Системаҳои пардохти электронӣ
Пардохти маҳсулот ва хизматрасонӣ равандигузаронидани пулҳои муайян дар намуди пули нақд ё ҳуҷҷатҳои лозимӣ бо ёриитехнологияи махсус ба роҳ монда мешавад.
Моҳияти гуногуни пардохти вуҷуд дошта бохусусиятҳои худ фарқ мекунад. Дараҷаи идентификатисияи тарафҳо гуногун шудаметавонанд: аз комилан махфӣ будан ҳангоми пардохти нақд то идентификатисияипурра ҳангоми пардохт бо корти қарзӣ. Инчунин назорати трансаксия аз методҳоипардохт вобастагӣ дорад.
Роҳҳои имконпазирии пардохт дар тиҷоратиэлектронӣ ба чунин гурӯҳҳои сегментӣ тақсим мешаванд:
пардохти нақд; пардохт бокорти қарзӣ;
истифодаителебонк ва технологияи WAP; пардохтбо системаи интернет-банкинг; пардохтбо истифодабарии системаи Интернет.
Пардохт бо пули нақд бо хизматрасонии хаткашон(курер), пардохт ва гирифтани моли фармуда аз мағоза, пардохти гузошташуда интиқолбо истифодаи телеграф ва почта, интиқоли бонкӣ ба роҳ монда мешавад. Пардохт бопули нақд тавассути хаткашон яке аз роҳҳои содда ва боваринок мебошад. Дар ин ҳолатхаридор метавонад моли пешниҳодшударо тафтиш намояд ва фурӯшанда соҳиби пули нақдгардад. Вале ин метод баъзе камбудиҳо низ дорад, ки яке аз онҳо душвор буданидастрасии мол берун аз ҳудуди шаҳр ва гарон будани хароҷотҳо. Пардохт бароимоли фармуда аз методи якум фарқе надорад. Харидор фармоиши худро дар интернет ҷойгирменамояд ва баъди чанд вақт моли лозимиро дастрас менамояд. Дар мавридиистифодаи пардохти гузошташуда моли фармуда басуроғаи харидор тавассути почта фиристода мешавад. Арзиши мол дар почта дар вақтидастрас кардани он пардохт карда мешавад. Дар ин метод маҳдудияти мавқеи ҷуғрофиихаридор вуҷуд надорад. Камбудии ин метод аз он иборат аст, ки харидор имкониятибо мол шинос шуданро надорад. Мумкин аст, ки мол дар роҳ вайрон шуда бошад.Пардохт бо истифодаи телеграф, почта ва бонк ба методи пештара монанд мебошад.Аз ин метод одатан корхонаҳо истифодамебаранд.
Дунамуди кортҳои пластикӣ мавҷуд аст:
- корти пластикӣ,ки дар майдони магнитӣ (чип) pin–код ва дигар ахборотҳо оид ба соҳиби кортипластикӣ ҷойгир аст. Чунин намуд кордҳо кордҳои кредитӣ ном доранд. Дар марҳилаиҳозира кортҳои Visa, MasterCard ва монанди онҳо васеъ истифода бурдамешавад.
- корти пластикӣ,ки дар лентаи магнитӣ ахборот оид ба корт, ҳолати суратҳисоб (ҳамёнҳои электронӣ)қайд карда мешавад. Чунин кортҳоро – кортҳои дебетӣ меноманд.
Моҳияти пардохт тавассути интернет бонк даристифодаи терминалҳо барои идоракунӣ бо суратҳисоби бонкист. Ин усул мавҷудиятисуратҳисоб дар бонкҳои интернетро талаб мекунад. Воридшавӣ ба бонки интернет бонишон додани логин ва парол ба роҳ монда мешавад.
Пардохт барои мол бо истифодаи системаҳоипардохти электронӣ яке аз роҳҳои беҳтарин ба шумор меравад. Зеро харидорметавонад дар ҷойи дилҳоҳ бо истифодаи компютер ва шабакаи интернет маблағгузорӣнамояд.
Интернет, ки барои ҳамаи истеъмолчиён дастрасаст, ба системаи пардохт, шартҳои зеринро мегузорад:
- конфеденсиалӣ- ҳангомипардохт, харидор бояд донад, ки маълумоти пешниҳодкардаи ӯ фақат барои шахсони ҳуқуқӣдастрас мегардад;
- аутентефикатсия-харидор ва фурӯшанда бояд донанд, ки ҳамаи тарафҳо, ки дар харидуфурӯш иштирокменамоянд шахсони масъул мебошанд;
- пуррагии ахбор– маълумотро ба ғайр аз харидор ва шахсони масъул, дигар ҳеч кас тағйир доданаметавонад;
- усулҳоипардохт- имконияти ҳама методҳои пардохт барои моли харидорӣ карда шуда;
- авторизатсия – ҷараёне,ки системаи пардохт мавҷудияти маблағ дар суратҳисоби харидорро муайянменамояд;
- кафолати таҳдидифурӯшанда – эҳтимолияти хатар, ки вобаста ба бозгашти маҳсулот ба вуҷуд меояд,бояд бо ҳуҷҷатҳои махсус бо ҳама ташкилотҳои лозима ба мувофиқа оварда шавад;
- пардохтихурдтарин барои трансаксия – пардохт барои коркарди трансаксияи супориш вапардохти маҳсулот ба нархномаи он медарояд. Бинобар он поёнравии нархитрансаксия рақобати системаи пардохтиро зиёд менамояд;
- боэътимод –системаи пардохт бояд дастрасии зиёд ва шохаҳое надошта бошад, ки дар ҷараёникор ба нуқсон оварда расонад;
- масштабиронӣ –афзудани миқдори фурӯшандагону харидорон, ки системаи пардохтро истифодамебаранд, набояд ба вайроншавии инфраструктура оварда расонад;
- қулайӣ васоддагӣ –ҷараёни пардохт чун пардохтҳои оддӣ бояд содда бошад.
Корти пластикӣ – ин маводи пардохтии шахсӣбуда, шароити пардохти ғайринақдии маҳсулотро фароҳам меоварад. Инчунин бокорти пластикӣ имконияти гирифтани пули нақд аз банкоматҳо мавҷуд аст. Вазифаиасосии корти пластикӣ ин таъминкунии махфии маълумот оид ба соҳиби корт иборатаст. Иҷрои ҳолатҳои пардохт, ки дар ҷараёни хизматрасонии кортҳои пластикӣ бамиён меояд, бонк-эмитент яъне бонке, ки корти пластикиро чоп карда ба ӯҳдадорад. Бинобар он кортҳои пластикӣ дар давоми истифодаи он, ҳамчун моликияти инбонк ба шумор меравад. Хусусияти ӯҳдадории бонк-эмитент аз намуди кортҳоипластикӣ иборат аст (Visa –электрон, классик, gold ва ғайра). Ҷараёни тасдиқкуниифурӯш ё интишори пули нақд авторизатсия номида мешавад. Барои ин нуқтаихизматрасонӣ ба бонк дархост мефиристад, ки ӯ бояд салоҳияти дорандаи кортипластикиро тасдиқ намояд. Масалан чунин амалиёт дар банкоматҳо тариқи воридкардани pin–код ба амал бароварда мешавад. Яке аз роҳҳои авторизатсия – ин азистифодаи POS (Point Of Sale) иборат аст. Дар ин ҳолат корти пластикӣ ба POSтерминал аз ҷониби фурӯшанда ҷойгир карда мешавад. Pin-коди корти пластикӣтавассути таҷҳизоти дигар ба таври пинҳонӣ аз ҷониби харидор ворид кардамешавад. Ҷараёни авторизатсия ба таври автоматикӣ ба амал меояд. Чунин амалиётдар мавриди аз банкомат дастрас кардани пули нақд низ гузаронида мешавад.Одатан банк-эмитент бо фаъолияти қабули кортҳои пластикӣ аз ҷониби корхонаҳоисавдо ва хизматрасонӣ машғул нестанд. Ин амалиётро бонкэквайер иҷро менамояд.Вазифаи асосии бонк-эквайер аз амалиётҳои авторизатсия, гузаронидан ба суратҳисобифурӯшанда барои мол ва хизматрасонӣ ва монанди онҳо иборат аст. Дар баъземавридҳо бонк-эмитент вазифаи инчунин бонк- эквайерро иҷро менамояд.
Истифодаи кортҳои пластикӣ барои гузарониданиамалиёти пардохт тавассути интернет дорои камбудиҳои техникӣ мебошад. Даринтернет на ҳамаи амалиётҳои авторизатсияро истифода бурдан мумкин аст. Дар ин ҷодаамалиётҳои хакеронро бояд махсус қайд намуд. Дар баъзе мавридҳо бо истифодаикортҳои пластикӣ хариди мол махдуд карда шудааст. Аз тарафи дигар дар ҷараёнихарид бо кортҳои пластикӣ бонк-эквайзер фоизи муайян барои хизматрасонии худмегирад. Аз ин лиҳоз барои харидор истифодаи кортҳои пластикӣ на он қадарсамаранок мебошад. Вақтҳои охир дар шабакаи интернет чекҳои электронӣ ва пулҳоиэлектронӣ васеъ истифода бурда мешавад. дар Федератсияи Русия яке аз ситемаҳоипардохт WebMoney ва PayCash ба шумор меравад. Системаи WebMoney дар бонк суратҳисобихудро дорад. Ӯ одатан чекҳои электрониро ба пули нақд мефурӯшад. Тавассути чекҳоиэлектронӣ муштарӣ ҳамёни электронии худро пули электронӣ мегузаронад. Пулҳоиэлектронӣ пулҳои воқеи набуда акси пулҳои воқеиро инъикос менамояд.