Намуд ва манбаъҳои таҳдид дар тиҷорати электронӣ
Бехатарӣ– ҳолате, ки дар он имконияти таҳдид ба талаботҳо ва манфиатҳои субъектимуносибатҳо ҷой надорад.
Таҳдид– ин хатари бевоситае, ки характери умумӣ ва потенсиалӣ дорад. Вале муқобилиятбайни субъектҳои муносибат ҳамавақт пайдо мешавад, хатар ба манфиатҳо ҳам ҳамавақтба вуҷуд меояд.
Таҳдидибехатарӣ – маҷмӯи шартҳо ва факторҳое, ки манфиатҳои ҳаётанзарурро дар хатар мемонад. Аз ин лиҳоз, таҳдид маҷмӯи ҳолат (шароит) ва баҳона(фактор) мебошад.
Мафҳуми ҳимоя– маҳдуд кардани субъекти муносибатҳоро аз таҳдиди беруна ифода мекунад.
Таъминотибехатарӣ – фаъолияте, ки бехатарии объектро таъминнамуда, ба омилҳои вайронкунанда муқобил меистанд.
Системаибехатарӣ барои муайян кардани таҳдид ба система ва дар ҳолатимӯътадил нигоҳ доштани объектҳои бехатарӣ хизмат мекунад.
Мутобиқи тиҷорати электронӣ, мафҳуми бехатарироҳамчун ҳолати ҳимояшудаи субъектҳои муносибатҳое, ки бо воситаи тиҷоратиэлектронӣ амалиётҳои тиҷоратиро аз таҳдидҳои молӣ ва дигар таҳдидҳо ба амалмебароранд.
Таъминоти бехатарӣ новобаста аз шакли моликиятбарои ҳамаи корхонаю ташкилотҳо, аз ташкилотҳои давлатӣ то дӯконе, ки бо савдоичакана машғул аст, зарур аст. Фарқи онҳо дар он аст, ки кадом воситаҳо ва методҳо,дар кадом ҳаҷм барои таъминоти бехатарӣ зарур мебошад.
Муносибатҳои бозорӣ бо қисми ҷудонашавандаи он– рақобат дар принсипи «мубориза барои ҳаёт» асос ёфтааст, аз ин лиҳозтаъминоти бехатариро талаб мекунад.
Аз рӯи таҷрибаи бехатарии байналмилалӣ ҳадафҳои(объектҳо) ҳимоя бо назардошти аввалият (приоритет) инҳо мебошанд: инсон,ахборот, молу мулк.
Ба мафҳуми бехатарӣ ва ҳадафҳои ҳимоя такякарда, гуфтан мумкин аст, ки мафҳуми «бехатарӣ» барои корхонаи дилхоҳ ваташкилот аз инҳо иборатанд:
- бехатарии ҷисмонӣ,ки таъминоти ҳимояи ҳаёт ва манфиатҳои шахсии коргаронро мефаҳмонад;
- бехатарии иқтисодӣ,ки ҳимояи манфиатҳои иқтисодии субъектҳои муносибатҳоро мефаҳмонад. Ҳимояи молумулк аз сӯхтор, офатҳои табиӣ, дуздӣ ва дигар зараррасониҳо ба доираи ин дохилмешавад.
- бехатарии ахборӣ,ки аз ҳифзи ахбор аз дигаргункунӣ (несткунӣ) ва истифодабарии беиҷозат иборат аст.
Таҷрибаи ҳамарӯза нишон медиҳад, ки ба таҳдидҳоиасосии бехатарии ҷисмонӣ инҳо дохил мешаванд:
- террорипсихологӣ, тарсонидан, ситонидан, таҳдид (шантаж);
- дуздӣ бо мақсадидастрас намудани молу мулк ё ахборот; – дуздидани коргарони корхона ё аъзоёниоилаҳои онҳо; – куштани коргари корхона.
Таъминоти бехатарии ахборӣ яке аз қисмҳоиасосии таъминоти бехатарии корхона мебошад. Аз рӯи ақидаи мутахассисони ғарбӣ,беруншавии 20%-и ахбори тиҷоратӣ дар 60 ҳолат аз 100 ба муфлисшавии корхонаоварда мерасонад. Аз ин рӯ, бехатарии ҷисмонӣ, иқтисодӣ ва ахборӣ ба ҳамдигарпайвастагии зич доранд.
Ахбори тиҷоратӣ шаклҳои тасвири гуногун дорад.Масалан, ахбори шифоҳӣ гуфташуда, ахбори ҳуҷҷатӣ, дар барандаҳои гуногунсабтшуда (м-н, дар қоғаз ё диск), ахбори бо воситаи хатҳои алоқа ё шабакаикомпутерӣ ирсолшуда.
Ҷинояткорҳо дар соҳаи ахборӣ усулҳои гуногунидастрас кардани ахборро истифода мебаранд. Ба онҳо усулҳои «классикӣ» (шантаж,харидан (подкуп) ва ҳ.к.), услубҳои ҷосусии саноатӣ, беиҷозат истифодабариивоситаҳои техникии ҳисоббарор ва усулҳои тадқиқотӣ дохил мешаванд. Аз ин рӯ,доираи таҳдидҳои бехатарии ахборӣ васеъ аст.
Истифодабарии воситаҳои техникӣ ва технологии ҳисоббарордар тиҷорати электронӣ ба пайдоиши соҳаи нав дар ҷосусии саноатӣ ва ҷинояткориҳоидигарро фароҳам меорад.
Бо ёрии воситаҳои техникии ҷосусии саноатӣнатанҳо бо роҳҳои гуногун амалиётҳои рақибонро мебинанд ё гӯш мекунанд, балкиахбори коркардшудаистодаи воситаҳои техникиро бевосита дастрас менамоянд. Азтарафи ҷинояткорон истифодабарии техникаи ҳисоббарор хатари асосиро ташкил медиҳад.Ин намуди нави ҷинояткорӣ – ҷинояткориҳои компутериро пайдо кард. Ҷинояткориикомпутерӣ – беиҷозат дастрас кардани ахбори коркардшудаистодаи МЭҲ, аз он ҷумлабо ёрии технологияи тиҷорати электронӣ мебошад.
Мубориза бо ҷинояткориҳои компутерӣ мураккабаст. Инро чунин шарҳ додан мумкин аст:
- нав будан вамураккабии проблема;
- мураккабии дарвақташ аниқ кардани ҷинояткории компутерӣ ва муайянкунии бадафкор
(злоумышленник);
- имконияти иҷрокардани ҷинояткорӣ бо ёрии воситаҳои фосилавӣ (ҷинояткор метавонад дар ҷои ҷиноятнабошад).
- мураккабии ҷамъоварӣва дар шакли ҳуқуқӣ тартиб додани далелҳои ҷинояткориҳои компутерӣ.
Намудҳои таҳдидҳои зикршударо ба инобатгирифта, се намуди ташкилкунандаҳои муаммои таъминоти бехатариро ҷудо карданмумкин аст:
- ҳифзи ҳуқуқӣ;
- ҳифзи ташкилӣ;
- ҳифзи муҳандисию техникӣ.
Маънои ҳифзи ҳуқуқӣ аз номаш бармеояд.
Ҳифзи ташкилӣ аз ташкили ҳимоя ва реҷаи кори ҳадафродарбар мегирад.
Ҳифзи муҳандисию техникӣ гуфта маҷмӯи воситаҳоимуҳандисӣ, барномавӣ ва дигар воситаҳое, ки муқобили таҳдидҳои бехатарӣнигаронида шудааст, фаҳмидан мумкин аст.
Принсипҳои сохтан ва фаъолияти системаҳоитаъминоти бехатариро ба се қисми асосӣ тақсим кардан мумкин аст: принсипҳоиумумии таъминоти бехатарӣ, принсипҳои ташкилӣ ва принсипҳои ба амал бароварданисистемаҳои ҳимоя.
Бапринсипҳои умумии таъминоти бехатарӣдохил мешаванд:
- принсипиномуайянӣ. Аз он сабаб, ки дар вақти таъминоти бехатарӣ маълум нест, ки кӣ,кай, дар куҷо ва чӣ тавр ба шикастани бехатарии ҳадафи ҳимоя ҳаракат мекунад;
- принсипиимконнопазирии ташкили системаи ҳимояи комил. Ин принсип аз принсипҳои номуайянӣва маҳдудияти ресурсҳо бармеояд.
- принсипи хавфи(риск) минималӣ. Аз он иборат аст, ки дар вақти ташкили системаи бехатарӣ дараҷаикамтарини хавф(риск)-ро вобаста аз хусусиятҳои таҳдидҳои бехатарӣ, ресурсҳоидастрас ва шароити муайяне, ки дар он ҳадафи ҳимоя шуда метавонад.
- принсипи ҳимояиҳама аз ҳама. Принсипи мазкур зарурияти ҳифзи ҳамаи субъектҳои муносибат аз ҳамаинамудҳои таҳдидҳоро дар назар дорад.
Ба принсипҳоиташкилӣ дохил мешаванд:
- принсипи қонунӣбудан. Аҳамияти риоякунии ин принсипро аз нав баҳо додан (переоценить) душвораст. Аммо бо пайдошавии муносибатҳои ҳуқуқии нав дар қонунгузорӣ дар қаториобъектҳои шиноси ҳуқуқӣ, ба монанди «моликияти давлатӣ», «сири давлатӣ», ҳадафҳоинав пайдо шудан – «моликияти шахсӣ», «моликияти корхона», «моликиятиинтеллектуалӣ», «сири тиҷоратӣ», «ахбори конфеденсиалӣ», «ахбор бо дастрасии маҳдудшуда».Меъёрҳои ҳуқуқии батартибандозии масъалаҳои таъминоти бехатарӣ ҳоло номукаммаласт.
- принсипи ҷавобгариишахсӣ. Ҳар як коргар, ё мизоҷҳо ҷавобгарии шахсӣ барои таъмини бехатарӣ дардоираи ваколатҳо ё дастурамалҳои мувофиқро дар ӯҳда доранд. Ҷавобгарӣ барои ҳаряк вайронкунии бехатарӣ пешакӣ муайян шуда бошад.
- принсипи тафриқа(ҷудо)кунииваколатҳо. Эҳтимолияти вайронкунии сири тиҷоратӣ ё фаъолияти мӯътадили корхонанисбат ба миқдори шахсони дорандаи ахбор мутаносиби рост дорад. Аз ин лиҳоз,ягон шахсеро бо ахбори конфиденсиалӣ ошно кардан лозим не, агар ин барои иҷроивазифаашон бевосита зарур набошад.
- принсипи якҷояамалкунӣ ва ҳамкорӣ. Муҳити дохилии бехатарӣ бо муносибатҳои боваринокикоргарон байни ҳамдигар ба вуҷуд меояд. Дар як вақт лозим аст, ки ҳайатикоркунон чорабиниҳои бо бехатарӣ вобастаро дуруст дарк намоянд ва ба фаъолиятихадамоти бехатарӣ бо ҳоҳиши худ мусоидат намояд.
Бапринсипҳои ташкилии системаи бехатарӣдохил мешавад:
- принсипикомплексӣ ва индивидуалӣ. Бехатарии объект бо як чорабинӣ таъмин карданамешавад, балки бо маҷмӯи (комплекси) чорабиниҳои алоқаманд, такроршавандапайвастагии алоҳида (индивидуалӣ) ба шароити муайян ба амал бароварда мешавад.
- принсипи фосилаҳоипайдарпай. Бамалбарории ин принсип саривақт муайян кардани таҷовуз ба бехатарӣва ташкили пайдарпайи аксуламал нисбат ба таҳдидро вобаста ба дараҷаи хатартаъмин менамояд.
- принсипи ҳифзивоситаҳои ҳимоя давоми мантиқии принсипи ҳимояи «ҳама аз ҳама» мебошад. Дигархел карда гӯем, чорабинии ҳимоявии дилхоҳ худаш бояд ҳифзшуда бошад.
Таъмини ҳифзи комплексии ҳадафҳо дар ҳолатиумумӣ масаълаи шахсӣ (индивидуалӣ) мебошад. Ин аз фаҳмиши иқтисодӣ, ҳолати ҳадафиҳифзшаванда ва аз бисёр дигар ҳолатҳо вобастагӣ дорад.
Пеш аз ба ташкили системаи бехатарӣ шурӯъкардан, муайян кардани ҳадафи ҳимоя лозим аст, ки нест кардан, тағир додан ваистифодабарии берухсати ҳадаф ба вайроншавии манфиатҳо, зарар дидан овардамерасонад.
Пас аз муайян кардани ҳадафи ҳимоя, доираиманфиатҳои онро муайян мекунанд. Маҷмӯи таҳдидҳои ҳадафи ҳимояро таҳлилмекунанд. Агар таҳдидҳои бехатарӣ қасдан бошад, он гоҳ модели ҷинояткорифарзшавандаро месозанд. Пас таҳдидҳои имконпазир ва сарчашмаи пайдоиши онҳо таҳлилкарда, восита ва методҳои мувофиқи ҳимояро интихоб мекунанд. Ҳамин тариқ,вазифаҳо ва сохти системаи таъминоти бехатарӣ муайян карда мешавад.
Барои таҳлили проблемаи таъмини бехатарии тиҷоратиэлектронӣ манфиатҳои субъектҳои муносибатҳои дар ҷараёни тиҷорати электронӣпайдошударо, муайян кардан лозим аст.
Дараҷаҳои зерини тиҷорати электрониро фарқмекунанд: бизнес-бизнес, бизнесистеъмолкунанда, бизнес-маъмурият (ҳокимият).Дар як вақт новобаста аз дараҷаи тиҷорати электронӣ, синфҳои субъектҳоро ҷудомекунанд: институтҳои молиявӣ, мизоҷон ва бизнесташкилотҳо.
Институтҳои молиявӣ гуногун шуда метавонанд,вале дар навбати аввал ин бонкҳо. Азбаски ҳамаи субъектҳои боқимондаи тиҷоратиэлектронӣ дар бонкҳо суратҳисоби худро доранд, ки онҳо ҳаракати маблағҳоро аксменамоянд.
Ҳамчунин мизоҷон (харидор, истеъмолкунанда)шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ шуда метавонанд.
Бизнес-ташкилотҳо – ин ташкилоти дилхоҳе, ки бовоситаи интернет ин ё он чизро мефурӯшад ё харидорӣ мекунад.
Хусусияти кушоди интернет-технологияҳо, дастрасбудани ахбори дар шабака ирсолшаванда маънои онро дорад, ки манфиатҳои умумиисубъектҳои тиҷорати электронӣ аз таъминоти бехатарии ахбори тиҷорати электронӣиборат аст. Бехатарии ахборӣ таъмини аутентификатсияи шарикони ҳамкор, яклухтӣва конфеиденсиалии ахбори бо воситаи шабака ирсолшаванда, дастрас буданихизматгузорӣ ва идорашавандагии инфраструктураро дарбар мегирад.
Спектри манфиатҳои субъектҳои тиҷоратиэлектрониро дар соҳаи бехатарии ахборӣ ба дараҷаҳои асосии зерин ҷудо карданмумкин аст:
- дастрасӣ(имконият дар вақти муайян гирифтани хизматрасонии талабшуда);
- яклухтӣ (саривақтӣва беихтилоф будани ахбор, ҳифзи он аз вайроншавӣ ва тағироти берухсат);
- конфиденсиалӣ (ҳифзиахбор аз шиносшавии берухсат).
Бехатарии ахборӣ яке аз қисмҳои асосиибехатарии умумии тиҷорати электронӣ мебошад. Миқдори ҳамлаҳо ба системаҳоиахборӣ дар ҷаҳон ҳар сол ду маротиба меафзояд. Дар ин шароит системаи бехатарииахбории тиҷорати электронӣ ба таҳдидҳои сершумор ва гуногуни дохила ва берунабояд муқобил истода тавонад.
Таҳдидҳои асосии бехатарии ахбории тиҷоратиэлектронӣ бо омилҳои зерин алоқаманданд:
- таҷовузи қасданба манфиатҳои субъектҳои тиҷорати электронӣ (ҷиноятҳои компутерӣ ва вирусҳоикомпутерӣ);
- амалиётҳои беғаразиҳайати хизматрасонӣ (хатогиҳо, ғафлат кардан ва ҳ.к);
- таъсири омилҳоитехникӣ, ки ба дигаргунсозӣ ва вайроншавии ахбор оварда мерасонад
(вайронӣ дар таъминкунии барқ, вайрониибарномавӣ);
- таъсири омилҳоитехногенӣ (офатҳои табиӣ, сӯхторҳо, садамаи калонҳаҷм ва ҳ.к.).