Бозори омилхои истехсолот

Бозори меҳнат ва музди меҳнат

  1. Мафҳуми бозори омилҳои истеҳсолот ва намудҳои он
  2. Талаботу пешниҳод ба омилҳои ҷудогонаи истеҳсолот
  3. Бозори меҳнат ва музди меҳнат

1. Бозори омилҳои истеҳсолот бозорест, ки дар он хариду фурӯши омилҳои истеҳсолот ба ивази нархи муайян сурат мегирад. Мувофиқи назарияи маржиналистӣ омилҳои истеҳсолот ба 4 гурӯҳ ҷудо мекунад, ки вобаста ба он бозорҳои зерини онро аз ҳамдигар фарқ мекунанд:

– бозори меҳнат;

– бозори сармоя;

– бозори соҳибкорӣ;

– бозори замин;

Ҳар як омили истеҳсолот даромади (Р-и) ба худ хосро дорад. нархи меҳнат – музди меҳнат, сармоя-%, соҳибкорӣ – фоида, замин – рента мебошад.

Омилҳои истеҳсолот дар ҷараёни истеҳсолот бо роҳҳои чунин истифода шуда ба натиҷаи истеҳсолот таъсири худро мерасонад. Илова бар он Омилҳои истеҳсолот ҳеҷ гоҳ ройгон нестанд, яъне соҳибкор барои ба даст овардани инҳо маблаѓи муайяне сарф мекунад.

Меҳнат – ҳамчун фаъолияти иқтисодӣ мувозинати байни ҳосилнокӣ ва хароҷотро нишон медиҳад.

Бозори меҳнат бозорест, ки дар он қобилияти меҳнатии шахс ҳамчун обекти хариду фурӯш ба ивази музди меҳнат қарор медиҳад.

Бозори меҳнат чун дигар бозори омилҳои истеҳсолот дорои мафҳуми талабот, пешниҳод, нарх ва рақобат мебошад.

Бозори рақобати комили омилҳои истеҳсолот бозорест, ки дар он шартҳои зерин иҷро мешавад:

  1. Мавҷуд будани корхонаҳои зиёди харидорони ин омил, ки аз тарафи фурӯшандагон пешниҳод мешавад,
  2. Ҳар яке аз корхонаҳо миқдори муайяни талаботро қонеъ сохта имконияти пешниҳоди пурраи ҷойҳои кориро надорад,
  3. Пешниҳоди меҳнат (L) аз тарафи хоҷагии хонаводаҳо ба ролҳ монда шуда аз рӯи нархи мувозинатӣ ба фурӯш монда мешавад.

Талабот ба меҳнат аз тарафи фирмаву корхонаҳо ба роҳ монда шуда он аз ду омил вобастаӣ дорад:

  1. Ҳосилнокии ниҳоии меҳнат,
  2. Аз пешниҳоди дигар омилҳои истеҳсолот.

Ба таври дигар роҳбари роҳбари корхона то ҳамон вақт коргарро ба кор қабул мекунад, ки кори иловагии он ба даромади иловагии (ниҳоӣ) он баробар бошад. Каҷхаттаи талабот ба меҳнат аз тарафи фирмаву корхонаҳо каҷхаттаи ҳосилнокии иловагии меҳнат вобаста аз нарх мебошад.

Арзиши меҳнат музди меҳнат ба ҳисоб меравад. байни ставкаи музди мехнат ва талаботи (D) фирма ба меҳнат (L) вобастагии чаппа вуҷуд дорад, яъне ҳангоми болоравии ставкаи музди меҳнат, талабот (D) ба меҳнат кам мешавад ва баръакс.

Каҷхаттаи D ва L хусусияти камшавандагии дорад, он камшавии ҳосилнокии меҳнатро нишон медиҳад.

Мақсад аз он иборат аст, ки фирма шумораи зиёди коргаронро қабул карда, аз он боздеҳи камшаванда ба вуҷуд меояд, ки натиҷаи меҳнати онҳоро бо маоши камтарин қадр мекунад.

Пешниҳоди меҳнат аз тарафи шахсони алоҳида, ки узви иттифоқи касаба нестанд ё инки аз тарафи кормандони узви иттифоқ ба роҳ монда мешавад. Байни ҳаҷми пешниҳод ва ставкаи музди меҳнат мутаносибаи роста вуҷуд дорад, яъне ҳангоми болоравии ставкаи музди меҳнат ҳаҷми пешниҳод зиёд мешавад ва баръакс.

Бозори капитал

Нархи мубодилаи капиталӣ

Қисми ташкилдиҳандаи бозори омилҳои истеҳсолот, бозори капитал мебошад. Капитал ҳамчун омили истеҳсолот маҷмӯаи неъматҳое мебошад, ки натиҷаи фаъолияти меҳнатии гузашта буда, истифодабарии он офаридани неъматҳои навро таъмин менамояд. Ҳамин тариқ дар бозори омилҳои истеҳсолот дар зери мафҳуми капитал, капитали ҷисмонӣ, яъне он чизе ки ҳамчун фондҳои истеҳсолӣ номида қабул шудааст, мефаҳманд. Фондҳои истеҳсолӣ неъмати капиталӣ мебошад, ки истифодабарии онҳо имконияти дар оянда зиёд намудани даромадро медиҳад.

Офаридани фондҳои истеҳсолӣ, ё ин ки неъматҳои нави капиталӣ бо хароҷотҳои пулии зиёд алоқаманд мебошанд, яъне воситаҳои пулии нисбатан зиёдро талаб мекунанд. Чунин воситаҳои пулиро дар назарияи иқтисодӣ капитали инвеститсионӣ ё фондҳои инвеститисионӣ меноманд. Барои ҳамин ҳам талабот ба капитал дар бозори захираҳо ҳам дар шакли талабот ба фондҳои инвеститсионӣ, ки барои ба даст овардани капитали коркретӣ дар шакли ҷисмонӣ зарур аст, баромад мекунад. Мувофиқан зери мафҳуми капитал, ҳамчун объекти созиш дар бозори капитал нафақат неъматҳои капиталӣ, ки барои истеҳсолот таъин гаштаанд бояд фаҳмид, балки капитали инвеститсионии пулӣ барои офаридани онҳо мебошад.

Аз як тараф талабот ба воситаҳои инвеститсионӣ ҳамчун талабот ба суммаи муайяни пулҳо менамояд. Аммо на ҳама суммаи пулҳо капиталро ташкил мекунад. Ба ғайр аз ин, барои капитал шудан, пулҳо бояд ба истеҳсолот ё муассисаҳои қарзӣ гузошта шаванд, ки даромади муайян оранд.

Ҳамин тариқ, пул ҳамчун пул ва капитал дар шакли пулӣ – ин як ҳамон чиз нест. Якум, барои соҳибкорон пулҳои барои харидоринамоии фондҳои истеҳсолӣ лозиманд (капитал дар шакли ҷисмонӣ), барои ҳамин ҳам онҳо ба воситаҳои инвеститсионӣ талабот зоҳир менамоянд. Дуюм капитали пулӣ аз худ, капитали характери универсалӣ доштаро мефаҳмонад, ки ба он истеҳсолкунандагони молҳои гуногун хоҷагиҳои хонавода доимо эҳтиёҷ доранд. Неъматхои капитали гуногун ё шаклҳои капитали ҷисмонӣ, ки истифодабарии онҳо метавонад дар оянда маҷмӯаи даромадро зиёд намояд, ки барои баъзе соҳибкорон зарур аст, лекин наҳамавақт барои дигарон ва хоҷагихои хонавода зарур аст.

Аз нуқтаи назари сохтор, бозори капитал бо якҷинсӣ ва гуногунии объектҳои мубодила фарқ мекунад. Вобаста аз объекти хариду – фурӯш вай ба бозори капитали қарзӣ ва қоғазҳои қимматнок ҷудо мешавад.

Вобаста аз ташкилкунӣ, капитал ба асосӣ ва гардон ҷудо мешавад.

Аз рӯи шакли зоҳирнамоии талабот ба капитал, фарқ мекунанд:

– якум, талабот ба неъматҳои капиталӣ ва активҳои капитали аллакай офаридашуда (биноҳо, иншоотҳо, мошинҳо, таҷҳизотҳо ва ғ.), ки барои фирма доимо, ё барои истифодабарӣ дар муддати муайяни вақт зарур аст. Дар ин ҳолат фирмаи ба эҳтиёҷ ноилгашта онро мехарад ё аз моликиятдор ба иҷора мегирад. Иҷора мешавад сода, беҳуқуқи харидорӣ ва бо ҳуқуқи дар оянда харидорӣ намудан (лизинг);

– дуюм, талабот ба фондҳои инвеститисионӣ, ки гузориши воситаҳои молиявии заруриро ба лоиҳаҳои инвеститсионӣ, бо мақсади офаридани капитали дар шакли ҷисмонӣ зарурро таъмин менамояд.

Барои мувофиқаткунонии даромади оянда ва хароҷоти имрӯза, муайян намудани арзиши ҳозираи даромади ояндаро муайян кардан лозим аст.

Дар амалияи ҷаҳонӣ чунин ҳисобҳоро дисконтиронии даромади оянда меноманд. Дисконтиронӣ имконият медиҳад, ки суммаи эквиваленти пули ҳозира, ки дар оянда ба даст оварда мешавад, муайян карда шавад.

Арзиши дисконтиронӣ аз рӯи формулаи зерин муайян карда мешавад:

Изображение;

ки дар ин ҷо PV – арзиши дисконтиронии даромади оянда;

FV – даромади ҳарсола дар оянда аз захираи капиталӣ;

қ – меъёри фоизи бонкӣ;

t – шумораи сол.

Молиягузорӣ ба капитал маънои иқтисодиро дар ҳамон ҳолат дорад, агар даромади солона аз онҳо баланд аз фоизи депозитҳои бонкӣ бошад. Агар онҳо паст бошанд, пас чунин лоиҳаи инвеститсионӣ бесамара аст ва дарёфт намудани дигар лоиҳаҳо, роҳҳои алтернативии истифодабарии воситаҳои пули нисбатан фоидаовар мақсаднок аст, масалан онҳоро ба бонк бо фоизи муайян гузоштан.

Ҳангоми дида баромадани нақши мизони фоиз дар қабули қарор оид ба молиягузорӣ, ҷараёнҳои таваррумӣ ва фаркияти байни мизони фоизи номиналӣ ва аслиро дар назар доштан лозим аст. Мизони номиналӣ – ин мизони фоизе, ки бо пулҳои курси ҷорӣ ифода ёфтааст. Мизони аслӣ – ин мизони номиналӣ ба ҳисоби сатҳи таваррум. Вай ба ҳосилитарҳи байни мизони номиналӣ ва сатҳи таваррум баробар аст. Мувофиқан сиёсати инвеститсиониро мизони аслии фоиз муайян менамояд.

Ҳаҷми оптималии капитал барои фирма

Талабот ба воситаҳои инвеститсионӣ, ки барои ба дастории капитал дар шакли ҷисмонӣ зарур аст аз истеҳсолнокии охирон вобаста мебошад. Истеҳсолнокии капитал, ҳамчун дигар омилҳои истеҳсолот чӣ хел ки маълум аст бо қонуни боздеҳи камшаванда, ки динамикаи даромаднокии истифодабарии онро муайян месозад, алоқаманд мебошад. (рас. 16.1).

Изображение

Расми 16.1. Ҳаҷми воситаҳои инвеститсионӣ

Хамшавии манфии талабот ба воситаҳои инвеститсионӣ аз пастшавии маҳсулоти интиҳоии капитал, дар натиҷаи афзоиши молиягузорӣ дар зери таъсири қонуни боздеҳи камшавнда, вобаста мебошад. Ин онро мефаҳмонад, ки афзоиши масштаби молиягузорӣ ҳангоми «баробар будани шартҳои дигар» (яъне, бетағйир будани ҳаҷми истифодабарии дигар омилҳо) дар амал ба камшавии боздеҳӣ аз онҳо меорад, мувофиқан ба камшавии даромаднокии интиҳоии капитал.

Ҳангоми дида баромадани динамикаи тағйирёбии даромаднокии капитал вобаста аз ҳаҷми инвеститсияҳо, мо вуҷудияти «баробар будани дигар шартҳо» – ро дар назар дошта будем. Ҳангоми тағйирёбии «баробар будани дигар шартҳо» каҷхаттаи талабот метавонад ҷой иваз кунад, ё ба тарафи боло (рост) ва ё ба тарафи поён (чап).

Фирмаҳо ва хоҷагиҳои хонавода ки дар онҳо воситаҳои пулии озод дар муддати муайяни вақт пайдо мешаванд, воситаҳои инвеститсиониро пешниҳод менамоянд, худашон не, балки бо ёрии миёнаравҳои молиявӣ (бонкҳо, фондҳои инвеститсионӣ ва ғ.). Воситаҳои инвеститсиониро пешниҳод намуда, онҳо аз истифодабарии алтернативии он даст мекашанд. Ҳамин тариқ онҳо метавонистанд воситаҳои молиявии худро барои кушодани кори хусусӣ сарф намуда, аз он даромад гиранд, ё ин ки замин харидорӣ намуда аз он иҷорапулӣ ба даст оранд ва ғ. Аз истифодабарии алтернативии капитали пулии худ даст кашида, онҳо хароҷотҳои алтернативии имкониятҳои аздастдодашударо ба вуҷуд меоранд. Чӣ қадаре, ки капитали пешниҳодшаванда зиёд бошад, ҳамон қадар хароҷотҳои интиҳоии имкониятҳои аздастдодашуда зиёд мегарданд. Айнан ҳамин ҳолат хамшавии мусбати каҷхаттаи пешниҳоди капиталро мефаҳмонад. (рас. 16.2).

Изображение

Расми 16.2. Ҳаҷми воситаҳои инвеститсионӣ.

Нуқтаи буриши каҷхаттаҳои талабот ва пешниҳоди воситаҳои инвеститсионӣ ставкаи мувозинатии фоизро муайян менамояд, ки ҳангоми он ҳаҷми воситаҳои қарзии пешниҳодшаванда бо ҳаҷми талаботи воситаҳои қарзӣ баробар мебошад. (рас. 16.3). Дар нуқтаи Е мувофиқатӣ байни даромаднокии интиҳоии капитал ва хароҷотхои интиҳоии имкониятҳои аздастдодашуда ба вуҷуд меояд.

Изображение

Расми 16.3. Мувозинатӣ дар бозори капитал

Бозори замин

Замин ҳамчун омили махсуси истеҳсолот

Захираҳои табиӣ – ин қисми табиати муқаррарӣ, ки аз тарафи ҷамъият истифода мешавад ё ин ки бо мақсади қонеъгардонии талаботҳои гуногуни одамон истифода шуда метавонад. Одатан оиди захираҳои табиӣ гуфтан, термини «замин» дар маънии васеъ истифода мебаранд. Ин мафҳум ҳамаи он неъматҳои истеҳсолиро, ки дар ҷараёни истеҳсолот истифода бурда мешаванд, лекин натиҷаи меҳнати инсон намебошанд, дарбар мегирад. Ҳамаи ин неъматҳо аз тарафи табиат дар ҳаҷми муайян дода шудаанд ва инсон қобилияти зиёд намудани пешниҳоди онҳоро надорад, хоҳ вай замин, захираҳои обӣ, ё канданиҳои фоиданок.

Замин захираи табиии муҳим мебошад, яъне фазое, ки дар он фаъолияти иқтисодии гуногун амалӣ мегардад. Замин байни дигар омилҳои истеҳсолот бо он уникалӣ аст, ки вай тағйирнаёбанда (ноҷунбанда) аст, яъне доимӣ мемонад. Ин маънои онро дорад, ки пешниҳоди замин ва дигар захираҳои табиӣ ғайричандир аст.

Маҳдудият ва ғайричандирии замин хусусиятҳои нархгузориро дар хоҷагии қишлоқ муайян месозад. Даромаде, ки аз истифодабарии замин ба даст оварда мешавад рента номида мешавад.

Консепсияи марксистии рентаи заминӣ аз он бармеояд, ки манбаи ҳамаи даромадҳо маҳсулоти ҷамъшаванда (прибавочный продукт) мебошад. Барои ҳамин ҳам рентаи заминӣ, ҳамчун фоида ва фоиз, шакли мубаддалгардонидашудаи арзиши ҷамъшаванда мебошад. Маркс ду намуди рентаро ҷудо мекард – рентаи мутлақ ва дифференсиалӣ. Рентаи охирон инчунин аз тарафи Адам Смит ва Давид Рикардо тадқиқ шуда буд.

Рентаи дифференсиалӣ дар қисматҳои хуби замин ҳамчун фарқияти байни нархи истеҳсоли маҳсулот, ки аз заминҳои ҳосилнокии баланд ба даст оварда шудааст ва нархи умумӣ (нисбатан баланд), ки дар шароитҳои бади истеҳсолот муайян карда шудааст, ба вуҷуд меояд. Саволе ба миён меояд, ки барои чӣ нархи ҷамъиятии истеҳсолот бо шароитҳои бади истеҳсолот муайян карда мешаванд, на ин ки бо шароитҳои миёна ва хуб?

Барои он, ки замин маҳдуд аст ва ҳосил фaқат аз заминхои шароиташ миёна ва хуб талаботи ҷамъиятиро қонеъ гардонида наметавонад. Ва агар талабот аз пешниҳод зиёд гардад, дар ин ҳолат нархи бозорӣ то сатҳи нархи замини аз қисматҳои шароиташ бад баланд мегардад.

Хулоса рентаи дифференсиалӣ – ин фарқияти байни нархҳои ҷамъиятӣ ва инфиродии истеҳсолот. Дар қисматҳои шароиташ бад вай ба вуҷуд намеояд.

Рентаи мутлақ, аз рӯи назарияи К. Маркс – ин рентае, ки дар ҳама қисматҳои замин вуҷуд дорад. Вай дар натиҷаи фарқи байни арзиши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва нархи истеҳсоли он ба вуҷуд меояд: якум аз охирон зиёд аст.

Агар заминдор заминро ба иҷора супорад, дар ин ҳолат иҷорагиранда ба ӯ иҷорапулӣ, ки дар худ рентаи заминӣ ҷамъи пардохтҳо ба истифодабарии дар замин сохтмонхоро дар бар мегирад, мепардозанд. Худи иҷорагиранда фоидаи миёнаро аз капитал мегирад, ки ба хоҷагӣ гузоштааст. Ин буд кӯтоҳ оиди консепсияи марксистии рентаи заминӣ.

Равияи неоклассикӣ дигар усулро, ки дар консепсияи хароҷотҳои интиҳоӣ асос меёбад истифода мебаранд.

Ҳолате дида мебароем, ки заминдор худ хоҷагиро мебарад, яъне фермер. Мисоли П. Самуэльсонро истифода мебарем.

Аз расим 1.1 аён аст, ки фермер (заминдор) коргаронро то нуқтаи L киро менамояд, яъне то он даме, ки маҳсулоти интиҳоии коргари охирони кирогкардашуда бо андозаи музди меҳнат баробар нашавад. Музди меҳнати ҳамаи коргарон бо масоҳати OWEL муайян карда мешавад. Масоҳати боқимондаи WDE бузургии рентаи заминӣ мебошад. П. Самуэльсон хулоса мебарорад, ки андозаи рентаи заминӣ бо «усули боқимонда» муайян карда мешавад, вақте ки аз бузургии умумии маҳсулоти офаридашуда бузургии маҷмӯъавии музди меҳнат гирифта мешаванд. Аз рӯи ҳуқуқи моликияти хусусӣ рента ба заминдор (фермер) тасодуф мешавад.

Акнун бузургии рентаро ҳангоми шарте муайян менамоем, ки замин ба фермер таалуқ надошта бошад ва ӯ фaқат заминро ба иҷора гирифта бошад.

Талабот ва пешниҳоди замин. Мувозинатӣ дар бозори замин

Неоклассикон аз он принцип бармеоянд, ки нархи ягон омил, хоҳ музди меҳнат, фоиз ё рента, дар ҳамон сатҳ ҷорӣ карда мешавад, агар талабот ва пешниҳод баробар бошанд.

Расми 17.1 дида мебароем, ки дар он каҷхаттаи талабот ба замин акс ёфтааст.

Ставкаи музди

меҳнат ва маҳсулоти

интиҳоӣ

Изображение

Расми 17.1. Рентаи соҳиби мулки хусусӣ – фермер

Маълум аст, ки пешниҳоди замин ғайричандир. Барои ҳамин ҳам каҷхаттаи пешниҳоди замин SS хати вертикалӣ мебошад. DD – Каҷхаттаи талабот ба замин, нуқтаи Е – ҳамон сатҳи рентаи заминӣ мебошад, ки талабот ва пешниҳоди қисматҳои заминиро баробар месозад.

Агар сатҳи иҷорапулӣ (рента) баланд шавад (баланд аз руқтаи Е), дар ин ҳолат пешниҳоди замин аз талабот ба он зиёд мегардад, заминдорон оид ба иҷора додани замин мушкилиҳо мекашанд, барои ҳамин ставкаи иҷорапулиро паст мегардонанд, ки аз тарафи иҷорагирандагон пардохт карда мешавад.

Агар сатҳи ставкаи иҷорапулӣ паст гардад (поён аз нуқтаи Е), дар ин ҳолат талабот ба замин аз пешниҳоди он зиёд мегардад. Дар ин ҳолат заминдорон пардохтҳои иҷоравиро баланд мебардоранд.

Ҳамин тариқ, фaқат дар нуқтаи E баробарии талабот ва пешниҳоди замин мушоҳида карда мешавад. (Расми 17.2)

Неоклассиконро назар ба Марксистон аз тарафи ки офаридашудани рента шавқмандӣ намекунонад, балки аз чӣ, сатҳе ки вай дар он ҷорӣ мегардад, вобаста мебошад.

Расми 17.2. Рентаи иҷорагиранда – фермер.

Натиҷаи тадқиқи чунин масъала ду хулоса мебошад.

    1. Сатҳи рента дар вобастагии роста аз ғайричандирии пешниҳод мебошад.
    2. Сатҳи рента аз талабот ба маҳсулот охирон вобаста аст. Масалан, агар нарх ва талабот ба гандум паст гардад, дар ин ҳолат талабот ба замин, ки дар он ин неъмат кишт карда шуда буд, кам мешавад. Яъне ставкаи иҷорапулӣ ба пастравӣ мераванд. Вазъияти баръакс ҳам ба вуҷуд омаданаш мумкин аст.

Дар иқтисоди бозорӣ замин ҳамчун объекти хариду-фурӯш мебошад ва нархи худро дорад. Соҳиби замин кӯшиш менамояд, ки онро бо чунин нархе фурӯшад, ки агар онро ба бонк гузорад, фоизи солона баробари рентаи солона орад.

Барои ҳамин ҳам нархи замин аз ду бузургӣ вобаста мебошад:

– андозаи рентаи заминӣ, ки онро ҳангоми соҳиби заминшудан, ба даст овардан мумкин аст;

– ставкаи фоизи қарзӣ.

Ин вобастагиро бо чунин формула нишон додан мумкин аст:

Андозаи рента

Нархи замин = ——————————–* 100%

Бузургии фоизи қарзӣ

Бозори замин

Масъалаи 1. Агар рентаи солона ба 2000 п.в. баробар бошад, ставкаи фоизи қарзӣ – 4% ташкил диҳад, дар ин ҳолат нархи замин ба чӣ баробар аст.

Ҳал

Андозаи рента

Нархи замин = ———————————-* 100% =2000/4*100 = 50000 в.п.

Бузургии фоизи қарзӣ

Хулоса: нархи замин баланд мегардад, агар андозаи рента зиёд гардад, ва паст мегардад, агар меъёри фоиз баланд гардад. Нуқтаи назари мактабҳои иқтисодӣ доир ба ин масъала мувофиқати наздик доранд.

1.07K
Нет комментариев. Ваш будет первым!