Иқтисоди хурд ва методологияи он
- Иқтисоди хурд ҳамчун фан
- Предмети иқтисоди хурд
- Масъалаҳои асосии иқтисодиёт
- Модели гирдгардиш
- Методологияи омӯзиши иқтисодихурд
1. Асоси ҳар як фанрообект, мазмун ва усулҳои омӯзиши он муайян месозад. Иқтисоди хурд низ ҳамчунфан хусусиятҳои дар боло зикргардидаро дорост.
Иқтисоди хурд пеш аз ҳамафаъолияти иқтисодии инсониятро дар асоси мууайян намудани қонуниятҳои муҳимиумумӣ меомӯзад. Фаъолияти иқтисодии инсоният пеш аз ҳама барои қонеъ сохтаниталаботи худ равона гардида, аз чунин унсурҳо ба монанди талабот, пешниҳод,нарх, хароҷот ваҳоказо иборат аст.
Иқтисоди хурд ҳамчун фанмуносибатҳои иқтисодии байни одамонро дар алоҳидагӣ дар дохили фирмаю корхонаҳоинчунин бозорҳои алоҳида меомӯзад.
Ҳамин тариқ обекти омӯзишифанни иқтисоди хурд фаъолияти иқтисодии инсоният ба ҳисоб меравад.
2. Предмети иқтисодихурдро ашхоси иқтисодӣ, ҷараёнҳо ва амалиётҳои иқтисодӣ муайян месозад.
Ашхоси иқтисодӣ воҳидҳои иқтисодие мебошанд, ки салоҳият ва ҳуқуқиистифодабарии неъматҳои иқтисодиро доранд.
Неъматҳои иқтисодӣ мол ёхадамотест, ки қобилияти қонеъ сохтани талаботи одамонро дорад.
Амалиётҳои иқтисодӣ инфаъолияти ашхоси иқтисодӣ оид ба қабули тамсилаҳои муайян ва ба ҳаёт (амал)татбиқ намудани онҳо мебошад. Ҳамин тавр предмети иқтисоди хурд аз тарафи ашхоси иқтисодӣқабул кардани қарорҳо оид ба ҷараёнҳои иқтисодӣ мебошад.
Асоси иқтисодиётро ду омилибунёдӣ:
а) талаботи номаҳдуд;
б) манобеъи маҳдуд, муайянмекунад.
Ба талаботи моддӣ хоҳишимасрафкунӣ оид ба харид ва истифодаи молу хадамот, инчунин талаботи ширкатукорхонаҳоро дар бар мегирад.
Барои омӯзиши иқтисодихурд ду намуди таҳлил: 1) т. мусбӣ, 2) т. дастурӣ истифода мешавад. Таҳлилидастурӣ ин таҳлили иқтисодиест, ки барои баҳодиҳии ҷараёнҳои иқтисодӣ истифодамешавад. Ин намуди таҳлил ба воситаимушоҳидаҳо тасдиқ ё рад карда мешавад.
Таҳлили мусбӣ бошадтаҳлилииқтисодиест, ки барои муайян намудани сабаб ва натиҷаҳои фаъолияти иқтисодӣистифода мебаранд.
Барои таҳлили дастурӣ сенамуди асосии интихоб, ки ҳар кадоме низоми иқтисодиро ба амал меоранд мансубмебошанд. Яъне, дар ин ҷараён масъалаҳои асосии иқтисодиёт: чӣ бояд истеҳсолкард?, чӣ тарз ва барои кӣ? истифода мешавад.
Таҳлили дастурӣ мумкинаст, ки дар мавриди таҳлили тавсияҳо барои ҳодисаҳое, ки бояд ба вуқӯъ ояндистифода бурда мешаванд.
Масъалаи дигари иқтисодихурд модели гирдгардиш ба ҳисоб меравад. Модели гирдгардиш иқтисоди хурдро баду гурeҳ:
- хоxагии хонагӣ (хонаводаҳо),
- ширкату корхонаҳо xудо мекунад.
Муносибатҳои иқтисодии ин ду ашхоси иқтисодӣ тавассутибозори омилҳои истеҳсолот ва бозори молу хадамот сурат мегирад.
Мадели гирдгардиш намуди зеринро дорад.
Бозори молу хизматҳо |
Хоxагиҳои хонагӣ | Фирма (корхона) |
Бозори омилҳои истеҳсолот |
1.Рента 1. Замин
2. Муз. м. 2. Меҳнат
3. Фоида 3. Соҳибкорӣ
4. %-фоиз 4. Сармоя
Ақрабаки соат гардиши пулӣ(м. дусектора), муқобили ақрабаки соат гардиши молӣ.
Ба иқтисоди хурд инчунинмодели мувозинатӣ ва чандирӣ дохил мешавад. Модели мувозинатии бозор ҳангомиафзоиши робитаи байниҳамдигарии омилҳои истеҳсолот истифода бурда мешавад.Модели мувозинатии мол барои афзунсозии натиxаи истеҳсолот истифода мешавад. Азҳамин сабаб мафҳумҳои асосии ин модел хислати ниҳоӣ доранд. Масалан, маҳсулотиниҳоӣ, хароxоти ниҳоӣ, даромади ниҳоӣ,… Ин мафҳумҳо аз тарафи намояндагонимактаби маржиналистӣ истифода шудаанд.