Пайдоиши фанни назарияи иктисод

Фанни назарияи иқтисод.

Замина ва марҳилаҳои пайдоиши он

1. Мафҳуми назарияи иқтисодӣ

2. Вазифа вамақсадҳои назарияи иқтисодӣ.

1.Иқтисодиёт ба монанди дигар илмҳои замона илмест,ки дорои азхуднамоӣ, санъати хонадорӣ,хоҷагидорӣ, идора, тарҳрезӣ, бозогонию тиҷорат мебошад. Инсоният ба туфайли илми иқтисод раванди хоҷагидории худро танзим намуда, ба қуллаҳои баланди бозоргонию тиҷорат расидааст.

Аз қадиммулайём инсоният барои қенеъ намуданиталаботҳо ва ниёзмандиҳои худ кӯшиш намуда, барои қонеънамоии онҳо роҳҳои гуногунро дарёфт намуда истодааст. Яъне, аз ин бармеояд, ки иқтисодиёт-ин соҳаи фаъолияти одамоне мебошад, ки дар он неъматҳои моддӣ барои қонеънамоииинсоният таъмин мегардад. Зери мафҳуми неъматҳои моддӣ ҳамаи он чизе ки барои қонеънамоии одамон лозим аст, мақсаду мароми онҳоро дар бар мегирад.

Иқтисод ва муносибатҳои иқтисодӣ баробариташаккул ва таҳаввули низомҳои иқтисодӣ густариш ёфта, дар махзанҳои таърихиюдостонҳои афсонавӣ ҳамчун падидаҳои пароканда ва гусаста тасниф шудаанд. Аз ҷумлаион метавон китоби Зардушт «Авесто», китоби «Архашастра» дар Ҳинди бостон ва садҳодигаронро номбар кард.

Дар таърихи башарият илми иқтисод аз гирдовардани далелҳову маводҳо ба ҷамовариҳои алоҳидаву томи мураттаб табдил ёфта, аввал номҳои ҳархелаба худ мегирифт. Вай ба туфайли рисолаи Антуан Монкреттен де Веттевил ( соли1615) номи «иқтисоди сиёсӣ»-ро ба худ гирифт. Мактабҳои намоёнтарини илми иқтисодинҳо буданд:

-меркантелилизм;

-физиократҳо;

– иқтисоди сиёсии классикӣ;

-марксизм;

-Маржинолизм;

-кейнсчигӣ;

-наоклассикӣ;

-институтсионализм;

-навкейнсчигӣ;

-монетаризм.

Ҳар яке аз ин мактабҳо марҳилаи томи ривоҷиилми иқтисодиро пешниҳод мекунад, афзалият ва зиддияту норасоиҳои худро доранд.Натиҷаи намоёнтарин ҳамоне мебошад, ки номи «назарияи иқтисод»ро соҳиб гардид Ин ҳодисаҳо дар нимаи асри ХХ-умсурат гирифт.

Маҳз ба туфайли тиҷорати Шарқу Ғарб ҳама гунахалқҳову мамолик ба ҳамдигар пайваст мешуданд, маҳсули меҳнати ҳамдигарро ошноӣва истеъмол менамуданд ва ба истифодаи он комёб мешуданд.

Азтаърихи Афкори иқтисод маълум аст, ки вожаи иқтисод аз калимаи юнонии«ойкос»-хоҷагӣ ва «номос»- қонун, яъне «ойкономия» ба вуқуъ пайвастааст. Ин мафҳумаз ҷониби Ксенофонт ҳамчун фаҳмиш тибқи меъёр, қоида ва қонунҳои пеш бурдани хоҷагӣ истифода карда шудааст.Азбаски дар он замонҳо иқтисод ҳамчун хоҷагиҳои натуралӣ ва хонавода ба тавсиб мерасид варобитаҳои иқтисодӣ шакли молӣ дошта, бидуни мубодила сурат мегирифтанд,«ойкономия» на ҳамчун ҳавзаи ҷудогонаи хоҷагии халқ, балки чун соҳаи нисбатан маҳдуди хонадорӣ тассавуркарда мешуд. Аз ин сабаб вожаи «ойкономия» дар маъзанҳои таърихию вожаномаҳои иқтисодӣ перомуни санъати пеш бурданихонавода номбар ва шарҳ дода мешавад.

Тулиҳазорсолаҳо инсоният ин зинаи сукунат то ба зинаи инкишоф рушду камол ёфт. Шаклва намуди хонаводаю хоҷагидорӣ, давлатдорию ҷаҳондорӣ низ кулан дигаргун гашт.Аз ин рӯ таҳти иқтисод нафақат муносибатҳои байни шахсони алоҳида, оила, гурӯҳҳо,синфҳо, корхона, соҳа, давлат оиди тарз ва услуби хонаводаю хоҷагидорӣ вадавлатдорӣ, балки муносибатҳои умумибашарӣ перомуни ташаккули равандҳоибайналмиллалии истеҳсолот, илму техника, асъор, молия, муҳоҷирати қувваи коргарӣ,ҳамкори доир ба коинот, экология, сарфаю сариштакорӣ ва ғайра дар назар доштамешаванд.

Илми донишҳои иқтисодӣ ба пажуҳишгоҳи ақидавуандеша оиди идораю танзими давлат, истиқрори ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, меъёриқонунҳо, ташкили хоҷагӣ, соҳибкорию бизнес, маркетингу менечмент ва ғайратабдил меёбанд

Неъматҳо асосан ба ду қисм тақсим мешавад:

  1. табии– яънезамин, об, ҷангал, канданиҳои фоиданок ва ҳамаи он чизе, ки табиат шароит фароҳам овардааст.
  2. иқтисодӣ, ки бодасти инсон фароҳам оварда шудааст.

Аз ин бармеояд, ки вазифаи асоии иқтисодиёт-ин фароҳам овардани шароит бароифаъолияти зисту зиндагонии ҷамъият ба ҳисоб меравад.

Аз ин ҷо мақсади асосии иқтисодиёт дар ташкил намудани маҳсулотҳо бароифаъолияти хоҷагидории ҷамъият мебошад. Дар ин ҳолат ду намуди неъматҳои иқтисодӣ тайёр кардамешавад:

предмети истеъмол;

воситаҳои истеҳсолот

Микроиқтисод макроиқтисод
Таҳлил ва алоқамандии субъект ва ангентҳои иқтисодӣ дар зинаи алоҳидаи тавлидот ва бозор – дарк ва омӯзиши хоҷагӣ ҳамчун қисми бутуни хоҷагидорӣ; -Таҳлилу тадқиқот ва қонуниятҳои ташаккули равандҳои иқтисодӣ дар миқёси иқтисодиёти миллӣ

Бароииҷро намудани вазифаҳои асосии иқтисодиёт бояд неъматҳои дуюмдараҷа, воситаҳоиистеҳсолот ( пахта, нефт, металл, чубу тахта, дастгоҳҳо ва ғр. Бо ин воситаҳопредмети истеъмолотро истеҳсол намудан номумкин аст. Дар рафти истеҳсолли неъматҳои иқтисодӣ одамон аз муҳити атрофиитабиат маводҳои зарурӣ ва шомили энергиямегарданд ва дар натиҷа партовҳои нолозими истеҳсол ва истеъмолро боз мегардонанд.

Бинобар ин, мақсади наздиктарини иқтисод, омӯхтану маънидоди максъалаҳо ва паҳлуҳои мухталифи хоҷагидории одамон мебошад.

То замони мо байни донишмандону иқтисодчиён оиди мавқеъ ва нақшу равандҳои ҳодисаҳоииқтисодӣ андешаву ақидаҳои гуногун баназар мерасанд. Таҳти таъсири шароитхои мухталифи таърихӣ, ҷуғрофӣ, маданӣ, иҷтимоию- сиёсӣ, хусусиятҳои табиию муҳитизист ва ғр. ҳархела сурат мегирад.

Дар адабиёти марксистӣ, таҳти муносибатҳоииқтисодӣ (истеҳсолӣ) муносибатҳо оиди истеҳсол, тақсим, мубодила ва истеъмолимолу маҳсулот дар доираи звеноҳои гуногуни хоҷагии халқ тасаввур карда мешавад.Маҳз мутобиқати муносибатҳои истеҳсолӣбо қувваҳои истеҳсолкунанда, инкишофи муозину ботадриҷ, дараҷаи баландисамаранокии истеҳсолот, тазоду тафриқот, рушду таҳаввули иқтисодиву иҷтимоии давлатҳои миллиро муайян мекунад. Тибқиақидаи К.Маркс ваҳдати онҳо тарзи истеҳсолотро ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз мамлакатҳоро ба мамлакатҳои ақибмонда, пешқадам, инкишофёфта, рӯ батарққӣ ва ғайра ҷудо мекунанд. Тамсила (модел)-ҳои амрикоӣ, японӣ, шведӣ,франсузӣ, олмонӣ ва ғайра маҳз дар асоси нерую қудрат, дараҷаи рушду камолииқтисод тафриқа ва муқоиса карда мешавад.

Аз нуқтаи назари қадршиносӣ нисбат ба замонҳоигузаштаву ҳозира, мақсади иқтисодро, тибқи ақидаҳои муаллифони «Экономикс» ҷамъбасткарда, қайд кардан мумкин аст, ки он барои таъмин кардани рушди иқтисод, шуғлипурраи аҳолӣ, самаранокии баланди иқтисодиёт, дараҷаи баланди истиқрори нарх,озодии иқтисодиёт, тақсими одилонаи даромад, мустақилияти иқтисод ва тарози «баланси» савдо ва ғайранигаронида мешавад.

1.43K
Нет комментариев. Ваш будет первым!