Мафҳум ва сарчашмаҳои ҳуқуқи гумрукӣ

Мафҳуми ҳуқуқи гумрукӣ. Ҳуқуқи гумрукӣ соҳаи мустақили комплексии ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ танзим менамояд.

Фаъолияти гумрукӣ – маҷмӯи усулҳо ва воситаҳои таъмини риояи тадбири танзими гумрукию тарифӣ, мамнӯият ва маҳдудитҳоеро дар бар мегирад, ки мувофиқи қонунгузории ҶТ дар соҳаи танзими давлатии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ вобаста бо интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ муқаррар шудааст[1].

Ба ақидаи Раҷабов М.Н.[2] фаъолияти гумрукиро сиёсати гумрукӣ, инчунин тартиб ва шартҳои аз сарҳади гумрукӣ гузаронидани мол ва воситаҳои нақлиёт, ситонидани пардохтҳои гумрукӣ, барасмиятдарории гумрукӣ, назорати гумрукӣ ва воситаҳои дигари дар амал татбиқ намудани сиёсати гумрукӣ ташкил медиҳанд.

Предмети ҳуқуқи гумрукӣ. Предмети ҳама гуна соҳаи ҳуқуқ доираи он муносибатҳои ҷамъиятие мебошанд, ки бо меъёрҳои он соҳаи ҳуқуқ ба танзим дароварда шудаанд. Предмети ҳуқуқи гумрукӣ – ин он муносибатҳои ҷамъиятие мебошанд, ки хусусияти комплексӣ дошта, дар рафти ба амал баровардани фаъолияти гумрукӣ пайдо мешаванд[3].

Предмети ҳуқуқи гумрукӣ танзимгари чунин муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад:

  1. Муносибатҳои ҷамъиятӣ дар алоқамандӣ бо ташкили фаъолияти гумрукӣ;
  2. Муносибатҳои ҷамъиятӣ алоқаманд бо интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии ҶТ;
  3. Муносибатҳои ҷамъиятӣ алоқаманд бо танзимнамоии низомҳои гумрукӣ;
  4. Муносибатҳои ҷамъиятӣ алоқаманд бо ситонидани пардохтҳои гумрукӣ;
  5. Муносибатҳои ҷамъиятӣ алоқаманд бо амалиёти пешакӣ;
  6. Муносибатҳои ҷамъиятӣ алоқаманд бо барасмиятдарории гумрукӣ;
  7. Муносибатҳои ҷамъиятӣ алоқаманд бо назорати гумрукӣ нисбати мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии ҶТ;
  8. Муносибатҳои ҷамъиятӣ алоқаманд бо назорати асъорӣ;
  9. Муносибатҳои ҷамъиятӣ алоқаманд бо пешбурди омори гумрукӣ ва номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии беруна;
  10. Муносибатҳои ҷамъиятие, ки алоқаманданд бо содиршавии ҷиноят дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ;
  11. Муносибатҳои ҷамъиятие, ки алоқаманданд бо содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ;
  12. Муносибатҳои ҷамъиятие, ки алоқаманданд доир ба шикоят аз ҳаракат ва қарорҳои мақомоти гумрукии ҶТ;
  13. Муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки алоқаманд бо ташкили хизмати давлатӣ дар мақомоти гумрукӣ ва ғ[4].

Ҳамин тариқ, предмети ҳуқуқи гумрукӣ танзимгари муносибатҳои ҷамъиятие мебошад, ки бо сохтори фаъолияти гумрукӣ алоқаманд аст.

Методҳои ҳуқуқи гумрукӣ. Методҳои ҳуқуқи гумрукӣ гуфта он роҳу восита ва тарзҳоеро меноманд, ки ба воситаи онҳо ҳуқуқи гумрукӣ омӯхта мешавад.

Ба методҳои ҳуқуқи гумрукӣ инҳо дохил мешаванд:

  1. Методи императивӣ (методи танзимнамоии ҳуқуқи маъмурӣ);
  2. Методи диспозитивӣ (методи танзимнамоии ҳуқуқи гражданӣ)[5].

Ин ду методи танзимнамоии ҳуқуқӣ мазмунан тамоми нишонаҳои таъсиррасонии гумруки-ҳуқуқиро ба муносибатҳои ҷамъиятӣ дар бахши гумрук ифода менамоянд[6]. Методи танзимнамоии маъмурӣ-ҳуқуқӣ ба муносибати ҳокимият ва тобеияти тарафҳо, нобаробарии онҳо ва ифодаи иродаи яктараф асос ёфтааст. Он дар муқаррар намудани нишондод, манъ кардан, маҳдуд кардан ва иҷозат додан ифода меёбад. Методи танзимнамоии гражданӣ-ҳуқуқӣ ба принсипи баробарҳуқуқии тарафҳо асос ёфта, аз принсипи «иҷозат дода шудааст он чизе, ки манъ нагардидааст» бармеояд.

Функсияҳо, вазифаҳо ва мақсадҳои ҳуқуқи гумрукӣ.

Функсияҳои ҳуқуқи гумрукӣ инҳоянд:

  • Функсияи танзимнамоӣ;
  • Функсияи ҳифзи ҳуқуқӣ[7].

Вазифаҳои ҳуқуқи гумрукӣ инҳоянд:

  • Таъмини меъёрию ҳуқуқии сиёсати гумрукии ҶТ;
  • Ба тартиб даровардани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқи гумрукӣ;
  • Барқарор кардани ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қоидаҳои гумрукӣ[8].

Мақсадҳои асосии ҳуқуқи гумрукӣ инҳоянд:

  1. Ташкили шароитҳо оиди фаъолияти дурусти мақомоти гумрукӣ ва дигар мақомоти давлатӣ дар амалӣ гардонидани фаъолияти гумрукӣ ва инкишоф додани он;
  2. Таъмини асосҳои илмии ташкили низоми гумрукӣ, муттаҳид сохтани сохторҳои гумрукӣ, таъмини ба амалбарории сиёсати гумрукӣ;
  3. Ташкили шароити муътадил баҳри таъмини манфиатҳои қонунӣ ва озодиҳои шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар вақти амалӣ гардонидани фаъолияти гумрукӣ, таъмини риояи ҳуқуқ ва иҷроиши ӯҳдадориҳои шаҳрвандони ҶТ ва дигар ашхос дар вақти иштирок дар муносибатҳои ҳуқуқи гумрукӣ;
  4. Таъмини истиқлолияти иқтисодӣ ва бехатарии иқтисодии ҶТ, ҳифзи бозори дохилӣ, инкишофи иқтисоди миллӣ ва мусоидат кардани робитаҳои иқтисодии ҶТ бо хоҷагии ҷаҳонӣ[9].

Принсипҳои ҳуқуқи гумрукӣ. Принсипҳои ҳуқуқи гумрукӣ асосҳои роҳбарикунандае мебошанд, ки дар рафти ба амал баровардани фаъолияти гумрукӣ хизмат менамоянд.

Принсипҳои ҳуқуқи гумрукӣ ба ду намуд ҷудо мешаванд:

  1. Принсипҳои умумӣ;
  2. Принсипҳои махсус[10].

Принсипҳои умумии ҳуқуқи гумрукӣ гуфта он асосҳои роҳбарикунандаеро меноманд, ки дар тамоми бахшҳои ҳуқуқи гумрукӣ истифода бурда мешаванд. Ба принсипҳои умумии ҳуқуқи гумрукӣ инҳо шомил мебошанд:

  • Принсипи қонуният;
  • Принсипи демократизм;
  • Принсипи эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон;
  • Принсипи ҳамоҳангсозӣ ва робитаи тарафайни мақомоти давлатӣ;
  • Принсипи инсондӯстӣ;
  • Принсипи маҳдуд насохтан;
  • Принсипи шароити мусоид;
  • Принсипи бартарии меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ аз меъёрҳои ҳуқуқи дохилидавлатӣ;
  • Принсипи баробарҳуқуқӣ ва ҳимояи судии ҳуқуқи субъективӣ, ҷавобгарӣ барои гуноҳи рафтори зиддиҳуқуқӣ[11].

Принсипҳои махсус гуфта он асосҳои роҳбарикунандаи меноманд, ки махсус дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ истифода бурда мешаванд. Ба принсипҳои махсуси ҳуқуқи гумрукӣ инҳо дохиланд:

  • Принсипи ҳифзи бехатарии давлатӣ ва ҷамъиятӣ;
  • Принсипи ҳифзи манфиатҳои иқтисодии давлат;
  • Принсипи ягонагии қаламрави гумрукӣ;
  • Принсипи ягонагии пардохти гумрукӣ;
  • Принсипи тафриқа дар танзими ҳуқуқии низомҳои гумрукӣ;
  • Принсипи дар қонунгузории гумрукӣ муттаҳид сохтани меъёрҳои материалисӣ, мурофиавӣ ва протседурӣ[12].

Принсипҳои ҳуқуқи гумрукӣ дар Кодекси гумрукӣ бо номи «Принсипҳои асосии интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ» низ мустаҳкам гардидаанд[13].

Сарчашмаҳои ҳуқуқи гумрукӣ. Дар зери мафҳуми сарчашмаҳои ҳуқуқи гумрукӣ шакли зоҳирии ифодаёбӣ ва мустаҳкамкунии меъёрҳои ҳуқуқи гумрукӣ фаҳмида мешавад. Ё ин ки, дар зери мафҳуми сарчашмаҳои ҳуқуқи гумрукӣ санадҳои ҳуқуқии меъёрии мақомоти гуногуни давлатӣ фаҳмида мешавад, ки дар онҳо меъёрҳои ҳуқуқи гумрукӣ (қоидаҳои умумии рафтор дар бахши гумрук) муқаррар карда шудаанд[14].

Сарчашмаи ҳуқуқи гумрукӣ гуфта намудҳои гуногуни асноди ҳуқуқии қабулнамудаи мақомоти давлатӣ фаҳмида мешавад, ки меъёрҳои ҳуқуқи гумрукиро доири рафтори ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ барқарор сохтаанд[15].

Хусусиятҳои сарчашмаҳои ҳуқуқи гумрукӣ инҳоянд:

  • Дар ҷараёни эҷод намудани меъёрҳои ҳуқуқи гумрукӣ мақомоти гуногуни давлатӣ иштирок менамоянд.
  • Асноди ҳуқуқи гумрукӣ дар якҷоягии мақомотҳои давлатӣ амалӣ гардонида мешаванд[16].

Низоми сарчашмаҳои ҳуқуқии гумрукӣ чунин аст:

  • Санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ (қонун ва санадҳои зериқонунӣ);
  • Шартномаҳои байналхалқӣ (шартномаҳои байналхалқии бисёртарафа ва дутарафа дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ)[17].

Намудҳои сарчашмаҳои ҳуқуқи гумрукӣ инҳоянд:

  1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  2. Қонунҳо дар бахши фаъолияти гумрукӣ;
  3. Санадҳои ҳуқуқи байналхалқие, ки ҶТ онҳоро дар бахши фаъолияти гумрукӣ эътироф кардааст;
  4. Санадҳои зериқонунӣ дар бахши фаъолияти гумрукӣ.

[1] Ниг.: Моддаи 1 Кодекси гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2006. – С. 6.[2] Ниг.: Раҷабов М.Н. Ҳуқуқи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Васоити таълимӣ. Муҳаррири масъул, ҳуқуқшиноси шоистаи ҶТ, д.и.ҳ., проф. Ш.М. Менглиев. – Душанбе, 2001. – С. 5.[3] Ниг.: Таможенное право России (конспект лекций). Автор-составитель: А. Желудков. – М.: «Приор», 1999. – С. 7.[4] Ниг.: Раҷабов М.Н. Васоити таълимии зикршуда. – С. 12.[5] Ниг.: Раҷабов М.Н. Васоити таълимии зикршуда. – С. 13.[6] Ниг.: Таможенное право России (конспект лекций). Автор-составитель: А. Желудков. – М.: «Приор», 1999. – С. 8.[7] Ниг.: Раҷабов М.Н. Васоити таълимии зикршуда. – С. 13.[8] Ниг.: Ҳамон ҷо.[9] Ниг.: Раҷабов М.Н. Васоити таълимии зикршуда. – С. 14.[10] Ниг.: Ҳамон ҷо. – С. 15.[11] Ниг.: Раҷабов М.Н. Васоити таълимии зикршуда.- С. 15; Таможенное право России (конспект лекций). Автор-составитель: А. Желудков. – М.: «Приор», 1999. – С. 10-11.[12] Ниг.: Ҳамон ҷо.[13] Ниг.: Боби 2 (моддаҳои 11-16) Кодекси гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2006. – С. 14-16.[14] Ниг.: Таможенное право России (конспект лекций). Автор-составитель: А. Желудков. – М.: «Приор», 1999. – С. 13.[15] Ниг.: Раҷабов М.Н. Васоити таълимии зикршуда – С. 27.[16] Ниг.: Раҷабов М.Н. Васоити таълимии зикршуда – С. 27.[17] Ниг.: Ҳамон ҷо. – С. 28.
333
Нет комментариев. Ваш будет первым!