Ҳолат ва инкишофи ҳисобгирӣ дар Вавилон, Миср, Юнон ва Рим

1.Заминаҳои пайдоиши ҳисобгирӣ 2. Пайдоишиҳисобдори дар Юнони қадим

Ҳисобгирӣ ҳанӯз дар давраои адимтарин пайдошуда аст, то ҳол касе инро аниқ муайян накардааст. Ҳисобгирӣ тадриҷан ваномуайян ба вуҷуд омадааст. Одатан се ҷавоброгуфтан мумкин астт:

6000 сол пеш аз ин, вақте ки одамон бо мақсадҳоимуайян ҳодисаҳои ҳаёти хоҷагидориро дарҷ карданро омӯхтанд;

500 сол пеш аз ин, вакте ки китоби Лука Пачоли баромад ва сарфаҳмравииҳисобгирӣ оғоз ёфт, дар охир

100 сол пеш аз ин, вакте ки ибораҳои аввалининазариявӣ дар доираи ҳисобгирии бухгалтерӣ пайдо шуданд.

Дар ин ҷотанҳо як чиз фаҳмо буданд, ки манбаъҳои аввалини пайдоиши ҳисобгирӣ аз мо ҳамеша пӯшида мондаанд. Мо онҳоронамедонем ва донистан ҳам наметавонем. Онҳо чандин ҳазорсолҳо пеш аз мо барбод рафтаанд.

Одатан пайдоиши ҳисобгириро бо ба вуҷудоиирегистрҳои ҳисобгирӣ алоқаманд месозанд. Ин нодуруст аст. Дар замонҳои қадимтаринбакайдгирии ҳодисаҳои ҳаёти хоҷагидорӣ зарурият надошт, зеро маълумот оиди хоҷагӣдар майнаи як шахс ҷой гирифта метавонист. Ва ин на аз он сабаб, ки ин шахсдорои қобилияти фавқулодда ва хотираи хуб буд, балки хоҷагӣ на он қадар калонбуд, танҳо барои қаноатмандгардонии талаботҳои ҷории община нигаронида шуда буд, ва маълумот дар бораи онначандон бисёр буд. Дар ҷамъияти общинаи ибтидоӣ, ки хоҷагӣ ҳатто аз хоҷагии оилавии имрӯзасодатар буд ҳама чизро, ки сабт карданмумкин буд бе истифодабарии сабт низ дар хотир медоштанд, натиҷаҳои меҳнатбошанд тамоман ночиз ва ҳамзамон намоён буданд.

Ҳамин тавр ҳисобгирии солҳои қадимтарин дармайнаи сари шахсони ҳисоббаранда оғоз ва анҷом меёфт ва ягона регистри ҳисобгирӣбарои бухгалтер худи ӯ буд.

Талаботи инсон дар ҳисобгирӣ дар ҷараёниинкишофи ҷамъият оғоз ёфтааст. Тасодуфӣ нест, ки ба инкишофи ҳам забон ва ҳамматематика бахусус тавассути фаъолияти хоҷагидорӣ, савдо ва бухгалтерия сабабшуда бошанд. Ҳарфҳо ва рақамҳо ба инсонимконият медоданд то ӯ нависад ва ҳисоб кунад, вале барои он, ки ҳисоб ба миён ояд бояд чизе ихтироънамуд, ки дар он навиштан ва ҳисобкардан имконият дошта бошад.

Дар аввалҳо ададҳо набуданд. Счётро навиштаҷотҳо, кидар шохаи дарахтон, устухонҳои ҳайвонот,девораҳои ғорҳова ҳатто болои шахҳо карда мешуданд иваз мекард. Барандаи аз ҳамааҷоиби маълумотҳоресмонҳо буданд, ки дар онҳо гиреҳ карда мешуд. Ҳисобгирии«гиреҳӣ» дар перугиҳои қадим ташаккул ёфта буд. Онҳо гиреҳро – «кипу»меномиданд ва системаи мукаммалгаштаи ҳисобгириашон низ ҳамин номро дошт.

Дар давраҳои баъдина барандагони маълумот монандипапирус, таҳтачаҳои сафолӣ – «кирпичи», пергамент, воск, дарахт, коғаз ба миёнмеоянд.

Амалиётҳои аввалини тиҷоратӣ такрибан солҳои3600-и пеш аз солшумории мо дар Шумер дар рӯи санг ба қайд гирифта шудааанд.Дар солҳои 3200 то солшумории дар он ҷо ҳисобчигӣ дар таблицаҳои гилӣ- ба вуҷудомад. Ин ба сабткунии систематикӣ заминагузошт. Бар хилофи ин дар Мисри қадим папирусҳо барои инкишофи сабтҳои хронологӣшароит фароҳам овардаанд. Таблицаҳои сафолӣ ва папирусҳо регистрҳои асосӣбуданд. Вале дигар барандагони маълумоти ҳисобгирӣ низ буданд. Дар соли 1897таблицаҳо аз устухони фил бозёфт шудаанд, ки онҳо барои бурдани счётҳо 5000 сол пеш аз ин истифода шудаанд. Дар Ҳиндиқадим счёт-регистрҳо хурмачаҳо буданд, ки дар онҳо сангчаҳо – ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ гузошта мешуданд.

Дар Юнон ва Рими қадим таблицаҳои мумии,тахтачаҳои мисин, пӯст, пергамент, папирус истифода мешуданд. Дар Галин –тахтачаҳои сафолӣ ва масолеҳи кулолгарӣ, дар Перу – ресмон истифода шуданд.

Дар таърихи инкишофи ҳисобгирии бухгалтерӣ ҳисобгирӣ дар Мисри қадимро зикро намуданзарур аст. Бувуҷудоии давлати муқтадаре монанд Миср, ки мувафақиятҳои калонноил гардидааст танҳо тавассути системаи дуруст ва хуби ҳисобгирии бухгалтерӣ, ки ба барандагони боэтимоди маълумот такямекунад, имконият пайдо кардааст.

Ин ҳама аз он оғоз ёфтааст, ки чанд ҳазорсола пеш аз ин, дар водиҳои дарёиНил, одамон папирус сохтанро омӯхтанд. Сарчашмаҳои оғози ҳисобгирии хаттӣ низба ҳамин давра рост меоянд. Бақайдгирии ҳодисаҳои ҳаёти хоҷагӣ онвақт дарнаволаҳои папирус бурда мешуданд. Дарозии лӯлачаҳои папирус ба 4-5 м вабаландиашон ба 18 – 24 см – ро ташкил медод. Сабтҳо дар онҳо барои зебоӣ борангҳои сиёҳ ва сурх карда мешуданд. Мисол, солро бо туши сиёҳ, моҳ ва рӯзро ботуши сурх, рақамҳои алоҳида – бо туши сиёҳ, натиҷаҳо- бо туши сурх ва монандионҳо. Дар наволаҳо пеш аз ҳама рақами инвентарӣ гузошта мешуданд. Номгӯи арзишҳоигуногун дар сутунҳо оварда шуда, дар сатрҳо – рӯзҳои ҳаракати миқдории онҳо қайдмешуд.

Дар Мисри Қадим усули асосии ҳисобгирӣ инвентаризациябуд. Ҳангоми ҳукмронии сулолаҳои 1 ва 2 (солҳои 3400-2980 то солшумории мо )дар ҳар ду сол як маротиба барӯйхатгирии молу амволи манқул ва ғайриманқулимамлакат гузаронида мешуд. Ин бо он шарҳ дода мешавад, ки дар Миср ҳуқуқи соҳибӣ ба замин ва дигармолу мулк танҳо ба идоракунандаи мамлакат Фиръавн тааллук дорад.

Баҳисобгирӣ низ аз номи ӯ амалӣ мешуд.

«Ҳисобкунии амвол», яъне барӯйхатгирии арзишҳоиқимматноки Фиръавн дар Миср чунон воқеаимуҳиме буд, ки ҳатто солҳои ҳукумрони шоҳон аз замони гузаронидани он солшуморӣкарда мешуд. Баруйхатгирӣ чӣ қадаре, кибисёр гузаронида шавад, ҳукумрони Миср низ ҳамон қадар доно ҳисобида мешуд ва ҳалқҳамон қадар хушбахт. Бо ин кори муҳими давлатӣ мансабдорони Мисри қадимӣ –мирзоҳо машғул мешуданд.

Миср дар он давра хоҷагии мутамарказонида буд.Аз номи Фиръавн мирзоён онро идора мекарданд. Бахусус онҳо иерархияи пурқувватиҳокимиятро ташкил медоданд. Бехуда намегуфтанд, ки шумораи мирзоён дар Империя башумораи ситораҳои осмон баробар аст.

Мирзо дар ин давра шахсияти муҳими давлатӣ будва мақоми ӯ ба мақкоми бодбезакдори ҳоким– шахси дахлнопазир баробар шуда буд. Мирзоёни калони мисрӣ дар баробариаламбардорон дар ҷамъомади тантанавии гаштҳои фиръавн иштирок менамуданд.

Аз ин замонҳо сар карда маълумоти бухгалтерӣинструменти ҳақиқи фаъолияти хоҷагидорӣ гаштаанд. Аз ҳуҷчатҳои ҳисобгирии тозамони мо маҳфуз монда дидан мумкин аст, ки дар замонҳои қадимтаринбухгартерон чӣ мақому манзалат доштандва кори онҳо чӣ гуна қадр карда мешуд.

Ҳисобдории он давра «системаҳои ҳисобгирӣ»-роаз рӯи барандагони маълумот дарбар мегирифт: дар Вавилон лавҳаҳои гилин, дарМиср – папирус, дар Юнон – сафолпораҳо, дар Рим – лавҳаҳои мумӣ, дар империяиИнкҳо-ресмон, дар аврупои асримиёнагӣ – папирус ва монанди инҳо. Ва танҳо дарасри 2 то милод қоғаз ба вуҷуд омад. Усули тайёркунии онро Чай Лунь ихтироъкард. Дар аасри 6 сирри истеҳсоли қоғаз аз Хитой ба Ҷопон, ва дар асри 10 ба Ғарброҳ ёфтааст.

Ҳуҷҷатҳои ҳисобгирӣ намуди варақаи хизматиродоранд, вале дар фарқият аз ҳуҷҷатҳои Мисри қадим ва Шумеру-Вавилон ба таври қатъӣмунтазам нестанд. Счётҳои дахлу харч низ тартиби муайян надоранд. На дар ҳама ҷонатиҷа бароварда шудааст. Дар бисёр ҳуҷҷатҳо номгӯи объектҳои ашхоси алоҳиданишон дода мешавад. Вале муайян кардан душвор аст, ки ин дахл, харч ё руйхатимолу амвол. Руйхатҳои одамон, ки он шоядбарои ҳисобгирии табелӣ, андозбандӣ, ҳисобкунии миқдори коркунон ё қурбониёнтартиб дода шуда бошад, ҳамчун асрор нофаҳмост. Дар ҳуҷчатҳо қайдҳои ревизоронниз ҳаст.

Тадқиқодчиёни лавҳаҳо ноқулаии намуди аломатҳоробарои иҷроиши акинак дар сафол қайд намуда, истифодабарии папирусро низ тахминмекунанд. Дар ин ҳолат лавҳаҳо барои сабтҳои кӯтоҳмуддат ё ҳамчун ҳуҷҷатҳоиибтидоӣ истифода мешуданд. Ҷамъбасткунии онҳо дар папирусҳо, дар счётҳои дахлухарҷ ба таври Мисри Қадимӣ ё дигар намудҳогузаронида мешуд.

Алоқаҳои Крит бо Мисри қадим хеле зич буданд:тақвими якхела, иқтибоси тасвирҳои санъат, иштироки критиён дар сохтмонипирамидаҳои мирс, наздикии ҷуғрофӣ, сатҳи баланди маданият.

Ҳуҷҷатҳои ҳисобгирӣ ҳамчун сарват ҳисобида мешуданд. Онҳо сана гузошта мешуданд –«соли ҷори», «соли гузашта » ва дар ҷойҳои маҳсус, дар сабадҳо ё зарфҳоикалон, ки бо ришта ё тасма маҳкам карда мешуданд ва мӯҳр гузоштамешуданд, нигоҳ дошта мешуданд. Дар ёрлиқҳои гилӣ номи мирзои мутасаддӣ, номгӯиобъектҳои дар ҳуҷҷатҳо ба ҳисоб гирифташуда нишон дода мешуданд.

Аз оғози асри 2 – то мелод сар карда аввал дарМисри Қадим, пас дар Вавилон ва Шумер ҳисобгирии дахлу харҷ ба вуҷуд омад. Он имконият медод, ки натанҳо бақияҳо руйхат карда шаванд, балкиҳамаи он чӣ ки дар хоҷагӣ ба вуҷуд меоядба қайд гирифта шавад. Ихтироъкунии он ба ҳисобгирии ҷории воқеъаҳои ҳаёти хоҷагидорӣ роҳ кушод.Вале ҳисобгирии дахлу харҷ характериинвентарӣ дошт, аъне руйхати бевоситаи ҳамаи он чӣ, ки ба соҳиб тааллуқ дошт,гузаронида мешуд. Андозанамоӣ бо ченакҳои ҳакиқӣ буд ва ҷамъасткунии арзишимолу мулк вуҷуд надошт.

Бо мурури замон «кормандони ҳисобчӣ» сарфаҳмрафтанд, ки ашёҳои дар руйхат будаметавонанд аломатҳои индивидуалӣ дошта башанд (масалан, ҳайвонот,иншоъот), ки аз рӯи онҳо тавсифашондушвор нест, ва ҳамчунин аломатҳои ба ҳам наздик дошта бошанд. Мисол, пул ки он вақт онҳоро ба сурати умӯмӣ аз руйаломати ягона гурӯҳбандӣ намуда навиштан мумкин мебошад. Ин ба пайдоиши воҳидҳоишартии ченкунӣ оварда расонд. Инак дар Вавилони қадим «хишти шартӣ » ва «одам –рӯз» ба вуҷуд омад. Истифодабарии воҳидҳои шартӣ дар ҷодаи баромадан азконсепсияи натуралистӣ чизи наве буд, ва ҷудокунии аломатҳои якхелагӣ бошад, бапайдоиши счётҳо оварда расонид. Дар аввал онҳо бо ченаки натуралӣ бурда мушуданд. Танҳо дар асри 7 то мелоддар Миср имконият ва истифодабарии нишондиҳандаи умӯмӣ – танга пайдо шуд.

Ҳисобгириҳои аналитикӣ ва синтетикӣ маҳз батуфайли Мисри қадим ва бонкирҳои он ба вуҷуд омада, рушд кардаанд.

Дар сарчашмаҳои хаттии то замони мо омадарасида усули Мисриқадимии хатзании (вычёркивания) маълумоти пештар сабтшуда(усули тасҳеҳӣ) дида мешавад. Масалан, ӯҳдадориҳо аз рӯи андоз ва пардохткуниионҳо ба ҳисоб гирифта шудаанд. Истилоҳи «хат задан» и қарзҳо ба мазмуни«анулировать» дар бисьёр забонҳои аврупоӣ истифода мешавад.

Ҳангоми кофтуковҳои таърихӣ дар Саккар (дармевзеи Мемфиса-пойтахти Мисри қадим дар асрҳои XXVIII – XXIII – то милод) счётеробозёфт кардаанд, ки он дар порчаи матоъ бо забони юнонӣ навишта шудааст ва баасри IV – и то милод тааллуқ дорад. Он дар бораи хароҷоти гурӯҳи Юнониён, ки ба Миср сафар мекарданд маълумотмедиҳад. Дар счёт номгӯи ҳарочотҳо бо нишондиҳии объекти пардохт ва маблағнишон дода шудааст, ҳамчунин истилоҳи итолиёвии «дорад» истифода шудааст. Азистифодабарии ин истилоҳ дар асри II – и то милод китобҳои бонкии дахлу харҷи Мисри элликистики шаҳодат медиҳанд. Вай ҳамчун бақияигузоришоти мизоҷ дар бонк истифодамешуд.

Дар Рими қадим низ ҳисобгирии бонкӣ ду намудисабтҳоро, ҳам дар китоби банкир бо счётҳои мизоҷон ва ҳам дар китоби дахлу харҷивоситаҳои пулӣ дар бар мегирифт. Ҳисобгирии дахлу харч то ин вақт аллакайтаърихи беш аз ҳасорсола дошт. Вале счетҳои мизоҷон «рациҳо» – аз нуқтаиназари бонкир дигар ишоратҳорогирифтаанд: ба ҷои дахл ва харч ибораҳои дебет ва кредит. Истилоҳи дебет – «вайқарздор» ва кредит- «вай дорад». Худи мизоҷон ва банкирон дебиторон (қарздорон) вакредиторон (боварикунандагон) гаштанд. Ин тағирот дар ҳисобгирии бухгалтерӣ счётҳоидахлу харҷро аз байн бурд.

Дар Юнони қадим нормаҳои ҳуқуқии мувофиқемавчуд набуданд, то мизоҷон ва кафолатдиҳандагон тавонанд бо ёрии суд аз банкирҳодаъво намуда бо ҳуҷҷатҳо шинос шаванд. Банкҳо низ дар муносибат бо шахсони қарздодаашоназ хавф эмин набуданд, зеро шартномаҳоихаттӣ баста намешуданд.

Танзими ҳуқуқии сабтҳои бухгалтерии дар натиҷаимушкилоти ошкоркунии ҳақ будани даъвогар ё ҷавобдиҳанда ба миён омадааст. ДарРими кадим ба суд пешниҳодкунии китоби дахлу харҷи бонкҳо ҳамчун нормаи ҳуқуқӣгашт. Маълумотҳо дар бораи фаъолияти бонкҳо дар замонҳои баъдина, доир ба таври хаттӣ барасмиятдарории гузоришот ва ҳисоббаробаркуниҳобо мизоҷ далолат менамоянд.

Римиҳо бухгалтерияро дуст медоштанд. Бонкҳо вапул ба онҳо аз юнониён ворид гаштаанд, вале дар Рим бухгалтерия аз ҷиҳати ҳуқуқӣэътимодбахш гардонида шуда буд. Фактҳо бо ҳуҷчатҳои ибтидоӣ ва регистрҳои ҳисобгирӣба расмият дароварда мешуданд.

Истифодабарии счётҳо барои бақайдгирии тағиротҳоивоситаҳои хоҷагӣ ва инъикоскунии ҳисоббробаркуниҳобо шахсони юридикӣ ва алоҳида, танзими ҳуқуқии сабтҳои бухгалтерӣ ба пайдоиши бухгалтерияи оддӣ оварда расонидаанд.

Ҳисобгирии дунёи қадим – ин ҳисобгириибетаровати ҳодисаҳои фаъолияти ҳоҷагӣ буд. Асоси онро инвентаризация ва бақайдгирииибевоситаи молу мулк ташкил медод. Бо мурури замон, вақте ки фактҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ муайянкарда мешуданд, бақайдгирӣ ба усули бавосита мубаддал гаштааст. Ва аз ин вақтсар карда мувофиқии пурраи маълумоти ҳисобгирӣ ва ҳолати ҳақиқии корҳо қатъгаштааст.

Дар давраҳои асримиёнагӣ ду равияи ҳисобгирӣ:бухгалтерияи камералӣ ва бухгалтерияи оддӣ ташкил карда мешаванд. Бухгалтерияикамералӣ аз он асос меёфт, ки объекти асосии ҳисобгирӣ хазина, даромадҳои дарпешбуда ва ҳамчунин пардохтҳо аз хазина ба шумор мерафтанд. Бухгалтерияи оддӣ ҳисобгириимолу мулк, аз он ҷумла воситаҳои пулии хазинаро дар назар дошт, ва даромадҳо вахарочотҳо барои бухгалтер ҳамчун матлаби фаъолияти ӯ буданд. Ҳамин тавринкишофи ҳоҷагии моли ҳисобгирии накдинаҳои пулӣ ва ӯҳдадориҳои пулиро дар мавқеиаввал гузоштааст.

397
Нет комментариев. Ваш будет первым!