Истехсолоти моли, шакл ва заминахои густариши он
Истеҳсолотимолӣ, шакл ва заминаҳои густариши он
1.Заминаҳоигустариши истеҳсоллоти молӣ
2.Неъмат-мояи асосии истеҳсолоти молӣ
Истеҳсолоти солӣ аз хоҷагиҳои натуралӣбо он фарқ мекунад, ки он мустақиман бобозор сару кор дорад. Таҳти хоҷагиҳои молӣ истеҳсолоте тасаввур карда мешавад, ки дар он молухадамот аз ҷониби тавлидгарони махсусгардонидашуда ва мустақил барои хариду фурӯш ва қонеъ гардониданиниёзу эҳтиёҷи истеъмолгарон пешниҳод карда мешавад.
Хоҷагиҳои молӣ дар асоси моликияти хусусӣ бунёд гашта, мустақил раванди истеҳсолот, идораи он, даромаду хароҷот, подош ва такрористеҳсолионро ба роҳ мемонанд.
Хоҷагиҳои молӣ дар асоси мавҷудбудани ду шароит-тақсими ҷомеавии меҳнатва мустақилияти молистеҳсолкунандагон имконпазир мегардад. Мустақилияти иқтисодӣимкон медиҳад, ки ҳар як молистеҳсолкунанда, чанде аз унсурҳои «дастаиҳуқуқ»-ро истифода намуда, дар ин асос соҳиби моликият гардад ва нисбат ба молитавлидкардаи худ озодона рафтор намояд.
Муносибати байни моликиятдорони гуногун ногузир шакли молӣ гирифта, бовоситаи бозор мубодила карда шуда, зери таъсири қонуну қонуниятҳои он қарормегирад.
Дар иқтисоди сиёсии марксистӣистеҳсолоти молӣ аз нуқтаи назари нақш ва мақоми онҳо дар ташаккулимуносибатҳои истеҳсолии капиталистӣ, истисмору ба даст овардани арзиши изофамавриди таҳлилу тадқиқ қарор мегирад. Аз ин лиҳоз, чунин шаклҳои истеҳсолотимолӣ ҷудо карда мешаванд: истеҳсолоти оддии молӣ, истеҳсолоти моли капиталистӣ ва истеҳсолоти моли сотсиалистӣ.
Дар шароити истеҳсолоти оддии молӣвоситаҳои истеҳсолот ба худи молистеҳсолкунанда тааллуқ дошта, мол аз ҷонибифардҳо ва молистеҳсолкунандагони мустақил- косибон, ҳунармандон, деҳқонон вағайра барои фурӯш ба бозор бароварда мешавад. Фаъолияти онҳо дар асосифаъолияти ҳарифона, яъне рақобати озод бидуни таъсири дигар субъектҳои иқтисодӣ,алахусус, давлат сурат мегирад.
Истеҳсолоти оддии молӣ дар шароитиғуломдорӣ бунёд гашта, дар ҷомеаи феодалӣ ба зинаи баланди густариши худ расидааст. Ҳоло он дар мамлакатҳои мутараққии капиталистӣ ва рӯ ба инкишоф дар шакли хоҷагиҳои нисбатан майда (хурд), хоҷагиҳоииндивидуалӣ (инфиродӣ), хонадорӣ, деҳқонӣ, фермерӣ, табақаҳои хурди ҳунармандӣ,косибӣ, савдогарӣ ва ғайра арзи вуҷуд доранд.
Истеҳсолоти моли капиталистӣ-истеҳсолоте мебошад, ки дар асоси истифодаи меҳнати коргари кироя ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи баланд ташкил карда мешавад. Дар ин шароитмоликиятдор ва истеҳсолкунанда дар як шахсият вуҷуд дошта наметавонад.Воситаҳои истеҳсолот, натиҷаҳои истеҳсолот (даромад, молу маҳсулот, хадамот…)ба капиталист тааллуқ дорад. Коргарони кироя (истеҳсолкунанда) ба капиталисттобеъ буда, маҳсулот тавлид менамоянд ва ба ивази он фақат музди меҳнатмегиранд.
Тибқи ақидаи К.Маркс музди кори коргарҳамчун қисми меҳнат- маҳсулоти зарурӣташкил ёфта, қисми иловагии он ҳамчун арзиши изофа сурат мегирад, ки онрокапиталист муфт аз они худ мекунад.
Дар шароити истеҳсолоти моли ривоҷёфтаҳама чиз (замин, молу мулк, маҳсули меҳнат, қувваи коргарӣ…) хариду фурӯш кардамешавад. Аз ин ҷиҳат муносибатҳо (муносибатҳои бозорӣ) ҳамаҷониба густариш ёфта,ба муносибатҳои ҳамаро фарогиранда табдил меёбад. Муносибатҳои молӣ, яъне бозорӣтамоми фаъолияти низоми иқтисодиро фаро мегиранд.
Мувофиқи ақидаи К.Маркс инкишоф ватаҳаввули тарзи капиталистии истеҳсолот мустақиман аз андӯхти ибтидои капитал ғизомегирад.
Андӯхти ибтидоии капитал имкон медиҳад,ки:
1.Молистеҳсолкунандагони зиёде ба субъектҳои мустақил ва озоди иқтисодӣ, вале азвоситаҳои оддии истеҳсолот (замин, олоту асбоб, коргоҳ…) маҳрум табдил додашаванд ва дар бозор намуди моли нав- қувваи коргарӣ пайдо шавад. Ба ҷараёни аззамин маҳрумсозӣ ва бехонумоншавии деҳқонону дигар табақаҳои аҳолӣ давлат(Англия) саҳми арзанда мегузорад;
2.сарватиҷомеа (замин,қасру бино, корхонаҳо, муассисоти савдо, бонкҳо ва ғайра) дардасти гурӯхӣ хурди корчаллонҳо андӯхта шавад, табақаи капиталистон бунёдгардад, низоми муайяни андозситонӣ, заёмҳои давлатӣ, низомҳои ҳимоягарои(протексионизм дар савдо) ва низоми мустамликадории капитализм ташкилу ташаккул ёбад.
Дар фарҳангизабони тоҷикӣ таҳти «неъмат»- мол, сарват, боигарӣ, сарвати моддию маънавӣ,молу мулк тасниф карда шудааст.
Илмииқтисод ба фарқ аз зикри шифоҳӣ ҳар яке аз онҳоро ҳамчун истиллоҳи мустақил вамушаххас эътироф карда, аз нигоҳи ташаккули субъект ва объекти иқтисодӣ мавриди таҳлилу таҳқиқ қарормедиҳад.
Неъматзаминаи айнии бунёду ташаккул ва унсури муҳимтарини ба низомдарории истеҳсолотимолӣ мебошад. Дар мояи он маҳсулот ва мол таркиб ёфта, истеҳсолоти молии оддиюкапиталистӣ густариш меёбад. Мафҳуминеъмат-, мантиқан пеш аз хоҷагиҳои натуралӣ (молӣ), дар давраи низоми иқтисодисуннатӣ ба миён омада, то кунун истифода карда мешавад.
Неъмат ҳамчун маҷмӯи муносибатҳои байни субъектҳоииқтисодӣ дар зинаҳои гуногуни низомҳои иқтисодӣ, вобаста ба сират вахусусиятҳои густариши онҳо ҳархела сурат мегирад. Аз ин ҷиҳат байнииқтисоддонон оиди мазмун, нақш ва мақоми онҳо маънидодкуниҳои гуногун ба назармерасад. Масалан, А.Маршалл таҳти неъмат чизҳои лозимӣ ё худ дархостшавандае,ки қодиранд талаботи инсонро қонеъ гардонан, мефаҳманд. Ж.Б. Сей- неъматроҳамчун воситаи дар ихтиёр доштаи инсон, ки барои қонеъ гардонидани талаботҳои он нигаронида шудаандтасаввур мекунад. А.Шторх қайд мекунад,ки қарори андеша ва мулоҳизаи мо оиди манфиатнокии чизҳо худ ба худ аллакайнеъмат мебошад. А.Смит таҳти неъмат манфиатнокии сарватҳои ҷомеаромефаҳмад. Намояндаи мактаби Австрия К. Менгер махсус қайдмекунад, ки сирати маҳсулотҳое, ки имконияти қонеъ гардонидани талаботимуаййяни инсонро дошта бошанд, ҳоло маънои неъматро надоранд, Барои он ки чизҳои табиат (предметҳои меҳнат) неъмат шуда тавонанд,инсон бояд хусусиятҳои манфиатнокии онҳоро пешакӣ муайян ва минбаъд онро бамақсади мушаххас истифода карда тавонад.
Азнуқтаи назари дини мубини ислом неъмат аз ҷониби худованд ҳамчун неъматҳоиолами наботот, олами ҳайвонот, олами баҳру коинот ва ғайра офарида шуда, онҳоба ихтиёри инсон барои истифода дода шудаанд. Инсон тибқи қудрату тавоноӣ вамеъёри талабот ба онҳо истифода мебарад.Асоси неъматҳоро манфиатнокӣ ташкил медиҳад. Масалан, чорво барои кор фармудан, ҳамчунвоситаи нақлиёт истифода кардан, ба ҳайси хӯрока, нӯшиданӣ, истифода кардан вағайра.
Ин тарзиистифодаи неъматҳо бидуни заҳмату ранҷ (меҳнати инсон), дигаргунсозиҳои таркибӣ,ҳамчуннеъмати тайёри худованд сурат мегиранд. Аз ин лиҳоз, онҳо ҳамчун неъматииқтисодӣ баромад карда наметавонанд, чунки аз ин неъматҳо (об, алаф, ҳаво,замин,…) на фақат инсон, балки дигар махлуқоти рӯи замин низ истифодакарда метавонанд. Аз он даврае, ки инсонбо меҳнати худ ба он неъматҳои худованд таъсир расонд, шаклу намуд ва таркиби онҳоро тағйир дод ва онҳоро тибқи дархоства эҳтиёҷи худ барои хӯрока, пӯшока, пойафзол, хонаву ҷой ва ғайра истифодакард, аз он рӯз сар карда неъматҳо мазмуни моддӣ гирифта, ҳамчун объекти иқтисодӣдониста мешаванд.
Аз мисолва таҳлили баъзе аз ақидаҳои мутафакирони соҳаи иқтисод хулоса бармеояд, кинеъмат: мазмуни моддӣ дошта бошад: он натиҷаи меҳнат ва манфиатнокӣ бошад;талаботи инсонро қонеъ гардонад, моҳияти он пешакӣ дарк карда шуда ба мақсади муайян истифода карда шавад; бахуд хос қиммат дошта бошад ва таносубан ба чизи дигар мубодила шуда тавонад.
Боядтазаккур дод, ки дар илми иқтисод шакл ва намудҳои гуногуни неъматҳо тавсиякарда мешаванд. Аз нуқтаи назари маҳдуд будан нисбат ба эҳтиёҷу ниёзҳои мардум,неъматҳоро ба неъматҳои иқтисодӣ ва фаровон буданашон- ба неъматҳоиғайрииқтисодӣ тақсим мекунанд.
Таҳтинеъматҳои иқтисодӣ теъдод ва манфиатнокии чизҳое фаҳмида мешаванд, ки дар ҳаётивоқеӣ захираҳои онҳо маҳдуданд ва барои қонеъ гардонидани талаботи ҷамъият кофӣнестанд. Онҳо ба ҷумлаи неъматҳои нодиру комёб дохил карда мешаванд.
Таҳти неъматҳои ғайрииқтисодӣ неъматҳое фаҳмидамешавад, ки талаботи рузмарраи аҳолиро мустақим ё ғайримустақим қонеъмегардонанд. Вале аз сабаби зиёд ва фаровон будани захира ва шумораашон қадруқиммат надоранд (масалан, об, ҳаво, санг, хок, алаф…). Ҳадду ҳудуд байни онҳо вуҷуд надорад ва якеба дигаре табдил ёфта наметавонад. Масалан, об ҳамчун захираи иқтисодӣ нисбатанфаровон аст ва аз ин боис он неъмати ғайрииқтисодӣ дониста мешавад, вале ҳаминоб дар ҳолати сафар, дар биёбону коинот будан ба чизи нодир табдил меёбад ватилло тоҳатто назди он қадр надорад. Дар ин ҳолат он аз неъмати ғайрииқтисодӣ ба неъмати иқтисодӣ табдилмеёбад