Нохияи Ванҷ
Мундариҷа
Сарсухан
БОБИ 1. ҲОЛАТИ УМУМӢ ВА ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ИҚТИСОДИИ МИНТАҚА
1.Тавсифи умумӣ ва таҳлили вазъи воқеии ноҳия;
1.2. Соҳаи кишоварзӣ;
1.3. Бахши соҳибкории хурду миёна, саноат ва сохтмон;
БОББИ 2. ТАҲЛИЛ ВА БАҲОДИҲИИ ИҚТИСОДИИ МИНТАҚА
2.1. Инфрасохтор;
2.2. Соҳаи иҷтимоӣ;
2. 3. Соҳаи сайёҳӣ;
2.4. Маблағгузории барномаи рушди ноҳия;
Хулоса.
Сарсухан
Ноҳияи Ванҷ яке аз ноҳияҳои зебоманзар ва куҳсор мебошад, ин ноҳия дар вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон мабошад. Чунонеки маълум аст ин ноҳия куҳсор мебошад мадуми ин минтаҳо ба чорводори ва кишоварзи машғул мебошанд, ва даромади асосии ин ноҳия аз ҳамин соҳаҳо мебошад.
Дар ҷараёни таҳияи Барномаи мазкур мутахассисони соҳаҳои иқтисодиёт, саноат, кишоварзӣ, сохтмон, инфрасохтор, иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, бахши хусусӣ ва намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ ҷалб гардида, он тамоми бахшҳои иқтисодию иҷтимоиро дарбар гирифта, ҳамчун воситаи дарёфти мақсади асосӣ – баланд бардоштани сати зиндагии аҳолии ноҳия дар давраи панҷ соли охир хизмат хоҳад кард.
Барномаҳои соҳавии сарчашмаҳои маблағгузориашон нисбатан аниқ ба Барнома ворид карда шудаанд, ки онҳо солҳои 2011-2015-ро дарбар мегиранд.
Барномаи таҳияшуда дар доираи кушоди мутахассисон, аз ҷумла бо иштироки намояндагони тамоми табақаҳои аҳолии ноҳия муҳокима мешавад.
Барномаи мазкур аз қисматҳои зери иборат мебошад:
Қисми 1 тавсифи мухтасар ва таҳлили ҳолати умумии ноҳия, аз ҷумла тамоили рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар панҷ соли охир;
Қисми 2 баҳои ҳолати ҷории ноҳияи Ванҷ соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, инфорасохтор ва муҳити зист, стратегияи рушди соҳаҳои мазкурро дар 5 соли оянда ва баҳои захираҳои мавҷуда барои амаликунии онҳо;
Қисми 3 тасвири системаҳои ташкилӣ, амаликунӣ, мониторинг ва баҳодиҳии барноами рушди ноҳияро дарбар мегирад.
БОБИ 1. ҲОЛАТИ УМУМӢ ВА ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ИҚТИСОДИИ МИНТАҚА
- Тавсифи умумӣ ва таҳлили вазъи воқеии ноҳия;
Ноҳияи Ванҷ бо масоҳати 4430,5 км² дар миёни қаторкӯҳҳои Дарвоз ва Язгулом воқеъ аст. Дар шимол бо ноҳияи Тавилдара, дар шарқ бо ноҳияи Мурғоб, дар шимолу шарқи ҷануб бо ноҳияи Рӯшон, дар ғарб бо ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ва вулусволии Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз мебошад. Аз ноҳияи Ванҷ ба ҷанубу ғарби он рӯдҳои Ванҷ ва Язгулом гузар мекунанд, ки ба рӯди Панҷ мерезанд.
Сарзамини ин ноҳия ду водии нисбатан васеи Бадахшонро дар бар мегирад ки дар миёни қаторкӯҳҳои Дарвозу Рӯшон ҷойгир шудаанд. Яке аз ин водиҳо дараи рӯди Ванҷ аст ки беш аз 150 км дарозо дошта аз пиряхҳои Хирсону Абдуқаҳҳор оғоз мегирад. Дигар водӣ дараи рӯди Язгулом аст ки дар миёни қаторкӯҳҳои Язгулому Рӯшон ҷой гирифта аст. Баландии водӣ аз сатҳи дарё аз 1500 то 5000 метр мебошад. Масофаи роҳ дар маркази Ванҷ то шаҳри Душанбе 387 км ва то шаҳри Хорӯғ 171км-ро ташкил медиҳанд.
ХАРИТАИ НОҲИЯ:
Ноҳия дорои 6 чамоат аст: Водхуд (7 деҳ), Жовид (9 деҳ), Ванҷ(11деҳ) Рованд (12деҳ) Техарв (8деҳ) Язгулом (6деҳ) ва 1 шаҳрак мебошад.
Ҳиссаи тақсимоти аҳолии ноҳияи Ванҷ дар сатҳи ҷамоатҳо дар диаграммаи 1 оварда шудааст.
Диаграммаи 1. Ҳиссаи тақсимоти аҳолии ноҳияи Ванҷ дар сатҳи ҷамоатҳо (фоиз)
Маълумотҳои таърихӣ ноҳия: Мардуми Ванҷ ба яке аз гӯишҳои забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Дар гӯиши ванҷӣ вожаҳои забони паҳлавӣ ва порсии қадим ва вижагиҳои забони порсии садаҳои IX – XIV ҳамчунон пойдоранд ва то кунун, вожаҳои ноби забони тоҷикӣ вирди забони мардуми ин сарзамин аст, ки ин ганҷро аз дурдасти таърих то имрӯз зинда ҳифз кардаанд. Ванҷ аз замони Сомониён то соли 1877 ҳукумате мустақил дошта ва фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Дар байни ривояту қиссаҳои зиёде, ки аз ободию ҳосилхезии хоки Ванҷ, алалхусус хоки Водхуд паҳн шудааст, боз як чиз лоиқи ёдоварист. Аз рӯи мазмуни он, гӯё дар замонҳои қадим марди асилзодаю хеле донишманде, барои он, ки тахти Бухороро ишғол накунад, таҳти фишори беисти шоҳ қарор гирифта буд. Ӯ ночор ба тарафи кӯҳистон фирор кар- да, қарор дод, ки дар куҷое хоки ҳосилхезтар ёбад, он ҷоро қароргоҳи доимии худ интихоб хоҳад кард.
Ноҳияи имрузаи Ванҷ 29 марти соли 1933 дар вилояти автономи Бадахшон.и куҳи ташкил шудааст.
Шароити иқлим ва захираҳои табиӣ. Иқлими ноҳия континентӣ буда, тобистонаш гарми бебориш зимистон бошад хунуки камборф мешавад. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар тобистон 20-24c, гарм мешавад, зимистон бошад -8то -4с хунук мешавад.
Ноҳия дорои табиати зебо, обу ҳавои тоза ва чашмаҳои гуногуни шифобахш аст, аз ҷумла мавзеъҳои туристи ёдгориҳои таърихии ба самтҳои гуногуни фаъолияти туристӣ, куҳнавардӣ, туризми куҳӣ, экологӣ, таърихию маърифатӣ ва истироҳатӣ мусоидат менамоянд.
Дар ноҳия захираҳои хоми минералҳо, зар, тилло, волфрам, нуқра, гидроэнергетика ва ангиштсанг мавҷуд аст. Айни замон коркарди ангишт, тилло, ва заргарӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҷадвали 1. Шумораи аҳолӣ ва хоҷагиҳои хонагии ноҳия
Номгўи ҷамоатҳо | Шумораи хоҷагиҳои хонагӣ | Шумораи аҳолӣ |
Водхуд | 1941 | |
Жовид | 3750 | |
Ванҷ | 9804 | |
Рованд | 4975 | |
Техарв | 3036 | |
Язгулом | 5414 | |
Ҳамагӣ дар ноҳия | 28920 |
.
Ҷадвали №2Афзоиши демографии аҳолии ноҳияи Ванҷ
солҳо | Таваллуд | шумораи фавт | Муҳоҷират | Афзоиши воқеӣ | афазоиш бо % | шумораи умумии аҳолӣ | |
омад | Рафт | ||||||
2009 | 490 | 136 | 100 | 200 | 30,7 | ||
2010 | 679 | 111 | 170 | 140 | 568 | 18,5 | 30,8 |
2011 | 676 | 84 | 350 | 310 | 592 | 19,1 | 31,1 |
Тамоюлҳои асосии иқтисодиву иҷтимоӣ. Ноҳияи Ванҷ аграрӣ ба ҳисоб рафта, соҳаи саноат нисбатан суст ба роҳ монда шудааст ва яке аз ноҳияҳои дотатсионӣ дар вилояти Бадахшони куҳи ба ҳисоб меравад. Хоҷагии қишлоқ соҳаи асосии пешбурди иқтисодиёти ноҳия мебошад. Рушди соҳаи кишоварзӣ на танҳо масъалаи иқтисодӣ, балки хусусияти иҷтимоӣ низ дорад, зеро зиёда аз 98,8 фоизи аҳолии қобили меҳнат дар деҳот зиндагӣ мекунад.
Таҳлили вазъияти умумии ноҳия (SWOT)
Тарафҳои қавӣ | Тарафҳои заиф |
|
|
Имкониятҳо | Хатарҳо |
|
|
2. СОҲАИ КИШОВАРЗӢ
Нақши кишоварзӣ дар иқтисодиёти маҳаллӣ. Ноҳияи Ванҷ яке аз минтақаҳои аграрию саноати ба ҳисоб рафта, хоҷагии қишлоқ соҳаи асосии пешбурди иқтисодиёти ноҳия мебошад.
Кишоварзӣ соҳаи қадимии аҷдодӣ буда, пешрафти истеҳсолоти он омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории кишвар аст. Рушди соҳаи кишоварзӣ на танҳо масъалаи иқтисодӣ, балки хусусияти иҷтимоӣ низ дорад, зеро зиёда аз 96,4 фоизи аҳолии ноҳия дар деҳот зиндагӣ мекунанд.
Шаклҳои нави хоҷагидорӣ дар бахши кишоварзӣ.Дар доираи татбиқи ислоҳоти бахши кишоварзӣ дар заминаи хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия 116 адад хоҷагиҳои деҳқони (фермерӣ), 1 адад хоҷагии давлатӣ, 15 адад кооперативҳои истеҳсолӣ ташкил шудааст. Шумораи умумии хоҷагиҳои хонагӣ дар ноҳия 15293 ададро ташкил медиҳанд, аз он саҳмдорон дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия 15450 нафар аз ҷумла.
Хулоса
Иrтисоди миллbмаxмeи иrтисодиёти мамлакат буда, дар заминаи истиrлолияти сиёсb ва дигар унсурҳои пайвастаи давлати миллb ташаккул меёбад. Таъмини истиrлоли воrеии сиёсb, иrтисодb, низом ва фарҳангии кишвар бо ҳифзу равнаrи муносибатҳо бо xомеъаи мамолики олам, бунёди xумҳурии озод, мустаrил, демократb, ҳуrуrбунёд, дунёвb ва пешрафта, ташаккули фазои ягонаи иттилоотb дар саросари кишвар – ин омилҳое мебошанд, ки таҳкими иrтисоди миллиро устувор месозанд.
[амин тариr иrтисоди миллb ифодакунандаи манфиатҳои иrтисоди миллие мебошад, ки ба маънои манфиатҳои ҳамаи шаҳрвандон, ҳамаи сокинони давлати миллbновобасти аз миллаташон мебошад.