Шаклҳо ва намудхои алоқаҳои бозорӣ

Шаклҳо ва намудхои алоқаҳои бозорӣ

1.Шаклҳои тиҷорат

2.Намудҳои бозор.

3.Маркетинг

1.Алоқахои бозорӣ аз рӯи нишонаҳои қарордодҳоитиҷоратӣ фарқ карда мешаванд. Ин қарордодҳоро бо тарзи зерин гурӯҳбандӣ карданлозим аст.

1.Аз рӯитарзҳои байни иштироккунандагони бозор чунин намудҳои тиҷоратро фарқ менамоянд.Истеҳсолкунанда ё дорандаи мол бевосита моли худро ба истеъмолкунанда мефурӯшад,Истеҳсолкунанда моли фоидаоварро аввал ба миёнарави тиҷоратӣ таъмин менамояд,миёнарав бошад онро ба истеъмолкунанда мефурушад.

2. Вобастааз намудҳои пардохт шаклҳои зерини тиҷорат ҷудо шуда меистад:

А)тиҷоратибартерӣ; мубодилаи ғайрипулии як намуди мол ба дигар;

Б)фурушинеъмаҳо бо пули нақд ( ё пардохт бо чек). Хамин тариқ аҳоли молҳои лозимиро дарбозорҳои истемолӣ ба даст меоранд;

В)таъмини маҳсулот бо ҳисоби ғайринақдӣ (пардохт бо гузаронидани пул: бо фармоишихаридор бонк аз ҳисоби суратҳисоби он пул ҷудо ме

Г)фуруши мол бо пардохти гузошташуда (истеъмолкунандае, ки аз корхонаи тиҷоратӣдур зиндагӣ менамоянд, бо роҳи ҷудонамоии пул ба фурушанда моли хостаашро бадаст меорад);

Д)таъмини молҳо бо тарзи кредит (харидор неъмати хостаашро асосан бо пардохти наон қадар калон бо ӯҳдадории пардохтнамоии пулҳои боқимонда дар мӯҳлатигуфташуда ба даст меорад.

Е) пешниҳоднамоиимол ба таври кироя бо пардохти муаяйн (дар ин ҳолат вақти истифодабарии неъматҳо пардохт мегардад.

3. Бо баҳисобгирииҳаҷми фуруш ду шакли таъмини молҳо фарқ карда мешавад- фуруши кутара ва тиҷоратичакана.

Фурушикутара-маҳсулот кутара харидорӣ мегардад. Он ба миёнаравони тиҷоратӣ аз итеҳсолкунандагондар ярмаркаҳои тиҷоратӣ ва ба воситаи биржаҳои молӣ харидорӣ мегардад.

Фурушичакана- хариду фуруши неъматҳои истеъмолӣ ба миқдори на он қадар зиёд ба дастоварда мешавад.

Намудҳоибозор. Бозор дар яке аз муносибатҳои муҳим ба хоҷагии натуралӣ муқобил аст. Дар инхоҷагӣ ба истеъмолкунанда имкониятиинтихоби неъматҳои хостаашон пешниҳод намегардад. Бозор бошад ба таъминнамоиидараҷаи озодии иқтисодӣ қодир аст.

Озодиидодашуда ба харидорон имконият медиҳад, ки моли хосташуда аз бисёр дигар молҳо интихоб гардад. Истеъмолкунандаинчунин метавонад он фурушандагонеро дарёб созад, ки беҳтар хизмат расонидаметавонад ва маҳсулоташро бо шароитҳоидастрас мефурушад.

Аз рӯи дараҷаи тарақии ин ё он озодии хоҷагидориибозор ба се намуд ҷудо намудан мумкин аст:

А) озод; Б) ғайриқонунӣ; В) танзимкунанда.

Бозориозод дорои озодии иқтисодӣ мебошад. Бо вуҷуди он муайяннамоии «бозори озод» дарду муносибат аниқият мехоҳад: барои кӣин озод аст? Чунин бозори озод барои иштироккунандагони он мебошад.

Ин бозораз дахолати давлат ва таъминоти ҳуқуқити кӯҳна озод аст. Вале он тарафи манфиихудро дорад.

Намудидуюми бозор- ғайрилегалӣ (ғайриқонунӣ) мебошад. Бозори ғайриқонунӣ дархуд тиҷорати гуногунро дар назар дорад-тиҷорати манфӣ. Он ба вайроннамоии қонунҳо ва қоидаҳои хариду фурӯши молҳои оддӣгузаронида мешавад. Яъне вуҷуд надоштани патентҳои зарурӣ, литсензияҳо дар ҳолатипардохт насохтани ҷамъовариҳои бозорӣ, андозҳо ва ғр. Инчунин ғайриқонунӣ-бозори сиёҳ ба ҳисоб меравад. Дар онпаноҳи молҳое фурӯхта мешавад ки қонунонҳоро манъ намудааст ( мисол, маводҳои нашъаовар, яроқ ва ғр.)

Ба ин дунамуди бозор хусусиятҳои ғайричашмдошт ва идоранашаванда хос аст.

Сеюм, намуди бозор–танзимшаванда, тобеъи тартиботи муайян, ки бо меъёрҳои ҳуқуқӣ асос ёфтааст вааз тарафи давлат дастгирӣ меёбад. Чунин тартиб бо сабабҳои объективӣ асосёфтааст.

Пеш аз ҳама, нақши муҳимро дараҷаибаланди ҷамъӣ ва муттамарказии истеҳсолот ва васеъшавии миқёсҳои иқтисодиётбозид. Корхонаҳои пурзур монанди пешина наметавонанд куркурона барои бозориномаълум истеҳсол намоянд.

Маркетинг- нақши иқтисодии он

Маркетинг–(аз каломаи англисӣ гирифта шуда market –бозор, маркетинг- бозоршиносӣ) ин чунинсистемаи идораи корхонае мебошад, ки истеҳсолотро ба талаботи бозор бароибештар даромад гирифтан аз фуруши молҳо мутобиқ месозад. Ин системаи дар солҳои 1920 дар ШМА ва дар солҳои1950-1960 дар мамлакатҳои ғарбӣ васеъпаҳн гардид, ки дар он вақтҳо ин мамлакатҳо оиди таъминнамоии маҳсулотҳо мушкилӣмекашиданд.

Оиди ташкилнамоии маркетинг мо ба чор шарти тиҷорати босамар назарменамоем:

Шарти якум: барои истеҳсолот маҳсулоте интихоб кардан зарур аст, ки бахаридор лорзим аст. Мол бояд сифатибаланд дошта, дар бозор рақобатпазирбошад. Ташкил намудани «бозори харидор» дар назар дошта шудааст, яъне молҳоебароварда шавад, ки истеъмолкунандабарои харидани он розӣ шавад. Ширкати «Бергер кинг» (газакхона) принсипи асосиимаркетингиро эълон намуд: «Он чизеро истеҳсол намоед, ки фурухта метавонед, ба ҷоионе ки кушиши фуруши он чизе намоед, ки истеҳсол карда метавонед». Барои иҷроишиин шартҳо фирма бояд як қатор чораҳо гузаронад:

а) Омӯхтариэҳтиёҷоти бозор, талаботи харидорон;

б)баландбардориисифати мол: беҳгардонии дизайн, аз он ҷумла ранг, ҳаҷм ва дигар нишонаҳо, психологияи истеъмолгарон вағр;

в)интихоби ҷойгиршавии бозор, ки дар он рақобат кам буда, талабьоти қонеънамоииистеъмолгарон заиф аст. Намуди муайянимолеро интихоб кардан лорзим аст, ки истеҳсоли он мақсаднок аст.

Шартидуюми маркетинг: нархи мол бояд хароҷотҳои истеҳсолиро рупуш карда тавонадва ба корхона даромад биёрад, инчунинбарои истеъмолкунанда дастрас бошад. Дар таҷриба нархгузории чандирӣ истифодакарда мешавад. Диққати одамонро даъватҳои «харидани ду мол бо нархи як», «агар маҳсулот то панҷ дона харидорӣ шавад, шашумаш ройгонаст» Дар ҳолате, ки инсон бо молихаридоришуда қаноатманд нагардад, маблағи сарфгардида баргардонида мешавад (молҳои истифодабарандаи зиёд- мошинаи ҷомашӯи, телевизор ва ғр.)

Шартисеюми маркетинги самаранок: ҳамаи усулҳои пешниҳоднамоии мол ба фурушандаистифода карда шавад, таъсир ба харидорон, ки моли пешниҳодгардида харидорӣгардад.

Ба инмақсад истифода мегардад:

–пешниҳоднамоии кредит барои харид ва хизматрасонии баъди харид ( таъмирва ғр.)

-ҳавасмандгардониитаъмини молҳо ва ҷалбнамоии мизоҷони доимии корхона бо соҳаи хизматрасонӣ(меҳмонхона, банкҳо, хатсайрҳова ғр.)

-пешниҳоднамоии бароҳатии қулай барои истеъмолгарон («слонишведӣ» дар ресторанҳо, меҳмонхонаҳо)

-рекламаипрофессионалии ба роҳ монда шуда.

Шартичоруми босамари маркетинг: муайяннамоиимавқеъ дар бозор ( аниқ намудани кай ва кадом вақт бо фоида фурухтани мол).Риоя накардани ин талаботҳо ба хатогиҳоиқатъӣ оварда мерасонад.

Ҳаминтариқ, бо шарофати маркетинг фирмаҳо-истеҳсолкунандандагон истеҳсолотро мукамалмегардонанд ва алоқаҳои бозориробо истеъмолкунандагони молҳои онҳо беҳтар мегардонанд.Ин ба болоравии ҳаҷм ва меъёри даромад овардамерасонад.

428
Нет комментариев. Ваш будет первым!