Мафҳум ва моҳияти мол
Мафҳумва моҳияти мол
1.Мафҳуми мол ва арзиши он
2.Мол ва ҷанбаҳои асосии он
Мол, эҳёву ташаккул ва таҳаввулион, мустақиман ба хусусиятҳои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ вобаста мебошад. Дар шароитихоҷагиҳои натуралӣ аз сабаби маҳдуд будани доираи хоҷагиҳо ва бозор неъматҳоимоддӣ дар шакли маҳсулот мубодила (доду гирифт) карда мешаванд.
Таҳти маҳсулот неъматҳое фаҳмидамешавад, ки талаботи инсонро қонеъ гардонанд. Он метавонад аз ҷониби табиатҳамчун неъматҳои тайёр (об, меваҳои худрӯй…) ё худ аз ҷониби одамон офаридашавад. Бинобар ин, маҳсулот метавонад маҳсули (натиҷаи) меҳнат бошад ва бидунимубодила талаботи инсонро қонеъ гардонад. Бо ибораи дигар, ҳамаи он чиз(неъмат)_-ҳое, ки барои инсон манфиатнок мебошанд ва одамон онро барои қонеъгардонидани ниёзхо ва эҳтиёҷи худистифода мекунанд, маҳсулот номида мешавад. Одатан, маҳсулот дар доираи хоҷагиҳоинатуралӣ, ҳунармандӣ, деҳқонӣ, яъне хоҷагиҳои бо ном натуралӣ истифода карда мешавад.
Дар шароити истеҳсолоти молӣ маҳсулимеҳнат шакли молӣ мегирад. Дар натиҷаи амиқ гаштани тақсими ҷомеавии меҳнат,густариши тахассуси меҳнат ва мустақилияти молистеҳсолкунандагон доираи талаботвасеъ гашта, зарурат ба мубодила пайдо мешавад. Аз ин ҷо неъматҳо (маҳсулот)барои қонеъ гардонидани талаботи гурӯхи дигари одамон, ҷомеа ва ғайра пешниҳодкарда мешавад.
Арзиши маҳсулот дар ин ҳолат на бароитавлидгар, балки барои ашхоси дигар аҳамият пайдо мекунад. Бо ибораи дигар, даршароити истеҳсолоти молӣ қиммати (арзиш)-и истеъмолии маҳсулоти алоҳида ба қиммат (арзиш)-и ҷавмъиятиимаҳсулот табдил меёбад. Охирон, дар мояи андоза ва меъёри тақозо ва арзаи молҳоба воситаи бозор сурат мегирад.
Аз ин ҷо хулоса бармеояд, ки молҳамчун неъмат ё худ маҳсулот бояд натиҷа(маҳсул)-и меҳнат бошад, ягон ҷанба (тараф)-и талаботи инсонро қонеъ гардонад.Новобаста аз масрафи меҳнати тавлидгарон, шумора, дараҷа ва сатҳи ҳосилнокиюшиддатнокӣ ва самаранокии меҳнат онҳо барои мубодила (хариду фурӯш) баровардамешаванд. Дар чорчубаи ин нигоришот шояд чунин таъриф ва тавсифи маъмули мол бамаврид бошад. Мол неъмат ё худ маҳсулотест, ки бо меҳнати тавлидгарон офаридашуда, барои мубодила (хариду фурӯш) қонеъ гардонидани талаби истеъмолгаронпешкаш (баррасӣ) карда мешавад.
2. Дар ин ҷо ду ҷанбаи асосӣ- манфиатнок будану қобилияти қонеъ гардонданиталабот доштан ва натиҷаи меҳнат будану барои мубодила баровардани пеш аз ҳамаба чашм мерасад. Аз ин ҷиҳат, мутафаккирони олами иқтисод дар мол ду ҷанба(хусусият)-и асосиро фарқ мекунанд:
Қобилиятиин ё он талаби инсонро қонеъ гардондан- арзиши истеъмолӣ;
Омодагӣбарои мубодила (натиҷаи меҳнат будан)-андозаи арзиши мол ё худ арзишиивазшаванда доштан
Хусусияти духелаи мол (арзишиистеъмолӣ ва арзиш) дар иқтисоди сиёсии марксистӣ ҳамчун ихтироот, ё худ яке аз ҷузъиятҳоитабаддулоти инқилобии К.Маркс эътироф карда мешавад.
Таҳтиарзиши истеъмолӣ асосан манфиатнокии неъматҳо ва хусусияти хоси онҳо, ки қодирастин ё он ниёзу эҳтиёҷи мардумро қонеъ гардонад фаҳмида мешавад. Арзишиистеъмолӣ метавонад талаботи инсон(субъектҳои иқтисодӣ)-ро мустақим (нон, гӯшт, равған, талаботро ба хӯрдан…), ёхуд ғайримустақим (нақлиёт, воситаҳои истеҳсолот…) қонеъ гардонад. Арзишиистемолии мол на барои қонеъ гардонидани талаботи худи истеъмолкунанда, балкиқонеъ гардонидани талаботи шахсии дигар )субъектҳои иқтисодӣ) нигаронидамешавад. Аз ин лиҳоз, арзиши истеъмолииинфиродӣ ва арзиши истеъмолии ҷамъиятиро фарқ мекунанд. Масалан, сарвати ҷомеаё худ захираҳои иқтисодӣ барои қонеъ гардонидани талаботи аъзоёни ҷомеаистифода карда мешавад.
Арзишиистеъмолии молҳо аз ҷиҳати сифат (нафънокӣ, хусуситяи истифода) ва миқдор(вазъ, ҳаҷм…) ҳархела буда, бо ҳам муқоисанашавандаанд ва манфиату судмандииякеро ба дигаре иваз кардан мумкин нест. Масалан, нафънокии пойафзол вакостюмро боя гон чиз (асбоб) чен кардан мумкин нест, ё худ костюмро ба ҷои пойафзол истифода кардан ҳам номумкин аст. Нонро бо шумора(дона), газворро бо метр, равғанро бо литр, картошкаро бо килограмм, роҳробо километр… ҳисобу китоб мекунанд. Даршакли чиз (натура) яъне миқдор онҳоро ба ҳам қиёс ва чен кардан аз имкон берунаст. Бинобар ин, қиёси онҳо на дар шакли зоҳирӣ (ҳаҷм, вазн, дарозӣ, кг, метр,литр), балки сирати «ботинӣ», яъне менат ба назар гирифта мешавад. Маҳз меҳнат,яъне арзиш- (қиммат)-и молҳо имкон медиҳад, ки молҳо ва манфиатнокии онҳо баҳам муқоиса карда шаванд.
Пас, молҳамчун мафҳуми иқтисодӣ маҷмӯи муносибатҳои иқтисодиро оиди манфиатнокию қонеъгардонидани талабот ба неъматҳо, ташаккули хароҷот, истифоджаи захираҳоимаҳдудро дар бар гирифта, бо воситаи бозор хариду фурӯш карда мешавад.