Механизми бозор ва унсурҳои он

Механизми бозор ва унсурҳои он

1.Механизми бозор ва хусусиятҳои он

2.Қонуни тақозо ва хусусиятҳои он

 Механизми бозор ин- восита, олот ё худ фишангииқтисодие мебошад, к ибо воситаи он унсур (шаклу намуд) ва сегментҳои он ба ҳампайваст карда мешаванд. Сегмент- ҷузъ, қисми мушаххаси бозор, гурӯҳиистеъмолкунандагон, маҳсулот ё корхонае, ки дар асоси амалиётҳои хос ташкилкарда мешаванд. Сегментатсия- тақсимбандӣ ё худ қисматкунониҳои бозор тибқи омилҳои алоҳида.

Таҳти механизми бозор маҷмӯи амалиёт ва муносибатҳо оиди ҳаракат ватанзим додану ба як мақсад равон кардани фаъолияти ниҳоии субъект ва объектҳоииқтисодӣ фаҳмида мешавад.

Механизми бозор ҷанбаҳоимуҳимтарину муайянкунандаи ҳар як бозори алоҳида, алоқамандӣ ва ба ҳампайвастшавии унсурҳои асосии онро дар бар мегирад. Чи тавре ки маълум аст, дарадабиёти муосири иқтисодӣ зиёда аз 20 меъёр, 50 шаклу намудҳои намоёну маълумва 2000 маънидодкуниҳои бозор вуҷуд дорад. Ҳар яке аз ин бозорҳо дорои сохторва механизми хосу муайяни худ мебошанд. Новобаста ба хусусият ва хислатҳоифарқкунанда онҳоро аломатҳои якхела ва умумӣ тақозо, арза, нарх, рақобат ва ғайрамуттаҳид менамоянд. Кулли ин муносибатҳо механизми бозорро ташкил медиҳанд.Маҳз ин мафҳумҳои иқтисодӣ, дар кадом сатҳ ва дар кадом шакли бозоре, кинабошанд, ҳамчун унсурҳои механизми бозор ва омилҳои дохилӣ, таҳкурсӣ ва ҷавҳариба ҳаракатдароварандаи онҳо баромад мекунанд.

Хусусиятҳои механизми бозорӣ дар онаст, ки ҳар як унсури он бо нарх пайваст амал карда, ба раванди тақозою арзатаъсир мерасонанд. Аз дигар тараф, бидуни нарх, тақозо ва арза ва арза батақозо мустақиман, худсарона таъсир мерасонанд. Ин алоқамандии байни онҳоҳамчун қонуни иқтисодии тақозо ва арзасурат мегирад.

Алоқамандии охирон, ҳамчунмуносибатҳои доимию устувори байни тавлидгару истеъмолгар, фурӯшандаю харидорбо воситаи «конъюктура»-и бозор сурат мегирад. Конъюктура- ( аз калимаи лотинӣ«conjuncture»)-пайвасткунӣ, мусоидати вазъият, ҳолат ё худ шароити иқтисодие, ки дар лаҳзаимувофиқ раванди тақозо ва арза анҷом дода мешаванд. Охирон, бо воситаинишондиҳандаҳои иқтисодие, ки ҳолатибозорро тавсиф медиҳанд: тақозо, арза, нарх,ғунҷоиши бозор,қобилияти харидорӣ,ҳаҷми захираҳо ва ғайра муайян карда мешавад.

Механизми бозор дар чорчӯбаиистифодаи қонунҳои иқтисодӣ: қонуни арзиш, нарх, манфиатнокии интиҳоӣ, фоида,андӯхт, рақобат ва ғайра ба роҳ монда мешавад. Низоми қонунҳои иқтисодӣ вамеханизми бозор ҳамчун «барометр» муҳит ва фазои истеҳсолоту муомилотро муайянмекунад. Ин фазои иқтисодӣ дар асоси механизми рақобат ба амал баровардамешавад.

Аз гуфтаҳои боло хулоса мебарояд, ки механизми бозор дар худмуносибатҳои байни фурӯшандагон, харидорон, истеъмолкунандагон,истеҳсолкунандагон, яъне кули муносибатҳо оиди ташккули тақозою арзаи молу хадамот, талаботи қобилихаридорӣ доштани истеъмолгарон, нарх ва ғайра, ки дар асоси «дастҳои ноайён» баҳам пайваст карда мешаванд ифода мекунад. Ҷавҳари марказии онро тақозо, арза,нарх ва рақобат ташкил медиҳанд.

2.Тақозо ҳамчун дархост ва эҳтиёҷоти истеъмолгарон, ки дорои нерӯ ва қобилиятихаридорианд сурат мегирад. Одатан се давраи ташаккули тақозои бозорро фарқмекунанд:

– давраиаввал, тақозо дар шакли эҳтиёҷ (талаб, мӯҳтоҷ, ниёзманд) амал мекунанд, ки азҳисси норасогии ягон чиз( ҳисси гуруснагӣ, ташнагӣ, дониш, иттилоот…) шаҳодатмедиҳад. Эҳтиёҷ аз табиати физиологии инсон вобаста буда, сирати ҳамарофарогиранда дорад;

-давраидуввуми ташаккули тақозои бозориро дархост ташкил медиҳад. Он ҳамчун эҳтиёҷ азтабиати инсон вобаста буда, дар ҳолатҳои мавҷудаи муайян, пайваста ба шахсиятиалоҳида ва дараҷаи инкишофи истеҳсолоти ҷамъиятӣ шакли мушаххас мегирад. Инҳангоми амалӣ гаштани дархосту талабот зуҳур мегардад. Масалан, шахс ҳангомифаро расидани вақти хуроки нисфирӯзӣ эҳтиёҷ доштани худро нисбати хӯрока ҳисмекунад. Ҳангоми интихоб кардануистеъмоли он эҳтиёҷ ба дархост табдил меёбад. Дар якҷоягӣ эҳтиёҷ ва дархосттақозои бозориро ташкил медиҳанд;

-давраисаввум давраи мустақиман ташаккулёбии тақозо буда, ҳамчун раванди ба дастовардани молу неъматҳо бо воситаи мубодила (савдо) сурат мегирад. Таҳтимубодила вазъияти бозореро тасаввур мекунанд, ки дар он субъектҳои гуногун баҳам як шуда, байни худ чиз ва хизматҳоеро иваз мекунанд. Ҳангоми мубодила боядчунин шартҳо риоя карда шавад:

-иштирокчиёни он на камтар аз душахс бошанд;

-ҳар яке тараф қодир бошад миқдоризарурии чизҳоро таъмин намуда, онро то ба харидор расонад;

-хар як ҷониб бояд ягон чиз доштабошад, ки тавонад байни ҳамдигарт онроиваз ё худ мубодила (доду гирифт) кунад;

-ҳар ду тараф ҳангоми аҳду паймонмутлақо озоду мустақил бошанд ва ба фаъолияти ҳамдигарӣ дахолат накунанд;

-ҳар яке аз онҳо имконияти аз нав бо ҳам вохӯрдан маслиҳату аҳд(шартнома) бастан ва гуфтушунид кардан дошта бошанд.

Аз ин хулоса бармеояд, ки дар ҳаряк бозор ду субюъект- молики чиз (пешниҳодкунанда) ва истеъмолгар (талабгор,дорандаи талабот), яъне фурӯшанда (арза) ва харидор (тақозо) иштирок мекунанд.

Тақозо раванди доимию устувор, такроршаванда ва ба ҳам алоқаманди байнисубъектҳои иқтисодиро оид ба қонеъ гардонидани эҳтиёҷу дархост ва ниёзмандӣнисбат ба неъматҳои иқтисодиюғайрииқтисодӣ ифода мекунад. Дар ин мазмун он ҳамчун қонуни иқтисодӣ суратмегирад. Он сурати айнӣ (объективӣ) дошта, бидуни хоҳиши субъектҳои иқтисодӣба роҳ монда мешавад.

Ба сифати қонун сурат гирифтанитақозоро дар: таҳсиси муносибатҳо оиди эҳтиёҷмандӣ, вобастагии он нисбат банарх ва ҳаҷми неъматҳои ба бозор пешниҳод кардашаванда, алоқамандии нархи молҳова миқдори молҳои харидашаванда, пайдо шудани талабот ба молҳои нав ва азбайн рафтани он, бо мурури бештаристеъмол (истифода) кардани он ва ғайра мушоҳида кардан мумкин аст.

Тибқидархости қонуни тақозо, миқдори молҳои истеъмолшаванда ба дараҷаи нархҳои онҳобояд мусоидат намоянд. Чи қадаре ки нархи молу маҳмулот ва хизматҳо баландутамоюли боло рафтан дошта бошанд, ҳамон қадар онҳо аз ҷониби харидорон камтархарида гирифта мешаванд. Дар ҳолати бемайлон баланд гардидани нарх ҳаҷми фурӯши молҳою хизматҳо тибқи пастгардидани талабот мувофиқан паст мегарданд.

Маълумаст, ки агар намуди ин ё он мол дар бозор набошад, талабот ба он меафзояд ванарх, хоҳ нохоҳ ба он баланд шудан мегирад. Ин вазъиятро мо бештар нисбатимолҳои молҳои озуқаворию хӯрокворӣ ҳангоми фасли зимистон ҳис мекунем. Бо фарорасидани фасли тобистон воридшавии молҳо ба бозор паи ҳам афзун мегардад ванархҳо оҳиста-оҳиста рӯ ба поёнмениҳанд. Вале ин пастшавии нархҳо то ба ҳадди муайян сурат мегирад.Ин ҳадромасрафи истеҳсолоту муомилот (нархи хариди молу маҳсулот, ашё, музди кор, хароҷотироҳ, борпечонва дигар сарфиятҳои ғайричашмдошт) муайян мекунад. Дар ин ҳолат молу хадамот ба ҳамон нархе фурӯхтамешавад, ки он ҳамаи хароҷотҳоро рупӯш куна два ба соҳибкор (фурӯшанда) фоидаимуайянро таъмин намояд.

Чунинхулоса кардан мумкин аст, ки дар асноитағироти ҳамаи ҷанбаҳои нарх, хоҳ нохоҳ, пастшавии он таносубан ба баландшавиитақозо оварда мерасонад. Ва баръакс, дар аснои баланд гардидани нарх аз ҳисобиҳама гунна шарту шароит ва омилҳои мавҷуда, ба мувофиқан паст рафтани сатҳ вадараҷаи тақозо оварда мерасонад. Ин алоқамандӣ ва ҳамбастагии байни тақозовунарх ҳамчун қонуни тақозо сурат мегирад.

2.41K
Нет комментариев. Ваш будет первым!