Механизми бозор ва унсурҳои он

Механизмибозор ва унсурҳои он

1. Арза, моҳият, хусусият ва омилҳои он

2. Қонуни арза ва хусусиятҳои он

Бароим бунёд ва ташкил шудани бозорунсурҳои дигар, ба монанди арза (пешниҳод)- и неъматҳо, молу маҳсулот, хадамот,сарвату дороӣ, пулу чизҳои қимматнок ва ғайра низ зарур мебошанд. Маҳз бо туфайли аз ҷониби ашхоси алоҳида (хоҷагиҳои хонадорӣ,бизнес, давлат…) пешкаш гардидани воситаҳои зарурӣ ва харида гирифтану истеъмолкардани онҳо аз тарафи субъектҳои иқтисодӣ (шахс, оила, коллектив, корхона вағайра), бозор дар маънои ҳақиқиаш ташкил карда мешавад.

Бозор худ механизме мебошад, кихаридорон (эҳтиёҷмандон, ниёзмандон, талабгорон) ва фурушандагон(пешниҳодгарон)-и молу хадамотро ба ҳам пайваст менамояд.

Тақозо бе бозору арза ва арза бе тақозою бозор вуҷуд дошта наметавонад. Дарон ҷое, ки арзаи молҳо набошад, бозор низ мавҷуд нест ва тақозо ба чизи набудапайдо намешавад.

Арза нафақат раванди дарк ва таҳлилиҳодисаҳои маҳдуду ягона ва қонеъ гардонидани талаботҳои шахсию гурӯҳӣ, балкинизоми комили мураккаби иқтисодӣ, комплекси неъматҳову хадамот, талаби ҷомеаву ҷаҳониимрӯзаро дар назар дорад. Аз нигоҳи бозори муосир, арзаи молҳо аз сӯзан тоқувваи коргарӣ, самолёту ракетаро дар бар мегирад. Кунун, дар ҷаҳон чизе нест,ки он барои хариду фурӯш пешниҳод карда нашавад. Аз ин лиҳоз, доира, ҳаҷм вамеъёри он интиҳо надорад. Нишондиҳандава омилҳои ба он таъсиррасонанда низ бешуморанд. Масалан, ҳаҷми тақозо, миқдоримолу маҳсулот, хадамот, сифати онҳо, ҳаҷми захираҳои иқтисодӣ, дараҷаи истифодава ҷойгиршавии онҳо нисбат ба бозор, захираҳои ашёю сармоя, дараҷаи истифодаюнавкунии онҳо, ҷорӣ кардани навовариҳовуихтироотҳо, навсозию сармоягузорӣ, ҳаҷми пасандозу андӯхт ва таносуби истифодаионҳо барои такрористеҳсол, этикаюэстетика ( хулқу зебогӣ)-и хизматрасонӣ,миқдори муттахассисону кормандони илмию техникӣ ва ғайра.

Арза вобаста ба хислат ва меъёрҳоибозор, шакл ва дараҷаи таҳаввули онҳо ҳархела ташкил меёбад. Масалан, даршароити бозори рақобати озод масъалаи ҳамаҷониба қонеъ гардонидани талаботсирати манфӣ дошта, эҳтимолияти он ҳам пасттар мебошад. Чунки дар ин ҷо фурӯшандагон(пешниҳодгарон)-и номаълум ва бешумори молҳо иштирок намуда, молу маҳсулотихудро ба фурӯш мебароранд. Онҳо дарбораи харидорон (талабгорон), шумораю дархосту ҳаҷми харид маълумоти кофӣ надоранд. Миқдори молҳо ба таври тахминӣ,тибқи хариду фурӯқши муқаррарӣ ва нархҳои миёна баргузор мегардад. Харидорондар ин шароит ба пешниҳодкунандагони молҳо тобеанд ва мувофиқи миқдори молҳоиворидшаванда ва пасту баландшавии нархҳои бозорӣ амалиёт мегузаронанд.

Хуллас, бозори рақобати озод ҷое мебошад, ки воҳидҳои бозор ба он озодона воридгашта, ба рақобати ҳарифона дучор шуда, озодона аз он берун мераванд. Дарин бозор меъёри муайян вақонунгузориҳое, ки тавонанд ҳаҷми арзаромуайян созанд, вуҷуд надорад.Ин шакли бозор афзалиятан, барои давраи рушди токапиталистӣ, низоми суннатӣ, алалхусус ҶумҳурииТоҷикистон хос мебошад. Фарқ фақат дар он аст, ки дар бозорҳои Тоҷикистон молҳона аз ҷониби истеҳсолкунандагони дохилӣ, балки воридот аз ҳисоби давлатҳоидигар, бо воситаи миёнаравҳои тиҷорат ба роҳ монда мешавад. Он ҳамчунистеъмолгари маҳсулоти саноати дигар мамлакатҳову истеъмолгари маҳсулоти хоҷагииқишлоқ ( зиёда аз 60-80 фоиз) ва тавлидгари маҳсулоти саноати сабук ( пахта, равған…) ва ба ҳаддиақал-маҳсулоти саноати ранга баромад мекунад.

Арза дар шароити рақобати нокомил,алалхусус, рақобати моноплӣ тафовутнок сурат мегирад. Дар ин шакли бозор, ба ҷоитавлидгарону пешниҳодкунандагони зиёд аз як ё якчанд корхонаҳои бузургуфавқулқудрат баромад мекунанд. Як фирма имкон дорад шумораи маълум ва зиёдимаҳсулотро (мошинҳои сабукрав, радио, телевизор, мебел..) истеҳсол намояд ва онҳамчун фурӯшандаи ягона ё худпешниҳодгари хизматҳо баромад кунад. Маҳсулоти ин фирма метавонад амсоли дигаренадошта бошад.

Азбаски капиталист- монополист дардоираи соҳаи худ яккаҳукмрон аст, метавонад тибқи нерӯ ва қудрати худ нуфузи худро дар бозор ҷорӣнамояд. Миқдори зарурии молҳову хадамот,сатҳу дараҷаи нарх, меъёр ва таносуби тақозою арза, ҳаҷму нормаи даромадуфоидаи корхонаи худро муайян ва танзим намояд. Дар ин асно бешубҳа муҳарриқи танзимдиҳандаи тақозою арзаро манфиати инфиродии тавлидгар(соҳибкор) ташкил медиҳад.

  • Қонуни арза ва хусусиятҳоион

Арзаҳамчун кули молу хадамоте, ки бизнес (соҳибкорон), хоҷагиҳои хонадорӣ ва давлатметавонанд ё худ имконият доранд ба бозор тибқи нархҳои муайян пешкаш намоянд,ташкил меёбад.

Мавқеиасосиро дар таҳлили назарияи тақозо нарх мебозад. Нарх ба сифати фишангиҳавасмандгардонӣ аз он дарак медиҳад, ки дар кадом ҳолат ва дар кадом вақтмаҳсулот зиёдтар ё худ камтар истеҳсол ва дар кадом миқдор (ҳаҷм) пешкашихаридор гардондан имконпазир мебошад.

Муайянкарда шудааст, ки байни арза ва нарх чунин қонуният вуҷуд дорад: чӣ қадаре, кинархҳо баланд шаванд, ҳамон қадар арзаи молу хадамот афзоиш меёбад; бо пастшудани нарх арзаи онҳо низ камтар мешавад; чӣ қадаре, ки арза бештар бошад, мувофиқи нарх ҳам пасттар мегардад ва имконияти зиёдтархаридану қонеъ гардонидани талабот пайдо мешавад; ҳар чӣ қадаре ки миқдори арзаафзудан гирад, ҳамон қадар захираҳои он ҷониби харидорон зиёд гашта, талаботинавбатиро ба он камтар мекунад.

Мавҷудбудани ин қонуниятҳо далели он аст, ки байни унсурҳои тақозою арза ва нархалоқаи доимию устувор вуҷуд дорад ва он ҳамчун қонуни арза ташкил меёбад.

Қонуниарза дар шароити бозор талаб мекунад, ки ҳар як тавлидгар барои зиёдтар бабозор баровардани мол бояд ҳавасманд бошад; онро мувофиқи нархҳои баландмубодила кунад, аз бо нархи арзон фурӯхтани молу хадамот худдорӣ намояд.

Аздигар тараф, харидор ба он манфиатнокаст, ки харҷи зиёдтар бо нархи пастар теъдоди зиёди чизҳоро ба даст орад. Ин ҷараён,хоҳ нохоҳ, ҳамчун омили боздорандаи фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ, ҳамчунтавлидгарону пешниҳодгарони неъматҳомегардад. Ҳамин тавр, қонуни арза ва қонуни тақозо ҳамчун муҳаррики ба ҳаракатдароварандаи истеҳсолот ва бозор ташкил меёбад.

Бароитаъмин ва истиқрори фаъолияти корхона вамуозину эътидол нигоҳ доштани фаъолиятибозор ба соҳибкор зарур меояд, ки он бештар ба корҳои таваккалӣ, навоварӣ,ихтироъкорӣ, навкунии техникаю технология ва ғайра машғул шавад, то ин кимасрифоти худро нисбати нархҳои бозорӣ ба қадри имкон пасттар намуда, фоидаи бештар ба даст орад.Амалӣ гаштани ин вазифаю мақсад дар чорчӯбаи чандирӣ ва эътидолии тақозою арза ба миён меояд.

406
Нет комментариев. Ваш будет первым!