Фаъолияти соҳибкорӣ ва фоида

Бизнес, моҳият ва шаклҳои ташкили он

1.Соҳибкор ва мафҳуми соҳибкорӣ

2.Бизнесва намудҳои он

Сохибкор-ин шахси масъуле мебошад, ки ба уҳдаи худ тавакалҳои корхонаро мегирад.Сохибкориро мумкин аз руи 2 асос гурӯҳбандӣ намуд: миқёс ва хусусияти фаъолият:

  1. Азруи миқёс фаъолияти масъул ба намудҳои зерин тақсим мегардад.

А) Соҳибкори инфиродӣ- фаъолияти гуногуниияк шахс ва оилаи он ( нуқтахои тиҷоратӣ, дорухонаҳои на он қадар калон вағайра)

Б) Соҳибкории коллективӣ – бо ягон корифоидаовар коллектив машғул аст ба он бизнеси хурду миёна дохил мегардад.Бизнеси бузург – ҳамчун қоида ҷамъиятҳои бузурги аксионерӣ мебошанд, ки дар онҳазорон нафар коргарон фаъолият менамоянд.

2- Аз рӯи хусусият меҳнати соҳибкори якчанд шаклҳоро доромебошад. соҳибкори ғайри тиҷоратӣ бо фуруши маҳсулот барои боигари алоқаманднест.

Фаъолияти тиҷоратӣ ё бизнес. Ба он дохилмешавад: Бизнеси ғайриистехсолӣ-варзишӣтахассуси фаъолияти кансерни ва ғайра; бинеси тиҷоратӣ- дар корхонаҳоитиҷорати; бизнес дар соҳаи хизматрасонӣ. Мисол: сервиси саёҳӣ, корхонаи ҳуқуқӣ; бизнеси истеҳсолӣ – кори даромадии он дар саноат, хоҷагии қишлоқ, сохтмон вағр.

Вазифаҳои сохибкор- дар адабиёти ҷаҳонии бозорӣ 3 вазифаисоҳибкори ба қайд гирифта шудааст. Яке аз онҳо –захиравӣ. Барои ҳар гуна фаъолияти хоҷагидорӣ омилҳои материалӣзарур аст ( воситахои истеҳсолот) ва коргарон бо донишҳои кофи вазифахои 2-умион-ташкилот. Масъалаи он таъминамои пайвастшавии чунин омилҳои истехсолот, кибарои ба дастории мақсади гузошташуда мусоидат мекунад. Вазифаи сеюмисохибкорон эчодкорӣ бо навоварихои ташкили хоҷагидорӣ алоқаманд аст.

Бизнес аз вожаи англисии «business» гирифта шуда, маънои кор, фаъолият, шуғлроифода менамояд, ки ягон навъи даромад ва фоидаро таъмин карда тавонад. Аз ин лиҳоз дар адабиёти иқтисодӣ таҳти бизнес- масъулияти шахсҳои алоҳида,оила, гурӯҳ, ташкилот ва давлат, ки дар асоси ҷавобгарии шахсӣ, ҳавасмандгардониииқтисодӣ, тавакалии молу чиз, воситаҳои пулӣ истифодаи сарвату неъматҳои табиатбарои тавлиди маҳсулот, хизматрасонӣ ба даст овардани фоида нигаронида шудабошад, фаҳмида мешавад. Аз ин тавсифот хулоса бармеояд, ки бизнес ҳамчун тадбирва фаъолият фақат дар чорчубаи моликиятихусусӣ, мавҷуд будани фишангҳои озоди тиҷорат- мустақилият, ҳавасмандӣ,манфиат, ангезаи меҳнатӣ, худтаъминкунӣ, ташаббус, ҷустуҷӯй, тавакалӣ ва ғр.имконпазир аст.

Аҳамият ва афзалияти бизнес дар он аст,ки:

-ба он ҳарнафаре, ки ба майлу рағбат ва шавқу ҳавасдорад( берун аз вақти корӣ) шуғл варзида метавонад;

-ҳар якшахс ба ягон намуди кор ё фаъолияте банд мешавад.Барои ин мақсад ягон ҷои кориилова талаб карда намешавад;

-бароиашхосони шуғлварзида, он ҳамчун манобеъи иловагию доимии даромад хизматмекунад;

-эҳтиёҷба ниёзи мардум ба баъзе неъматҳову хизматҳое, ки(таъмир, маводҳои хурока…)тавлид ва адои онҳо аз ҷониби корхонаҳои махсусгардонидашуда начандон қулайбошад, аз тарафи нафарони алоҳида таъҷилан дар як давраи кӯтоҳ бо сифатинисбатан баланд иҷро карда мешаванд.

Барои бизнесмени ҳақиқӣ будан шароитҳоивоқеӣ: интихоби озоди доираи фаъолият; мулоҳизаи корӣ; мустақилияти иқтисодӣ;оптимизм (зиндадилӣ) ва ғр. заруранд.

Аз ин ҷо хулоса бармеояд, ки бизнес васоҳибкорӣ гуё аз бисёр ҷанба хусусият, принсип, омил, шароиту сабабҳои ташкил баҳам мусоидат менамоянд.

Новобаста аз хислату аломатҳои умумӣбайни онҳо (бизнес ва соҳибкорӣ) фарқиятвуҷуд дорад. Бизнес ҳамчун моҳият ва соҳибкорӣ –шакли зуҳури он тавсиф кардамешавад. Доираи фаъолияти бизнес васеъва доираи фаъолияти соҳибкорӣ маҳдуд буда, охирон ҳамчун унсури муҳимтаринибизнес қадр карда мешавад.

Ба ғайр аз он, бизнес ҳамчун фаъолиятииқтисодӣ, яъне ҷалб кардан ва истиодан ва истифода кардани воситаҳои худӣ дар асоси ҷавобгарӣ ватаваккалӣ тасаввур карда мешавад.

Дар адабиёти иқтисодӣ тибқи аломатҳоиҳаҷми фирма- бизнеси хурд, бизнеси миёна ва бизнеси калонро тафриқа месозанд.

Дар мамлакатҳои инкишофёфтаи Ғарб батаври васеъ ҳамчун шакли нисбатан маъмули бизнеси хурд, системаи франчайзинг (franchise-имтиёзнок) ва соҳибкории венчурӣ ( аз venture-таваккалкардан) истифода карда мешавад.

Франчайзинг- низоми корхонаи хурдемебошад, ки барои дар як мавзеъ ва давраи муайян истифода кардани тамғаи(маркаи) фабрикавии корхонаҳои бузургтаринро дар фаъолияти худ ташкил мекунанд.Ба онҳо имконияти гузашткуниҳо дар нарх, дар боркашонию таъминот бо молҳо, бадаст овардани таҷҳизот, қарз ва ғайрабештар дода мешавад.

Фирмаҳои венчурӣ- ҳамчун шаклиташкилотҳои тиҷоратӣ барои коркард ванавовариҳои техникию технологӣ, таҳлилу тадқиқи илмӣ, инкишоф ва такмил доданираванди итстеҳсолот, тарз ва услуби риояю тарҳрезӣ дар шароити бозор истифодакарда мешаванд. Мақсади асосии фирмаҳои венчурӣ- ба вуҷуд овардани навовариюихтироотҳо, омӯхтани тақозо ба маҳсулоти нав, сари вақт иҷро намудани фармоишҳова ғр. Асосан дар ШМА.

Бизнеси миёна- ҳамчун фаъолиятикорхонаҳои миёна дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ амал мекунад. Он начандонустувор буда, дар рақобат бо бизнеси хурд ва бизнеси калон омада ба он ҳамроҳ, ёшикаст хурда аз байн меравад.

Бизнеси калон, нисбат ба бизнесихурд ва миёна устувор буда, дариқтисод мавқеи асосиро ишғол мекунад. Онҳамчун маҷмӯи корхонаҳои бузург- ширкат тресту концерн, конгломерат, фирмаӣ вағр. Дар иқтисод метавонанд вазъи монополӣ дошта бошад, бозорро тақсим ва онробо молҳои арзон саршор намоянд, талаботи одамонро таъмин созанд.

1.29K
Нет комментариев. Ваш будет первым!