Назарияи истехсолот
Назарияи истеҳсолот. Истеҳсолоти ҷамъиятӣ.Аҳамияти истеҳсолот ва шакли зуҳуротион
1. Назарияи истеҳсолот.Аҳамияти истеҳсолот ва шаклҳои
зуҳуроти он.
2.Омилҳова имкониятҳои истеҳсолот.
1. Вуҷуддоштани ҷамъияти инсонӣ бе истеҳсолот номумкин аст. Чунки барои инсон мувозин нигоҳдоштан ва барқарор кардани воситаҳоизарурии ҳаёти худ, эҳтиёҷ ба неъматҳои гуногун – хурока, пушока, доруворӣ,молу маҳсулот, сару либос, хонаву ҷой, нақлиёт, воситаҳои рузғор дорад. Инсонбо дастони худ он неъматҳое, ки барои ӯ зарур аст, аз табиат ба шакли нимтайёргирифта онро меофарад. Офарандаи дасти инсонро истеҳсолот мегӯянд.Дар ҳар як маврид ба мақсадидархост намудан ва қонеъ гардонидани ниёзу эҳтиёҷи худ инсон ба табиат муроҷиат менамояд ванеъматҳои худододро истифода мекунад. Дар ин ҷо вай кор (фаъолият)-еро анҷоммедиҳадки он худ натиҷаи меҳнат мебошад. Маҳз меҳнат ва ақл табақаи инсонро аз қатори ҳайвонот ватайёрхурандаи табиат ҷудо кард. Меҳнат инсони иқтисодӣ ва охирон, истеҳсолотроба вуҷуд овард.Меҳнат- сарчашмаи ғизо ва ҳаракатдиҳандаи истеҳсолот суратгирифт. Хамин ақида аз ҷониби бузургони фарҳанги тоҷик А.Берунӣ, Абуали ибниСино, Закариёи Розӣ ва дигарон махсус қайд карда шудааст. Мувофиқи гуфтаҳоионҳо бидуни ақл ва меҳнат дар олам чизе ба даст намеояд. Вале худи меҳнат беистифодаи олот ва асбобу анҷом, худ азхуд неъмат намеофарад. Аз ин ҷиҳат хоҳ нохоҳ одам ба табиат таъсир расонида,онро шаклан дигаргун месозад ва барои рафъи муҳтоҷӣ ва тақозои худ мувофиқ мегардонад.
Меҳнат-амалиёти бошуурона ва мақсадноки фаъолияти инсон буда, бо ёрии он одамон неъматҳои моддию маънавӣ вахадамот ба вуҷуд меоранд. Ба ин мақсад онҳо кули дониш, малака ва маҳорати худробаҳри истифодаи захираҳои комёбу маҳдуди иқтисодӣ ва қонеъ гардонидани ниёзуэҳтиёҷҳои номаҳдуд ва беинтиҳои худистифода мекунанд.
Предметҳоимеҳнат- чизҳое мебошанд, ки одамонмустақиман ба онҳо ( бо воситаи кор,фаъолият, меҳнат) таъсир расонда хосиятҳои зохирии онҳоро барои тавлидинеъматҳои иқтисодӣ истифода мекунанд. Ба онҳо чизҳое, ки ба шакли тайёр азтабиат гирифта мешаванд (мева, моҳӣ, ангишт…) ё худ маводҳое, ки дубора зери таъсири меҳнати инсон қарормегиранд (пахта, ангишт, нафт, газ…) дохил мешаванд Он чизҳое, ки ба он меҳнатиинсон таъсир мерасонад ва минбаъд барои коркарди маҳсулоти навбатӣ истифодамегарданд, ашё, маводи хом ё худ нимфабрикатҳо меноманд. Табиат, замин ва дармазмуни фаррох- олами моро фарогиранда-унсурҳои умдаи пердмети меҳнат мебошанд.Онҳо ҳамчун манбаи моддии маҳсулотитайёр( дар оянда) хизмат карда метавонанд.
Воситаҳоимеҳнат- чиз ё гурӯҳи чизҳое мебошанд, ки инсон ба воситаи онҳо (дос,болға, бел, каланд, мошин, экскаватор…) ба предметҳои меҳнат (замин) таъсиррасонида, неъматҳову маҳсулот ва молухизматҳо тавлид менамояд. Онҳо нишондиҳандаи муҳимтарини дараҷаи инкишофиистеҳсолот мебошанд. Дар шароити ҳозиравоситаи меҳнат ҳамчун низоми пурраи истеҳсолоти мошинӣ (қисми корӣ), муҳаррик(двигатель), қисми вогузор (идоракунӣ), техникаи кибернетикӣ. Компютерикунониюавтоматикунонии истеҳсолот сурат мегиранд.Воситаҳои меҳнат ва предметҳои меҳнатдар якҷоягӣ- воситаҳои истеҳсолотро ташкил медиҳанд. Он дар адабиёти муосириғарб ҳамчун сармоя (капитал), молҳоисармоягузорӣ (инвеститсионгӣ) ё худ неъматҳои сармоявӣ ном бурда мешавад.
Дар илмииқтисодӣ омилҳои истеҳсолотро ҳамчунҳодисаҳои махсусу ҷудогонаи мансуби иқтисодиёт фарқ мекунанд. Ба омилҳоиистеҳсолот чор унсури асоси мансуб мебошад: меҳнат, замин, сармоя ва фаъолиятисоҳибкорӣ. Илова бар ин, чор унсури иловагӣ ҳам ҷой дорад: технологӣ,иттилоот, энергия, экологӣ.
2.Истеҳсолотсе омили гуногуннамудро дар бар мегирад.
1.Омилиякум- инсонӣ. Барои истеҳсолот одамоне, ки дорои донишҳои зарурӣ ва малакаи меҳнатимебошанд, лозиманд.
Меҳнат дар истеҳсоли материалӣ- инфаъолияти мақсадноке мебошад, ки одамон бо ёрии воситаҳои сохташудаашон предметҳоитабиатро тағйир дода онро барои қаноатмандии талаботҳои худ мутобиқ менамоянд.
2. Омилидуюм-моддӣ- воситаҳои меҳнат. Ба онҳо он маводҳои моддие дохил мешаванд, ки бо ёрии онҳо одамоннеъматҳои фоидаовар истеҳсол менамоянд.
Ба гурӯҳи воситаҳои меҳнат шароитҳои табии раванди истеҳсолӣ дохил мегарданд. (Мисол, об, дар стансияҳои гирдоэлектрикӣ ё дар иншооти метеоративӣ барои мақсадҳои хоҷагидорӣ) истифода мегардад. Инчунин ба он техника дохилмегардад, ки бо дасти одамон сохта шудааст. Дар навбати худ ба он олоти меҳнатдохил мегардад
(мисол, инструментҳо,мошинҳо, таҷҳизот, дастгоҳҳои истеҳсолоти кимиёвӣ ва ғр.
3. Омилисеюм- олоти меҳнат. Ин ашё ё маҷмӯи ашёҳое мебошад, ки инсон барои қаноатмандии худташкил менамояд. Олоти меҳнат ба ашёи табиат, ки ба коркард нигаронидааст ваашёи хом, ки ба коркард аз тарафи меҳнатиинсон дучор нагардидааст, тақсим мегардад.
Ҳамаи се омил бо ёрии технология ба ҳамвобаста мебошанд.
Технология – маҷмӯидонишҳо оиди усулҳо ва воситаҳои гузаронидани равандҳои истеҳсолӣ мебошад.
Хамаи омилҳои номбаргардида ( ё ин кизахираҳои истеҳсолот дар ҳар як лаҳзаи додашуда дар муносибат бо бо талабот маҳдуд мебошанд.Ин маҳдудият метавонад мутлақ (захираҳоро умуман зиёднамудан номумкин аст) ва нисбӣ бошад( омилҳоро зиёд кардан мумкин аст валедар фарқият бо рушди талабот).
Омилиякум – миқдори коргарон- зиёд намудани он мумкин нест, ё қариб ки мумкиннест.Дар ин ҷо ҳудуди он миқдори умумии аҳолии ҳар як мамлакат ва махсусан ҳиссаи қобилиятнокии одамон ба меҳнат ба ҳисобмеравад.
Омили дуюм- воситаи меҳнат – мумкин аст то ҳаҷмизарурӣ зиёд карда шавад. Вале онро яку якбора кардан мумкин нест, чунки бароисохтани мошинҳои нав ва сохтмони биноҳои нав як чанд сол лозим аст.
Омили сеюм- пеш аз ҳама замин ваканданиҳои фоиданок – мутлақо маҳдудкарда шудааст. Дар ин ҳолат захираҳои кашфкарашуда боигариҳои табиат ва захираҳоипотенсиалиро( ки ҳоло на он қадар ба назар гирифта шудаанд) фарқ менамоянд. Тадқиқотҳое,ки дар бисёр мамлакатҳо гузаронида шудааст, нишон медиҳад, ки захираҳои кашфгардида – нафт, газ ва ангиштсанг метавонад фақат то мобайнҳоисадсолаи ХХ1 расад.
Вобаста ба ин, имкониятҳои истеҳсолиромуайян кардан мумкин аст. Имкониятҳоитабии-ҳаҷми на он қадар калони барориши маҳсулот дар ҳолати пурра истифодабариизахираҳо ба даст меояд.
Дар ҳолати норасоии воситаҳои хоҷагидорӣ,аз ҳамаи вариантҳои пешомадаи истифодаи омилҳои истеҳсолот, роҳиаз ҳамаи қулайтарин ва зарурӣ интихоб менамоянд. Мисол мегирем, дар заводҳоимошинбарорӣ маҳсулотҳои зерин бароварда мешаванд: а) барои эҳтиёҷоти шаҳрвандон( мошинҳои сабукрав, яхдонҳо, чангкашакҳо ва ғр; б) барои артиш ( танкҳо,ракетаҳо ва ғр.). Хукумат ва соҳибоникорхонаҳои мошинбарорӣ, тағйирёбии талаботро ба назар гирифта, боядсамаранок истифодабарии захираҳои истеҳсолироҳал намоянд.
Холо дар мамлакатҳои тараққикардаи иқтисодӣмиллион намуди маҳсулот дар ҳисобгирифта мешавад. Тарзи ҳалнамоии масъалаҳои мушкили пешомада баъдтар дидабаромада мешаванд.
Кайд кардан мумкин аст, ки интихоби имкониятҳои мувофиқи истеҳсолигуногун дар давраҳои гуногуни тараққиёти хоҷагидорӣ иҷро карда мешавад. Дар ин ҳолатмаҳдудияти шароитҳои истеҳсолоти анъанавӣ,ки дар боло номбар намудем, аз ҳисоби омили муҳим- прогресси техникӣ аз сар гузаронида мешавад.
Авлодони қадимаи инсон аз ҳайвон на он қадар фарқ менамуданд, Воситаҳои мавҷудиятроонҳо бартариятан бо роҳи ҷамънамоии маҳсулоти тайёри табиат ба даст меоварданд. Албатта он вақт истеҳсолоти мунтазам вуҷуд надошт.Дар натиҷа, инсон хама вақт гурустнамемонд.
Тақрибан 10 ҳазор сол пеш кашфиёти нав бавуҷуд омад, ки револютсия- инқилоби аграриро пеш овард- ин коркарди замин,заминдорӣ ва чорводорӣ. Хамин тариқ, аввалин бор мунтазам иқтисодиёти истеҳсолкунандабу вуҷуд омад.
Хамин гунна зинаи тоиндустриалии истеҳсолотба вуҷуд омад, ки ба бавуҷоии саноат замина гузошт. Дар ин зина соҳаиаввалиндараҷаи иқтисодиёт- хоҷагии қишлоқ ба вуҷуд омад. Дар зинаи индустриалииистеҳсолот- соҳаи дуюмдараҷаи иқтисодиёт- истеҳсолоти саноати мошинсозӣ асосёфт. Бо ёрии техникаи мошин, хоҷагии қишлоқ тараққӣ меёфт ва вобаста ба инмасъалаи демографӣ тараққӣ менамуд.Аҳолии сайёра то рафт зиёд мегарадид. Истеҳсолотимкониятҳои нав ба навро ба вуҷуд меовард. Пешравии истеҳсолот ва болоравии иқтисодиёт дар ҳама мамлактаҳоисайёра нобаробар тараққӣ меёфт. Аз ин ҷо мамлакатҳое, ки пешравии бештарро ба даст оварданд, бамамлакатҳои тарақикардаи саноатӣ дохилшуданд. Аз ин ҷо нобаробарӣ ба вуҷуд омад.
Вале барои зинаи муосири тараққиёти талаботва истеъмолот дастовардҳои иқтисодиётииндустриалӣ нокифоя аст. Дар ҳолати меҳнати механизатсияшуда коргар як дастгоҳроидора мекунад ва барои сифати баланди маҳсулотро таъмин намудан қодир нест, киба ин техникаи навтаринро сохтан номумкин аст.
Коргарон | Воситаи истеҳсолот |
Воситаҳои меҳнат | Олоти меҳнат |
Шароитҳои табии меҳнат | техника | Ашёи табии | Ашё |
Олоти меҳнат | Шароитҳои умум.меҳнат |
Назарияииқтисодии муосир фаъолияти нави хоҷагидориро инъикос менамояд. Барои охирҳои асри Х1Х ва аввалҳои асри ХХ сохтори нави постиндустриалӣ хос аст. Он як қатор хусусиятҳои фарқкунандадорад:
1.Истеҳсолот,ки аз дастовардҳои нави инқилоби илмию-техникӣ асос ёфтааст ва бароитаъминнамоии қаноатмандии умумии ҳамаи доираи талаботҳо қодир аст.
2. Иқтисодиётизамони муосир ду соҳаи ҳамдигарро пуркунандаи истеҳсолотро дар бар мегирад:материалӣ (боигарҳои молиро ташкил менамояд) ва ғайримтериалӣ (арзишҳои маънавӣ,ахлоқӣ ва ғр.-асарҳои маданияти руҳӣ ва фарҳангӣ, илмӣ ва ғр.)
3.Баистеҳсолоти муосир соҳаи махсуси хизматрасонӣ дохил мешавад, ки ба он 2/3 ҳамаикоргарон машғуланд.
Хизматрасонӣ –чунин фаъолияти мақсаднокемебошад, ки натиҷаи фоидаи он дар вақти кор маълум мегардад ва бо қаноатмандииягон намуд талабот вобаста аст. Хизматрасонӣ ба ду намуд тақсим мешавад, ки басоҳаҳои фаъолияти истеҳсолӣ мувофиқат менамояд. Хизматрасониҳои материалӣ ва ғайриматериалирофарқ менамоянд.Ба хизматрасониҳои материалӣ дохил мегардад: (нақлиёти боркашӣ, алоқа оиди хизматрасониҳои истеҳсолӣ, тиҷорат, хизматрасонии зистию-маишӣва ғр.) Ба хизматрасониҳои ғайриматериалӣ бошад дохил мешавад:- маориф,тандурустӣ, хизматрасонии илмӣ, маданият, хизматрасонии иҷтимоӣ, кредитнамоӣ,суғурта ва ғр.)
4.Ҳозирдар сохтори истеҳсолот инфрасохтори махсус ҷудо шуда меистад- маҷмуи намудҳои хоҷагидоӣ таъминкунандаи шароитҳои умумии истеҳсолот вафаъолияти ҳаёти одамон.
Инфрасохтор шаҳодат медиҳад, ки истеҳсолотимуосир ва зургурӯҳҳои он байни худ бо алоқаҳои мустаҳкам ва васеъ алоқаманд аст. Онҳоро фаъолияти хоҷагидоримуттаҳид сохта, шакли системаваиро қабулменамояд.