Такрористеҳсолии инфиродӣ, нақш ва мақоми он дар иқтисодиёт
Фондҳои асосӣ ва гардон
Саволҳо: 1.Нақши фаъолияти такрористеҳсолии инфиродӣ дар
иқтисодиёт
2.Фондҳои асосӣ ва гардонФаъолияти соҳибкорӣ, тиҷоратӣ ва фаъолияти бизнес бидуни фаъолияти истеҳсолӣ имконнопазир аст. Охирон, унсури муҳимтарини фаъолияти хоҷагиҳои инфиродӣ, коллективӣ, хоҷагиҳои рафиқона ва ғайра мебошад. Фаъолияти шакл ва намудҳои ҳуқуқии хоҷагидорӣ дар чорчӯбаи истифодаи омилҳои истеҳсолот (сармоя, меҳнат, замин соҳибкорӣ, иттилоот…) сурат мегирад. Истифодаи охирон амалиёти яклаҳзагӣ набуда, он ба таври доимӣ ва мунтазам ташкил ва аз нав ташкил карда мешавад. Ин ҷараён зина ва давраҳои мураккаб ва пурпечутоби фаъолияти бизнесро дар бар мегирад.
Раванди ташкили истеҳсолот сирати айнӣ (объективӣ) дошта, тибқи тақозои «дастҳои ноаён» (қонунҳои иқтисодӣ) ба роҳ монда мешавад. Ин ҷараён дар доираи ҳар як субъекти иқтисодӣ (фирма корхона ширкат…) бо таври инфиродӣ (индивидуалӣ) таҷдид карда мешавад.
Ҷараёни паи ҳам, доимӣ ва мунтазам ташкил карда шудани тавлидот дар доираи фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ, яъне раванди бомаҳсул бо ҳам пайваст ва истифода карда шудани омилҳои истеҳсолот, ба мақсади тавлиди неъматҳову хадамот, гирифтани даромад ва дар ин асос қонеъ гардонидани тақозои инсонро- такрориистеҳсоли инфиродии корхона меноманд.
Азбаски инсон ба чизҳои истеъмолӣ ва ба тақозои агентҳои иқтисодӣ нисбат ба воситаҳои истеҳсолот интиҳо надорад, бинобар ин раванди инфиродии такрористеҳсол аз нав эҳё ва густариш дода мешавад. Ин тарзи одии таҷдиди истеҳсолот, асосан барои низомҳои суннатӣ ва давраи рушди тоиндустриалӣ хос мебошад. Барои низоми иқтисодии бозорӣ (капитализм) такрористеҳсоли васеъ хос аст.
Такрористеҳсоли васеъ на танҳо аз нав таҷдид гардидани воситаҳои истеҳсолот сармоя ва қувваҳои коргариро дар шакли пештара, балки раванди аз нав тақсимшавии фоида ва ба мақсади ба даст овардани сармояи илова ва қувваи коргарии иловаро тақозо менамояд.
Аз ин нигоҳ, раванди доимию паи ҳам такроршавӣ ва нисбат ба ҳаҷми пештара афзояндаи доираи истеҳсолотро васеъ менамоянд. Охирон, хислати хоси иқтисоди бозорӣ ва мақсади ниҳоии фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Мавҷуд будани шакл ва намудҳои корхона ва фаъолияти соҳибкориву бизнес маҳз аз мавҷуд будани раванди такрористеҳсоли васеъ шаҳодат медиҳад.
Фирма барои ташкил кардани раванди тавлиди неъатҳову хадамот, дар ихтиёри худ як миқдори муайяни сармояи ибтидоӣ бояд дошта бошад. Ин сармоя, одатан дар ду шакл: 1. Шакли моддӣ (натуралӣ) ва 2. Шакли пулӣ мавҷуд буда метавонад.
1).Дар шакли моддӣ, сармоя ҳамчун воҳидҳои асосии омилҳои истеҳсолот- дастгоҳ, таҷҳизот, бино, иншоот, ашё, материал, нимфабрикат ва ғайра ташкил карда мешавад. Онҳо, бевосита дар бозори сармоя таҳти тақозо ва арзаи бозорӣ ба даст оварда мешаванд.
Дар шароити бозор захираҳои молиявии корхона, сарчашмаҳои сармоягузорӣ ва дигар воситаҳои пулию қарзии корхона, ки онҳо дар бозори молия ҳамчун сармояи пулӣ маълуманд, ба сифати сармоя эътироф карда мешаванд.
Бинобар ин бояд тазаккур дод, ки фаҳмиши сармоя (ҳамчун манобеъи муҳимтарини такрористеҳсоли васеъ) нисбатан мураккаб буда, оиди он дар адабиёти иқтисодӣ ҳамдигарфаҳмӣ дида намешавад. Масалан, аз диди иқтисодии сиёсии марксистӣ таҳти «сармоя»- омилҳои моддии истеҳсолот тасаввур карда мешавад. Он воситаҳое, ки капиталист бо ёрии он синфи коргарро истисмор намуда, арзиши изофа ба даст меорад. Ба он ҳамчун омили истеҳсолот ҳамаи захираҳои истеҳсолот: завод, таҷҳизот, дастгоҳ, роҳҳо, ашё, материал, стансияҳои баркӣ ва ғайраро ворид мекунанд. Маҳз ин захираҳо захираҳои сармоягузорӣ (инвеститсионӣ) ба ҳисоб мераванд, ки раванди такрористеҳсоли инфиродиро ба ҳаракат медароранд.
Талабот ба сармоя дар бозори омилҳои истеҳсолот, ҳамчун тақозои имконпазири фирма, ба сармояи воқеӣ сурат мегирад. Охирон, аз ҳаҷм ва таркиби воситаҳои инвеститсионӣ (сармоягузори)-и фирма вобаста мебошад.
Тақозо ба сармоя ҳамчун тақозо ба воситаҳои сармоягузорӣ барои харидани воситаҳои асосӣ зуҳур мегарданд. Сармояи ибтидоӣ барои ба қайд гирифтани корхона, кушодани сарҳисоб дар бонкҳо, харидани биною иншоотҳо, ё худ истифодаи онҳо ҳайси иҷора, таъмир, азнавсозӣ ва пардози онҳо, харидани воситаҳои нақлиёт, таҷҳизот, асбобу анҷом, патенту литсензияҳо, навоварию ихтироотҳо ва ғайра истифода карда мешавад.
Ба ғайр аз масрафоти асосӣ, корхона ба мақсади рупӯш кардани хароҷотҳои ҷорӣ: харидани ашё, материал, сӯзишворӣ,қувваи барқ, иҷорапулӣ, ҳаққи меҳнат, ҳиссаҷудокунӣ ба фондҳои иҷтимоӣ, суғурта, нафақа ва ғайра маблағ ҷудо мекунад.
Аз ин ҷо хулоса бар меояд, ки сармояи дар ибтидо масрафшавандаим корхона, бояд талаботи соҳибкорро дар хусуси сармояи асосӣ ва сармояи гардон, яъне подош кардани фондҳои истеҳсолӣ (асосӣ ва гардон), музди кор ва хароҷот барои идора ва дигар хароҷотҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ қонеъ гардонад. Воситаҳои дар ихтиёри корхона мамҷуд бударо ба таври зерин чунин тасвир кардан мумкин аст:
Воситаҳо ба: 1) Воситаҳои асосӣ ва 2) воситаҳои гардон тақсим мешавад
Ва дар навбати худ ин воситаҳо ба
- Фондҳои асосии истеҳсолӣ 3)Фондҳои гардони истеҳсолӣ
- Фондҳои ғайриистеҳсолӣ 4)Фонди муомилот
ҷудо карда мешавад.
Таносуби оқилона истифода шудани онҳо аз шакли ташкилию ҳуқуқии соҳибкорӣ, дархосту тақозои хоҷагӣ ва бозор вазъ ва инкишофи иқтисоди бозорӣ (омилҳои объективӣ (айнӣ) ва қобилияти соҳибкорӣ, имконияти шахсӣ ва вазъи аҳволи соҳибкорон (омилҳои субъективӣ, вобаста мебошад.
- Фондҳои асосӣ ва гардон.
Сармояи асосӣ (фондҳои асосӣ), қисми сармояи маҳсулдеҳи корхона мебошад, ки арзиши худро дар давоми сикли пурраи такрористеҳсол, қисм ба қисм ба маҳсулоти тайер гузаронида, бо тадриҷ дар шакли пул ба молики худ бар мегардад.
Дар амалияи хоҷагидории мо, сармоя аз ду нуқтаи назар: арзишӣ (пулӣ) ва шакли натуралӣ ҳисобу китоб карда мешавад. Дар шакли молию чизӣ (натуралӣ) ба сармояи асосӣ (фондҳои асосӣ) биноҳои асосӣ, иншоотҳо, мошин, таҷҳизот воситаҳои нақлиёт ва ғайра дохил карда мешаванд. Фонедҳои асосӣ дар шакли пулӣ ҳамчун арзиши ҳамаи унсурҳои номбар кардашуда, ки дар баланси (тарози) корхона таҳти «воситаҳои асосӣ» маълуманд тасниф карда мешаванд.
Фондҳои асосӣ аппарати истеҳсолии ҳар як фирмаву ширкатро ташкил медиҳад. Вобаста ба он, неруи истеҳсолӣ ва дараҷаи техники истеҳсолот ( корхона) муайян карда мешавад.
Аз боиси он ки дар ҳавзаи истеҳсолоти моддӣ соҳаҳои гуногун ва дар ҳар яке аз онҳо даҳҳо ва ҳазорҳо корхонаҳо амал мекунанд, бинобар ин таркиби фондҳо низ дар доираашон ҳархела ташкил мегарданд. Масалан, дар соҳаҳои металлургӣ, мошинсозӣ, металлкоркадабарорӣ, нафту химия, электроэнергетика… вазни қиёсии биною таҷҳизот, дастгоҳу мошин ва ғайра бартарӣ доранд. Дар соҳаи кишоварзӣ бошад, баръакс- замин, иншоотҳо, яъне предметҳои меҳнат, дар корхонаҳои саноати сабук- ашё, материал, дар соҳаи алюминий (арзис)- ашё, қувваи барқ ва ғайра бартарӣ доранд. Аз ин ҷиҳат таркиби технологии фондҳои истеҳсолӣ , ҳамчун таносуби намудҳои гуногуни фондҳои асосӣ нисбат ба арзиши фондҳои умумӣ, дар доираи ҳар як корхона ҳархела сурат мегирад.
Қисми олотҳои меҳнат- мошинҳои корӣ, таҷҳизот, ки мустақиман дар раванди тавлидот фаъолона иштирок намуда, ба самаранокии истеҳсолот таъсири мусбат мерасонанд, аз ин сабаб онҳоро фондҳои фаъол меноманд.
Қисми дигари фондҳо, масалан, биноҳои истеҳсолӣ, иншоотҳо афзалтар дар сифати шароити меҳнат хизмат менамоянд ва мӯътадил давом кардани раванди тавлидотро таъмин менамоянд. Онҳо нисбатан нофаъол, ё худ ғайримустақим ба самаранок истифода кардани фондҳои асосӣ таъсир мерасонанд. Аз ин ҷабҳа онҳоро фондҳои пассив (нофаъол) меноманд. Онҳо ҳамчун шароити моддии истеҳсолот хизмат намуда, мустақиман тавлиди неъматҳову хадамот иштирок намекунанд.
Масъалаи самаранок истифода бурдани фондҳои асосӣ барои соҳибкор, масалаи ҷиддӣ мебошад. Беҳтар истифода кардани фондҳои истеҳсолӣ, ҳосилнокию шиддатнокии меҳнатро баланд бардошта, хароҷоти корхонаҳоро паст мегардонад.
Яке аз роҳҳои баланд бардоштани самаранокии фондҳо- боздеҳи фондҳо мебошад.
Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолкардашуда
Бф _________________________________ х 100 %
Ҳаҷми фондҳои асосии истеҳсолӣ
Нишондиҳандаи боздеҳи фонд алоқамандии миқдории байни маҳсулоти тавлидшуда ва ҳаҷми фондҳои асосии истеҳсолии корхонаро ифода мекунад.
Зиёд шудани ҳаҷми боздеҳи фонд аз кам шудани масрафи корхона, сармоягузорӣ ба фондҳои асосии истеҳсолӣ ба ҳисоби ҳар як воҳиди маҳсулот ва хароҷоти истеҳсолот дарак медиҳад.
Нишондиҳандаи акси боздеҳи фонд, фондғунҷоиш ном дорад.
Ҳаҷми фондҳои асосӣ 1
Фғ _________________________________ =
Ҳаҷми маҳсулоти асосии истеҳсолӣ Бф
Фондҳои гардон, ҳамчун ҷузъи муҳимтаринги фондҳои истеҳсолии корхона мебошанд. Онҳо дар ҳар як давраи истеҳсолӣ (гирдгардиш) пурра истифода карда мешавад. Дар раванди тавлидот шакли натуралии ашёии ъхудро гум карда, арзишашонро пурра ба маҳсулоти тавлид карда мегузаронанд.
Фондҳои гардон аз захираҳои истеҳсолӣ, яъне ашёи хом, материалҳои асосиву ёрирасон, қисмҳои эҳтиётӣ барои таъмири ҷорӣ, сузишворӣ ва ғайра ташкил меёбанд.
Маҳсулоти нотамом (нимфабрикатҳо), предметҳои меҳнат, ки дар ҷараёни бевоситаи тавлид қарор дорад, хароҷоти давраҳои оянда ва аз худ кардани маҳсулоти нав низ ба таркиби фондҳои гардон дохил карда мешаванд.
Таҷрибаи хоҷагидории мамлакатҳои мутараққии ҷаҳони муосир аз он гувоҳӣ медиҳад, ки бо мурури ботадриҷ инкишоф ёфтани илму техника, технология, автоматикунонии истеҳсолот, намудҳои навтарини ашёву материал, энергия ва ғайра ба вуҷуд оварда мешаванд. Онҳо бешубҳа таркиб ва равияи истифодаи материалҳои асосӣ ва ёрирасонро тағйир медиҳанд. Дар ин ҷода ашёҳои навтарини ғайритабиӣ, яъне ашёҳои сунъии кинтетикии ивазкунандаи ашёҳои табии, маҳсулоти саноати химия, намудҳои нав ва қулайтарину арзони энергия ва сӯзишворӣ ва ғайра нақш ва мақоми махсус пайдо мекунанд.
Фондҳои гардон тақрибан ¼ ҳиссаи кули фондҳои асосии истеҳсолии саноатро ташкил медиҳанд. Вазни қиёсии онҳо дар хароҷоти ҷории истеҳсоли маҳсулот зиёда аз 80 сад дар садро ташкил медиҳад.
Фондҳои гардони корхона бидуни фонди муомилот имконнопазир мебошанд. Фондҳои муомилот аз маблағҳои умумии пулӣ ва молҳое, ки барои фурӯш пешниҳод карда мешаванд иборатанд.
Фондҳои муомилот ҳамчун захираҳои маҳсулоти тайёри фурухтанашуда ва воситаҳои сармоягузорие, ки барои харидани ашё, масолеҳ, сӯзишворӣ, адои ҳаққи меҳнат ва ғайра заруранд, бунёд карда мешаванд.
Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти фондҳо (сармоя)-и гардон, хароҷоти корхонаро оиди идора ва танзими кули воситаҳои пулӣ ( нақд, бидуни нақдӣ)-и дар хазинаи корхона мавҷуд буда ё худ дар сарҳисоби дар бонк доштаи корхона тасаввур мекунанд. Ба он арзиши қоғазҳои зудфурухташавандаи қимматнок, қарзи кӯтоҳмӯхлати кредиторӣ ва дебиторӣ, активу пассиву ҷорӣ, ӯҳдадориҳои кӯтоҳмӯхлат ва ғайра дохил карда мешаванд.
Суръати гардиши фондҳо, албатта дар доираи ҳар як давраи гардиш, вобаста ба омилҳои бозор ва омилҳои истеҳсолот ва хислатҳои соҳа, алалхусус хоҷагии қишлоқ, ки табиатан дар он ҷо гирифтани ҳосил дар давоми сол як маротиба имконпазир аст,ҳархела ба роҳ монда мешавад. Аз ин сабаб К.Маркс чунин формулаи ҳисобу китоби суръати гардиши сармояро тавсиф менамояд.
n = O/о
дар ин ҷо:
n- миқдори гардиш;
О- давомнокии сол (12 моҳ);
- Вақти гардиши сармояи мазкур.
Ба кам кардани вақти муомилот ва баланд бардоштани самараи истеҳсолот чунин омилҳо таъсир мерасонанд; ҳаҷми тақозою арза, нарх, рақобат, кам кардани вақти боркашонӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулот, беҳтар ташкил кардани ташкили савдо, ҳаҷми бозор, қобилияти харидории мизоҷон ва ғайра.