиява ташкилотҳои хоҷагидорибайналхалқӣ мебошанд. Онҳо дар асоси созишнома ва шартномаҳои байни муассисонтаъсис дода мешаванд. Вазифаи асосии ташкилоти байнидавлатии иқтисодӣҳамоҳанг сохтани фаъолияти давлатҳо – шарикон дар ҳамкорӣ дар бахшҳои фаъолиятиистеҳсолӣ, илмӣ ва дигар бахшҳои ҳамкорӣ ба ҳисоб меравад. Вазифаи асосииташкилоти байналхалқии хоҷагидор фаъолияти муштарак ва ҳамоҳангнамуда дар бахшиилмӣ-истеҳсолӣ мебошад. Минтақаҳои озоди иқтисодӣ шаклҳои гуногунро доранд вадертар баррасӣ карда мешаванд. Корхонаимуштарак – ин корхонае мебошад, кимуштаракан аз ҷониби мамлакатҳои гуногун, аз он ҷумла бо иштироки сармояиРоссия ва хориҷӣ таъсис дода шудаанд. Дартаҷрибаи муосири хоҷагидории ҷаҳонӣ истилоҳи “корхонаи муштарак”васеъ маънидод карда мешавад ва дар худ ҳам шартномаҳои байни ширкатҳоро, киталабот дар бораи иштирок дар сармояи саҳҳомии корхонаи муштаракро дар бармегиранд ва ҳам шартномаҳое, ки чунин талаботҳоро дар бар намегиранд, муттаҳидменамояд. Азин рӯ дар амалияи ҷаҳонӣ мафҳумҳо ҷорӣ карда шуда буданд: Корхонаи муштараки саҳҳомӣ; корхонаимуштараки шартномавӣ. Корхонаи муштараки саҳҳомӣ аз ҷониби дуё зиёда иштирокчиён дар шакли ҷамъияти саҳҳомӣ таъсис дода мешавад, ки дар он ҳаряк шарикон ҳиссаи муайяни сармояи саҳҳомиро соҳиб мегардад. Корхонаи муштараки шартномавӣ ташкил намудани ширкати навро бароиамалӣ намудани фаъолияти муштарак пешбинӣ намекунад. Дар доираи он тамомимуносибатҳо байни ҷонибҳо-иштирокчиён бо роҳи шартномаҳо танзим карда мешаванд. Комиссияииқтисодии аврупоии СММ чунин вазифаҳои асосии корхонаи муштаракро муайяннамудааст: а) мавҷуд будани шартнома дар байнииштирокчиён дар бораи ҳадафҳои умумии дарозмуддати фаъолияти соҳибкорӣ; б) барои расиданба ин ҳадафҳо аз ҷониби иштирокчиён муттаҳид намудани дороиҳо дар шакли воситаҳоипулӣ, фондҳои асосӣ, таҷрибаи идоракунӣ, ҳуқуқ ба моликияти заҳнӣ ва дигарвоситаҳо; в) чун сармоягузории иштирокчиён баррасӣнамудан ва баҳо додани дороиҳои муттаҳидкарда; г)ташкил намудани мақомотҳои мустаҳили идоракунӣ, ки фаъолияташон танҳо ба амалӣнамудани ин ҳадафҳои муштарак равона карда шудааст.
Минтақаҳоиозоди иқтисодӣ – ин ҳудудҳои маҳдуд мебошанд, ки дар онҳо барои соҳибкорони ватанӣва хориҷӣ шароитҳо муҳайё карда шудаанд. Минтақаҳоиозоди иқтисодӣ дар ҳудуди мамлакат тақсим мешаванд ба:
- минтақаҳоиистеҳсолоти содиротӣ;
- минтақаҳоиозоди гумрукии савдо;
- минтақаҳоимахсуси иқтисодӣ;
- минтақаҳоиназдисарҳадии хизматрасонӣ.
Минтақаиистеҳсолоти содиротӣ қитъаи маҳдуди ҳудуди гумрукӣ мебошад, ки дар он реҷаи махсуси фаъолиятисоҳибкорӣ ҷорӣ карда шудааст ва он ба ширкатҳое паҳн мегардад, ки зиёда аз 50%молҳои истеҳсолоти худро ба хориҷа мебароранд. Ҳамзамон маҳсулоти онҳо бояд басоҳаҳои коркарди саноат тааллуқ дошта бошанд. Ширкатҳое,ки иштирокчии минтақаи истеҳсолоти содиротӣ ба ҳисоб мераванд, аз фурӯши ҳатмиидаромади асъории аз содироти молҳои истеҳсолоти худ бадастоварда озод кардамешаванд. Онҳо, инчунин аз пардохти андоз аз фоида ба мӯҳлати 5 сол аз рӯзи ба қайдгирифтан ба сифати иштирокчии минтақа озод карда мешаванд ва якчанд имтиёзҳоиандозии дигарро доро мебошанд. Минтақаи озоди гумрукӣ – ин қитъаи ҳудуди гумрукӣ мебошад,ки дар он реҷаи махсуси фаъолияти соҳибкорӣ ҷорӣ карда шудааст. Молҳоихориҷӣ дар минтақаи озоди гумрукӣ бе ситонидани боҷ, андозҳо ва бе истифодаичораҳои сиёсати иқтисодӣ нисбати онҳо ҷой дода шуда истифода карда мешаванд. Чунин минтақаи гумрукӣ, ки дар онзерсохтори рушдкардаи истеҳсоливу нақлиётӣ ва дигар шароитҳои мусоид бароифаъолияти соҳибкорӣ мавҷуданд, ба минтақаи озоди гумрукии навъи истеҳсолӣтабдил меёбанд. Дар он гузаронидани амалиётҳои истеҳсолӣ ичозат дода мешавад,ки дар натиҷаи онҳо мавқеи молҳо дар Феҳрасти молии фаъолияти иқтисодииберунмарзӣ, аз он ҷумла мавқеи молҳо дар сатҳи ягон аломат аз чор аломатҳоиаввали рамзи рақамӣ тағйир меёбад. Минтақаи озоди гумрукии навъиистеҳсолӣ – ин минтақаи озоди гумрукие мебошад, ки барои амалӣ намудани ба навъҳо ҷудонамудан, харидорӣ, борбандӣ, нишонагузории молҳо барои дар оянда аз ҳудудиминтақа ё мамлакат баровардани онҳо истифода бурда мешавад.
Минтақаҳоиозоди иқтисодӣ
Чунин минтақа дар ҳудудҳое ташкил карда мешавад, ки тавассути онҳо ҳамлунақли мунтазами байналхалқӣ амалӣ карда мешаванд (дар бандарҳо, фурӯдгоҳҳо, узелҳоироҳи оҳан ва шоҳроҳҳои автомобилгард). Дар минтақаҳои озоди гумрукии тиҷоратӣ багузаронидани амалиётҳое, ки мавқеъи молҳоро дар Феҳрасти молии фаъолияти иқтисодииберунмарзӣ, аз он ҷумла мавқеи молҳо дар сатҳи ягон аломат аз чор аломатҳоиаввали рамзи рақамӣ тағйир медиҳанд, роҳ дода намешавад. Ба минтақаҳоимахсуси иқтисодӣ минтақаҳои технологӣ (паркҳои технологӣ, технополисҳо)-рометавон дохил намуд, ки дар асоси имтиёзҳо кор карда баромадан ва вориднамудани технологияи муосирро бо ёрии корхонаҳои на танҳо миллӣ балки хориҷӣниз таъмин менамоянд. Парки технологӣ (технопарк) – ин гурӯҳикорхонаҳои аз ҷиҳати ташкилӣ ва ҳудудӣ муттаҳидкардае мебошанд, ки бо кор кардабаромадани технологияҳо машғуланд. Технополис(аз юнонӣ techne – маҳорат, ҳунар, polls – шаҳр) – ин шакли диверсификатсиякунониифаъолияти иқтисодӣ, ҳамгироии ҳудудии илм ва истеҳсолот мебошад. Технополис маҷмӯиилмӣ-технологии байнисоҳавӣ мебошад, ки аз озмоишгоҳҳои татқиқотӣ, ширкатҳоивенчурӣ, татбиқкунанда, саноатии азим, миёнаравӣ ва дигар ширкатҳое, ки даратрофии донишгоҳ ё маркази татқиқотии азим гирд омадаанд, иборат аст. Ба минтақаҳои наздисарҳадиихизматрасонӣ марказҳои “офф-шор”, минтақаҳои озоди бонкӣ, минтақаҳоисайёҳӣ-истироҳатӣ ва ғ. дохил мешаванд. Басифати намуна ташкил ва фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар мамлакатҳоиАмрикои Лотиниро дида мебароем. Ташаккулиин минтақаҳо бо принсипҳои умумии зерин ба амал омад:
а) минтақаҳо бо ташаббуси ҳокимиятҳои марказӣ вобаста аз манфиатҳоиумумидавлатӣ таъсис дода мешуданд, на бо ташаббуси ҳокимиятҳои маҳаллӣ;
б) пеш аз таъсиси онҳо омода намудани таҳкурсии муносиби қонунгузорӣ анҷом дода шуд,ки амалӣ намудани талаботҳои он бисёр вақт баъд аз 3-4 сол амалӣ мегардад;
в) навъҳои гуногуни минтақаҳои озод аниқ муайян кардашуданд: истеҳсолӣ, истеҳсолӣ-содиротӣ, соф тиҷоратӣ, оффшорӣ ва монанди инҳо.Мувофиқи ин имтиёзҳои андозӣ, гумрукӣ ва дигар имтиёзҳо пешбинӣ мешаванд;
г) аввалан барои минтақаҳо ҳудудҳои маҳдуд ҷудо кардамешуданд, ки оҳиста-оҳиста васеъ мешуданд ва баъзан андозаҳои азимро касбмекарданд (минтақаи савдои “Колона” дар Панама бо гардиши солонаи 8млрд. дол. ИМА дар муддати зиёда аз 40 соли мавҷудияташ то 300 га васеъ шудааст);
д) шумораи минтақаҳо тадриҷан зиёд мешуд. Аввал минтақаҳоисавдо таъсис дода мешуданд. Имтиёзҳо барои ширкатҳои дар онҳо фаъолияткунанда,пеш аз ҳама ба андозбандии гумрукӣ мансубанд.
Бо мурури замон дар минтақаҳои озоди савдо корхонаҳои коркарди молҳоиворидотшаванда пайдо шуданд. Аз ин рӯ минтақаҳои озоди савдо оҳиста-оҳиста бадараҷаи минтақаҳои озоди истеҳсолӣ гузаштанд. Қисмизиёди минтақаҳои истеҳсолӣ асосан барои содирот кор мекунанд. Дар таъсиси минтақаҳои истеҳсолӣ ду равишистифода мешаванд:
а) равиши ҳудудӣ, ки реҷаи имтиёзӣ дар ҳудуди муайян паҳнмегардад. Бартарияти равиши ҳудудӣ имконияти ташкили зерсохтори баландсифат вамақоми самараноки идоракунии маъмурӣ ба ҳисоб меравад;
б) равиши функсионалӣ, ки реҷаи касбӣ ба намуди муайяни фаъолият,новобаста аз макони ҷойгиршавии субъекти хоҷагидор паҳн мегардад.