Хавф (риск) дар тиҷорати электронӣ
Шарти зарурии самаранокии системаи дилхоҳи иқтисодӣин – озодии иқтисодӣ, ки он доштани маҷмӯи ҳуқуқҳоро ба агенти иқтисодӣ тақозодорад, ба ҳисоб меравад. Ин ҳуқуқҳо бояд ба вай қабули қарорҳои озод ва мустақилродиҳад. Озодии иқтисодӣ сарчашмаи номуайянӣ ва хавф (риск) мебошад, чунки баозодии яке аз агентҳои иқтисодӣ якҷоя озодии дигарон низ ҳамроҳӣ мекунад.
Дар шароити иқтисодиёти бозорӣ хавф (риск) – ҷузъиасосии соҳибкорӣ аст. Соҳибкоре, ки дар вақташ таваккал (риск) карда метавонад,бештар мукофотонида мешавад. Хусусиятҳои асосии «риск» – номуайянӣ, тасодуфӣ,ноустуворӣ ва тахмине, ки ба муваффақият соҳиб мешавад, маҳсуб мегардад.
Хавф (риск) аз шароити муайян вобастааст ва дарҳолати номуайянӣ ё дар вақти интихоб аз якчанд ҳолатҳои қиёснопазир ба миёнмеояд. Аз ин лиҳоз, бо баҳо додани эҳтимолияти бомуваффақият ба мақсад расиданва имкони бемуваффақиятиро аниқ кардан лозим аст. Дар фаъолияти соҳибкорӣ хавф(риск) бо мафҳумҳои моликият, даромад ва эҳтимолияти зарар вобастагӣ дорад.
Дар шакли мутлақ хавф (риск) ҳамчун бузургиизарари имконпазир дар шакли моддӣ-ашёӣ (ҷисмонӣ) ё арзишӣ (пулӣ), агар иннамуди зарарро дар шакли додашуда ҳисоб карда шавад, ифода мешавад.
Дар шакли нисбӣ хавф (риск) ҳамчун бузургиинисбати зарари имконпазир ба ягон бузургии бунёдӣ (базавӣ) муайян кардамешавад.
Ҳамаи омилҳоеро, ки ба дараҷаи хавфи (риск)фаъолияти корхона таъсир карда метавонад, ба гурӯҳҳои айнӣ (объективӣ) ва зеҳнӣ(субъективӣ) ҷудо кардан мумкин аст.
Ба омилҳоиайнӣ (объективӣ) омилҳое дохил мешаванд, ки аз худи корхона вобастагӣнадорад: беқурбшавӣ, рақобат, бесарусомонӣ, бӯҳронҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ,экология, бавуҷудоии ҳолати мусоидтарин, имконияти кор дар минтақаи озоди соҳибкориииқтисодӣ ва ҳ.к.
Ба омилҳоизеҳнӣ (субъективӣ) оимлҳое дохил мешавад, ки бевосита хусусияти инкорхонаро муайян мекунад: қурби истеҳсолӣ, ҷиҳозонидани техникӣ, дараҷаитахассусмандии соҳавӣ ва технологӣ, ташкили меҳнат, дараҷаи самаранокии меҳнат,дараҷаи алоқамандии кооперативӣ, дараҷаи бехатарии техникӣ, интихоби намудишартнома бо инвестор ё фармоишгар ва ҳ.к. Омили охирин роли асосиро мебозад,чунки аз намуди шартнома дараҷаи хавф (риск) ва бузургии мукофот пас аз анҷомилоиҳа вобастагӣ дорад.
Тадқиқи умумии моҳияти хавфи (риск) соҳибкорӣхусусиятҳои нави онро, ки дар иқтисодиёт мавҷуд аст, ифода мекунад. Таснифихавфи (риск) соҳибкорӣ аз сарчашмаи пайдоиши он, характер ва хосияти ҳисоб,усулҳои баҳодиҳӣ, имкони идоракунӣ ва камкунии хавф (риск) ва дигар асос вадалелҳо вобастагӣ дорад. Аслан, чанд намуди шароит, мақсади омӯзиш, усулҳо вафикри муаллифон бошад, ҳамон қадар таъриф ва таснифоти хавф (риск) шуда метавонад.
Тиҷорати электронӣ ба хавф (риск) дар дараҷаитиҷорати анъанавӣ, мумкин аз вай ҳам зиёдтар мубтало аст. Дар як қатор хавфҳои(риск) «классикӣ» хавфҳои нав то ҳол номаълум вуҷуд доранд, ки идоракунии онҳояке аз масъалаҳои мураккабтарин ҳисобида мешавад.
Таснифи хавфи (риск) тиҷорати электрониро ба сегурӯҳи таҳдидҳо ҷудо кардан мукин аст: вирусҳо ва барномаҳои зараровар, ҳамлаҳоихакерӣ ва фиребгариҳо бо истифодабарии воситаҳои ирсоли маълумот. Ду гурӯҳиаввали онҳо сарчашмаи гурӯҳи асосии сеюм шуда метавонад. Давраи навистани вирусҳои«ҳазломез» ва ҳамлаҳои хакерии шавқовар дар таърих монд ва мақсади асосиисубъектҳои нокоми (дивантии) олами компутерӣ бойшавӣ аз ҳисоби истифодабарииусулҳои ғайриқонунӣ шуда истодааст.
Аз ҳисоби мукаммал ва бомаърифат шудани унсурҳоикриминалӣ, пайдо гардидани восита ва усулҳои бисёр аз тарафи муҳити компутерие,ки ба фиребгариҳои мураккаб имкон медиҳад, ҳалли ин масъала боз ҳам душвортармешавад. Ғайр аз ин номукаммалиҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ мавҷуданд, ки истифодабардагониқонуниро дар зери таҳдид монда, мушкили унсурҳои криминалиро осон месозад.
Мақсади навиштани вирусҳо ва барномаҳоизараровар ин қатъи пурраи кори таҷҳизотҳо ва барномаҳо ва дастрас карданиахбори конфиденсиалӣ мебошад.
Яке аз манфиатҳои аввалини нависандагони вирусин пайваст шудан ба интернет аз ҳисоби дигар истифодабарандагон буд. Барномаҳоимахсус бо роҳҳои гуногун ба компутери дигар дохил шуда, ном ва рамз(парол)-ҳое,ки барои пайвастшавии интернет лозим аст, дастрас карда ба офарандагони худирсол мекарданд.
Минбаъд ин намуди фаъолият густариш ёфт.Нависандагони вирус фаҳмиданд, ки маълумоти дастрасшударо нафақат бароиманфиати шахсӣ, балки ба хоҳишмандоне, ки ба шабакаи интернет арзонтар пайвастшудан мехоҳанд, фурӯхтан мумкин аст. Қадами оянда – муайян кардани ғайриқонунииҳисобҳои бонкӣ шуд.
Ғайр аз дастрас кардани ахбори конфеденсиалӣ,вирусҳо метавонанд кори компутерро дар шабака қатъ намоянд. Масалан, аз тарафикорхонаи рақиб қатъ кардани кори интернет-мағозаи корхонаи дигар.
Истифодабарии барномаҳои махсуси антивирусиро ҳамчунчораи эҳтиётӣ барои истифодабаранда пешниҳод кардан мумкин аст.
Ғайр аз истифодабарии барномаҳои махсусиантивирусӣ, бодиққатии истифодабаранда ба сарчашмаҳое, ки ба вай ахбор дохилмешавад ва саводнокии умумии компутерӣ дар муҳориба муқобили барномаҳоизараровар ёрманди хуб шуда метавонад. Дар ҳайати штатии корхона доштанимутахассис ё гурӯҳи мутахассисоне, ки вазифаи асосии онҳо ҳифзи ахбор аз вирусҳова коршоямии таҷҳизоти компутерӣ аст, ба мақсад мувофиқ аст.
Шикасти таъминоти барномавӣ ва ресурсҳоишабакавӣ аз амалиёти характери шавқовардошта бо гузашти вақт ба воситаи пуриқтидорирақобати беинсоф табдил ёфт. Ҳама намуди системаҳоро мешикананд: сайтиинтернет-мағоза, провайдери хизматрасонии интернет, саҳифаҳои пӯшидаи сайтҳоипулакӣ, ҳатто сайтҳои ташкилотҳои давлатӣ.
Гурӯҳи таҳдидҳое, ки бо «ҳамлаҳои хакерӣ» ишорашудааст, бо гурӯҳи якум «вирусҳо ва барномаҳои зараровар» зич алоқаманд аст. Ҳифзипурра аз хакерҳо ва вирусҳои компутерӣ имконнопазир аст. Ин вобаста аз он, ки ҳамаикамбудии (сурохиҳои) таъминоти барномавиро пӯшидан ғайри имкон аст. Хакерҳомунтазам роҳҳои навро мекобанд, агар ёбанд – ҳуҷумро ба амал мебароранд. Дар ҷавобин офарандагони таъминоти барномавӣ хатогиҳои таъминоти барномавиро ислоҳмекунанд, хакерҳо бошанд, роҳҳои навро мекобанд. Аз ин бармеояд, ки хакерҳо ҳамавақтаз шахсони муқобилистода пештар амал мекунанд.
Намудҳоизерини фиребгариҳоро ҷудо кардан мумкин аст:
- боистифодабарии рақами кортҳои кредитӣ;
- боистифодабарии нусхаи сайтҳои қонунӣ;
- боистифодабарии майдончаҳои савдои қалбакӣ; – инвеститсияҳо ва имконияти пул коркардан; – номукаммалии системаҳои пардохт.
Фиребгариҳобо истифодабарии рақами кортҳои кредитӣ. Дар ин намудистифодабарии реквизитҳои кортҳои кредитӣ аз тарафи шахсоне, ки ба онҳо тааллуқнадорад, фаҳмида мешавад. Дар аввал муайян мекунем, ки чӣ тавр фиребгарон инреквизитҳоро дастрас мекунанд. Ба тараққиёти технологияҳои ахборӣ нигоҳнакарда, дастрас кардани ахбори шахсӣ дар ҳолати «off-line» амалӣ мешавад.Асосан ба ин дохил мешавад дуздии кортҳо ва роҳҳои гуногуни фиребгарӣ бобанкоматҳо.
Усулҳои нисбатан камтар, вале шавқовартар индастрас кардани ахбор дар ҳолати «on-line». Дар ин ҷо яке аз намудҳои фиребгарӣ«фишинг» (аз анг. fishing – «қапидани моҳӣ»)-ро қайд кардан лозим аст. Дар ин ҷороли «моҳи»-ро ахборҳои шахсии истифодабаранда мебозад. Усулҳои «фишинг»якчандто, вале асосан ба истифодабаранда номаи қалбакии электронӣ дар бланкаифирмавӣ фиристода мешавад, ки дар он барои «аз нав аз қайд гузаштан» ё«азнавкунии ахбор» реквизитҳо пурсида мешавад.
Ба истифодабарандагони кортҳои кредитӣ гуфтанмумкин аст, ки дар вақти ошкор кардани ахбори шахсӣ бодиққат бошанд. Ягон банкибоэътимод бо фиристодани нома ва пурсидани ахбори конфиденсиалӣ бо ёрии почтаи электронӣмашғул намешавад.
Аз истифодабарии ғайриқонунии кортҳои кредитӣнафақат истифодабаранда, балки интернет-мағозаҳо низ зарар мебинанд. Агар бопайдоиши ягон гумон, истифодабаранда харидро бекор кунад, хараҷотҳоиинтернет-мағозаро вобаста ба тартиб додани фармоиш ва ирсоли мол, ягон кас ҷуброннамекунад.
Фиребгариҳобо истифодабарии нусхаи сайтҳои қонунӣ. Дар ин ҳолатфиребгарон сайти ягон банкро мегиранд ва пурра нусхабардорӣ мекунанд, ҳамчунсуроғаи сайт номи банк бо ягон хатогии ночиз истифода мебаранд (масалан,citibank.ru ба ҷои cytibank.ru). Қадами оянда, ҳарчи бештар ҷалб кардани мизоҷонибанк ба сайти қалбакӣ, ки дар он реквизитҳои шахсии истифодабаранда пурсидамешавад. Дар оянда ин реквизитҳоро фиребгарон ба манфиатҳои худ истифодамебаранд.
Ғайр аз сохтани нусхаи қалбакии сайтҳои бонкҳо,нусхаи қалбакии интернет-мағозаҳои машҳур вуҷуд дорад. Дар ин ҷо мақсадифиребгарон ё гирифтани реквизитҳои шахсӣ ё фурӯши моли қалбакӣ, мебошад.
Фиребгариҳобо истифодабарии майдончаҳои савдои қалбакӣ. Боз яке азнамудҳои фиребгарӣ – сохтани интернет-мағозаи қалбакӣ бо нархҳои ҷалбкунанда.Пас аз ташкили интернет-мағоза, ба вай мизоҷон бо воситаи реклама, системаҳоикофтуковӣ ҷалб карда мешаванд. Пас фиребгарон моли набударо ба мизоҷон мефурӯшанд,дар баъзе ҳолатҳо реквизитҳои шахсии онро дар вақти хариду фурӯш дастрасменамоянд. Пас аз ҷамъоварии маблағ кори сайтро қатъ менамоянд.
Ғайр аз истифодабарии интернет-мағозаи қалбакӣ,фиребгарӣ бо истифодабарии майдончаҳои савдои ҳақиқӣ низ вуҷуд дорад. Дар ин ҷогап дар фурӯшандаи фиребгар ва истифодабарии системаҳои пардохти электронӣ аст.Истифодабаранда барои маблағи ирсолшуда ё моли сифатан пастро дастрас мекунад, ёумуман ҳеч чизро намегирад.
Фиребгариҳовобаста ба инвеститсияҳо ва имконияти пул кор кардан.Ҳоҳиши ҳарчи зудтар ва зиёдтар пул кор кардани инсонро фаҳмида ба роҳи манфиатихуд истифода бурдан мумкин аст. Миқдори «пешниҳодҳои тиҷоратӣ» аз ҳад зиёд,вале мо бо се намуди асосии он маҳдуд мешавем: инвеститсия ба қоғазҳои қиматнок,лотореяи бурднок ва «номаҳои нигериявӣ».
Дар инвеститсияҳои қоғазҳои қиматнок,фиребгарон роҳи зеринро истифода мебаранд: аз тарафи фиребгарон миқдори зиёдиаксияҳои арзони корхонаи хурд харида мешавад. Қадами ояндаи онҳо – паҳн карданиахбор дар бораи афзоиши зиёди нархи ин аксияҳо, бо истифодабарии номи корхонаҳоикалон, экспертҳои боэътимод ва таҳлилчиён. Пас аз расидан ба нуқтаи болоии нархфиребгарон ҳамаи аксияҳоро мефурӯшанд ва нархи аксия ба ҳолати аввала мегардад.Дар натиҷа дар фарқи харидуфурӯш фиребгарон пули калон кор мекунанд, қурбононифиребгарон бошад – ҳамон қадар калон зарар мебинанд.
Бурди бемисл дар лоторея – яке аз усулҳоисамараноки бо фиреб бадастдарории пул мебошад. Маънии ин дар он аст, ки «шахсинекбахт» лотореяи давлати хориҷиро бурд мекунад, вале барои дастрас кардани инпул вай бояд андози ин давлатро супорад. Ҳоҳиши «пулҳои сабук» то ин андозакалон, ки қурбониён бо тезӣ аз маблағи якчанд маротиба хурди аз бурди қалбакӣ ҷудомешаванд.
Боз яке аз усулҳои диққатҷалбкунанда – «номаҳоинигериявӣ» аст. Ба номи истифодабаранда аз номи яке аз амалдорони Нигерия дарбланкаи яке аз вазоратҳо нома дастрас мешавад. Дар нома амалдор менависад, кидар ҳисоби давлати худ маблағи калон дар мондааст, барои ирсоли ин маблағ ёрӣрасонад. Вобаста аз як қатор сабабҳо амалдор худаш ин корро иҷро карданаметавонад ва кӯмаки истифодабарандаро дар ин кор мепурсад. «Кӯмак» дар ин ҷодар шакли ришва барои гузаронидани ҳамаи маблағ ба «амалдор», ва фоиз барои ёрдамба миёнарав.
Фиребгариҳовобаста ба номукаммалии системаҳои пардохт. Номукаммалииасосӣ дар ин ҷо роҳи осони кушоди ҳисоб аст. Аниқтараш набудани роҳҳои аниқимуайян кардани истифодабаранда аст. Дар натиҷа ёфтани шахсе, ки маблағ бо ёриисистемаҳои пардохт (масалан, бо системаи Webmoney) ирсол шудааст, кори ниҳоятдушвор, дар аксари ҳол имконнопазир аст.