Арзиш ва харочоти истехсолот
1 Маънидоди хароҷоти истеҳсолот?
2 Равиши таърихии маънидоди арзиш?
3 Намудҳои хароҷоти доимӣ, тағйирёбанда, умумӣ ва ниҳоӣ
Дар шароити муносибати иқтисоди бозорӣ мақсади асосии корхона ва яке аз вазифаҳои аввалин дараҷаи он ҳадди аксар сохтани фоида мебошад. Барои расидан ба ин ҳадаф роҳбарияти корхона аз чунин усулҳо истифода мебарад, ки яке аз онҳо кам кардани хароҷоти истеҳсолӣ мебошад. Хароҷот яке аз омилҳои муайянкунандаи фаъолияти иқтисодии корхона ба шумор меравад. Бузургии ин хароҷот ба ҳаҷми фоида, миқдори маҳсулот, нишондиҳандаҳои молиявию қарзии корхона таъсир мекунад. Миқдори маҳсулоте, ки корхона ба бозор мебарояд, аз ҳаҷми хароҷоти истеҳсолӣ вобастагӣ дорад.
Хароҷот ин ифодаи пулии истифодабарии омилҳои истеҳсолот барои ба амал баровардани фаъолияти истеҳсолию тиҷортаии корхона мебошад.
Ба таври дигар арзиши аслии маҳсулотро дар илми иқтисод истифода мекунанд, ки ин мафҳум аз хароҷоти истеҳсолӣ фарқ мекунанд.
Арзиши аслии маҳсулот ин ифодаи арзишии дар ҷараёни истеҳсолот ва фурӯши маҳсулот, истифодабарии захираи табиӣ, ашёи хом, сӯзишворӣ, фондҳои асосӣ ва ѓайра мебошанд.
Хароҷоти истеҳсолӣ метавонанд вобаста ба ҳаҷми захираҳои моддӣ ва меҳнатӣ таѓйир ёбанд. Муайяни намудани ин хароҷот ва арзиши аслии маҳсулот як қатор вазифаҳои муҳими зеринро дар пеш мегузорад:
- баҳисобгирӣ ва назорат аз болои хароҷоти истеҳсолӣ ва фурӯши маҳсулот,
- аниқ кардани дараҷаи нархҳои яклухтбарои маҳсулоти корхона,
- аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснок кардани истифодаи маблаѓгузориҳо ва ѓайра.
Дар иқтисодиёт намудҳои зерини арзиши аслиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
- арзиши аслии сехӣ
- арзиши аслии истеҳсолӣ
- аррзиши аслии пурра
Арзиши аслии сехӣ – хароҷоти сехро барои истеҳсоли маҳсулот дар бар мегирад. Ҳосили ҷамъи хароҷоти сехӣ ва хароҷоти умумиистеҳсолию умумихоҷагӣ арзиши аслии истеҳсолиро ташикл медиҳад.
Арзиши аслии пурра – ин маҷмӯи хароҷот барои истеҳсол ва фурӯши маҳсулот мебошад.
Ҷавоби саволи 2.
Дар шароити иқтисодӣ бозорӣ бо мақсади муайян кардани арзиши аслии маҳсулот ду намуди таснифотро истифода мекунанд:
- таснифот аз рӯи унсурҳои иқтисодӣ,
- таснифот аз рӯи моддаҳои ҳисобдорӣ.
Дар мавриди аввал муайянкунии хароҷот аз рӯи таркиби иқтисодӣ новобаста ба он ки дар куҷо ва бо кадом мақсад сарф мешавад, тасниф карда мешавад.
Мисол, хароҷоти моддӣ, хароҷоти муззди меҳнат.
Дар мавриди дуюм, таркиби хароҷот вобаста ба таъйинот ва ҷои истифодабариашон нишонн дода мешавад. Мисол, хароҷот барои асшёи хом, сӯзишворӣ ва ѓайра.
Омилҳои истеҳсолот вобаста аз дараҷаи ҳаракатнокии худ фарқ мекунанд. Баъзеи онҳоро дар ҳолати зарурати истеҳсолӣ фирма метавонад нисбатан тезтар зиёд намояд. Масалан, киро намудани коргарони нав, хариди масолеҳ, сӯзишворӣ ва дигар унсурҳои капитали гардонро ба зуди ҷалб кардан мумкин аст. Бо вуҷуди ин чунин омилҳои истеҳсолот низ ҳастанд, ки барои зиёд намудани ҳаҷми онҳо вақти нисбатан зиёдтар зарур аст. Масалан, қитъаҳои замин, майдонҳои истеҳсолӣ, дастгоҳҳо ва таҷҳизотҳо. Чунин омилҳои истеҳсолот доимӣ номида мешаванд.
Ҷавоби саволи 3.
Фарқиятҳои байни омилҳои истеҳсолии доимӣ ва тағйирёбандаи дар давраи кӯтоҳмуддат мавҷуд буда ҷудо намудани хароҷотҳоро ба доимӣ ва тағйирёбанда ба миён меоранд.
Хароҷотҳои доимӣ (FC). Сарчашмаи хароҷотҳои доимӣ хароҷотҳо барои омилҳои истеҳсолоти доимӣ мебошанд, ки дар тӯли давраи кӯтоҳмуддат бетағйир боқӣ мемонанд. Бинобар ҳамин хароҷотҳои доимӣ аз ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот вобастагӣ надоранд. Албатта ин ҳолат таъсири хароҷотҳои доимиро ба ҷараёни истеҳсолот паст намекунад. Барои тасдиқ номбар намудани намудҳои хароҷотҳои доимӣ кифя аст. Ба он бисёр хароҷотҳое дохил мешаванд, ки сатҳи технологии истеҳсолотро муайян мекунанд. Ин хароҷотҳои капитали асосӣ дар намуди ҳиссаҷудокуниҳои амортизатсионӣ, пардохтҳои иҷоравӣ, хароҷотҳои барои корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва ғайраҳо.
Хароҷотҳои тағйирёбанда (VC). Сарчашмаи хароҷотҳои тағйирёбанда хароҷотҳои омилҳои истеҳсолоти тағйирёбанда мебошанд. Таркиби асосии ин хароҷотҳо унсурҳои капитали гардон мебошанд. Онҳо аз хароҷотҳо барои дастрас намудани ашё, масолеҳ, маводҳои пурракунанда ва маҳсулотҳои нимтайёр, пардохти музди меҳнат ба коргарони истеҳсолӣ иборат мебошанд.
Тағйирёбии (динамикаи) хароҷотҳои тағйирёбанда. Дар давраи кӯтоҳмуддат тағйирот дар ҳаҷми истеҳсолот бо камшавӣ ва ё афзоишёбии хароҷотҳои омилҳои истеҳсолоти тағйирёбанда алоқаманд мебошанд. Бинобар ҳамин хароҷотҳои тағйирёбанда бо баробари афзоишёбии хароҷотҳои омилҳои тағйирёбандаи истеҳсолот афзоиш меёбанд. Бо баробари ин хусусияти чунин афзоишёбӣ аз боздеҳи омили истеҳсолоти тағйирёбанда вобаста аст, аниқтараш аз он, ки чунин бодеҳ афзуншаванда, доимӣ ва ё камшаванда аст.
Вақте, ки маҳсулот истеҳсол карда намешавад, хароҷотҳои тағйирёбанда ба нол баробаранд, лекин бо баробари афзоиши ҳаҷми маҳсулоти истеҳсол мешуда онҳо афзоиш меёбанд. Дар аввал, вақте, ки истеҳсолот бо ҳаҷмҳои наонқадар калон амалӣ гардонида мешаванд, хароҷотҳои тағйирёбанда бо сурътаи тез афзоиш меёбанд. Дар ҳолати васеъшавии минбаъдаи истеҳсолот омили сарфа аз ҳаҷм амал мекунад ва афзоиши хароҷотҳои тағйирёбанда сусттар мешавад. Баъдан хароҷотҳои тағйирёбанда бо суръати баланшавӣ нисбат ба афзоиши маҳсулот афзоиш меёбад. Ин ҳолат бо амал намудани қонуни камшавандаи боздеҳ маънидод карда мешавад.
Сабаби камшавии боздеҳ дар чист? Ҳама омилҳои истеҳсолот дар маҷмӯъ кор мекунанд, бинобар ҳамин риоя намудани таносуби муайяни байни онҳо зарур аст. Зиёдшавии як омили истеҳсолот ҳангоми тағйирнаёфтани дигар омилҳои дар шароите, ки омилҳо байни худ мувофиқ гардонида шуда буданд, нотаносубиро ба миён меорад. Шумораи коргарон ба миқдори таҷҳизот, миқдори таҷҳизот ба маёдонҳои истеҳсолӣ ва ғайраҳо мувофиқат намекунад. Дар чунин шароитҳои афзоиши як намуди омилҳои истеҳсолот афзоиши назарраси натиҷаро таъмин намекунад. Боздеҳи омили истеҳсолот кам мешавад.
Умуман қонуни камшавандаи боздеҳ бо чунин тарз ба миён меояд: «Афзоиши барориши маҳсулоти муайян аз ҳисоби афзоиши ҳар як омили тағйирёбанда дар ҳолати доимӣ будани дигар омилҳо аз ягон ҳаҷм оғоз карда кам мешавад».
Мисол. Фарз мекунем, ки бо баробари истифодабарии маҷмӯи омилҳо 200 воҳид маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Яке аз омилҳои истеҳсолотро, масалан қувваи кориро зиёд мекунем, шумораи коргаронро пай дар пай ба 20 коргар зиёд мекунем (ки дар аввал ба 100 нафар баробар буд). Дигар омилҳои истеҳсолотро бетағйир боқӣ мемонем. Натиҷаҳои истеҳсолот дар намуди миқдори воҳиди маҳсулоти истеҳсол шуда аз дигар нишондиҳандаҳо аз ҷадвали 12.1 аён мегардад.
Ҷадвали 12.1. | ||||||
L | 100 | 120 | 140 | 160 | 180 | 200 |
Q | 200 | 235 | 260 | 275 | 285 | 290 |
AQ | – | 35 | 25 | 15 | 10 | 5 |
Q/L | 2 | 1,96 | 1,86 | 1,72 | 1,58 | 1,45 |
Чӣ хеле, ки аз ҷадвали 12.1 маълум мегардад, барориши маҳсулот (даромад) ҳангоми афзоишёбии яке аз омилҳои истеҳсолот ба таври номутаносиб нисбат ба афзоиши ин омили истеҳсолот афзоиш меёбад, яъне камшавии афзоиши барориш ва даромаднокӣ ҷой дорад. Ҳамин тавр ҳосилнокии ин омили истеҳсолот ба назар мерасад. Вобастагии мушоҳида шаванда моҳияти қонуни камшавандаи боздеҳро (даромаднокиро) нишон медиҳад.
Ба тавсифи хароҷотҳои тағйирёбандаи истеҳсолот гуфтаҳои зеринро илова намудан мумкин аст. Хароҷотҳои тағйирёбанда – ин хароҷотҳое, ки онҳоро соҳибкор идора карда метавонад, зеро ҳаҷми онҳо дар давраи кӯтоҳмуддат бо роҳи тағйирёбии ҳаҷми истеҳсолот дигаргун мешавад.
Хароҷотҳои умумӣ (ТС). Ҷамъи хароҷотҳои доимӣ ва тағйирёбанда хароҷотҳои умумии давраи кӯтоҳмуддатро ташкил мекунанд (TC=FC+VC). Дар сатҳи ба нол баробар будани ҳаҷми истеҳсолот хароҷотҳои умумӣ ба ҳаҷми хароҷотҳои доимӣ баробаранд. Ҳангоми афзоиши ҳаҷми истеҳсолот хароҷотҳои умумӣ ба ҳаҷми хароҷотҳои тағйирёбанда зиёд мешаванд.
Хароҷотҳои умумии миёна (АТС). Фишанги пурқуввати таҳлили иқтисодӣ омӯзиши хароҷотҳои миёна ва ё хароҷотҳо барои ҳар як воҳиди маҳсулот мебошад.
(12.1) |
Хароҷотҳои доимии миёна (AFC). Хароҷотҳои доимии миёна бо харҷи омилҳои истеҳсолоти доимӣ ва ё хароҷотҳои доимӣ ба ҳисоби воҳиди маҳсулоти истеҳсол мешуда тавсиф карда мешавад.
(12.2) |
Байни хароҷоти доимии миёна AFC ва маҳсулоти миёнаи омили доимӣ АРn вобастагии баръакс вуҷуд дорад:
(12.3) |
ки дар ин ҷо Р – нархи воҳиди омили доимӣ; К – миқдори омили доимӣ;
Дар ҳақиқат ҳам,
Тавсири графики хароҷоти доимии миёна AFC шакли гиперболаро дошта, ба таври асимптотикӣ ба тирҳои абстсисса ва ордината наздик мебошад. Ҳангоми зиёдшавии ҳаҷми истеҳсолот хароҷоти доимии миёна (AFC) паст мешавад. Ин ҳодисаро тақсимоти хароҷотҳои доимӣ меноманд.
Хароҷотҳои тағйирёбандаи миёна (AVC). Ин хароҷотҳо барои харҷи захираҳои тағйирёбанда ба ҳисоби истеҳсоли воҳиди маҳсулот мебошад. Хароҷотҳои тағйирёбандаи миёна бо воситаи нисбияти хароҷотҳои тағйирёбанда ба ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда муайян карда мешавад:
(12.4) |
Байни хароҷоти тағйирёбандаи миёна ва маҳсулоти миёнаи омили тағйирёбанда АРL вобастагии баръакс вуҷуд дорад:
(12.5) |
ки дар ин ҷо: PL – нархи воҳиди омили тағйирёбанда.
Дар ҳақиқат ҳам, ки дар ин ҷо L – миқдори омили тағйирёбанда;
Ҳамин тавр:
(12.6) |
Динамикаи хароҷотҳои тағйирёбандаи миёна бо тағйирёбии боздеҳ аз омили тағйирёбандаи истеҳсолот алоқаманд аст. Вобастагии баръакси хароҷотҳои тағйирёбандаи миёна (AVC) ва маҳсулоти миёнаи омили тағйирёбанда барои чунин хулосаҳо имконият медиҳад:
- агар маҳсулоти миёнаи омили тағйирёбанда зиёд шавад, он гоҳ хароҷотҳои тағйирёбандаи миёна бояд паст шаванд;
- агар маҳсулоти миёнаи омили тағйирёбанда кам шавад, он гоҳ хароҷотҳои тағйирёбандаи миёна зиёд мешаванд.
Ҳамин тавр, дар ҳолати ивазшавии бевоситаи боздеҳи камшаванда, хароҷотҳои тағйирёбандаи миёна дар аввал кам мешаванд, баъдан ба ҳадди ақал мерасанд, ки ба ҳадди аксари маҳсулоти миёнаи омили тағйирёбанда мувофиқат мекунад, ба зиёдшавӣ оғоз мекунанд.
Агар барои истеҳсолот боздеҳи доимӣ хос бошад, он гоҳ дар ин ҳолат хароҷотҳои тағйирёбандаи миёна тағйир намеёбанд.
Хароҷотҳои умумии миёна (АТС). Хароҷотҳои умумии миёна хароҷотҳои омилҳои тағйирёбанда ва доимии истеҳсолотро тавсиф мекунад, ки бо он воҳиди маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Хароҷоти умумии миёна бо воситаи нисбияти хароҷотҳои умумӣ ба ҳаҷми маҳсулоти умумӣ муайян карда мешавад:
(12.7) |
Азбаски ТС=FC+VC мебошад, бинобар ҳамин:
(12.8) |
Ҳаҷми хароҷоти умумии миёна барои соҳибкор аҳамияти хосаро дорад, зеро бо воситаи муқоиса намудани он бон архи воҳиди маҳсулоти истеҳсол мешуда, ӯ метавонад фоидаи худро аз ҳар як воҳиди маҳсулоти истеҳсолшуда муайян намояд.
Дар тағйирёбии хароҷоти умумии миёна хусусиятҳои тағйирёбии ҳам хароҷотҳои доимии миёна ва ҳам хароҷотҳои тағйирёбандаи миёна ифода меёбанд. Ин хусусият бо он дарк карда мешавад, ки хароҷотҳои умумии миёна бо худ ҷамъи хароҷотҳои миёнаи доимӣ ва хароҷотҳои тағйирёбандаи миёнаро дар бар мегирад (ATC=AFC+AVC). Агар тағйирёбии хароҷоти умумии миёнаро ба таври графикӣ тасвир кунем, он гоҳ мебинем, ки графики АТС ба монанди графики AVC дар аввал кам мешавад ва баъдан зиёд мешавад, яъне каҷхаттаи АТС шакли параболаро дорад. Бо баробари ин ҳангоми афзоишёбии ҳаҷми истеҳсолот каҷхаттаи АТС бо каҷхаттаи AVC наздик мешавад, чунки бо баробари афзоиши ҳаҷми истеҳсолот AFC кам шуда, масоҳати байни ATC ва AVC хурдтар мешавад.
Бояд қайд намуд, ки андозаи ҳадди ақали хароҷотҳои умумии миёна ба ҳаҷми зиёди истеҳсолот мувофиқ буда, набалки барои андозаи ҳадди ақали хароҷотҳои тағйирёбандаи миёна мувофиқат мекунад. Ин ҳолат бо чунин гуфтаҳо маънидод карда мешавад: дар аввал афзоиши хароҷотҳои тағйирёбандаи миёна бо пастшавии хароҷотҳои доимии миёна рӯйпӯш мешаванд, дар натиҷа хароҷотҳои умумии миёна пастшавиро давом мекунанд. Лекин дар ҳолати афзоишёбии минбаъдаи истеҳсолот зиёдшавии хароҷотҳои тағйирёбандаи миёна пастшавии хароҷотҳои тағйирёбандаи миёнаро боз медорад, бинобар ҳамин хароҷотҳои умумии тағйирёбанда ба зиёдшавӣ оғоз мекунанд.
Хароҷотҳои интиҳоӣ (МС). Хароҷотҳои интиҳоӣ бо худ тағйирёбии хароҷотҳои умумиро дар назар доранд, ки бо истеҳсоли воҳиди иловагии маҳсулот алоқаманд аст.
(12.9) |
ки дар ин ҷо: ∆ – афзоиш.
Азбаски андозаи хароҷотҳои доимӣ тағйирнопазир аст, хароҷотҳои интиҳоӣ аз рӯи формулаи зерин ҳисоб шуданашон мумкин аст:
(12.10) |
Ҳамин тавр, хароҷотҳои интиҳоӣ суръати афзоиши хароҷотҳои тағйирёбандаро ҳангоми афзоишёбии ҳаҷми истеҳсолот тавсиф мекунанд.
Барои соҳибкор нишондиҳандаи хароҷотҳои интиҳоӣ ҳамчун нишондоди зарурӣ ҳангоми интихоби ҳаҷми фоидаовари истеҳсолот баромад мекунад, зеро хароҷотҳои интиҳоӣ андозаи хароҷотҳоро нишон медиҳад, ки фирма дар ҳолати афзоиш додани истеҳсоли маҳсулот ба як воҳид ба ҷо меорад ва ё баръакс аз кадом ҳаҷми хароҷот ӯ озод мешавад, агар аз истеҳсоли воҳиди маҳсулот даст кашад. Тағйирёбии хароҷотҳои интиҳоӣ бо тағйирёбии боздеҳ аз омили тағйирёбандаи истеҳсолот вобаста аст. Дар ҳолати боздеҳи афзоишёбанда ва афзоиши маҳсулоти интиҳоӣ хароҷотҳои интиҳоӣ паст шуда, ҳангоми боздеҳи камшаванда ва камшавии маҳсулоти интиҳоӣ, хароҷотҳои интиҳоӣ зиёд мешаванд. Ҳамин тавр, ҳангоми тавсири графикӣ каҷхаттаи хароҷотҳои интиҳоӣ дар аввал кам мешавад ва баъдан ба ҳадди аксар мерасанд, ки ба ҳадди аксари маҳсулоти интиҳоӣ мувофиқ аст, сипас ин хароҷотҳо афзоиш меёбанд. Лекин агар барои истеҳсолот боздеҳи доимӣ аз ҳаҷм мувофиқ бошад, он гоҳ хароҷотҳои интиҳоӣ бузургии доимӣ доранд.
Алоқаи хароҷотҳои миёна ва интиҳоӣ. То даме, ки хароҷотҳои истеҳсоли воҳиди иловагии маҳсулот, яъне хароҷотҳои интиҳоӣ аз хароҷотҳои тағйирёбандаи миёнаи воҳиди маҳсулоти пешина хурд аст, афзоиши барориши маҳсулот андозаи хароҷотҳои тағйирёбандаи миёнаро паст мекунад. Агар хароҷотҳои интиҳоӣ аз хароҷотҳои тағйирёбандаи миёнаи маҳсулоти пешина зиёд бошад, он гоҳ хароҷотҳои тағйирёбандаи миёна афзоиш меёбанд. Ҳангоми мушоҳида намудани тавсири графикӣ дидан мумкин аст, ки каҷхаттаи AVC ба нуқтаи бурриш бо каҷхаттаи МС наздик шуда, баъд аз аз он гузаштан афзоиш меёбад, андозаи ҳадди ақали AVC бошад дар нуқтаи бурриш дастрас карда мешавад.
Чунин фикррониҳо вобаста ба хароҷотҳои умумии миёна АТС ба хулосае меоранд, ки каҷхаттаи МС каҷхаттаи АТС –ро дар нуқтаи ба андозаи ҳадди ақали хароҷотҳои умумии миёна мувофиқ буда мебурад.
Ҳаҷми истеҳсолоте, ки ба хароҷотҳои умумии миёнаи ҳадди ақал мувофиқат мекарда, нуқтаи оптимуми технологӣ номида мешавад. Ин нуқта он вақт дастрас мешавад, ки агар таносуби омилҳои истеҳсолоти тағйирёбанда ва доимӣ аз нуқтаи назари техникӣ оптималӣ аст.
Назарияи рафтори истеъмолкунанда.
Интихоби оптималии истеъмолкунанда.
Барои инкишофи истеҳсоли молҳо ва хизматҳо ва пешниҳоди онҳо таҳлили рафтори истеъмолкунанда аҳамияти хосаро дорад.
Рафтори истеъмолкунанда–ин ҷараёни таъсисёбии талаботи истеъмолкунанда ба молҳо ва хизматҳои гуногун мебошад. Фаъолияти одамон дар соҳаи истеъмоли неъматҳои истеъмолӣ субъективӣ буда, аксар вақт пешгӯи нашаванданд. Дар аввал кӯшиш мекунем рафтори истеъмолкунандаро аз мавқеъи назарияи фоиданокии интиҳоӣ таҳлил кунем.
Фоиданокӣ–ин қонеъгардии субъективие, ки истеъмолкунанда аз истеъмоли маҷмӯаи молҳо ва хизматҳо ба даст меоварад.
Дар назарияи иқтисодӣ фоиданокии умумӣ ва фоиданокии интиҳоиро фарқ мекунанд.
Фоиданокии умумӣ–ин фоиданокии маҷмӯавӣ аз истеъмоли ҳамаи воҳидҳои мавҷудбудаи неъмат мебошад.
Фоиданокии интиҳоӣ–ин фоиданокии иловагӣ аз истеъмоли воҳиди иловагии мол ва ё хизмат мебошад.
Бо баробари афзоиши шумораи моли истеъмол мешуда фоиданокии умуми зиёд мешавад, аммо афзоиши фоиданоки ҳангоми истеъмоли навбатии моли нав камтар мешавад (то ба нол расидан). Аз ин ҷо қонуни иқтисодии камшавандаи фоиданокӣ айён мегардад. Ин қонунро одатан қонуни аввали Госсен номида мешавад. Аз ин гуфтаҳо мумкин аст чунин ақида ҳосил карда шавад: ҳаҷми фоиданокии интиҳоӣ аз шумораи моли додашуда ва дараҷаи қонеъгарди бо ин мол вобаста аст.
Ҳангоми қонеъгардонии эҳтиёҷотҳои худ инсон аз қонеъгардонии эҳтиёҷоти аввалиндараҷа оғоз мекунад, ва баъдан ба қонеъгардонии эҳтиёҷотҳои дуюминдараҷа оғоз мекунад. Бо ҳамин рафтори худ ҳар як инсон кӯшиш мекунад, ки фоиданокии интиҳоии ҳар як неъмати истеъмол мекарда баробар шавад. Аз ин гуфтаҳо қонуни дюми Госсенро ҳосил кардан мумкин аст: ҳангоми максимизатсияи фоиданокии умумӣ, фоиданокии интиҳоии ҳамаи неъматҳои истеъмолмекарда бояд бузургии ягона дошта бошад. Аммо инсон, неъматҳоро аз бозор дастрас карда, суммаи пули гуногунро сарф менамояд, азбаски нархи ҳар як мол нархи бозории худро дорад. Агар фоиданокии интиҳоии неъматҳоро ба нархи онҳо тақсим намоем, фоиданокии интиҳоии миёнаро ҳосил мекунем. Ин шарти мувозинатии истеъмолкунанда бо чунин тарз ифода шуданаш мумкин аст: MҒ1/P1=MҒ2/P2=MҒ3/P3=…=MҒn/Pn, ки дар ин ҷоMҒ фоиданокии интиҳоии молҳои алоҳида. Р–нархи молҳои алоҳида.Бо баробари қонеъгардии эҳтиёҷоти истеъмолкунанда ба ягон мол, фоиданокии субъективии ин мол барои истеъмолкунанда паст мешавад. Масалан, агар ҳтиёҷоти ба даст овардани телевизори аввалин калон бошад, ба даст овардани телевизори дуюм фоиданокии камтар дорад. Ин маънои онро дорад, ки қонуни камшавии фоиданокии интиҳоӣ амал мекунад.
Тарафдорони назарияи маржиналистӣ ба ду равия ҷудо мешаванд: кардиналистон ва ординалистон. Кардиналистон бо ҷустуҷӯи ченкунандаи бузургии мутлақи фоиданоки интиҳоӣ машғул буданд. Аммо чунин кӯшишҳо бо мувафаққият ноил гаштанд ва одатан ҳангоми муқоисакунӣ баҳодиҳии пулӣ истифодабурда мешуданд. Ординалистон бошанд принсипан аз ҷустуҷӯи чунин воҳиди универсалӣ даст кашида, дигар муносибатро пешкаш карданд. В.Парето ақидаро оиди зарурияти истифодабарии таҳлили нисбии фоиданокии интиҳоӣ байён намуд, яъне: муайян намудани бартарии як комбинатсияи молҳои харидор нисбат ба дигар комбинатсия. Фишанги чунин таҳлил «каҷхаттаиҳои бефарқиятӣ» баромад мекунанд, ки аз тарафи мактаби неоклассикӣ, ҳангоми таҳлили бисёр ҷараёнҳои микроиқтисодӣ истифодабурда мешавад (хусусан ҳангоми таҳлили муаммоҳои интихоб).
Каҷхаттаи бефарқиятӣ – ин хате, ки комбинатсияҳои гуногуни ду моли аҳамияти (фоиданокии) якхелаи истеъмоли доштаро нишон медиҳад. Фарз мекунем, ки истеъмолкунанда мехоҳад ду молро харидорӣ намояд: моли А (афлесун) ва моли В (себ). Комбинатсияҳои гуногуни таносуби харидории ин молҳо бо воситаи каҷхаттаи бефарқиятӣ ифода карда шудааст (расми 4.1). Аз каҷхаттаи бефарқияти хулоса бар меояд, ки барои истеъмолкунанда ҳамаи таносубҳои молҳои додашуда якхелла фоиданок ҳастанд. Фоиданокие, ки истеъмолкунанда дар натиҷаи даст кашидан аз шумораи муайяни як мол гум мекунад, бо фоиданокии шумораи иловагии моли дигар рӯйпӯш карда мешавад. Ин гуфтаҳоро бо баробарии зерин ифода кардан мумкин аст: ΔҒ=MҒ1×ΔХ1+MҒ2×ΔX2=0
Инчунин маҷмӯъаи каҷхаттаҳои берфарқиятӣ вуҷуд дошта метавонанд, ки бо сатҳи фоиданокиашон аз ҳам фарқ мекунанд. Чунин маҷмӯаи каҷхаттаҳои бефарқиятӣ, картаи бефарқиятӣ номида мешаванд (расми 4.2). Чӣ қадаре, ки каҷхаттаи бефарқиятӣ аз ибтидои координатаҳо дур хобида бошад, ҳамон қадар фоиданокии истеъмолкунанда таъмин мегардад, яъне ҳар як нуқтаи комбинатсияи моли А ва В дар каҷхаттаи III нисбат ба каҷхаттаҳои I ва II фоиданокии зиёдтарро дорад.
Самараи ивазшавӣ ва самараи даромад.
Истеъмолкунанда даромади худро барои хариди таносуби муайяни ду моли додашуда сарф менамояд. Фарз мекунем, ки хароҷотҳои барои хариди молҳо сарф мешуда ба даромади истеъмолкунанда баробар аст, яъне даромад пурра сарф карда мешавад. Бояд қайд намуд, ки даромади (буҷети) истеъмолкунанда маҳдуд аст. Баробарии маҳдудияти буҷетӣ чунин намуд дорад: I=P1X1+P2X2, ки дар ин ҷо I – даромади номиналии истеъмолкунанда; P1P2– нархҳои бозории неъмати якум ва дуюм; X1X2 – шумораи моли якум ва дуюм, ки ба таносуби додашуда дохил мешаванд.
Баробарии додашударо нисбат ба X2ҳал мекунем ва баробарии хатти буҷетиро ҳосил мекунем: X2= I/P2-(P1/P2)X1. Хамшавии хатти буҷети ба нисбияти нархи ду неъмат баробар аст: -P1/P2.
Фарз мекунем, ки даромади истеъмолкунанда 12 сомони дар як рӯз, нархи неъмати якум–1,5 сомонӣ, неъмати дуюм–1,0 сомонӣ. Баробарии хатти буҷети дар чунин ҳолат чунин намуд мегирад: X2= 12-1,5X1
Ҷадвали 4.1
Таносуби харидории моли А ва моли В ҳангоми буҷети истеъмолӣ дар ҳаҷми 12 сомонӣ.
Шумораи моли А. (нархи мол 1 сомонӣ барои як воҳид) | Шумораи моли В (нархи мол 1 сомонӣ барои як воҳид) | Хароҷоти умумӣ (сомонӣ) |
8 | 12 (12+0) | |
6 | 3 | 12 (9+3) |
4 | 6 | 12 (6+6) |
2 | 9 | 12 (3+9) |
12 | 12 (0+12) |
Азбаски истеъмолкунанда даромади худро пурра сарф менамояд, ҳамаи вариантҳои имконпазири комбинатсияи ин ду неъматҳои додашуда дар хатти буҷети ҷойгир мешаванд. Шумора, нарх ва хароҷоти умумии истеъмолкунанда барои харидорӣ кардани ин молҳо (ҳангоми баробар будани даромад ба 12 сомонӣ) дар ҷадвали 4.1 ифода карда шудаанд.
Маълумотҳои дар ҷадвал овардашударо истифодабурда, хатти буҷетиро дар системаи координат ифода мекунем (расми 4.3). Мақсади истеъмолкунанда ин максимизатсияи фоиданоки мебошад, ки аз таносуби молҳо дар муҳдудияти буҷетии додашуда ба даст оварда мешавад: maxҒ(X1,X2) ҳангоми P1X1+P2X2=I.
Ҳалли ин муамморо ба таври графики мушоҳида мекунем. Дар расми 4.3 ду каҷхаттаи бефарқиятӣ Ғ1, Ғ2 ва хатти маҳдудияти буҷетӣ AӢ инъикос ёфтаанд. Ду ҳолат имконпазир аст: хатти маҳдудияти буҷетӣ каҷхаттаи бефарқиятии Ғ1 мебурад ва ё ба каҷхатаи бефарқиятии Ғ2 мерасад. Дар хатти буҷетии АВ се варианти таносуби неъматҳо ифода ёфтаанд: а,ӣ, e. Хароҷотҳо барои харидории ин неъматҳо якхелаанд ва ба даромади истеъмолкунанда баробаранд. Истеъмолкунанда интихоби оптималиро барои оқилона сарф кардани даромади худ ба вуҷуд меоварад. Таносуби молҳои а ваӣ дар каҷхаттаи бефарқиятии Ғ1 ҷойгиранд, таносуби Е бошад дар каҷхатти бефарқиятии Ғ2 ҷойгир аст. Ғ2>Ғ1 ба назар гирифта истеъмолкунанда варианти Е – ро интихоб мекунад. Аз ин ҷо хулоса бар меояд, ки дар буҷети маҳдуди додашуда интихоби оптималии истеъмолкунанда дар нуқтаи расиши хатти буҷетӣ бо каҷхаттаи бефарқиятӣ ҷойгир аст. Дигар вариантҳои таносуби ин молҳо, ки дар каҷхаттаи бефарқиятии Ғ2 ҷойгир аст барои истеъмолкунанда дастнорас аст. Хамшавии хатти буҷетии АВ ба нисбияти нархи ду неъматҳо баробар аст, -Р1/Р2. Дар нуқтаи расиши каҷхаттаи бефарқиятӣ ва хатти маҳдудияти буҷетӣ хамшавии ин каҷхаттаҳо баробар аст, яъне дар нуқтаи Е хамшавии хатти буҷетӣ ба меъёри ҳаддии ивазшавии ду неъмат баробар аст. Мувофиқан, меъёри ивазшавии ду неъмат ба нисбияти нархи онҳо баробар аст: Р1/Р2=MҚS=MҒ1/MҒ2. Нисбияти нархҳои бозории неъматҳо меъёри ивазшавии онҳоро дар бозор нишон медиҳад, нисбияти фоиданокии интиҳоӣ–меъёри ивазшавии интиҳоиро нишон медиҳад. Ҳангоми баробар будани ин нишондиҳандаҳо истеъмолкунанда фоиданокии максималиро дар ҳолати нархи додашудаи бозорӣ ба даст меоварад: Р1/Р2=MҒ1/MҒ2ва ёMҒ1/Р1=MҒ2/Р2. Истеъмолкунанда мавқеъи оптималии мувозинатиро он гоҳ дастрас мегардад, ки агар нисбияти фоиданокии интиҳоии неъматҳо ба нисбияти нархҳои бозории онҳо баробар бошад. Дар назарияи шуморавии фоиданокӣ каҷхаттаи талаботи инфиродӣ аз каҷхаттаи нарх–истеъмолот ҳосил карда мешавад. Исбот карда мешавад, ки хамшавии баракси каҷхаттаи талаботи инфиродӣ бо амали самараи даромад ва самараи ивазшавӣ асос ёфтааст. Ҳангоми баландшавӣ ва ё пастшавии нархи неъмати якум Р1 нархи муқоисавӣ низ тағйир меёбад Р1/Р2. Агар ҳангоми баландшавии нархи неъмати якум Р1, нархи муқоисави Р1/Р2баланд шавад, дар чунин ҳолат истеъмолкунанда бар ивази моли якуми қимматгашта моли дуюми нисбатан арзонро харидорӣ мекунад. Самараи ивазшавии як неъмат бо неъмати дигар дар натиҷаи тағйирёбии нархи муқоисавии ду молҳо ба миён меояд. Ҳангоми тағйир наёфтани даромади номиналӣ I баландшавии нархи неъмати якум Р1 ба камшавии даромади номиналии истеъмолкунанда I/P1оварда мерасонад. Самараи даромад дар натиҷаи тағйирёбии даромади аслии истеъмолкунанда ба миён меояд.