Афкори иктисодии халки точик
Ақидаҳои иқтисодии мутафакирони халқи тоҷик»
1.Вазъи иҷтимои-иқтисодии давраи Сомониён
2. Ақидаҳои иқтисодии мутафакирони халқи тоҷик
.
Мувофиқинишондодҳои таърихӣ давлатдории тоҷикон дар замони салтанати Тоҳириён (солҳои821-873) ба миён омада, минбаъд ба салтанати Саффориён (с.873-899) мегузарад вабоиси пойдор шудани салатанати Сомониён (с.899-999) мегардад. Дар охирҳоиасри VII зери таъсири ҷангҳои шадид масоҳати Осиёи Марказӣ аз тарафи қушунҳои Хилофати Арабзабт карда мешавад ва мардумони сарзамин тадриҷан ба шариати дини исломгаравонида мешаванд. Низомҳои мусулмонӣ дар ибтидо бо машаққату душвориҳо,сонитар бо кӯшишу ҷаҳди зиёдтар дар сарзамин ҷорӣ мегарданд.Пас ба ислом рӯйовардани аксари мардумони сарзамин имконот барои пешрафти минбаъдаи қувваҳоиистеҳсолкунанда ва иқтисодиёт фароҳам оварда мешаванд. Истеҳсолоти кишоварзӣ азнав ҷон гирифта,ҳунармандӣ ба равнақ мерасад. Тадриҷан бозорҳо ҳам қувватгирифта ба пешрафти тиҷорату истеҳсолот мусоидат кардан мегиранд. Дар тулии даҳсолаҳоизиёд бошад, иқтисодиёт ҳам аз нав барқарор мегардад. Ин ҳама натиҷаҳо бо ҳамонсабабҳо амалӣ мегарданд, ки натанҳо иқтисодиёт пурқувват гашта, пешрафти илмуфарҳангро таъмин месозанд, балки худшиносии халқамон ҳам ба зинаи нави камолотмерасад ва боиси ба миён оварда шудани давлати тоҷикон мегардад.
Зарурати барқарору ҷоннок шудани иқтисодиётна танҳо аз тақозои дохилии вай қувватмегирифт, балки зарурати ғанӣ гардонидани молиёт, таъмин кардани андозҳо баҳриХилофат ва дигар сабабҳо ҳам ба вай мусоидат мекарданд. Маҳз бо ҳамин сабабҳо низ дар ин даврон заруратирушди босуръати тиҷорати дохилию берунӣ ба миён оварда мешавад. Тоҷирон ҳамимконияти зери байрақи Хилофати Араб дарҳамҷоягӣ муттаҳид гардидани давлатҳои сершуморро, ки имконоти равнақ додани тиҷоратибайни онҳоро фароҳам меоварад, ҳамаҷониба истифода мебурданд.
Дар ин даврон илму фарҳанг ба дараҷаи баланди инкишофи худ расида, боисиба саҳнаи фаъолият расидани як зумра олимони барҷасатаю шоирон, фарҳангиён гардида буд. Илму маърифат дар ин замон азнав эҳё шуда ҳамчун тамоили аз ҷониби давлатдорон дастгиришаванда фаъолиятмебурд.Комёбиҳои беназири мутафакирони беҳамто ба монанди Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Закариёи Розӣ, Ал Форобӣ, АбӯрайҳониБерунӣ, Ибни Сино, Низомулмулк, Газзолӣ, Насруддини Тусӣ ва дигару дигарҳомешиносанд.
Сарчашмаҳои беҳамто, равиш ва низоми шариати ислом дар китоби муқаддаси «Куръон» низ ба тасвир оварда шудаанд. Донистани фармудаҳои худованд дар бобати ҳавлидориютадбири манзил масоили иқтисодии мусулмонон ва ҷомеаи муслимин онро хонданудонистан зарур мебошад.Ба таҳлилутаснифи масоили иқтисод дар Куръони Маҷид гузоришоту тадқиқотҳои зиёде бахшидашудаанд.Ба ин мисол шуда метавонад асари Р.Комилов, С.Камолӣ бо номи «Сайре дар андешаҳои иқтисодии ҷаҳони ислом» соли 1996 бо забони тоҷикӣ , асари тадқикотгари дигар Усмон Каримов бономи «Андешаҳои иқтисодию бозоргонии АбӯҳомидиГаззолӣ» (с.2001) ва Султонмурод Исломов соли 2001 дар «Таърихи назариёти иқтисодӣ» ба масоили зайл таваҷҷӯҳ зоҳир намуда,муаммою масоили зиёди ин ҷабҳаро ба тасвир овардаанд, ки мутолиаи ин сарчашмаҳо ба шогирдон маслиҳат додамешавад.
Яке аз муммоҳои намоёнтарин моликият ҳисобидамешавад. Дар Куръон оварда шудааст, ки мулкҳо ба худованд мутаалиқанд, аммо бабандагон барои рӯзгузаронӣ ва фаъолиятпешниҳод мешаванд. Хиссае аз мулк ба паёмбари худованд, давлат ҳукумат мансубмебошад.Одамон ба тасарруфи мулки якдигар ҳуқуқ надоранд. Мулк бояд баҳри беҳбудииҳаёти худ ва дигарон истифода шавад Бандагони мусулмон аз дороию мулк вадаромади худ бояд закот (молиёт) супоранд. Закот ба дастгирии муҳтоҷонунодорамон масраф карда мешавад. Дини мусулмонӣ ба ташкили бозору муомилоти беадолатонаю аз рӯи инсоф ташкилшаванда диққатизиёд ҷудо мекунад, чунки маҳз ба туфайли муомилот мардумон ба мақсади худ ноилмегарданд, эҳтиёҷоташонро таъмин мекунанд ва таъминоти муминони дигарро ҳаммусоидату ёрмандӣ менамоянд. Харчанд фоидаи зиёди ба инсоф номувофиқ, аз меъёрбаланд мазаммат ва манъ карда шудааст.
2. Ақидаҳои иқтисодии мутафакирони халқи тоҷик
Монисбати ақоидоти иқтисодии баъзе аз ин мутафакирон дида мегузарем.
Закариёи Розӣ дар асарҳои сершумораш натанҳо табиат, бемориҳо ва муолиҷаионҳо, давоҳо хислату омодасозии онҳоро муфассал нишон додаст, балки дарбаробари ин оиди масъалаҳои иҷтимоли иқтисодӣ низ диққати зиёд ҷудо намуда будааст.Аз таҳлили асарҳои Розӣ чунин хулосаҳоро дидан мумкин аст:
1.Олам донисташавандаю моддӣ абадӣ аст;
2.Таърихи башар ҳам ниҳоят тулонӣ мебошад;
3.Тақсимотимеҳнат боиси инкишоф мегардад;
4. Дар ҳаётиҷомеа истисмор ҷой дошта метавонад.
Закариёи Розӣ оиди инсон ва нафси у диққати ҷиддӣ додаст.Чунки нафси инсонӣ дар пояи манфиатҳои иқтисодиивай мехобанд. Закариёи Розӣ бо амин роҳтадқиқгаронро ба омӯхтани нафъу манфиат даъват намудааст. Дар назари мочунонки пештар огоҳ карда будем. Пешрафти хоҷагидорию иқтисодиёти сарзамин дардаврони Сомониён боиси ривоҷ ёфтани тақсимотимеҳнат, равнақи ҳунармандӣ пайдо шудани корхонаҳои ба сехҳои ҳунармандии дертар дар Аврупо паҳнгардида ҳамчун сабабгор хизмат карда буданд.
Муттафакири дигари даврони Сомониён, Муҳаммадибни Тархон Фороби (873-950) ба ҳисобмеравад. Дар баробари асарҳои зиёди фалсафию иҷтимоӣ инчунин оиди масъалаҳои иқтисодӣ назаре чанд намудааст. Дар асарҳои ӯ «Нишондоди роҳҳо ба саодат», «Сиёсати шаҳрвандӣ», «Хикматҳои соҳибмансабони давлатӣ», «Афкори маскунони шаҳри некбахтон» ва ғайра, ба ғайр аз ақидаҳои фалсафию иҷтимоӣинчунин ақидаҳои иҷтимоию-иқтисодӣ ҷойдоранд.
Нисбати накӯкорию некбахтии одамон вай ҳамонақидаро таъкид менамояд, ки ҳар касе танҳо ғами беҳбудию некӯаҳволии худро мехӯрад, ҳеҷ гоҳ некбахт нест. Аз инбоис ҳам ба некбахт ононеро мансуб медонанд, ки ғами мардумонро мехӯранд ва паинекӣ кардан ба дигарон мебошанд. Ба фикри мо ин ҷо ақидаи Форобӣ бонишондоди доир ба давлатдорииадолатпаноҳона шабоҳат дорад, ҳарчанд роҳу равиш ва марому мазмуни ин ақидаҳо хосаву ҷудогонаанд.
Абдурайҳони Берунӣ. Мувофиқи маълумоти таърихнигорон шумораи асарҳои Берунӣ ба 180 номгӯй мерасад, ки 40 номгӯиасарҳояш то замони мо омада расидааст Ду китоби калонҳаҷми ӯ бо номи«Китоб-ут тафҳим ли авоилисаноат-ит-танзим» (Душанбе, «Дониш».1973.-290 саҳ.), «Осор-ул- боқия»(Д.,»Ирфон», 1990.- 432 саҳ.) ба забони тоҷикӣ чоп карда шудаанд. Дар ин асарҳо ба тасвиримасъалаҳои ташаккули шаклҳои фарҳанги ҷаҳонӣ, пайдо шудани мазҳабҳои ҳархела.Муборизаи байни онҳо, пайдошавии олам, ҳаёт, ҳодисаҳои ҳархелаи табии одату оинҳои ҳиндуён, румиён,яҳудон, тоҷикону форсҳо, арабҳову қибтиён ва дигар маълумот бахшида шудааст. Модар ин асари Берунӣ нишонаву равишҳоли ҳодисаҳоииқтисодиро ҳам дарёфт намудем. Мувофиқинишондоди вай, ки ба тасдиқоти шаманиён такя менамояд, олам чор давраи мавҷудиятродар бар гирифта, тақрибан «ҳазор ҳазор сол» ё ин ки як миллион сол инҷониб вуҷуддорад.
Берунӣ навиштааст: «Одамон то ҳангомиафзоиш бо ҳамдигар рафиқи мушфиқ ва дустдори ҳам мемонанд, вале ҳамин ки миқдори инсон афзуд, боз бадбинӣ, душманӣ,рақобат, ҳасадбарӣ ба вуҷуд меояд, ки мояи шуру ғавғо, бадкорӣ ва ҷангҳомегардад». Минбаъд Берунӣ саҳифаҳои зиёдеро ба таснифу маънидоди мубодила,бозорҳо, тарзу услуби ибтидоии хариду фурӯш бахшидааст ва намунаҳои овардааш ниҳоятҷолиб мебошанд.
Муттафакиридигари бузургу беҳамто ва шӯҳратёфтаихалқамон Абуалӣ ибни Сино мебошад. ИбниСино ақидаҳои иҷтимоию иқтисодиашро ҳам дар асарҳои зиёде ба тасвир овардааст.Аммо мо танҳо нисбати рисолаи «тадбири манзил»-и вай андаке таваккуф мекунем.Дар назар доштан зарур аст, ки дар он даврон илми иқтисодӣ бо номи «Тадбириманзил» корбурд мешуд.
Яке аз масъалаҳои таҳлилшавандаи рисолаафзалияту тафовути инсон номида шуда, муаллиф онро аз ҳама пеш ба тасвировардааст. Ибни Сино бартариву афзалияти инсонро дар фаъолияти меҳнатии ваймебинад. Яъне одамон меҳнат карда, ба туфайли ин меҳнаташон назар ба тамоми ҷондорҳовумахлуқоти рӯи замин бартариҳо пайдо мекунанд. Харчанд рисола зиёда аз ҳазор сол аз мо навишта шудааст, вай амалан аз меҳнатшурӯъ намуда, мавқеи ҳаётии ин ҳодисаро дар ҳаёту мамот дуруст нишон додаст.
Ибни Сино ба масъалаҳои хоҷагидорӣ гузашта,нишон додаст, ки танзимгарию соҳибкорӣ, хоҷагидорииботадбиру сиёсати мутобиқи он масъалаҳои ҷиддӣ мебошанд.Дар асарҳои Ибни Синонисбати танзимгарию идораи иқтисодиёт ва хоҷагидории мамлакат табақаҳои зайлроёдрас намудааст:
А) подшоҳонибузург;
Б)фармондорону тобеони онҳо;
В)сарпарастони музофотҳо, идораҳо,
Г)сардорони маҳаллаву қабилаҳо, хонаводаҳо, инҳоро «соҳибони неъмат» низномидааст,
Д)раият-фақирону муҳтоҷон.
Дар худи ҳамин ҷо мутафаккир таъкиддорад, ки аз руи дорои сарватмандӣ мардумон ба дороёну соҳибмулкон ва фақиронумуҳтоҷон ҷудо карда шаванд. Аз ин нишондодҳо бармеояд, ки мутафаккиртабақабандии одамонро аз рӯи миқёси таъсир ва ҳукмронию дороию сарват пешниҳод карда будааст.
Хамин тавр, Абуалӣ ибни Сино таснифимасоили «Тадбири манзил” ро давом дода, нишон додаст, ки фармонварихонавода- мардонанд, мавриди дар сафар будани онон саришати хонавода ватанзимгарӣ ба зиммаи ҷойнишин- зан (бонуи хона) вогузошта мешавад. Тарбияифарзандон, таъминоти ҳавлӣ, идораи кормандону ғуломон (дастёрон) вазифаҳоимуҳим мебошанд. Минбаъд вай масоили дигари ҳавлидориро нисбати касб омузониданифарзандон, даҳлу харҷи хонавода, интихоб ва муомила бо хизматгорон, масъалаҳои «раиси хонавода», «коргузор»,«корфармо» ва монанди инҳоро ба тасвир овардааст.