Предмет, таркиб ва вазифаҳои фанни геополитика

Предмет, таркиб ва вазифаҳои фанни геополитика

Геополитика дар нисбати унсурҳои дигари таркибии илмҳои сиёсӣ инкишофи махдуд ва нохамворро аз сар гузаронидааст ва ҳоло ҳамчун шохаи мустақили илмҳои сиёси эътироф гардидааст.

Барои дуруст дарк намудани мақом, таркиб ва вазифаҳои геополитика нақши заруриро фаҳми амиқи мафҳумхо ва махсусиятҳои дигари соҳавӣ ташкил менамоянд. Мафҳуми «геополитика » имрӯзҳо васеъ истифода мешавад Дар лугати фалсафи энсиклопедӣ ин мафҳум ҳамчун консепсияи сиёсатшиносии Гарб маънедод намудаанд. «Геополитика- ҳамчун сиёсати давлат, махсусан сиёсати хориҷӣ, асосан тавассути омилҳои гуногуни географӣ; ҷойгиршавии фазогӣ, мавҷудият ё набудани захираҳои муайяни табии, иклим, зичии аҳолӣ, суръати инкишофи он ва гайраҳо муайян карда мешавад.» Мафҳум решаи юнонӣ дорад. Онро бори аввал ходими давлатии Шветсия, олим Рудольф Челлен(1846-1922) дар маънои илмӣ ва амиқ истифода намудааст. Ӯ геополитикаро сиёсате медонист, ки мақому шаклҳои мушаххасу таърихии таъсиррасонии хусусиятҳои ҳудудиву фазогӣ, ҳолати таъсиррасонии кишвар ба раванди умумичаҳонӣ минтақавӣ ва

локали(маҳаллӣ)- ро ифода мекард. Аммо ҳамчун мафҳум онро олим Р. Гаркави хуб маънедод намудааст:« тасаввуроти харитагии муносибати байни миллатҳои асосии мубориз» .Аммо чунин ифода имрӯзҳо моҳияту хусусиятҳои геополитикаро ба пуррагӣ ифода карда наметавонад. Тавсифи дигари геполитикаро олим Фридрих Ратсел баен намудааст: ӯ давлатро ҳамчун воҳиди дар ҷараёнбуда ва мавҷудоти зинда нишон додаст ва геополитика давлатро бо муҳити атроф, бо фазо омӯхта, кӯшиши ҳалли масъалаҳоеро менамояд, ки аз муносибатҳои фазогӣ бармеояд.

Имрӯз дар маркази тадқиқу таҳлили геополитика масъалаҳои муосири чомеаи ҷаҳонӣ қарор доранд. Шаклҳо ва методҳои тадқиқии онҳо мавриди омӯзиш дониста мешаванд. Геополитика на танҳо хосиятҳои географӣ ё фазогию ҳудидиро дар сиёсати кабир таҷассум менамоянд, балки он баҳри таъмини хосиятҳои умумисайёравӣ, тартиб ва қоидаҳои рафтори умумӣ, инчунин сиёсати байналхалқии давлатҳои алоҳида, иттиҳодияҳо, блокҳо дар раванди сиёсиии умумиҷаҳониро фаро мегирад. Дар ин маъно «геополитика» равандҳо ва принсипҳои инкишофи давлатҳо, минтақаҳо ва умуман оламро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Дар инкишофи геополитика давраҳои мухталиф вучуд доштанд, ба сатҳи умумии рушди он бетаъсир намондаанд. Ҳеҷ як соҳаи донишҳои сиёсӣ ба монанди геполитика ба амалияи ҷамъияти алоқаманд гардонида нашудааст. Дар инкишофи ин раванди илмӣ назарияҳои олим, профессори Донишгоҳи Гарвард, Самуэл Хантингтон, ки дар асараш «Бархурди тамаддунҳо» ном дорад мақоми назаррасро дорад. Ӯ дар ақидаи он буд, ки дар асри ХХ1 ҳамаи мухолифат ва моҷҷароҳҳо на идеологӣ ва иқтсодӣ мешаванд, балки тамаддунӣ, яъне фарҳангӣ мебошанд.

Геополитика ҳамчун предмети таълимӣ ва соҳаи мустақили тадқиқоти илмӣ объект ва предмети махсуси худро дорад. Объекти геополитикаро фазои сайёравӣ- хушкиҳо, обҳо(океан, бахрҳо), қабатҳои ҳавоӣ, дар муносибат бо давлатҳо ва факторҳои дигари сиёсати ҷаҳонӣ ҳисобида мешавад. Мазмуни предметро муносибатҳои байниҳамдигарии субъектҳо ташкил менамоянд, яъне муносибатҳое мебошанд, ки дар раванди ҳалли масъалаҳои сиёсии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ташаккул меёбанд. Геополитика инкишофи раванду ҳодисаҳоро дар сатҳи дохилидавлатӣ, байнидавлатӣ, минтақавӣ, ҷаҳонӣ мавриди таҳлил қарор дода, дар заминаи манфиатҳои мушаххас муносибатро муайян месозад. Унсурҳои нав омили географӣ ва таъсири онро аз байн бардошта наметавонанд. Зиёда аз ин омили географиро қувват мебахшанд ва тарҳи геополитики олами муосирро ташаккул ва инкишоф медиҳанд. Аз инлиҳоз предмети геополитикаин муносибатҳои байниҳамдигарии субъектҳо дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад. Аммо олимон таҳлил намуда, дар ақидаи онанд, ки дар аввали асри ХХ1 предмети геополитикаро ба на танҳо назорати фазои сайёравӣ мансуб медонанд, балки тагиирпазирии онро, яъне таъсири иттилоотӣ- психологии тарафҳои муқобилро дар ҳолати ташаккулёбии ақидаҳои ҷомевӣ мешуморанд. Аз ин лиҳоз маълум мегардад, объекти геополитика тагийрёбанда набуда, предмети он доимо тагий меёбад.

Пас,геополитика – ин илмест, ки ба омӯзиши қонуниятҳо ва ҳаракати қувваҳои инкишофии муносибатҳои сиёсии давлатҳо ва минтақаҳо, мақоми давлатҳо, таъсири фаъолияти факторҳои баҳрӣ, ҳавой-қайҳонӣ, демографӣ, иттилоотӣ, ҳарбӣ, маънавӣ-ахлокӣ, иктисодӣ- ҷамъятӣ, умумӣ равона карда шудааст.

Дар инкишофи илм ду фактории асосии мавқей худро доранд :

1.факторҳои иқтисодӣ

2.факторҳои ҷугурофӣ(географӣ)

Дар раванди инкишофи таърихӣ мақом ва нақшиомилҳотадриҷан тагйр меёбанд. Дар шароити ҳозира инкишофи геополитики олам дар зери таъсиррасонии омилҳои гуногуни анъанавию нав ба амал меояд. Бахусус, омилҳоигеографӣ, иттилоотӣ, техникӣ, иқтисодӣ, баландшавии суръати инкишофи илм, дараҷаи маълумотнокӣ, инкишофи динҳои ҷаҳонӣ, рушди фарҳангдар инкишофи геополитики олами муосир саҳми зиёде доранд.

Таркиби геополитикаро дар бар мегирад:

  • масъалаҳои гуногуни муносибатҳои байниҳамдигарии факторҳои сиёсати ҷаҳонӣ;
  • манъбаҳои асосии ташаккули геополитика;
  • давраҳои асосии ташаккул ва инкишоф;
  • консепсия ва доктринаҳои асосии геополитика;
  • ташаккули марҳилаҳои геополитики олам ва низоми ивазшавии онҳо;
  • Тартиби андозанамоии вақти геополитикӣ;
  • Фазои ҳарбию қудратии геополитикӣ;
  • Андозаномоии фазои глобалии иттилоотӣ;
  • Таҳаввулоти фазои геоконфенссионалӣ;
  • Кайҳон ҳамчун соҳаи нави муносибатҳои геополитикӣ:
  • Равандҳои асосие, ки ба инкишофи геополитики олам таъсир мебахшанд;
  • Ташаккули консепсияи нави олам;
  • Инкишофи геополитикӣ дар заминаи манфиатҳои миллию давлатӣ;
  • Ташаккули тамоюлҳои асосии пешрафти минтақавӣ.

Конуниятҳои инкишофии геополитика

Қонуни асосие, ки бештар таваҷҷуҳи олимони геполитикаро ба худ ҷалб кардаастқонуни дуализми фундаменталӣ мебошад. Олимони машҳури ҷаҳон Р.Челлен, А.Мэхен, Х.Макиндер, К.Хаусхофер, Н.Данилевский, В. Семенов, Тян-Шанский, Л.Гумилёв ва САитскӣй П дар ақидаи он буданд, ки қонуни мазкур муқовимати иқдидори хушкӣ ва иқдидори баҳриро тачҷасум менамояд. Яъне ду тамаддун ба ҳам муқовиматангезанд, ҳамин тавр мемонанд.

Қувват гирифтан омили фазогӣдар таърихи инсониятниз ба сифати қонуни геполитикӣ пазируфта шудааст. Асосан А.Мэхен ин ҷо ду иқтидорро таҳлил намуда аз як тарафа ҷоӣ аввалро ба давлати Англия бо такягоҳаш Амрико дорои иқдидорҳои зиёди низоми баҳрӣ(талоссократия) додаст, аз тарафи дигар низоми икдидори хушкиро(теллурократия) ба Иттиҳоди Шуравӣ дода буд. Олими амрикой Алфред Мэхен(1840-1914) дар атрофи ин қонун акидаҳоеро баён месозад, ки чунинанд: «Мамлакатҳои пуриқтидор ин давлатҳои назди баҳрианд. Онҳо дар оянда тамоми курраи Заминро зери тасарруфи худ мегиранд. Таъсири онҳо тамоми мамлакатҳои Ёвроазияро фаро мегирад». Албатта олим дар атрофии дуализи фундаменталӣ гуфта гузаштааст, ки чунин хулоса бояд намуд, агар давлатҳои пуриқтидорӣ хушкӣ ва баҳрӣ дар якҷоягӣ масъалаҳои ҷаҳонӣро ҳал накунанд, пас моҷҷароҳои зиёде ҷаҳонро интизор аст, ба гайр аз офатҳои табии, ки воқеан ба амал меоянд. Ин масъалаҳо имрӯз аз инсоният нигоҳӣ Ақлоният(ратсионалистиро) мехоҳад.

Қонуни синтези хушкӣ ва баҳрӣ(Римленд) низ ҳамчун қонуни геополитика эътироф карда мешавад. Арзиши ин қонун бо ду қонуни аввал баробар нест. Олим А. Дугин дар чунин ақида буд: « Омагиҳои Баҳрӣ вакте, ки пораи хушки, соҳилро мебинанд ба он на ҳамчун як қисми материк назар мекунанд, балки ҳамчун масоҳате, ки онро бояд зада ишгол намоянд менигаранд.»

Мафҳуми марказии геполитикаро «назорати фазогӣ» ташкил менамояд, ки категоряиҳои дигари омӯзиши фан дар пайравии он ташаккул ва инкишоф меёбанд. Диққати асосиро фазое ба худ ҷалб менамояд, ки онромайдони геополитикӣ меноманд. Онро муҳаққиқон ба сатҳо ва шаклҳои гуногун тақсим менамоянд:

  • майдони эндемикӣ(маҳаллӣ)- фазоест, ки муддати тулонӣ зери назорати давлат қарор дорад. Мансубияти ин ҳудудро ба миллати мазкур тамоми давлатҳо ва халқҳои ҳамсоя эътироф менамоянд.
  • Майдони сарҳадӣ-ҳудуде, ки зери назорати давлат қарор дорад, вале аз ҷиҳати демографии, иқтисодӣ ва сиёсӣ ба дараҷаи зарурӣ аз худ карда шудааст.
  • Майдони гӯзаргоҳӣ-маконе, ки ба он дар як вақт чанд давлат бо таъма менигарад. Қисматҳое, ки ба мисоли давлатҳои(иттиҳоди Шӯравӣ ё ИДМ) ба як давлати дигар воқеан дохил гаштаанд.
  • Майдони умумӣ-фазои муттасил, ки зери назорати умумияти миллию этникӣ қарор дорад. Ба он масоҳатҳои зиёди имрӯзаи Россия дохил мегардад. Барои мисол Чичня, Белоруссия ва гаира.
  • Нуқтаи такягоҳии геополитикӣ– майдоне, ки берун аз майдони умуми қарор дошта, онро кадоме аз давлатҳо назорат менамояд. Аммо воситаҳои коммуникатсионии ин мавзеъро давлати дигар ва ё гуруҳи дигари давлатҳо зери тасарруфи хкш қарор доранд.
  • Майдони хурд(метаполе)– маконе, ки онро як вақт чанд давлт зери назорат қарор медиҳанд. Масъалан гуруҳи давлат мекӯшанд, ки Тоҷикистон ва ё давлати дигареро дар давраи рушди модернизатсиони буданаш аз ҷиҳати иқтисодӣ, фархангӣ, идеологӣ, динӣ ва махсусан сиёсӣ, зери таъсир ва оқибат зери тасарруфи худ қарор диҳанд.

Муносибатҳоигеополитики хусусияи хосеро касб намудаанд. Онҳо ягонагии нисбӣ ва муборизаи нерӯҳои мухталифи ҷахонро ифода менамоянд. Муборизаи мазкур дар бештари ҳолатҳо муқовимати хушкӣ ва баҳрӣ, марказ ва музофотро мемонад. Дар саромади муносибатхои геополитикӣ манфиятҳо қарор гирифтаанд. Муборизаи баҳамзидҳо хосияти доимӣ пайдо менамоянд. Ягонагӣ низ ифодаи муборизаи доимии онҳо мебошад. Зеро бе тарафи муқобил муқовимат маъне надорад. Аз ин чост, ки категорияиманфиатҳодар рушди геополитикаи олам мақоми махсусро пайдо намудааст.

Вобаста ба манфиатҳои геополитикии давлатҳо ва факторҳои дигари сиёсати ҷаҳонӣ мақоми муайянро дар геополитика категорияимувозинати қувваҳосоҳиб гардидааст. Он таълимоти якқутбӣ ва бисёрмарказии инкишофи сиёсии оламро ифода мекунад.

Категорияи асосии геополитика «фазои сиёсӣ», ки аломати муҳимтарини давлат мебошад, аз мавҷудияти сархадоти давлатӣ, ки кафили амният аст, бармеояд. Он воситаи таъмини муносибатҳои фазогии байни давлатҳо мебошад.

Методҳои илмии геополитика

Метод– ин кулли шаклу усулҳои ташаккули донишҳои илмӣ дар бораи ин ё он ҳодисахои ҳаёти ҷамъиятӣ буда, ба воситаи онхо раванди ҳаёти сиёсии ҷомеа ҳамаҷониба таҳлил карда мешавад

Геополитика вобаста ба ҳодисаҳо, ҳолат ва раванд медодҳои гуногуне, ки дар дигар илмҳо низ истифода мешаванд истифода мекунад.

  • Методи системанокӣ– ин метод аввалан аз тарафи олими олмонӣ Карл Маркс мавриди истифода гашт, баъдтар онро Толлкот Парсонс солхои 70 –уми асри ХХ инкишоф дод. Тавассути ин метод раванду ҳодисаҳои ҷамъиятӣ дар шакли яклухт дарк карда мешаванд, баъд робитаи байни ҷузъиёти онҳо муайян мегарданд ва ҳамаҷониба таҳлил мешаванд.
  • Методи танқидӣ –диалектикӣ-ин метод дар геополитика низ ба мисли соҳаҳои дигари ҷомеашиносии назарявӣ васеъ истифода мешавад ва имконият медиҳад, робитаи байни сиёсат ва ҷанбаҳои дигари ҳаёт омӯхта шаванд ва муайян гарданд.
  • методи бихевиористӣ– моҳиятан раванди ҳаёти сиёсиро бо роҳи таҳлили рафтор ва авзои одамон ба воситаи пурсишхои сотсиологӣ, шифоҳӣ, гузаронидани маъракаҳои интихобӣ, райъпурсиҳо муайян намудани рафтори одамонро меомӯзад.
  • методи муқоисавӣ имконият медиҳад, ки ҷиҳатҳои умумӣ ва чузъии ҳаёти сиёсии халқҳои гуногун, мамлакатҳо, тамоюлҳои умумии раванди ҳаёти сиёсӣ ҳамаҷониба таҳлилу муқоиса карда шуда, характери системаҳои сиёсиву режимҳои сиёсӣ муайян карда шаванд;
  • методи миқдорӣ– ин метод вазифаи андозанамоии ҳодисаҳои чомеаро ичро менамоянд.
  • методи таърихӣимконият медихад, ки воқеаҳои сиёсии рухдодаи таърихӣ гузашта дар ҳамбастагӣ бо воқеаҳои сиёсии ҳозира омӯхта шаванд ва ба ҳар яки онҳо вобаста ба давру замон баҳои сазовори объективию сиёсӣ дода шавад;
  • методи меъёрӣарзишӣ-ҳодисаҳои сиёсиро таҳлил намуда, дараҷаи меъёрии ин ҳодисаҳоро мувофиқи меъёрхо баҳо медихад, ин метод зиддият ва муқовиматҳои зиёдеро дорост;
  • методи қабули қарор– ин метод дар дар раванди корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ васеъ истифода мегардад. Он аз ҳолатҳои зерин иборат мебошад: мавҷудят субъект, раванди қабули қарор, тарзи фаъолияти сиёсӣ, амали гардонидани қарор.
  • Функсионаллизми таркибӣ– ин метод ҷомеа, давлат ва гӯрӯҳи давлатҳоро ҳамчун низоми махсус мавриди тадқиқ қарор медиҳад. Он тавассути барномаи муайян амалӣ мегардад.
  • Метод институсионалӣ– фаъолияти инситутҳои сиёсиро мавриди таҳлил ва таркиб қарор медиҳад.

Вазифаҳои илми геполитика

Вазифаи маърифатӣё ин ки назариявию маърифатии геполитика имконият медихад, ки вокеаҳои сиёсӣ ба таври воқеии омӯхта шаванд ва ба масъалаҳои инкишофи геполитикии мамлакатҳо ва халқҳо, тагийри ҳодисаҳо ва равандҳо пайваста мегардад.

Вазифаи идоракуниигеополитика аз гирд овардани ахборот, таҳлил намудану хулоса баровардан ва дар заминаи он қабули қарорро ба роҳ монда, сари вақт ва таври самаранок амалӣ намудан иборат аст.

Вазифаи амалию пешгӯйнамоӣдар он зоҳир мегардад, ки бояд пешгӯиҳо дар заминаи таҳлили чуқурӣ илмӣ асос мёбанд. Маҳз ба воситаи ин вазифа ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии дигаргунсозиҳои сиёсӣ муайян карда шуда, монеаҳои ба пешравӣ халалрасонанда бартараф карда мешаванд.

Вазифаи идеологӣ, барои он равона карда шудааст, ки дар асосӣ идеология ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳам пайвандад. Аз хафи идеологияҳои муқовиматӣ, зиддиятнок пешгирӣ намояд.

1 Скачать

1.66K
Нет комментариев. Ваш будет первым!