Бозор, моҳият, таркиб ва вазифаҳои он

Бозор, моҳият, таркиб ва вазифаҳои он.

1.Бозор ва нақши он дар фуруши мол ва хизматҳо.

2. Соҳаҳои алоқаманди системаи бозорҳо.

Бозор-ин маҷмӯи қарорҳои хариду фуруши молҳова хизматҳо мебошад. Ба чунин қарордодҳо ҳарруза ҳар нафар дучор мегардад. Мисол, хариди озуқа ё пардохти роҳкирои нақлиёт ва ғр.

Нақш вавазифаҳои бозорро метавон дуруст фаҳмид агар он дар доираи системаи васеъ- хоҷагии молию-бозорӣ дидашавад. Он аз ду зерсистемаҳо иборат аст: истеҳсолоти молӣ ва бозор, ки бо ёрии алоқаҳои бевосита ва бозгашти алоқаманд аст.

Дарнавбати худ бозор ба раванди ташкили мол таъсир мерасонад, Алоқаҳои баръакси иқтисодӣвазифахои махсуси бозорро ташкил медиҳад.

Вазифаҳоиаввалиндараҷа аз он иборат аст, ки бозор соҳаи истеҳсолот ва истемолотро алоқамандменамояд. Бе бозор истеҳсолоти молӣ баистеъмолот хизмат расонида наметавонад, соҳаи истеъмолот бошад бе неъматҳои қаноатмандкунандаиталаботҳои одамон мемонад.

Дигарвазифаи бозор- иҷронамоии нақши сарназоратчигии натиҷаҳои охираи истеҳсолотмебошад.

Ва дарохир. Вазифаи муҳими бозор дар он муайян мегардад, ки мубодилаи бозорӣ ҳамчунтарзи иҷроиши мақсадҳои фурушандагон ва харидорон хизмат мерасонад.

Системаибозорҳо – ин маҷмӯи ягонаи бозорҳои зиёди таъминоти гуногун мебошад. Чунин маҷмуъзери таъсири як қатор омилҳо ташкил гардидааст.

Аввал,дар шароити муҳити индустриалӣ ва постиндустриалии истеҳсолот бисёр маротиба муҳитибозорӣ дар равияхои зерин васеъ гардид:

– истеҳсолотинатуралӣ дар миқёсҳои васеъ ба хоҷагии молӣ табдил ёфт;

-қувваи кори қисми асосии меҳнаткашон предметихариду фурӯш гашт

-соҳаи неъматҳо ва хизматҳои пардохтии маънавӣзуд тараққӣ ёфт;

-натиҷаҳоитадқиқотҳои илмӣ ( коркардҳои илмӣ ва таҷрибавию- конструкторӣ) ба маҳсулотимолӣ мубаддал гашт.

Дуюм,истеҳсолоти муосир миқдори зиёди неъматҳои гуногуни фоидаоварро ташкилменамояд, ки талаботҳои инсони ҳаматарафа тараққикардаро қаноатманд менамояд.

Сеюм, тараққиёти васеи ҷамъиятҳои аксионерӣ ба оноварда ронид, ки аксияҳо ва дигар қоғазҳои қимматнок дар бозори махсуси коғазҳои қиматнок фурухта мешавад. Дар натиҷа,дар нимаи дуюми асри ХХ тақсимоти ҷамъиятии меҳнат аз доираи истеҳсолотбаромада, сохаи бозориро фаро гирифт.

2.Соҳаҳоизерин системаи бозорҳо.

Дар системаи бозорҳо ба соҳаҳоизерини бузург ҷудо шуда меистад:

-бозоримаҳсулоти истеъмолот ( он ба бисёр зерсохахо тақсим мешавад, ки неъматҳои истемолӣ ва ғайриистеъмолӣ,бозори манзил ва ғр таъмин месозад);

-бозоривоситаҳои истеҳсолот ( дар ин ҷо омилҳои моддии истеҳсолот: таҷҳизот, воситаҳоинақлиёт, биноҳо, сохтмонҳо, ашёҳо, сузишворӣ, электроэнергия ва ғр. Ба дастоварда мешавад;

-бозорихизматҳо ( ба ин ҷо намудҳои гуногуни хизматрасонии коммуналию маишӣ, амалиётҳоимолиявию суғуртавӣ, хизматгузориҳои тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ғр.дохил мешавад);

-бозоримеҳнат ( ба кордиҳандагон ва коргарони кироя);

-бозорикоркардҳои илмӣ, таҷрибавию конструкторӣ (маҳсулоти тадқиқотҳои илмӣ, ки бароиазхудкунӣ ва истеҳсолот мебошад);

-бозорисармояҳои қарзӣ (соҳаи хариду фурӯши воситаҳои озоди пулӣ, ки ба мақсади истеҳсолотистифода мегардад;

-бозори қоғазҳоиқимматнок (аксияҳо, облигарсияҳо ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки даромад меоранд);

-бозориасъор( идораи миллию байналхалқие, ки ба воситаи онҳо хариду фуруш, мубодилаивоҳидҳои пули асъорӣ ва баҳисобгирии пулӣ бо дигар давлатҳо);

-бозоринеъматҳои маънавӣ (соҳаи хариду фурӯши маҳсулоти зеҳнии фаъолияти олимон,нависандагон, рассомон ва ғр.

Бозористеҳсоли ҳамаи маҷмӯи шароитҳои тараққиёти субъективӣ, материалӣ, илмию-техникӣ,интеллектуалӣ ва молиявиро таъмин месозад.

Системаи бозорҳо:

-маҳсулоти истемолӣ; -меҳнат; -коркарди илмӣ; -қоғазҳоиқимматнок;

-неъматҳои маънавӣ; -воситаҳои истеҳсолот; -хизматрасонӣ;

-сарморяҳои қарзӣ; -асъор.

466
Нет комментариев. Ваш будет первым!