Хизматрасонӣ дар шабакаи Интернет
Бонкҳо дар иқтисодиёти муосир нақши калонромебозанд. Предмети фаъолияти бонкҳо ин маҳсулоти бонкӣ ба ҳисоб меравад. Маҳсулотибонкӣ ин хизматрасонии моддӣ-нақшавӣ мебошад.
Вазифаи асосии бонкҳои тиҷоратӣ инҳоянд:
- миёнравӣ дарпардохт;
- миёнравиимолиявии навъи якум – кредит-депозит, хариду фурӯши қоғазҳои қиматнок ва асъор;
- миёнравиимолиявии навъи дуюм – ҷойгиршавии қоғазҳои қиматнок дар бозор.
Ҳамаи пардохтҳое, ки дар шабака байни фурӯшандава харидор ба амал меояд бо сохторҳои бонкӣ вобаста мебошанд. Ташкилигузаронидани воситаҳои пулӣ аз як суъбект ба дигар ин функсияи аввали бонкҳо баҳисоб меравад. Дар вақтҳои охир барои ташкили пардохтҳо байни тарафҳо бонкҳобарои мизоҷон имконияти дастрасӣ тариқи интернет ба ҳисобҳои худ медиҳанд.
Хизматрасонии интернет-банкинг ин чунинхизматрасоние мебошад, ки ба мизоҷон имконияти дастрасӣ ба ҳисоби бонкӣ тариқиинтернет бо ёрии компутери оддӣ ва бо истифодабарии браузери стандартӣ медиҳад.
Хизматрасонии интернет-банкинг чунин имкониятҳородорад:
- пардохтҳоикоммуналӣ;
- пардохти алоқа(IP-телефония, мобилӣ, инетрнет) ва дигар хизматрасонӣ (телевизиони маҳворагӣ,таълим);
- гузарониданимаблағҳо дар асъори хориҷӣ ба ҳамагуна ҳисобҳо ва ҳама бонкҳо;
- харидуфурӯшиасъорҳои хориҷӣ;
- гирифтаниахборот оиди пардорхтҳои қабулшуда дар вақти реалӣ;
- кушодани ҳисобҳоигуногун ва ба он гузаронидани маблағҳо, воситаҳои пулӣ;
- пур карданивоситаҳои пулии ҳисобҳо ва ғ.
Хизматрасонии брокерӣ дар интернет(интернет-трейдинг) – ин чунин хизматрасониест, ки аз тарафи миёнравҳоиинвеститсионӣ, ки аз тарафи миёнравҳои инвеститсионӣ пешкаш карда мешавад ва бамизоҷон имконияти харидуфурӯши қоғазҳои қиматнок ва асъорро тариқи интернетмедиҳад.
Ин хизматрасонӣ инҳоро дар назар дорад:
- имкониятихаридуфурӯши активҳои молиявӣ дар вақти реалӣ;
- ташкилипортфели инвеститсионии инвесторҳо;
- имкониятииштироки мизоҷон дар ҳар гуна фондҳо; – пешкаш намудани қоғазҳои қиматнок ваасъор.
Ду тарзи асосии пешкаши хизматрасонии брокерӣтариқи интернет вуҷуд дорад:
- мизоҷ қоғазҳои қиматнокромехарад ва потрфели инвеститсиониро тартиб медиҳад, албатта дар веб-сайт миёнравбо истифодаи браузери оддӣ.
- мизоҷ даркомпутери худ таъминоти барномавии махсусро васл мекунад ва бо ёрии он ахборотмегирад ва дар бозорҳои молиявӣ трансаксия мегузаронад.
Бо системаҳои хизматрасонии трейдерӣ инҳо дохилмешаванд:
- Системаи RemoteTrader.
- GutaBROKER.
- СистемаиAlor-Trade
- Системаи QUIK.
Туризм дар on-line низ яке аз бозорҳоивертикалии самранок шуда истодааст, ки нифси зиёди шартномаҳо тариқи интернетмешавад. Барои ин сайтҳои умумӣ, сайтҳои махсус, сайтҳои туркомпанияҳо,турагенстваҳо вуҷуд доранд ва дар онҳо ахбороти зарурӣ оиди чиптаҳо,хизматрасонӣ, меҳмонхонаҳо ва ғайраҳо гирифта мешавад.