Бозори омилхои истехсолот
Бозори омилҳои истеҳсолот»
1.Замин -ҳамчун омили истеҳсолот
2.Соҳибкори -ҳамчун омилиистеҳсолот
Замин ҳамчун омили истеҳсолот.
Замин, новобаста ба сират ва хусусиятҳоимушаххаси низомҳои иқтисодӣ , моликиятва шаклу намуди соҳаҳои хоҷагии халқ, ҳамчун шакли умдатарини тавлидоти моддӣ,предмет ё худ воситаи меҳнат (воситаи истеҳсолот) хизмат мекунад.
Хусусиятиистифодаи замин тибқи ашқоли моликият муайян карда мешавад. Дар ин асос шаклҳоигуногуни моликият ва хоҷагидорӣ (деҳқонӣ, инфиродӣ, фермерӣ, иҷоравӣ,иттиҳодияҳои аграрӣ…)-ро фарқ мекунанд.
Муносибатҳоиҳуқуқии истифодаи замин ҳамчун объекти хоҷагидорӣ аз ҷониби давлат муайян ватанзим карда мешавад. Масалан, дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳоиислоҳоти замин- муҳайё намудани шароитбарои тараққиёти баробарҳуқуқии шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ дар замин,ташаккули иқтисодиёти бисёрҷанба, сарфаи истифодаи замин, ҳифзи он, маҷмӯичорабиниҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилию техникӣ ва ғайра муайян карда шудаанд.
Истифодаизамин ба мақсадҳои гуногун (сохтмони манзил, корхонаю муассиса, роҳ, кишту кор)истифода мегардад. Он ҳам бошад, тибқи шакли ҳукмронии моликият- мурат мегирад. Масалан, дар шароити низоми иқтисоди амрӣ заминмоликияти давлатӣ буда, барои истифода ба колхозу совхозҳо ва аҳолӣ мувақатанба иҷора дода мешавад.
Дар мазмуни фаррох, замин ҳумчун омилиистифодаи участкаҳои корам, корношоям, маъданҳои зеризаминӣ, неъматҳои руизамин (об,ҷангал, растанӣ) ва ғр-ро дар бар мегирад. Ҳаҷм ва доираи он маҳдуд аст. Инсон тибқи дархостихуд ҳаҷми заминро васеъ гардонида наметавонад ва дар ин мазмун маҷбур аст, китарзҳои қулайтарин ва пурсамари хоҷагидориро истифода кунад.
Истифодаи замин ҳамчун омилиистеҳсолот, асосан, истифодаи онро дархоҷагии қишлоқ ба ҳайси тавлиду неъматҳо дар назар дорад.
- Соҳибкорӣ ҳамчун омили истеҳсолот.
Тибқи соҳибкорӣ -феълан фаъолияти зеҳнии як ё якчанд одамоне,ки маҳорат, қобилият, маблағҳои пулӣ ва ҳамагуна захираҳои мавҷудаи худро дар асос ва арзаи илми муосиримаркетинг ва менеҷмент фаъолияти истеҳсолии худро ташкил ва пеш мебарад.
Соҳибкорӣ ҳамчун фаъолияти махсусиинсон оиди фароҳам овардани шароит барои ба ҳам пайваст кардани меҳнату сармоява дар асосии таваккалӣ ташкил кардани бизнес тасавур карда мешавад.
Фаъолияти соҳибкорӣ таҳти услубҳои:ташаббус, таваккалӣ, тадбиркории озод, яъне интихоби озоди захираҳои иқтисодӣ,истеҳсоли молҳои дилхоҳ, фурухтан,хизматрасонӣ, ташкил кардани даромад, озодона ва ба таври дилхоҳ тақсим карданионҳо ташкил карда мешавад. Шаклҳои гуногуни соҳибкориро фарқ менамоянд: соҳибкории истеҳсолӣ, тиҷоратӣ,молиявӣ, бунёр кардани корхонаҳои хурд,корхонаҳои саҳҳомӣ, иҷоравӣ, кооперативӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерӣ ва ғр.
Дар илми иқтисод аксар вақтсоҳитбкориро ҳамчун шакли махсуси хоҷагидорӣ, ки хислати хоси иқтисоди бозорӣмебошад, тасаввур мекунанд.
Соҳибкорӣ, асосан дар соҳаиистеҳсолот, тиҷорат ва молия бештар истифода карда мешавад. Аз ин ҷиҳат шаклҳоигуногуни онро фарқ мекунанд: соҳибкории истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ. Бунёдкрадани корхонаҳои хурд, корхонаҳои саҳҳомӣ, иҷоравӣ, кооперативӣ, хоҷагиҳоидеҳқонӣ, фермерӣ ва ғайра
Новобста ба шаклу намуд, нақшу мақом,сатҳ ва мавзеи ҷойгиршавӣ соҳибкорӣ барои иҷрои чунин вазифаҳо омода кардамешавад:
– ботаври инқилобӣ гузаронидани ислоҳотҳо, такмил ва ривоҷу равнақ додани раванди истеҳсолот;
-истифодакардани кашфиётҳои илму техника, ихтироотҳову навовариҳо ва дар ин асос ба роҳмондани истеҳсоли намудҳои нави молҳо ва хизматрасонӣ;
-ҷустуҷӯироҳҳои нав ба нави фаъолияти хоҷагидорӣ,гирифтани фоида, таъмин кардани корхона бо захираҳои зарурии иқтисодӣ, алоқаибайни коллектив, коллективу харидор ва фурӯшанда, озодии соҳибкорӣ вамаблағгузорӣ.
Бояд дар назар дошт, ки ҳар як омил надар алоҳидагӣ, балки дар якҷоягӣ, дар алоқамандии мутақобила, дарҳамдигаривазкунӣ, офаридани хусусиятҳои ҳархелаи арзишҳои истемолӣ аз ҳисоби ин ё он омил вағр тасаввур карда мешавад. Ба ин мақсад, функсияи истеҳсолии тамсилаи омилҳо истифода карда мешавад:
Q=Q (L,K,M,T…)
Дар ин ҷо: Q- ҳаддиаксар (максимали)-и тавлиди маҳсулот;
L,K,M,T- омилҳои истеҳсолот: меҳнат, сармоя, капитал,материал, дараҷаи техники истеҳсолот ва ғр.